Вафоти Мусибатбори Оиша (Р)

    Урва ибни Зубайр аз падараш ривоят кардааст, ки чун марги Оиша (р) фаро расид, бетоқат шуд. Ба вай гуфтанд:

  • Чаро бетоқатӣ мекунӣ, эй модари мӯъминон, ҳол он, ки ту ҳамсари Паёмбар(с) ҳастӣ, модари тамоми аҳли имон ва духтари Абубакри Сиддиқ маҳсуб мешавӣ. Оиша (р) гуфт:

Рӯзи Ҷамалро ёдовар шуда, гулӯгир мешавам, эй кош пеш аз рӯзи Ҷамал мемурдаму аз ёдҳо фаромӯш мешудам.

(Балоғоту-н-ниссо, с. 25,ҷ.2.)

Воқидӣ гуфтааст:

  • Оиша(р) модари мӯъминон ва пешвои занони мӯъмин дар  шаби сешанбеи 17-уми моҳи мубораки Рамазон  мусодиф ба рӯзи аввали набарди Бадр, нахустин набарди мусалмонон бо куффор, соли 58-уми ҳиҷрӣ, дар синни 66 солагӣ дунёи фониро падрӯд гуфт. Дигарон гуфтаанд, ки вай соли 57-ум вафот кардааст. Оиша васият карда буд, ки ӯро ҳамроҳи дигар занҳои Пайғамбар дар гӯристони Бақиъ ба хок супоранд. Ҷанозаи вайро Абуҳурайра(р), ки он вақт  аз ҷониби Марвон волии Мадина таъйн шуда буд, гузорид. Аз Ҳишом ибни Урва ривоят аст, ки гуфт:
  • Оиша ва Абуҳурайра (р) ҳар ду соли 57-ум  вафот кардаанд (албатта Абуҳурайра  баъдтар аз Оиша(р) вафот кардааст).

            (Сифату-с-сафва, с.358-359,ҷ.1.)

Ибни Абихайсама аз Урва ибни Зубайр аз Оиша (р) ривоят кардааст, ки гуфта буд:

  • Чун ман бимирам маро ҳамроҳи дугонаҳоям, яъне занҳои Паёмбар дар гӯристони Бақиъ гӯронед. Дар хонааш дар бари Расулуллоҳу Абубакру Умар ҷои холӣ буд, аммо вай гуфт:
  • Ман ҳеҷ гоҳ дар он ҷо гӯронда нахоҳам шуд.

(Субулул-ҳудо варрашод, с.182,ҷ.11.)

ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ОИША (Р)

Қозии Ҳалаб, шайх, имом ва донишманди бузург Камолиддин ибни Адим (соли вафоташ 660 ҳиҷрӣ) дар васфи Оиша қасидае дорад, ки дар он таърифу тавсиф ва мадҳу ситоиши Оишаро карда бадгӯёну бадбинони вайро мардуд меҳисобад. Қасида чунин аст:

Мақоми мо куҷову умми мӯъминон куҷо,

«Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо»

Чу кина дорӣ ба ман, равзаи Расул марав, Ки кулба они ман аст, пойи худ манеҳ он ҷо.

Худой дода ба ман ҳикмату фазилати хос, Сифоти неку марову каломи пурмаъно. Сууди руҳи Расул (с)  будааст дар оғӯшам, Чаро ки навбати шаб он замон буд маро.

Паёмбараст маро ҷуфт, зи ғайраш безорам, Ҳамеша ҳаст ба забонам сипосу шукри Худо.

Фиристода Малак суратам ба амри Худо, Бишуд волаю шайдо Расул (с) чу дид маро. Худои азза ва ҷал дар каломаш покам гуфт, Бихон зи сураи Нур тӯҳмату баротамро.

Ман он сунбули душизаам миёни занон, Ки дар канори Муҳаммад (с) супурда умрамро.

Мақому фазли баланд додааст Худо бар ман, Бихон ба ояи Қуръон ту зикри покамро.

