Расулуллоҳ (с) мехостанд айёми бемориашонро дар хонаи Оиша сипарӣ намоянд

Оиша(р) гуфтааст:

Расули Худо(с) вақте бемор шуданд, мегуфтанд:

  • Ман фардо дар куҷо хоҳам буд? Ман фардо дар куҷо хоҳам буд? Мақсади расули Худо аз ин сухан ин буд, ки кай навбати ман мешуда бошад, яъне навбати Оиша. Пас, занони дигар чун инро пай бурданд, иҷозат доданд, ки Пайғамбар дар  кадом хонае, ки худаш хоҳад, ҳамон ҷо бимонад. Пас, то рӯзи вафоташ дар хонаи ман буд.

Агар навбатро идома ҳам медоданд, навбати ман мебуд. Худо ҷони поки эшонро дар ҳолате ситонид, ки сари он ҳазрат(с) дар оғӯши ман буд. Оби даҳонаш дар охирин лаҳзаи ҳаёташ бо оби даҳони ман омехта буд. Абдурраҳмон ибни Абубакр(р) (бародари Оиша) аз дар даромад ва мисвоке ҳамроҳ дошту мисвок мезад. Расулуллоҳ(с) ба чашми ханда ҷониби вай нигоҳ кард (ман инро пайхас карда гуфтам):

  • Эй Абдурраҳмон[1], ин мисвокчубатро ба ман бидеҳ. Вай онро ба ман дод. Ман мисвокчубро ба даҳонам гузошта бо дандонҳоям фишор додам ва онро хоида нарм сохта, барои мисвок кардан омода карда, ба Расулуллоҳ(с) додам. Он ҳазрат(с) дар ҳоле, ки дар оғӯши ман ба синаам  такя карда мехобид, онро гирифту дандонҳояшро бори охирин мисвок зад28.

(Бо ривоти Муслим)

ФОИДАҲОИ ИН ҲАДИС

 Дар ин ҳадис фазилатҳои зерини Оиша(р) баён гардидааст.

 1. Расули Худо мегуфт:

– Ман фардо дар куҷо хоҳам буд? Ман фардо дар куҷо хоҳам буд? Яъне дар хонаи кадом ҳамсарам хоҳам буд. Кирмонӣ гуфтааст:

-Ин суханро Паёмбар(с) ба он хотир мегуфт, ки ба Оиша муҳаббати зиёде дошт ва иштиёқи зиёде ба омадани навбати вай дошт. Аз ҷиҳати иштиёқи зиёдаш нисбати вай, дар назараш чунин менамуд, ки гуё рӯзи навбати Оиша бисёр дер фаро мерасад. Ин  далели равшанест бар муҳаббати Расули акрам (с) ба Оиша (р), зеро ин андозаи унсу улфат ва оромӣ, ҳатто нузули ваҳйро, ки дар хонаи Оиша муяссараш мешуд, дар хонаи дигар ҳамсаронаш намеёфт.

  • Он ҳазрат дар оғӯши Оиша вафот кард.
  • Вафоти он ҳазрат мутобиқ ба навбати Оиша афтод.
  • Пеш аз вафоташ оби даҳони Оиша ба оби даҳони он ҳазрат омехта шуд, зеро Оиша мисвокчубро хоида буду пас аз он ба ҳазрат(с) дода буд. Паёмбар (с) бо он дандонҳояшро мисвок карда буд. Оиша пас аз ин шояд борҳо бо он мисвокчуб, мисвок  намуда бошад.
  • Аз ҳадис маълум мешавад, ки Оиша ниҳоят зираку доно ва закию рамузфаҳм буд ва ҳолатҳои Расули акрамро бисёр хуб медонист, аз ин рӯ аз як нигоҳи Паёмбар (с) хоҳишашро фаҳмида, иҷро кард.
  • Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки даъвои рофизиҳо, ки Расулуллоҳ(с)дар бағали Алӣ(р) вафот кардааст, хато мебошад.

28 Мисвокзанӣ воҷиб аст. (ривояти Абунуаӣм бо санади ҳасан). Ҷавонони мусалмон бояд тозагиро риоя кунанд, хусусан тозагии даҳонро. Ба ҷойи носу, сигор мисвокро пешаи худ намоянд. Паёмбарро бубинед, ки ҳангоми сахтии ҷондодан ҳам тозагиро риоя карда, мисвок заданд.

(Тафсили ин масоилро аз китоби  «Қосиматуззаҳра», (с.61-64 ) пайгирӣ кунед.)


[1] Њадис: «Мисвок задан поккунандаи дањон ва хушнудкунандаи Парвардигор аст» (бо ривояти имом Ањмад бо санади сањењ). «Мисвок задан суннат аст, пас њар гоњ мехоњед мисвок бизанед». Дайламї ин њодисаро бо санади Њасан ривоят кардааст. Њангоми бадбуии дањон мисвок задан вољиб аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.