Сураи ЗОРИЁТ
СУРАТУ-З-ЗАРИЙАТ бо хати кирили
(60 ояҳ) (Сураи 51)
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Ва-з-зарийати зарва. 1. Фа-л-ҳамилати виқро. 2. Фа-л ҷарийати юсро. 3. Фа-л-муқассимати амро. 4. Иннама туъадуна ла содиқ. 5. Ва инна-д-дина ла вақиъ. 6.
Ва-с-самаи зати-л-ҳубук. 7. Иннакум лафи қавли-м мухталиф.8. Юъфаку ъанҳу ман уфик. 9. Қутила-л харросун. 10. Ал-лазина ҳум фи ғамратин саҳун. 11. Яс-алуна аййана явму-д-дин. 12. Явма ҳум ъала-н нари юфтанун. 13. Зуқу фитнатакум ҳаза-л-лази кунтум биҳи тастаъҷилун. 14. Инна-л-муттақина фи ҷаннати-в ва ъуйун. 15. Ахизина ма атаҳум Раббуҳум. Иннаҳум кану қабла залика муҳсинин. 16. Кану қалила-м мина-л-лайли ма яҳҷаъун. 17. Ва би-л асҳари ҳум ястағфирун. 18. Ва фи амвалиҳим ҳаққу-л ли-с-сайли ва-л-маҳрум. 19. Ва фи-л-арзи айату-л лил муқунин. 20. Ва фи анфусикум. А-фа ла тубсирун. 21. Ва фи-с-самаи ризқукум ва ма туъадун. 22. Фа ва Рабби-с-самаи ва-л-арзи иннаҳр ла ҳаққу-м мисла ма аннакум тантиқун. 23. Ҳал атака ҳадису зайфи Иброҳима-л-мукрамин. 24. Из дахалу ъалайҳи фа қолу салама. Қола саламун қавму-м мункарун. 25. Фа роға ила алайҳи фа ҷаа би ъиҷлин самин. 26. Фа қаррабаҳу илайҳим қола ала таъкулун. 27. Фа авҷаса минҳум хифаҳ. Қолу ла тахаф. Ва башшаруҳу би ғуламин ъалим. 28. Фа ақбалат-имраатуҳу фи сарратин фа саккат ваҷҳаҳа ва қолат ъаҷузун ъақим. 29. Қолу казалики қола Раббуки иннаҳу Ҳува-л-Ҳакиму-л-Ъалим. 30.
Қола фа ма хатбукум айюҳа-л-мурсалун. 31. Қолу инна урсилна ила қавми-м муҷримин. 32. Ли нурсила ъалайҳим ҳиҷарата-м мин тин. 33. Мусавваматан ъинда Раббика лил мусрифин. 34. Фа ахраҷна ман кана фиҳа мина-л-муъминин. 35. Фа ма ваҷадна фиҳа ғайра байти-м мина-л-муслимин. 36. Ва таракна фиҳа айата-л лил лазина яхофуна-л ъазаба-л-алим. 37. Ва фи Муса из арсалнаҳу ила Фиръавна би султоним мубин. 38. Фа тавалла би рукниҳи ва қола саҳирун ав маҷнун.39. Фа ахазнаҳу ва ҷунудаҳу фа набазнаҳум фи-л-ямми ва ҳува мулим. 40. Ва фи Ъадин из арсална ъалайҳиму-р-риҳа-л-ъақим. 41. Ма тазару мин шай-ин атат ъалайҳи илла ҷаъалатҳу ка-р-рамим. 42. Ва фи бамуда из қила лаҳум таматтаъу ҳатта ҳин. 43. Фа ъатав ъан амри Раббиҳим фа ахазатҳуму-с-соъиқату ва ҳум янзурун. 44. Фа мастатдъу мин қийами-в ва ма кану мунтасирин. 45. Ва қавма Нуҳи-м мин қабл. Иннаҳум кану қавман фасиқин. 46. Ва-с-самаа банайнаҳа би айди-в ва инна ламусиъун. 47. Ва-л-арза фарашнаҳа фа ниъма-л-маҳидун. 48. Ва мин кулли шай-ин халақна завҷайни лаъаллакум тазаккарун. 49. Фа фирру илаллоҳ Инни лакум-м минҳу назиру-м мубин. 50. Ва ла таҷъалу маъаллоҳи илаҳан ахар. Инни лакум-м минҳу назиру-м мубин. 51.
