Яҳудие, ки бузургии Оишаро медонист

Ҳикояеро барои ту, хонандаи азизу гиромӣ, тақдим мекунем, то қабоҳату зиштии таъназанандагони ҳамсари поки Паёмбар(с) бароят маълум гардад. Шайх ва Имом Ҳофиз Зиёуддини Мақдисӣ ҳикоят кардааст:

  • Ва ман тағоям шайх Абуамр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Қудомаи Мақдисӣ, ки аз устодаш иҷозати ривоятро дошт ва устодаш шайх ва қории бузург Абубакр ибни Алӣ ибни Абдуллоҳи Ҳарронӣ соли 597 ҳиҷрӣ ба вай гуфта буд:
  • Барои зиёрати қабри ҳазрати Амири мӯъминон Алӣ(р) дар охири хилофати Ал-мустаъиз26 бо гурӯҳе ба Наҷаф рафта, дар хонаи яке аз сарварони Алавиҳо фурӯд омадем. Ӯ мутавалии он ҷо будааст.
    Моро иззату икром кард. Хидматгораш яҳудӣ буд. Моро ба он Алавӣ марди Ҳошимие, ки бо мо рафиқию ошнойи дошт, шинос карда буд. Рӯзе дар хонаи Алавӣ нишаста будем, ки Ҳошимӣ ба вай гуфт:
  • Хоҷа, ҳама корҳоятон хуб!, Охир шумо шарафи насабӣ, муруввату караму саховат доред, лекин мо як коратонро намеписандем. Чаро ин яҳудиро ходими худ

гирифта, вайро ба худ қариб сохтаед бо он ки вай ба дини шумо мухолиф аст. Ин шеърро гӯё барои шумо гуфтаанд:
Онро, ки шарафу бузургит аз ӯст, Ин ходимакат козибаш гуфт.
Пас ин чӣ корест, ки кардаед?
Алавӣ гуфт:

  • Рост мегӯӣ, лекин ҳар бор ғуломписаре ё ғуломдухтаре харидам, ба ман хиёнат намуданд ба ғайр аз ҳамин яҳудӣ, ки вайро хайрхоҳу амонатдор ёфтам.
    Баъзеи мо гуфтанд:
  • Агар чунин бошад, чаро вайро ба дини Ислом даъват ва ташвиқу тарғиб намекунӣ? Шояд мусулмон шавад. Хоҷа яҳудиро ҷеғ зада овард. Як нафари мо ба вай гуфт:
  • Мо туро барои даъвати Ислом ҷеғ задем, чӣ мегӯӣ? Яҳудӣ гуфт:
  • Чун маро ҷеғ задед, ман мақсади шуморо пай бурдам.
    Ба вай гуфтем:
  • Ту хубию бузургии хоҷаатро медонӣ. Хонадорию сарватмандиашро ҳам. Бар замми ин, вай туро азиз медорад.
    Яҳудӣ гуфт:
  • Ман ҳам вайро азиз медорам.
    Ба вай гуфтем:
  • Пас чаро дини вайро намепазирӣ ва Ислом намеорӣ?
    Яҳудӣ гуфт:
  • Шумо медонед, ки ман Узайр ва Мусоро Паёмбарони бузург меҳисобам. Агар ман пеш аз дини яҳудиро қабул карданам медонистам, ки ягон яҳудӣ зани

26 Хилофаи 33-юми сулолаи Аббосӣ
Паёмбарро тӯҳмат задааст ё бад гуфтааст ё падарзани Паёмбарро ва ёрони вайро дашном кардааст, ман дар ин сурат дини яҳудиёнро қабул намекардам, аммо то ҳол чунин кореро аз онҳо намедонам. Агар ман мусулмон шавам, киро дар анҷоми амалҳои зарурии ин дин пайравӣ намоям.
Ҳошимӣ гуфт:

  • Хоҷаатро, ки хидматаш мекунӣ.
    Яҳудӣ гуфт:
  • Ман намехоҳам вайро пайравӣ кунам.
    Ҳошимӣ гуфт:
  • Чаро?
    Яҳудӣ гуфт:
  • Хуҷаини ман ҳамсари Паёмбараш Муҳаммад (с)-ро сухани носазо гуфта, падари ҳамсари вайро, яъне Абубакрро дашном дода, ёрони Паёмбарашро беэҳтиромӣ ва бадгӯӣ мекунад. Пас, ман намехоҳам, ки ба монанди хоҷаам худро пайрави дини Муҳаммад (с) гуфта, боз зани Муҳаммадро тӯҳмату ёронашро дашному ҳақорат кунам. Пас, ман фикр мекунам, ки амали ман дар дини яҳудӣ аз амали хоҷаам дар дини худаш хубтар аст. Хоҷа аз ғаму ғуссае, ки аз шунидани ин суханон ӯро фаро гирифта буд дигар забонаш чанд вақте аз сухан монду даст бар замин мезад ва сар ба пой афканда буд. Баъди андаке сарашро бардошту дасташро тарафи яҳудӣ дароз карда, гуфт:
  • Рост мегӯӣ! Дастатро бидеҳ, ки ман гувоҳӣ медиҳам, ки ба ғайр аз Аллоҳ маъбуди барҳаққе нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад расули Худо ва аз он корҳову суханоне, ки гуфтию ман онҳоро мекардаму мегуфтам тавба намудам. Яҳудӣ ин суханони хоҷаро шунида гуфт:
  • Ман ҳам гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори парастиш нест. Танҳо Аллоҳро бояд парастид, ки ҳеҷ шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи бузургвори Худост ва ҳар дине ки ғайр аз дини Ислом аст, ботилу беасос аст.
    Яҳудӣ Ислом оварда мусалмони хубе шуд, хоҷааш аз рофизӣ будан тавба карду некӯахлоқ шуд.
  • Бубин, Худо туро дар зери раҳматаш қарор диҳадин ҳикояи зеборо, ки дар вай панду андарзи олист барои соҳибақлон ва ононе, ки ба сухани ҳақ хуб гӯш медиҳанд ва аз аҳли шаҳодатанд, намуна овардем. Чӣ гуна шахсе метавонад мусулмон бошад ва даъвои муҳаббат ба Пайғамбар дошта бошад ҳол он, ки ҳамсарону ёрони Пайғамбарро бадгӯӣ ва тӯҳмату айбҷӯи намояд? Расули Худо(с) сароҳатан баён доштааст, ки «Оиша ва падари вай Абубакр дӯстдоштатарин мардум дар наздаш ҳастанд».
    Оё мусулмон касонеро, ки Пайғамбар дӯст доштааст бад мебинад?
    Дар саҳеҳи Имоми Бухорӣ аз Амр ибни Ос (р) ривоят мекунад, ки гуфт:
    Ман гуфтам:
  • Эй Расули Худо кадоме аз мардумро шумо бештар дӯст медоред? Гуфтанд: – Оишаро Гуфтам:
    Аз мардҳо чӣ?
    Гуфт:
  • Падари Оишаро.
    (Ин ҳадисро Имом Муслим ҳам ривоят кардааст)
    Эй таъназанандаву тӯҳматкунандаи Оиша (р)! Оё ту ин сухани Худованди азза ва ҷалларо нашунидаӣ?
    Сухани Худо:
    «Касоне, ки занони покдоман ва бехабар аз фаҳшо ва боимонро тӯҳмати ба зино мекунанд, дар дунё ва охират лаънат шудаанд ва барои онҳо азобест бузург»
    (Сураи Нур, ояи- 23)
    Оё ваиде ва таҳдиде аз ин сахттар мешавад? Ин оят дар ҳаққи Оиша(р) аст, ки вай модари занони боимону покдоман аст ва дорои мақоми баланд дар назди Худо ва расули Худост, ки дар ин уммат волотарин мақом аст. Худои азза ва ҷалла тӯҳматкунандаи Оишаро дар дунёву охират лаънат карда ва агар тавба накунад, барояш азоби бузургеро дар охират омода кардааст. Оё рофизиён хаёл мекунанд, ки фаросати Пайғамбар хато кардааст, ки Оишаро аз тамоми занҳо муқаддамтарин қарор дода вайро чунине, ки «Сарид» беҳтарини хӯрокҳост, шоҳи занон қарор додааст. Қасам ба Худо, ҳаргиз фаросати Паёмбар хато накардааст. Дари хонаи Оиша кушода шуду Ҷабраил(ъ)-ро бидид. Ҷабраил(ъ) ба Расули акрам (с) гуфт:
  • Ба Оиша саломи маро расон!
    Расулуллоҳ гуфтанд:
  • Эй Оиша! Ин Ҷабраил аст, вай ба ту салом мегӯяд.
    (Ин ҳадис бо ривояти Муслим аст).