Зи буғзи оли Расул дузахӣ шавад банда, Бигуфта Аҳмади Мухтор баёни васфамро. Маро Сиддиқ падар аст-ёрӣ бовафои Расул, Ки ошкор бигуфта расул ҳуббашро. Зи волидайн гирифтам сабақ  зи дини Худо, Ки будаанд дуъогӯ ҳамеша Аҳмадро.

Зи ифтихори ҷаҳон баҳри ман ҳамин кофист, Падар зи баъди Расул гашт сипар мар динро. Падар ба молу тану ҷон бикард дифоъ аз дин, Рафиқу ҳамдаму ҳамрози ғор буд, Аҳмадро. Ба чор ёрӣ Муҳаммад (с), ки ҳақпараст буданд,

Бишав муҳиббу бикун во ту равзаи дилро. Бошад  биҳишт ҷои дӯстдори кулли ёронаш, Ҳамеша  дӯстдор бош ҳама ононро.

Фотимаву Алӣро дӯст бояд дошт, Бе муҳаббати ин ду надидам ҳеҷ мусалмонро.

Икром намо чаҳор сарвари хилофатро.

Ҳар чор устуни дини поки Аҳмадро. Дар дӯстиву муҳаббат чу бунёни марсусанд, Биёву бубин устувории ин меҳрпуёнро. Буданд ҳама саҳоба меҳрубон ба як дигар, Бигиру бихон сураи фатҳи Қуръонро.

Онҳо ба мисли ангӯштони дастонанд,

Оё дидаӣ зебо бе ангӯшт дастонро?

Аллоҳ улфату дустӣ ба онон карда арзонӣ, Биёву бихон зи қуръон сураи оли Имронро.

Айбҷуйи онон ба кулфат фурӯ хоҳад рафт, Дашномдиҳандашон набинад ғайри ҳирмонро.

Агар Худо ба бандае кардааст ёрӣ,

Кист он касе, ки  биёрад бар он банда хизлонро? Ҳар ки дӯстдори ман аст, гӯ зи дашномгарон мабош, Агар ҳамехоҳӣ дӯстию эҳтиромамро.

Ман покзанеам, ки барои покмард[1] халқ шудаам, Занони паёмбар сарваранд поктарини поконро.

Ман модари ҳама муъминони дунёям,

Розӣ наям аз касе ки дорад ба ман бад гумонро.

Худо маро маҳбуби қалби поки паёмбар кард, Ҳамесазад, ки бошам шукргузор ин иҳсонро.

Ҳар ки икрому иҳтиромам кард, Худо мукаррамаш созад, Хорӣ насиб мешавад кулли бадгуёнро. .Эй он, ки хонадони набиро дӯст медорӣ, Умедкунандаи раҳмати Худои раҳмонро.

Ба модарони мӯъминон дустию муҳаббат кун, Зи ҳад берун марав, ки пайрав гаштаи шайтонро. Ман аз Худо хоҳони фазли бе карони ваям, Шукру сипос, ки ба ман додааст имонро. Ин пандҳо бигир, ки боғи пургӯлу райҳонанд, Ҳам худ бибую бибахш ин гулу райҳонро. Бар ҳазрати расулу ёрон,Худо дуруд фиристонад, Бе ёди ин гурӯҳ зеб набошад ин бустонро.

Муслим инро бихонад руҳу равон биёбад, Хашму ғазаби Худо рофизитинатонро.

Ин буд қасидае, ки заррае аз фазоили бешумори модари муъминонро барои мо васф намуд. Худо аз Оиша хушнуду розӣ бод!

ҲАВОРИИ (ЁРИ НАЗДИК)  РАСУЛИ ХУДО (С) АЗ ЗАНОН

 Дар ҳадис омадааст, ки Расули акрам (с) фармудаанд:

– Аз мардҳо ҳаввории ман Зубайр аст ва аз занҳо Оиша(р) аст.