Казалика ма ата-л-лазина мин қаблиҳим-м ми-у расулин илла қолу саҳирун ав маҷнун. 52. А-тавасав биҳ. Бал ҳум қавмун тоаун. 53. Фа тавалла ъанҳум фа ма анта би малум. 54. Ва заккир фа инна-з-зикрс танфаъу-л-муъминин.55. Ва ма халақту-л-ҷинна ва-л-инса илла ли яъбудун. 56. Ма уриду минҳум-м ми-р-ризқи-в ва ма уриду ай ютъимун. 57. Инналлоҳа Ҳува-р-Раззақу Зу-л-қуввати-л-матин. 58. Фа инна лил лазина заламу зануба-м мисла зануби асҳабиҳим фа ла ястаъҷилун. 59. Фа вайлу-л лил лазина кафару ми-й явмиҳиму-л-лази йуъадун. 60.
Сураи ЗОРИЁТ бо хати арабӣ
51|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالذّٰرِيٰتِ ذَروًا
51|2|فَالحٰمِلٰتِ وِقرًا
51|3|فَالجٰرِيٰتِ يُسرًا
51|4|فَالمُقَسِّمٰتِ أَمرًا
51|5|إِنَّما توعَدونَ لَصادِقٌ
51|6|وَإِنَّ الدّينَ لَوٰقِعٌ
51|7|وَالسَّماءِ ذاتِ الحُبُكِ
51|8|إِنَّكُم لَفى قَولٍ مُختَلِفٍ
51|9|يُؤفَكُ عَنهُ مَن أُفِكَ
51|10|قُتِلَ الخَرّٰصونَ
51|11|الَّذينَ هُم فى غَمرَةٍ ساهونَ
51|12|يَسـَٔلونَ أَيّانَ يَومُ الدّينِ
51|13|يَومَ هُم عَلَى النّارِ يُفتَنونَ
51|14|ذوقوا فِتنَتَكُم هٰذَا الَّذى كُنتُم بِهِ تَستَعجِلونَ
51|15|إِنَّ المُتَّقينَ فى جَنّٰتٍ وَعُيونٍ
51|16|ءاخِذينَ ما ءاتىٰهُم رَبُّهُم إِنَّهُم كانوا قَبلَ ذٰلِكَ مُحسِنينَ
51|17|كانوا قَليلًا مِنَ الَّيلِ ما يَهجَعونَ
51|18|وَبِالأَسحارِ هُم يَستَغفِرونَ
51|19|وَفى أَموٰلِهِم حَقٌّ لِلسّائِلِ وَالمَحرومِ
51|20|وَفِى الأَرضِ ءايٰتٌ لِلموقِنينَ
51|21|وَفى أَنفُسِكُم أَفَلا تُبصِرونَ
51|22|وَفِى السَّماءِ رِزقُكُم وَما توعَدونَ
51|23|فَوَرَبِّ السَّماءِ وَالأَرضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِثلَ ما أَنَّكُم تَنطِقونَ
51|24|هَل أَتىٰكَ حَديثُ ضَيفِ إِبرٰهيمَ المُكرَمينَ
51|25|إِذ دَخَلوا عَلَيهِ فَقالوا سَلٰمًا قالَ سَلٰمٌ قَومٌ مُنكَرونَ
51|26|فَراغَ إِلىٰ أَهلِهِ فَجاءَ بِعِجلٍ سَمينٍ
51|27|فَقَرَّبَهُ إِلَيهِم قالَ أَلا تَأكُلونَ
51|28|فَأَوجَسَ مِنهُم خيفَةً قالوا لا تَخَف وَبَشَّروهُ بِغُلٰمٍ عَليمٍ
51|29|فَأَقبَلَتِ امرَأَتُهُ فى صَرَّةٍ فَصَكَّت وَجهَها وَقالَت عَجوزٌ عَقيمٌ
51|30|قالوا كَذٰلِكِ قالَ رَبُّكِ إِنَّهُ هُوَ الحَكيمُ العَليمُ
