Зуҳду Саховати Оиша (Р)

   Абдулвоҳид ибни Айман аз падараш ривоят мекунад, ки гуфтааст:

  • Чун ба назди Оиша даромадам  дар танаш куртае буд, ки аз пахтаи пастсифат бофта шуда, панҷ дирҳам арзиш дошт20.

Пас Оиша ба ман гуфт:

  • Саратро бардошта канизи маро бубин, ки аз пушидани ин либос дар хона ор мекунад. Ман дар замони зиндагии Расулуллоҳ (с) куртае аз ҳамин навъ доштам, ки ҳар зане тӯй медошт,  омада, онро аз ман орият мегирифт21.

Ибни Ҷавзӣ мегӯяд:

  • Оиша мехоҳад гӯяд, ки онҳо дар ибтидо дар ҳоли тангдастӣ мезистанд, ки як матои ночиз дар он вақт барояшон арзиши зиёд дошт.

 (Ривояти «Фатҳ-ул-борӣ», с.286,ҷ.5.)

Ин ҳадис далолат бар он дорад, ки Оиша ниҳоят зоҳиду парҳезкор буда, қаноатро ихтиёр кардааст ва бар ҳамон ҳолати пешинаи худ, ки дар замони Расулуллоҳ (с) буд боқӣ мондааст. Бо вуҷуди он, ки барои мусалмонон моли дунё фаровон гашт, Оиша ҳамон куртаи камарзишро мепушид, ҳол он, ки канизаш аз пушидани чунин либосе ор мекардааст. Худо аз Оиша розӣ бод.

Ибни Ҳаҷар мегӯяд:

  1. Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки орият гирифтани либос барои арӯс як кори маъмулӣ буда, аз кори нохуб ҳисоб намешавад.
  2. Дар ин ҳадис баёни хоксории Оиша аст.
  3. Оиша нисбати хидматгораш меҳрубон буд ва бо нармӣ вайро сарзаниш мекард.
  4. Дармондагонро ёрӣ медод.
  5. Тавозӯъ ва фурӯтании Оишаро бубин, ки дар ҳолати дороияш барои худ  зиндагонии оддиро ихтиёр мекард.  Вай дар саховат машҳур буд.

(Ривояти «Фатҳ-ул-борӣ», с.286-287, ҷ.5.)

   Аз худи Оиша ривоят мекунанд, ки гуфтааст:

– Пас, аз марги Расули Худо(с) ба серӣ нахӯрдаам ва агар ҳаргоҳе гиря кардан хоҳам, мегирям. Хонадони Муҳаммад (с), ба серӣ нахӯрдаанд. Ҳазрати Оиша бисёр дар роҳи Худо мол харҷ карда, садақоти фаровон медод. Аз Урва ривоят аст, ки рӯзе Оиша рӯзадор буд ва молашро ба сад ҳазор фурӯхт ва ҳамаашро тақсим кард, баъдан чун бегоҳ шуд бо нони ҷавин ифтор кард.

  • Ҳадис: “Ал-баззозату минал-имон” (бо ривояти Аҳмад).  Чизҳои арзон ва назарногирро пушидан ва  ба ҳайату сурати оддӣ гаштан аз нишонаҳои комилии имон аст.
  • Яъне Оиша фақрро ихтиёр карда, бо кам қаноъат мекард ва аз дороияш дигаронро ёрӣ медод ва некӣ мекард.

Канизаш гуфт:

  • Ақалан аз ҳамон мол як дирҳамро нагузоштед, ки каме гушт мехаридед ва мо ҳамроҳ мехурдем.

 Оиша гуфт:

  • Чаро ба ёдам наовардӣ?

 Аз Умми Зарра, ки вай хидматгори Оиша буд, ривоят аст, мегӯяд:

  • Абдуллоҳ ибни Зубайр барои Оиша ду ҳамён пул фиристод, ки ба назарам як саду ҳаштод ҳазорро ташкил медод.

Оиша табақе хост ва пулҳоро дар табақ рехт. Вай он рӯз рӯзадор буд. Пас, нишасту ҳамаи онро миёни мардуми  камбизоат тақсим намуд. Чун бегоҳ шуд, чизе аз он боқӣ намонда буд.

Вақти рӯза кушодан гуфт:

  • Эй духтарам, хӯроки маро биёр, Умми Зарра, нон ва равған оварда, ба Оиша гуфт:
  • Аз ҳамон пулҳо як миқдорашро нагузоштӣ, то каме гӯшт харида бихурем?

Оиша гуфт:

  • Ту маро сарзаниш макун, агар ба ёдам меовардӣ чунин мекардам.
  • Бубинед, ки дар як рӯз як саду ҳаштод ҳазорро тақсим карда, бо нону равған ифтор кардааст. Чӣ ҷону равони орамидае! Чӣ дили поку зиндае! Чӣ ҳиммати волое! Чӣ ниятҳои хубу холису содиқонае!

Боз Урва мегӯяд:

  • Оишаро дидам, ки ҳафтод ҳазорро тақсим кард ва куртаи мураққаъ (поргидор, дарбеҳдор) мепӯшид.

Аз Ато (р) ривоят аст, ки гуфт:

  • Ҳазрати Муовия (р) барои Оиша як табақ тилло фиристод, ки дар миёнаи тиллоҳо як гавҳари қимматбаҳо бо арзиши сад ҳазор тилло низ вуҷуд дошт. Оиша  ҳамаи онҳоро дар миёни ҳамсарони Пайғамбар (с) тақсим кард. Гоҳе мешуд, ки Оиша чизи зиёде намеёфт, ки садақа кунад бо вуҷуди ин, дархосткунандагонро дасти холӣ намегузошт. Ягон чизи каме ҳам, ки меёфт, ба онҳо медод. Рӯзе ҳазрати Оиша як дона ангурро садақа кард.

Аз ин кор тааҷҷуб карда, аз эшон пурсиданд.

Гуфт:

  • Шумо  медонед, ки донаи ангур аз чӣ қадар зарраҳо22 ташкил шудааст? Вай ин оятро ба онҳо тафсир кард, ки: «Фамайяъмал мисқола зарратин хайрай яраҳ»

(Пас ҳар касе агар бар вазни заррае некӣ кунад, подоши  онро хоҳад дид).

(Сураи Зилзила, ояи-7)

Гоҳе мешуд, ки бархе аз хешовандонаш ба Оиша эътироз карда, мехостанд ӯро аз бахшишу атодиҳӣ ва хароҷоти зиёде, ки ба нодорон мекард  боз доранд, Онҳо зиндагии зоҳидонаи ӯро дида, мехостанд, ки аз он молҳое, ки дорад худаш осудаҳолона истифода кунад. Аммо ҳазрати Оиша ба сухани касе гӯш  намедод, зеро мехост ба ёди Расули Худо зиндагӣ кунад ва пас аз вафоти он ҳазрат  мисли давраи зиндагониаш зоҳидона зист кунад ва намозу рӯзаи  Муҳаммадиро зинда бидорад. Кӯҳҳои сар ба фалак зи ҷой биҷунбанд, ҳам  ӯ ба аҳди худ устувор хоҳад монд.

Аз Авф ибни Молик ибни Туфайл ривоят аст, ки Оиша боре заминеро, ки аз худаш буд, фурӯхтани шуд, то ба дармондагону бенавоён ёрӣ кунад.

Абдуллоҳ ибни Зубайр инро шунида гуфт:

  • Қасам ба Худо, Оиша ё худ аз чунин корҳо даст мекашад, ё ман вайро аз чунин кор манъ ва маҳрум хоҳам сохт.

Оиша инро  фаҳмида гуфт:

  • Оё вай ҳамин тавр гуфт?

Гуфтанд:

  • Оре.