    Бузургиро бубин, ки Ҷабраил рӯ ба рӯ бо Марям бе ягон восита сухан гуфт ва Оишаро эҳтиром карда, ба воситаи Расулуллоҳ(с) ба вай салом фиристод, зеро Марям бешавҳар буд ва Оиша соҳиби бузургтарин шавҳар буд. Пас, касеро, ки Ҷабраил(ъ) эҳтиром кард, чӣ гуна дар ҳаққи вай бадгӯи ва тӯҳмат мекунанд? Инчунин касе, ки поктарин ва бузургтарини Паёмбарон аст, чӣ гуна забонашон ба ғайбату бӯҳтон дар ҳаққи ҳамсари он ҷаноб мегардад. Ҳар бадиеро, ки ба Оиша нисбат медиҳанд, бӯҳтону тӯҳмат буда сухани бофтаи шахсест,ки забонаш дар ихтиёри худаш нест. Чун Оишаро тӯҳмат заданд, чанд вақте чизеро пай набурда буд. Зани нопок чунин нест, балки дар ташвиш аст, ки сирраш ин дам ё лаҳзаи дигар фош хоҳад шуд. Оиша аз тағйир ёфтани муомилаи шавҳари бузургвораш бо вай ҳайратзада буд. Ӯ замоне ин воқеаро пай бурд, ки яке аз мардҳои тӯҳматчиеро, ки Мистаҳ ном дошт модараш дуъои бад кард.
    Оиша ба вай гуфт:
  • Ӯ чӣ коре кардааст, ки вайро дуъои бад мекунӣ?
    Пас, модари Мистаҳ қиссаи тӯҳматро ба Оиша гуфт.
    Оиша аз таъсири ин тӯҳмати бузург бемор шуду аз Расули акрам (с) иҷозати ба хонаи падару модар рафтан пурсид. Ба он хотир, ки асли ҳодисаро маълум созад. Аз ин хотир ба модараш гуфт:
  • Модарҷон! Мардум чиҳо мегӯянд.
    Модар гуфт:
  • Духтарам парво макун, занони шавҳарат ба ту ҳасад бурдаанд. Пас, Оиша бардавом дар назди Парвардигори меҳрубон ин қиссарро ёдовар мешуду мегирист, то он ки рӯзе Расулуллоҳ (с) даромада гуфтанд:
    «Эй Оиша, агар ба таври ногаҳонӣ гуноҳе кардаӣ, аз Худо омурзиш талаб кун, баъдан ба сӯи Худо боз гард». Оиша ба модараш гуфт:
  • Ба ҷои ман посухи Расулуллоҳ (с)-ро бидеҳ, аммо модар надонист чӣ бигӯяд. Пас, Оиша фарёде кашид, ки барои ман сабри ҷамил лозим аст ва дар ин бора аз Аллоҳ ёрӣ металабам. Оиша рӯй ба зоте овард, ки чун бечорае, дармондае, мӯҳтоҷе, беморе аз ӯ ҳалли мушкилии худро бихоҳад, мушкилии вайро осон мекунад. Он зоти якка ва ягона Аллоҳ аст, ки ягона мушкилкушо ӯст, шифодиҳанда ва бахшандаву меҳрубон аст. Касе ғайр аз ӯ мушкилоти моро ҳал карда наметавонад. Рӯ ба Аллоҳи якто бояд орем. Оиша чун ҳалли мушкилии худро аз Аллоҳи меҳрубон пурсид, ваҳй нозил шуд, ваҳй аз осмон, ваҳйи Худои меҳрубон. Ҷабраил(ъ) оятҳое аз Қуръони каримро овард, ки покии Оишаро баён мекард, ки мо имрӯз ҳам онҳоро мехонем. Занону духтарон бояд аз ҳаёти Оиша ибрат гиранд. Поку маъсума бошанд. Ин барои занон фахр аст, ки Худо ба хотири эълони покизагии Оиша ояҳои Қуръонӣ фиристод. Худо аз муъминони пок пуштибонӣ мекунад. Эй занону духтарон! Шумо пайрави Оиша бошед. Агар чунин кунед, ба мақоме хоҳед расид, ки Худо аз шумо пуштибонӣ хоҳад кард.
    НАСИҲАТ
    Ҳон, эй мусалмон! Аз муҳаббат ба дӯстдоштаи Расулуллоҳ(с) ғофил мабош ва ӯро ҳаргиз фаромӯш макун. Фазилатҳои ӯро биомӯз ва ҳифз бикун, зеро волотарин фазилатҳову хубиҳоро дар вай хоҳӣ ёфт. Он касе, ки модари уммати исломро дӯст бидорад ва аз бадгӯёну душманони ҷоҳили вай дурӣ ҷӯяд, дар ҳақиқат хушбахт аст. Чӣ мақомоти баландеро ва мартабаҳои олиеро дорост. Оиша (р), дар тамоми фанҳову улум ва одоб мақоми олиро дорост. Муҳаббате, ки Расули акрам(с) ба вай дошт барояш волотарин мақом аст. Худованд далели покии вайро аз фарози ҳафт осмон дар ояҳои Қуръон фиристод. Оятҳое, ки дар малаул-аъло хонда мешаванд ва чун мусалмонон ва мӯъминони ҳақиқӣ онро тиловат мекунанд, бисёр гуворо ва форам ба гӯш мерасад. Намедонем, онҳое, ки Оишаро айб гирифта, бадаш мебинанд, чӣ гуна ин оятҳоро мехонда бошанд? Агар рофизӣ метавонист ин оятҳоро аз Қуръон