51|31|قالَ فَما خَطبُكُم أَيُّهَا المُرسَلونَ
51|32|قالوا إِنّا أُرسِلنا إِلىٰ قَومٍ مُجرِمينَ
51|33|لِنُرسِلَ عَلَيهِم حِجارَةً مِن طينٍ
51|34|مُسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ لِلمُسرِفينَ
51|35|فَأَخرَجنا مَن كانَ فيها مِنَ المُؤمِنينَ
51|36|فَما وَجَدنا فيها غَيرَ بَيتٍ مِنَ المُسلِمينَ
51|37|وَتَرَكنا فيها ءايَةً لِلَّذينَ يَخافونَ العَذابَ الأَليمَ
51|38|وَفى موسىٰ إِذ أَرسَلنٰهُ إِلىٰ فِرعَونَ بِسُلطٰنٍ مُبينٍ
51|39|فَتَوَلّىٰ بِرُكنِهِ وَقالَ سٰحِرٌ أَو مَجنونٌ
51|40|فَأَخَذنٰهُ وَجُنودَهُ فَنَبَذنٰهُم فِى اليَمِّ وَهُوَ مُليمٌ
51|41|وَفى عادٍ إِذ أَرسَلنا عَلَيهِمُ الرّيحَ العَقيمَ
51|42|ما تَذَرُ مِن شَيءٍ أَتَت عَلَيهِ إِلّا جَعَلَتهُ كَالرَّميمِ
51|43|وَفى ثَمودَ إِذ قيلَ لَهُم تَمَتَّعوا حَتّىٰ حينٍ
51|44|فَعَتَوا عَن أَمرِ رَبِّهِم فَأَخَذَتهُمُ الصّٰعِقَةُ وَهُم يَنظُرونَ
51|45|فَمَا استَطٰعوا مِن قِيامٍ وَما كانوا مُنتَصِرينَ
51|46|وَقَومَ نوحٍ مِن قَبلُ إِنَّهُم كانوا قَومًا فٰسِقينَ
51|47|وَالسَّماءَ بَنَينٰها بِأَيي۟دٍ وَإِنّا لَموسِعونَ
51|48|وَالأَرضَ فَرَشنٰها فَنِعمَ المٰهِدونَ
51|49|وَمِن كُلِّ شَيءٍ خَلَقنا زَوجَينِ لَعَلَّكُم تَذَكَّرونَ
51|50|فَفِرّوا إِلَى اللَّهِ إِنّى لَكُم مِنهُ نَذيرٌ مُبينٌ
51|51|وَلا تَجعَلوا مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ إِنّى لَكُم مِنهُ نَذيرٌ مُبينٌ
51|52|كَذٰلِكَ ما أَتَى الَّذينَ مِن قَبلِهِم مِن رَسولٍ إِلّا قالوا ساحِرٌ أَو مَجنونٌ
51|53|أَتَواصَوا بِهِ بَل هُم قَومٌ طاغونَ
51|54|فَتَوَلَّ عَنهُم فَما أَنتَ بِمَلومٍ
51|55|وَذَكِّر فَإِنَّ الذِّكرىٰ تَنفَعُ المُؤمِنينَ
51|56|وَما خَلَقتُ الجِنَّ وَالإِنسَ إِلّا لِيَعبُدونِ
51|57|ما أُريدُ مِنهُم مِن رِزقٍ وَما أُريدُ أَن يُطعِمونِ
51|58|إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزّاقُ ذُو القُوَّةِ المَتينُ
51|59|فَإِنَّ لِلَّذينَ ظَلَموا ذَنوبًا مِثلَ ذَنوبِ أَصحٰبِهِم فَلا يَستَعجِلونِ
51|60|فَوَيلٌ لِلَّذينَ كَفَروا مِن يَومِهِمُ الَّذى يوعَدونَ
Тарчумаи Сураи ЗОРИЁТ(Бодҳои хокпарокандасозанда)
Ба номи Худои бахшояндаи Меҳрубон!