Оиша гуфт:

  • Аз барои Худо, назр кардам, ки дигар бо ибни Зубайр сухан нагӯям. Чун ин ба тӯл анҷомид ибни Зубайр (хоҳарзодаи Оиша) миёнарав фиристод, то оштӣ шаванд. Оиша гуфт:
  • Қасам ба Худо, сухани ҳеҷ миёнаравро дар мавриди вай нахоҳам пазируфт. Чун ин ҳолат тӯлонӣ шудан гирифт, барои ибни Зубайр бисёр вазнин буд. Вай назди Мисвор ибни Маҳрама ва Абдурраҳмон  ибни Асвад ибни Абдуяғус рафта гуфт, ки маро бо ягон баҳона ба ҳуҷраи Оиша дароред, зеро дар чунин ҳолат барояш ҳалол нест, ки бар назри кардагиаш пофишорӣ кунад. Ҳарду ибни Зубайрро гирифта ба дари хонаи Оиша рафта, гуфтанд:
  • Ассалому алайкӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, оё мумкин аст, ки дароем?

Оиша гуфт:

  • Дохил шавед.

Гуфтанд:

  • Ҳамаамон дароем? Гуфт:

22 Зарраҳо-атомҳо, ки онҳоро мо зарра меномем  агар даҳ миллион зарраро болои ҳам гузорем як милиметрро ташкил медиҳад. Маълум мешавад, ки як дона ангур аз зарраҳои беҳисоб ташкил ёфтааст.

  • Оре ҳамаатон дароед. Оиша намедонист, ки ибни Зубайр ҳамроҳи онҳост. Чун  даромаданд Абдуллоҳ ибни Зубайр, ки писари апаи Оиша буд, аз паси парда Оишаро, ки холааш буд ба оғуш гирифт ва ӯро зора мекарду мегирист, то бо вай оштӣ кунад. Мисвор ва Абдурраҳмон ҳам аз Оиша ба зориву тавалло  дархост мекарданд, ки бо ибни Зубайр, ҷияни худаш, сухан бигӯяд. Он ду мегуфтанд:
  • Худат медонӣ, ки Паёмбар аз ҷудоӣ ва қаҳрӣ  кардан манъ фармуда, онро барои мусалмонон аз се рӯз бештар ҳалол намешуморид. Чун гиряву зорӣ ва ёдовариҳои онон бештар шудан гирифт, Оиша ба танг омад ва ба гиря даромаду гуфт:
  • Охир ман назр кардаам ва назр ҳукми сахт дорад. Аммо он ду бошанд, аз зориву дархост даст намекашиданд. Дар охир Оиша маҷбур гашт, то бо ибни Зубайр сухан бигӯяд. Оиша ба хотири шикастани назраш ва розигии Худо, 40-ғулом озод кард. Пас аз ин, ҳар гоҳ назрашро ёдовар мешуд, чунон мегирист, ки руймолаш аз оби дида тар мегашт.

(Ин ҳадис бо ривояти Бухорӣ аст)

Ибни Ҳаҷар гуфтааст:

  • Сухани ибни Зубайр, ки «Оиша ё худ аз чунин кор даст мекашад дар ривояти Авзоӣ бо чунин зиёдат омадааст, ки «Аммо, қасам ба Худо ё, Оиша аз фурӯхтани заминаш даст мекашад». Ин ривояти дуввум тафсиркунандаи ривояти аввал хоҳад буд. Аммо, он чӣ дар «Маноқиби Қурайш» аз тариқи Урва ривоят шуд, ки гуфтааст:

«Оиша чизеро захира намекард». Ҳар он чӣ аз ризқи Худо ба вай мерасид, садақа мекард”. Ин ба он чӣ гуфтем мухолиф нест зеро иҳтимол дорад, ки Оиша заминашро ба хотири садақа додани пулаш фурӯхта бошад.

      («Фатҳ-ул-борӣ», с. 509, ҷ.10.)

test

Добавить комментарий