Сураи Воқеъаҳ

Тарчумаи Сураи Воқеъа (қиёмат)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Чун қиёмат воқеъ шавад,

2.ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест,

3.гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯҳеро баландкунанда.

4.Он гоҳ ки замин ба сахтӣ биларзад

5.ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд

6.ва чун ғуборе пароканда гарданд,

7.шумо се гурӯҳ бошед:

8.яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?

9.Дигар аҳли  шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?

10.Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак, пеш равонанд (дар ҷаннат).

11.Инҳо муқаррабонанд (наздик карда шудагонанд)

12.дар биҳиштҳои пурнеъмат.

13.Гурӯҳе аз пешиниён

14.ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд

15.бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)

16.рӯ барӯи ҳам бар онҳо такя задаанд.

17.Писароне ҳамвора ҷавон гирдашон мечарханд

18.бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист,

19.аз нӯшиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд.

20.Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд.

21.Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд.

22.Ва ҳурони фарохчашм

23.ҳамонанди марворидҳое дар садаф.

24.Ҳама ба подоши корҳое, ки мекардаанд.

25.Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд

26.ҷуз як сухан: «Салом, салом!»

27.Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?

28.Дар зери дарахти садри бехор

29.ва дарахти муз (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда

30.ва сояе доим

31.ва обе ҷорӣ

32.ва мевае бисёр,

33.ки бепоён ва касро аз он бознадоранд

34.Ва фаршҳои баланд.

35.Он занонро Мо биёфаридем, офаридане

36.ва дӯшизагон сохтем.

37.Маъшуқи ҳамсарони хешанд,

38. барои аҳли саъодат,

39.гурӯҳе аз пешиниён

40.ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд.

41.Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт)  чӣ ҳол доранд?

42.Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд,

43.дар сояе аз дуди сиёҳ,

44.на сарду на хуш.

45. Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд

46.ва бар гуноҳони бузург исрор ( давом) меварзиданд

47.ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд

48.ё ниёгони моро?

49.Бигӯ: «ҳаройна, ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд,

50.ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи  муайян хоҳанд буд.

51. Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғшуморанда,

52.аз дарахтони заққум хоҳед хӯрд

53.ва шикамҳои худро  аз он пур хоҳед  кард

54.ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нӯшид,

55.чунон менӯшед, ки шутури ташна об менӯшад».

56.Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо.

57.Мо шуморо офаридем, пас чаро тасдиқ намекунед?

58.Оё он маниро, ки мерезед, дидаед?

59.Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем?

60.Мо маргро бар шумо муайян сохтем ва нотавон аз он

нестем, ки

61.ба ҷои шумо қавме  монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он  бехабаред, аз нав биёфаринем.

62.Шумо аз офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред?

63.Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?

64.Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?

65.Агар мехостем, ҳаройна, (киштзорро) хошокаш месохтем, то дар ҳайрат монда,

66.Гӯянд: «Мо зиёнкардагонем,

67.мо бенасиб мондагонем».

68.Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?

69.Оё шумо онро аз абр фурӯ мефиристед ё Мо фурӯ фиристандаем?

70.Агар мехостем, онро талх мегардонидем. Пас, чаро шукр намегӯед?

71.Оё он оташро, ки меафрӯзед, дидаед?

72.Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?

73.Мо онро ҳушдоре ( аз дӯзах) ва  барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем.

74.Ба номи  Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй!

75.Пас, савганд ба ғурубгоҳи ситорагон!

76.Ва ин ҳаройна, савгандест,  агар бидонед, бузург.

77.Албатта, ин Қуръонест гиромиқадр

78.дар китобе макнун2,

79.ки ҷуз покон даст бар он назананд.

80.Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

81.Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед?

82.Ва насиби худро  дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед?

83.Пас, чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад

84.ва шумо дар ин ҳангом менигаред?

85.Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.

86.Агар  қиёматро бовар  надоред,

87. агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро  бар ҷасад)

88.Аммо агар аз муқаррабон бошад,

89.барои ӯст осоишу рӯзӣ, гули хушбӯй  ва биҳишти пурнеъмат.

90. Ва аммо агар  аз аҳли саъодат бошад,

91.пас, туро аз аҳли саъодат салом аст.

92.Ва аммо агар аз дурӯғшуморандагони гумроҳ бошад,

93.ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд

94.ва ба дӯзахаш дароваранд.

95.ҳаройна, ин сухан сухане росту яқин аст!

96.Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

О Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru