Сураи Ҳадид(оҳан)

57|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ سَبَّحَ لِلَّهِ ما فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَهُوَ العَزيزُ الحَكيمُ

57|2|لَهُ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ يُحيۦ وَيُميتُ وَهُوَ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ

57|3|هُوَ الأَوَّلُ وَالءاخِرُ وَالظّٰهِرُ وَالباطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيءٍ عَليمٌ

57|4|هُوَ الَّذى خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ فى سِتَّةِ أَيّامٍ ثُمَّ استَوىٰ عَلَى العَرشِ يَعلَمُ ما يَلِجُ فِى الأَرضِ وَما يَخرُجُ مِنها وَما يَنزِلُ مِنَ السَّماءِ وَما يَعرُجُ فيها وَهُوَ مَعَكُم أَينَ ما كُنتُم وَاللَّهُ بِما تَعمَلونَ بَصيرٌ

57|5|لَهُ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَإِلَى اللَّهِ تُرجَعُ الأُمورُ

57|6|يولِجُ الَّيلَ فِى النَّهارِ وَيولِجُ النَّهارَ فِى الَّيلِ وَهُوَ عَليمٌ بِذاتِ الصُّدورِ

57|7|ءامِنوا بِاللَّهِ وَرَسولِهِ وَأَنفِقوا مِمّا جَعَلَكُم مُستَخلَفينَ فيهِ فَالَّذينَ ءامَنوا مِنكُم وَأَنفَقوا لَهُم أَجرٌ كَبيرٌ

57|8|وَما لَكُم لا تُؤمِنونَ بِاللَّهِ وَالرَّسولُ يَدعوكُم لِتُؤمِنوا بِرَبِّكُم وَقَد أَخَذَ ميثٰقَكُم إِن كُنتُم مُؤمِنينَ

57|9|هُوَ الَّذى يُنَزِّلُ عَلىٰ عَبدِهِ ءايٰتٍ بَيِّنٰتٍ لِيُخرِجَكُم مِنَ الظُّلُمٰتِ إِلَى النّورِ وَإِنَّ اللَّهَ بِكُم لَرَءوفٌ رَحيمٌ

57|10|وَما لَكُم أَلّا تُنفِقوا فى سَبيلِ اللَّهِ وَلِلَّهِ ميرٰثُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ لا يَستَوى مِنكُم مَن أَنفَقَ مِن قَبلِ الفَتحِ وَقٰتَلَ أُولٰئِكَ أَعظَمُ دَرَجَةً مِنَ الَّذينَ أَنفَقوا مِن بَعدُ وَقٰتَلوا وَكُلًّا وَعَدَ اللَّهُ الحُسنىٰ وَاللَّهُ بِما تَعمَلونَ خَبيرٌ

57|11|مَن ذَا الَّذى يُقرِضُ اللَّهَ قَرضًا حَسَنًا فَيُضٰعِفَهُ لَهُ وَلَهُ أَجرٌ كَريمٌ

57|12|يَومَ تَرَى المُؤمِنينَ وَالمُؤمِنٰتِ يَسعىٰ نورُهُم بَينَ أَيديهِم وَبِأَيمٰنِهِم بُشرىٰكُمُ اليَومَ جَنّٰتٌ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ خٰلِدينَ فيها ذٰلِكَ هُوَ الفَوزُ العَظيمُ

57|13|يَومَ يَقولُ المُنٰفِقونَ وَالمُنٰفِقٰتُ لِلَّذينَ ءامَنُوا انظُرونا نَقتَبِس مِن نورِكُم قيلَ ارجِعوا وَراءَكُم فَالتَمِسوا نورًا فَضُرِبَ بَينَهُم بِسورٍ لَهُ بابٌ باطِنُهُ فيهِ الرَّحمَةُ وَظٰهِرُهُ مِن قِبَلِهِ العَذابُ

57|14|يُنادونَهُم أَلَم نَكُن مَعَكُم قالوا بَلىٰ وَلٰكِنَّكُم فَتَنتُم أَنفُسَكُم وَتَرَبَّصتُم وَارتَبتُم وَغَرَّتكُمُ الأَمانِىُّ حَتّىٰ جاءَ أَمرُ اللَّهِ وَغَرَّكُم بِاللَّهِ الغَرورُ

57|15|فَاليَومَ لا يُؤخَذُ مِنكُم فِديَةٌ وَلا مِنَ الَّذينَ كَفَروا مَأوىٰكُمُ النّارُ هِىَ مَولىٰكُم وَبِئسَ المَصيرُ

57|16|أَلَم يَأنِ لِلَّذينَ ءامَنوا أَن تَخشَعَ قُلوبُهُم لِذِكرِ اللَّهِ وَما نَزَلَ مِنَ الحَقِّ وَلا يَكونوا كَالَّذينَ أوتُوا الكِتٰبَ مِن قَبلُ فَطالَ عَلَيهِمُ الأَمَدُ فَقَسَت قُلوبُهُم وَكَثيرٌ مِنهُم فٰسِقونَ