маҳвф созад, аз ин кор ибо намекард. Расули акрам (с) дар муҳаббат ҳеҷ нафареро аз вай пештар намегузорад. Ба он ҳазрат гуфтанд:

  • Чӣ касе маҳбубтарин мардум дар назди шумост? Пас, номи Оишаро гирифт. Дар кулбаи ҳеҷ зане аз занонаш ғайр аз Оиша барои Паёмбар ваҳй нозил нашудааст. Расули Худо вайро дар хурдсолиаш ба никоҳ даровард ва дар партави одоби набувват ва рисолат тарбияаш намуд. Муҳаммад ибни Зубайр аз Зуҳрӣ ривоят мекунад, ки: «Аввалин муҳаббату ишқе, ки дар Ислом падид омад, муҳаббату ишқи расули Худо ба Оиша(р) буд». Аммо бояд донист, ки ин ишқу муҳаббати заношавҳарӣ буд, на ишқбозиҳои дурӯғине, ки дар замони мо аз он истифода мекунанд, ки ба ҷуз фасод ва бебандуборӣ самараи дигаре надорад. Имом Бухорӣ дар саҳеҳаш ривоят мекунад, ки Ҷабраил(ъ) сурати Оишаро дар даруни газвори абрешимӣ оварда ба расули Худо нишон дода гуфтааст:
  • Ин ҳамсари туст.
    Аҷабо, бадгӯёни Оиша чӣ қадар курдил ҳастанд, ки ин ҳамаро нодида мегиранд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.