Сураи НӯҲ

СУРАТУ НУҲ бо хати кирили
(28 ояҳ) (Сураи 71)

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Инна арсална Нуҳан ила қавмиҳи ан анзир қавмака мин қабли ай яътияҳум ъазабун алим. 1. Қола йа қавми инни лакум назиру-м мубин. 2. Ан-иъбудуллоҳа ва-т-тақуҳу ва атиъун. 3. Яғфир лакум-м мин зунубикум ва юаххиркум ила аҷали-м-мусамма. Инна аҷалаллоҳи иза ҷаа ла юаххару лав кунтум таъламун.4. Қола Рабби инни даъавту қавми лайла-в ва наҳаро. 5. Фа лам язидҳум дуъаи илла фироро. 6. Ва инни кулла ма даъавтуҳум ли тағфира лаҳум ҷаъалу асобиъаҳум фи азаниҳим вастағшав сийабаҳум ва асарру вастакбарустикбаро. 7. Суммаинни даъавтуҳум ҷиҳаро. 8. Сумма инни аъланту лаҳум ва асрарту лаҳум исроро. 9. Фа қултустағфиру Раббакум иннаҳу кана Ғаффаро. 10.
Юрсили-с-самаа ъалайкум-м мидроро. 11. Ва юмдидкум би амвали-в ва банина ва яҷъал-л-лакум ҷаннати-в ва яҷъал-л-лакум анҳаро. 12. Ма лакум ла тарҷуна лиллаҳи вақоро. 13. Ва қад халақакум атваро. 14. Алам тарав кайфа халақаллоҳу сабъа самаватин тибақо. 15. Ва ҷаъала-л-қамара фиҳинна нура-в ва ҷаъала-ш-шамса сироҷа. 16. Валлоҳу амбатакум мина-л-арзи набата. 17. Суммаюъйдукум фиҳа ва юхриҷукум ихроҷа. 18. Валлоҳу ҷаъала лакуму-л-арза бисато. 19. Ли таслуку минҳа субулан фиҷаҷа. 20. Қола Нуҳу-р-Рабби иннаҳум ъасавни ва-т табаъу ма-л лам язидҳу малуҳу ва валадуҳу илла хасаро. 21. Ва макару макран куббаро. 22. Ва қолу ла тазарунна алиҳатакум ва ла тазарунна Вадда-в ва ла Суваъа-в ва ла Яғуса ва Яъуқа ва Насро. 23. Ва қад азаллу касиро. Ва ла тазиди-з-золимина илла залала. 22. Мим ма хатйатиҳим уғриқу фа удхилу наран фа лам яҷиду лаҳум-м мин дуниллаҳи ансоро. 25. Ва қола Нуҳу-р-Рабби ла тазар ъала-л-арзи мина-л-кафирина даййаро. 26. Иннака ин тазарҳум юзиллу ъибадака ва ла ялиду илла фаҷиран каффаро. 27. Раббиғфир ли ва ли валидайя ва ли ман дахала байтия муъмина-в ва лил муъминина ва-л-муъминати ва ла тазиди-з золимина илла табаро. 28.

Сураи НӯҲ бо хати арабӣ

71|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ إِنّا أَرسَلنا نوحًا إِلىٰ قَومِهِ أَن أَنذِر قَومَكَ مِن قَبلِ أَن يَأتِيَهُم عَذابٌ أَليمٌ

71|2|قالَ يٰقَومِ إِنّى لَكُم نَذيرٌ مُبينٌ

71|3|أَنِ اعبُدُوا اللَّهَ وَاتَّقوهُ وَأَطيعونِ

71|4|يَغفِر لَكُم مِن ذُنوبِكُم وَيُؤَخِّركُم إِلىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى إِنَّ أَجَلَ اللَّهِ إِذا جاءَ لا يُؤَخَّرُ لَو كُنتُم تَعلَمونَ

71|5|قالَ رَبِّ إِنّى دَعَوتُ قَومى لَيلًا وَنَهارًا

71|6|فَلَم يَزِدهُم دُعاءى إِلّا فِرارًا

71|7|وَإِنّى كُلَّما دَعَوتُهُم لِتَغفِرَ لَهُم جَعَلوا أَصٰبِعَهُم فى ءاذانِهِم وَاستَغشَوا ثِيابَهُم وَأَصَرّوا وَاستَكبَرُوا استِكبارًا

71|8|ثُمَّ إِنّى دَعَوتُهُم جِهارًا

71|9|ثُمَّ إِنّى أَعلَنتُ لَهُم وَأَسرَرتُ لَهُم إِسرارًا

71|10|فَقُلتُ استَغفِروا رَبَّكُم إِنَّهُ كانَ غَفّارًا

71|11|يُرسِلِ السَّماءَ عَلَيكُم مِدرارًا

71|12|وَيُمدِدكُم بِأَموٰلٍ وَبَنينَ وَيَجعَل لَكُم جَنّٰتٍ وَيَجعَل لَكُم أَنهٰرًا

71|13|ما لَكُم لا تَرجونَ لِلَّهِ وَقارًا

71|14|وَقَد خَلَقَكُم أَطوارًا

71|15|أَلَم تَرَوا كَيفَ خَلَقَ اللَّهُ سَبعَ سَمٰوٰتٍ طِباقًا

71|16|وَجَعَلَ القَمَرَ فيهِنَّ نورًا وَجَعَلَ الشَّمسَ سِراجًا

71|17|وَاللَّهُ أَنبَتَكُم مِنَ الأَرضِ نَباتًا

71|18|ثُمَّ يُعيدُكُم فيها وَيُخرِجُكُم إِخراجًا

71|19|وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ الأَرضَ بِساطًا

71|20|لِتَسلُكوا مِنها سُبُلًا فِجاجًا

71|21|قالَ نوحٌ رَبِّ إِنَّهُم عَصَونى وَاتَّبَعوا مَن لَم يَزِدهُ مالُهُ وَوَلَدُهُ إِلّا خَسارًا

71|22|وَمَكَروا مَكرًا كُبّارًا

71|23|وَقالوا لا تَذَرُنَّ ءالِهَتَكُم وَلا تَذَرُنَّ وَدًّا وَلا سُواعًا وَلا يَغوثَ وَيَعوقَ وَنَسرًا

71|24|وَقَد أَضَلّوا كَثيرًا وَلا تَزِدِ الظّٰلِمينَ إِلّا ضَلٰلًا

71|25|مِمّا خَطيـٰٔتِهِم أُغرِقوا فَأُدخِلوا نارًا فَلَم يَجِدوا لَهُم مِن دونِ اللَّهِ أَنصارًا

71|26|وَقالَ نوحٌ رَبِّ لا تَذَر عَلَى الأَرضِ مِنَ الكٰفِرينَ دَيّارًا

71|27|إِنَّكَ إِن تَذَرهُم يُضِلّوا عِبادَكَ وَلا يَلِدوا إِلّا فاجِرًا كَفّارًا71|28|رَبِّ اغفِر لى وَلِوٰلِدَىَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيتِىَ مُؤمِنًا وَلِلمُؤمِنينَ وَالمُؤمِنٰتِ وَلا تَزِدِ الظّٰلِمينَ إِلّا تَبارًا

Тарчумаи Сураи НӯҲ

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

1. Мо, ҳаройна, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.

2.Гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳаройна, бимдиҳандае равшангарам,

3.Худоро  бипарастед ва аз ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед,

4.то гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, ҳаройна, он аҷали  илоҳӣ  чун ба сар ояд,  агар бидонед, дигар таъхир нашавад».

5.Гуфт (Нӯҳ): «Эй Парвардигори ман, ман ҳаройна, қавми худро шабу рӯз даъват кардам

6.ва даъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд.

7.Ва албатта, ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро биёмурзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд.

8.Пас, ба овози баланд даъваташон кардам.

9.Боз, ҳаройна,ба ошкор  гуфтам ва дар ниҳон гуфтам.

10. Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, ки ӯ, албатта, омурзанда аст,

11.то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад

12.ва шуморо ба амволу фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад.

13.Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед,

14.ҳол он ки шуморо ба гунаҳои (навъҳо) мухталиф биёфарид.

15.Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа – табақаро биёфарид?

16.Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид.

17.Ва Худо шуморо чун растание аз замин бирӯёнид.

18.Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад.

19.Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд,

20.то бар роҳҳои паҳновари он биравед».

21.Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман  набурданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд.

22.Макр карданд – макре бузург.

23.Ва гуфтанд:  «Худоёнатонро тарк накунед, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед!2»

24.Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон маяфзой!» (Нӯҳ гуфт: “Инҳо худ хоҳони гумроҳианд, гумроҳашон кун”).

25.Ба ҷазои гуноҳонашон ғарқа шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд.

26.Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор,

27.ки агар ту, ҳаройна, бигузорияшон, бандагонро гумроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир наёваранд.

28.Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмурз ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»

test

Добавить комментарий