1.Савганд ба бодҳое, ки (абрҳоро бармеангезанд ва ба фармони Худованд ба ҳар сӯ ба суръат мебаранд ва) хок мепарокананд,
2.савганд ба абрҳои гаронбор (аз борон),
3.савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ (дар обҳои баҳру уқёнусҳо) равонанд
4.ва савганд2 ба фариштагоне, ки (бо фармони Худованд миёни худ) тақсимкунандаи корҳоянд3,
5.ки ҳаройна, он чӣ шуморо ваъда (ва бим) медиҳанд, рост аст
6.ва ҳаройна, рӯзи ҷазо, ҳатман, омаданист.
7.Ва савганд ба осмон, ки ороста ба ситорагон аст,
8.ки ҳаройна, шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед!
9.Аз ҳақ (имон) бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд.
10.Марг бод бар он дурӯғгӯён,
11.онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ мондаанд.
12.Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
13.Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд.
14.«Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»
15.Ҳаройна, парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд.
16.Он чиро Худо арзонияшон доштааст, гирифтаанд. Ҳаройна, пеш аз он некӯкор буданд,
17.андаке аз шабро мехобиданд
18.ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд
19.ва дар амволашон барои пурсандаву маҳрум ҳаққе буд.
20.Ва дар замин барои аҳли яқин ибратҳоест
21.ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?
22.Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст.
23.Пас, савганд ба Парвардигори осмонҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст.
24.Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
25.Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношиносед!»
26.Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард.
27.Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»
28.Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно мужда доданд.
29.Ва занаш фарёдзанон (аз тааҷҷуб) омад ва бар рӯй заду гуфт: «Ман пирзоле нозоям».
30.Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ҳаройна, ӯ ҳакиму доност!»
31.Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
32.Гуфтанд: «Моро ҳаройна, бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,
33.то тиккаҳои сангҳои гилӣ бар сарашон биборем,
34.ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад гузаштаҳо нишон гузоштаанд».
35.Пас, ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.
36.Ва дар он шаҳр ҷуз як хона аз фармонбардорон наёфтем.
37.Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем.
38.Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо бурҳоне ошкор назди Фиръавн фиристодем.
39.Ва ӯ (Фиръавн) ба ҳамаи нерӯяш рӯӣ гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»
40.ӯ ва лашкарҳояшро фурӯ гирифтем ва ба баҳр афкандем. Ва ӯ сазовори маломат буд.
41.Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ ки боди ақимро2 бар онҳо фиристодем.
42.Бар ҳеҷ чиз навазид, магар он ки чун устухоне пӯсидааш бар ҷой ниҳод.
43.Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «Замоне чанд бархурдор шавед».
44.Онон аз фармони Парвардигорашон сар боз заданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон.
45.Истодан натавонистанд ва ёрои интиқом надоштанд.
46.Ва аз пеш қавми нӯҳро фурӯ гирифтем, ки қавме саркаш буданд.
47.Ва осмонро ба нерӯ барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.
48.Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густурандагонем!
49.Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, бошад, ки ибрат гиред.
50.Пас, ба сӯи Худованд бигрезед. Ҳаройна, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.
51.Ва бо Худои якто худои дигареро мапарастед. Ҳаройна, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.
52.Ба ин сон (ки инҳо шуморо такзиб мекунанд) бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, паёмбаре фиристода нашуд, ҷуз он ки гуфтанд: «Ҷодугар ё девонаест!»
53.Оё ба ин кор (яъне, гуфтани чунин сухане) якдигарро васият карда буданд? Балки, онҳо мардуме тоғӣ (саркаш) буданд (ва омили ваҳдату якрангии корашон ҳамин рӯҳияи палидонаи саркашиашон аст).
54.Пас, аз (ситеза кардан бо) онҳо рӯйгардон шав (зеро онҳо мутакаббиранд). Касе туро маломат нахоҳад кард (ки чаро онҳо имон намеоранд).
55.Андарз бидеҳ, ки панд мӯъминонро судманд афтад (то Худоро фаромӯш накунанд ва ҳамеша дар имон ва яқинашон биафзоянд).
56.Ҷинну инсро ҷуз барои парастиши Худ наёфаридаам3.
57.Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (рӯзӣ диҳанд).
58.Ҳаройна, Худост рӯзидиҳанда. Ва ӯст соҳиби нерӯе сахт устувор4!
59.Пас, ҳаройна, ин ситамкоронро аз азоб баҳраест ҳамонанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас, ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!
60.Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!