57|17|اعلَموا أَنَّ اللَّهَ يُحىِ الأَرضَ بَعدَ مَوتِها قَد بَيَّنّا لَكُمُ الءايٰتِ لَعَلَّكُم تَعقِلونَ

57|18|إِنَّ المُصَّدِّقينَ وَالمُصَّدِّقٰتِ وَأَقرَضُوا اللَّهَ قَرضًا حَسَنًا يُضٰعَفُ لَهُم وَلَهُم أَجرٌ كَريمٌ

57|19|وَالَّذينَ ءامَنوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ أُولٰئِكَ هُمُ الصِّدّيقونَ وَالشُّهَداءُ عِندَ رَبِّهِم لَهُم أَجرُهُم وَنورُهُم وَالَّذينَ كَفَروا وَكَذَّبوا بِـٔايٰتِنا أُولٰئِكَ أَصحٰبُ الجَحيمِ

57|20|اعلَموا أَنَّمَا الحَيوٰةُ الدُّنيا لَعِبٌ وَلَهوٌ وَزينَةٌ وَتَفاخُرٌ بَينَكُم وَتَكاثُرٌ فِى الأَموٰلِ وَالأَولٰدِ كَمَثَلِ غَيثٍ أَعجَبَ الكُفّارَ نَباتُهُ ثُمَّ يَهيجُ فَتَرىٰهُ مُصفَرًّا ثُمَّ يَكونُ حُطٰمًا وَفِى الءاخِرَةِ عَذابٌ شَديدٌ وَمَغفِرَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرِضوٰنٌ وَمَا الحَيوٰةُ الدُّنيا إِلّا مَتٰعُ الغُرورِ

57|21|سابِقوا إِلىٰ مَغفِرَةٍ مِن رَبِّكُم وَجَنَّةٍ عَرضُها كَعَرضِ السَّماءِ وَالأَرضِ أُعِدَّت لِلَّذينَ ءامَنوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ذٰلِكَ فَضلُ اللَّهِ يُؤتيهِ مَن يَشاءُ وَاللَّهُ ذُو الفَضلِ العَظيمِ

57|22|ما أَصابَ مِن مُصيبَةٍ فِى الأَرضِ وَلا فى أَنفُسِكُم إِلّا فى كِتٰبٍ مِن قَبلِ أَن نَبرَأَها إِنَّ ذٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسيرٌ

57|23|لِكَيلا تَأسَوا عَلىٰ ما فاتَكُم وَلا تَفرَحوا بِما ءاتىٰكُم وَاللَّهُ لا يُحِبُّ كُلَّ مُختالٍ فَخورٍ

57|24|الَّذينَ يَبخَلونَ وَيَأمُرونَ النّاسَ بِالبُخلِ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ الغَنِىُّ الحَميدُ

57|25|لَقَد أَرسَلنا رُسُلَنا بِالبَيِّنٰتِ وَأَنزَلنا مَعَهُمُ الكِتٰبَ وَالميزانَ لِيَقومَ النّاسُ بِالقِسطِ وَأَنزَلنَا الحَديدَ فيهِ بَأسٌ شَديدٌ وَمَنٰفِعُ لِلنّاسِ وَلِيَعلَمَ اللَّهُ مَن يَنصُرُهُ وَرُسُلَهُ بِالغَيبِ إِنَّ اللَّهَ قَوِىٌّ عَزيزٌ

57|26|وَلَقَد أَرسَلنا نوحًا وَإِبرٰهيمَ وَجَعَلنا فى ذُرِّيَّتِهِمَا النُّبُوَّةَ وَالكِتٰبَ فَمِنهُم مُهتَدٍ وَكَثيرٌ مِنهُم فٰسِقونَ

57|27|ثُمَّ قَفَّينا عَلىٰ ءاثٰرِهِم بِرُسُلِنا وَقَفَّينا بِعيسَى ابنِ مَريَمَ وَءاتَينٰهُ الإِنجيلَ وَجَعَلنا فى قُلوبِ الَّذينَ اتَّبَعوهُ رَأفَةً وَرَحمَةً وَرَهبانِيَّةً ابتَدَعوها ما كَتَبنٰها عَلَيهِم إِلَّا ابتِغاءَ رِضوٰنِ اللَّهِ فَما رَعَوها حَقَّ رِعايَتِها فَـٔاتَينَا الَّذينَ ءامَنوا مِنهُم أَجرَهُم وَكَثيرٌ مِنهُم فٰسِقونَ

57|28|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَءامِنوا بِرَسولِهِ يُؤتِكُم كِفلَينِ مِن رَحمَتِهِ وَيَجعَل لَكُم نورًا تَمشونَ بِهِ وَيَغفِر لَكُم وَاللَّهُ غَفورٌ رَحيمٌ

57|29|لِئَلّا يَعلَمَ أَهلُ الكِتٰبِ أَلّا يَقدِرونَ عَلىٰ شَيءٍ مِن فَضلِ اللَّهِ وَأَنَّ الفَضلَ بِيَدِ اللَّهِ يُؤتيهِ مَن يَشاءُ وَاللَّهُ ذُو الفَضلِ العَظيمِ

Тарчумаи Сураи Ҳадид(оҳан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худовандро тасбеҳ2 мегӯянд (ва бо парастиш ризои ӯро меҷӯянд ), ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст  (аз қабили инсону ҳайвон ва гиёҳ) ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

2.Фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад3 ва бар ҳар чиз тавоност.

3.ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботин4 ва ӯ ба ҳар чизе доност!

4.ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арш истиво ёфт. Ҳар чиро дар замин фурӯ равад ва ҳар чиро аз замин берун ояд ва ҳар чиро аз осмон фурӯ ояд ва ҳар чиро ба осмон боло равад, медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

5.Фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва ҳамаи корҳо ба Худо боз мегардад.

6.Аз шаб мекоҳад (кӯтоҳ мекунад) ва бар рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳад ва бар шаб меафзояд. Ва ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад огоҳ аст.

7.Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва аз он мол, ки ба варосат (мерос) ба шумо расондааст, инфоқ (харҷ) кунед. Аз миёни шумо ҳар киро имон оварда  ва харҷ карда, музде фаровонаш диҳад.

8. Чист шуморо, ки ба Худо имон намеоваред ва ҳол он ки паёмбар шуморо даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар бовар доред,  аз шумо паймон гирифтааст?

9.ӯст он Худое, ки бар бандаи худ оёти равшанро нозил мекунад, то шуморо аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад. Ва ҳаройна,  Худо ба шумо, ҳатман, мушфиқу меҳрубон аст.

10.Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ (харҷ) намекунед ва ҳол он ки аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ инфоқ  карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ5 инфоқ (харҷ) кардаанд ва ба ҷанг  рафтаанд,  баробар нестанд. Дараҷоти онон (гурӯҳи аввал) болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.

11.Кист, ки Худоро қарзулҳасана (дар роҳи Худо садақа) диҳад, то барои ӯ дучандонаш кунад ва ӯро подоше некӯ бошад?

12.Рӯзе, ки  мардони мӯъмину занони мӯъминро бубинӣ, ки нурашон пешопеш дар самти росташон меравад. Дар он рӯз башорататон (хушхабаратон) ба биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо равон аст ва дар он ҷовидон хоҳед монд ва ин комёбии бузургест.

13.Рӯзе мардони мунофиқу занони мунофиқ  ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон фурӯғе гирем!» Гӯянд: «Ба дунё бозгардед ва аз он  ҷо нур биталабед!» Миёнашон деворе бароваранд, ки бар он девор даре бошад, даруни он раҳмат бошаду беруни он азоб.

14.Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо хештанро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо (аҷал) даррасид ва  шайтон (дар фармонбардорӣ) ба Худо фиребатон дод.

15.Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон  оташ аст. Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!»

16.Оё мӯъминонро вақти  он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (мутеъ, фурутан) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобат китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд.

17.Бидонед, ки ҳаройна, Худо заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем,  бошад, ки оқилона дарёбед!

18.ҳаройна, Худо ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳандае, ки ба Худо қарзу-л-ҳасана медиҳанд, дучандон подош медиҳад ва низ онҳоро аҷре некӯст.

19.Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби подошу нури хешанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мешуморанд, дар ҷаҳаннаманд.

20.Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича  аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар амволу авлод монанди бороне ба вақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (ҳайрон кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва насиби гурӯҳе омурзиши Худо ва хушнудии ӯ. Ва зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.

21.Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ба биҳиште, ки паноҳи он ҳамсони паноҳи осмонҳову замин аст,  бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад арзонияш медорад, ки Худо соҳиби бахшоише бузург аст.

22.Ҳеҷ мусибате ба замин ё ба молу (ҳосили зироъат ва мева) ҷонатон нарасад, магар пеш аз он, ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст!

23.То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин мабошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад:

24.онон, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд. Ва ҳар ки рӯйгардон мешавад, бидонад, ки Худо бениёзу сутуданист.

25.Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобу тарозуро низ нозил кардем, то мардум ба адолат амал кунанд ва оҳанро, ки дар он нерӯи сахт ва манофеъе барои мардум ҳаст, фурӯ фиристодем, то Худо бидонад, чӣ касе ба нодида ӯро ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Албатта,  Худо тавонову пирӯзманд аст!

26.Мо Нӯҳу Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват  ва китоб ниҳодем. Баъзеашон ҳидоятёфтагон буданд, вале бештаринашон нофармононанд.

27.Сипас паёмбаронро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз пайи онҳо равона кардем ва ба ӯ  Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқату) раҳмат ниҳодем. Ва раҳбонияте (узлат; гӯшанишинӣ), ки ба бидъат овардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардаем, аммо дар он хушнудии Худо меҷустанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз он миён ба касоне, ки имон оварда буданд, подош додем, вале бештаринашон нофармон буданд.

28.Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати хеш ду баробар музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, ки дар рӯшноии он роҳ биҷӯед ва биёмурзадатон, ки Худо омурзандаи меҳрубон аст,

29.то аҳли китоб бидонанд, ки ба бахшоиши Худованд ҳеҷ дастрасӣ надоранд ва ҳаройна,  ин бахшоиш ба дасти ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад арзонӣ медорад ва Худоро бахшоише азим аст!

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.