(Инро Зубайр ибни Баккор (соли вафоташ 869  милодӣ) ривоят кардааст. Ибни Асокир  низ ин ҳадисро ривоят намудааст).

Дар ҳадис омадааст, ки: «Қасам ба он зоте, ки ҷони ман ба дасти ӯст, ҳар касе, ки мо аҳли байтро бад бубинад,  ба дӯзах дохил хоҳад шуд»

(Ин ҳадисро Ҳоким ривоят карда гуфтааст, ки ба шарти

Муслим саҳеҳ аст. Албонӣ низ инро саҳеҳ гуфтааст.)

Дар «Саҳеҳ»-и Муслим боби «Фазоилу-с-саҳоба» ҳадиси рақами 36-ум, тибқи рақамгузории  Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ омадааст, ки Ҳусайн ном тобеӣ аз Зайд ибни Арқами саҳобӣ  пурсид:

  • Оё занони Паёмбар (с) аз аҳлӣ байти он кас нестанд?

 Зайд ибни Арқам гуфт:

  • Занони Паёмбар аз аҳли он ҳазрат ҳастанд. Оиша(р) дӯстдоштатарин аҳли хонаводаи Паёмбар  дар назди он кас будаанд, пас, бад дидани Оиша сабаби дӯзахӣ шудани шахс мегардад.

ОИША (Р) АЗ АҲЛИ БИҲИШТ

Дар ҳадис омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: – Оиша ҳамсари ман дар биҳишт аст

(Ин ҳадисро Ибни Саъд  ривоят карда, Албонӣ саҳеҳ  гуфтааст).

 Дар ривояти дигари Ҳоким, Расули акрам (с) фармуданд:

  • «Оё розӣ мешавӣ, ки ҳамсари ман дар дунёву охират бошӣ»?

Оиша мегӯяд:

Гуфтам:

  • Албатта, мехоҳам.

Он ҳазрат фармуданд:

  • Пас, ту дар дунёву охират ҳамсари ман ҳастӣ.

(Ин ҳадисро низ Албонӣ саҳиҳ гуфтааст).

Дар ривояти дигари Ҳоким чунин омадааст, ки Оиша мегӯяд:

Гуфтам:

  • Эй Расули Худо(с), чӣ касоне дар биҳишт ҳамсарони ту ҳастанд?

Гуфт:

  • Аммо, ту аз онҳоӣ.

(Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст).

Ҳазрати Аммор(р) дар Куфа хутба эрод карда, гуфт:

  • Қасам ба Худо, ман медонам, ки Оиша дар дунёву охират ҳамсари Паёмбар(с) аст.

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Аҳмад  ва Ҳоким ривоят кардаанд).

Ибни Тин дар ҳадиси Бухорӣ гуфтааст: «Аммор бе шубҳа Оишаро биҳиштӣ донистааст. Вай чунин суханро аз пеши худ гуфта наметавонад, албатта, ӯ инро аз Расулуллоҳ(с) шунида аст».

ДУЪОИ ОН ҲАЗРАТ (С) ДАР ҲАҚҚИ ОИША

Расули Худо(с) дар ҳаққи  ҳамаи уммат ба таври умумӣ ва дастаҷамъӣ дуъо кардааст, аммо аз миёни онон дар ҳаққи Оиша(р) ба таври хусусӣ ва ҷудогона дуъо намудааст, ки ин аст.

Ҳадис: «Худоё ҳама гуноҳони аввалину охирин ва пӯшидаву ошкорои Оишаро мағфират бикун». Боз Расулуллоҳ(с) гуфт:

«Қасам ба Аллоҳ, ки ин дуъои ман аст барои умматам, ки дар ҳар намозе ин дуъоро мекунам».

(Ин ҳадисро имом Баззор ривоят карда, Албонӣ  ҳадиси

ҳасанаш  гуфтааст).


[1] – Мурод Паёмбар (с).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.