Маънои Сураи ҚИЁМАТ ба забони точики

75|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ لا أُقسِمُ بِيَومِ القِيٰمَةِ

75|2|وَلا أُقسِمُ بِالنَّفسِ اللَّوّامَةِ

75|3|أَيَحسَبُ الإِنسٰنُ أَلَّن نَجمَعَ عِظامَهُ

75|4|بَلىٰ قٰدِرينَ عَلىٰ أَن نُسَوِّىَ بَنانَهُ

75|5|بَل يُريدُ الإِنسٰنُ لِيَفجُرَ أَمامَهُ

75|6|يَسـَٔلُ أَيّانَ يَومُ القِيٰمَةِ

75|7|فَإِذا بَرِقَ البَصَرُ

75|8|وَخَسَفَ القَمَرُ

75|9|وَجُمِعَ الشَّمسُ وَالقَمَرُ

75|10|يَقولُ الإِنسٰنُ يَومَئِذٍ أَينَ المَفَرُّ

75|11|كَلّا لا وَزَرَ

75|12|إِلىٰ رَبِّكَ يَومَئِذٍ المُستَقَرُّ

75|13|يُنَبَّؤُا۟ الإِنسٰنُ يَومَئِذٍ بِما قَدَّمَ وَأَخَّرَ

75|14|بَلِ الإِنسٰنُ عَلىٰ نَفسِهِ بَصيرَةٌ

75|15|وَلَو أَلقىٰ مَعاذيرَهُ

75|16|لا تُحَرِّك بِهِ لِسانَكَ لِتَعجَلَ بِهِ

75|17|إِنَّ عَلَينا جَمعَهُ وَقُرءانَهُ

75|18|فَإِذا قَرَأنٰهُ فَاتَّبِع قُرءانَهُ

75|19|ثُمَّ إِنَّ عَلَينا بَيانَهُ

75|20|كَلّا بَل تُحِبّونَ العاجِلَةَ

75|21|وَتَذَرونَ الءاخِرَةَ

75|22|وُجوهٌ يَومَئِذٍ ناضِرَةٌ

75|23|إِلىٰ رَبِّها ناظِرَةٌ

75|24|وَوُجوهٌ يَومَئِذٍ باسِرَةٌ

75|25|تَظُنُّ أَن يُفعَلَ بِها فاقِرَةٌ

75|26|كَلّا إِذا بَلَغَتِ التَّراقِىَ

75|27|وَقيلَ مَن راقٍ

75|28|وَظَنَّ أَنَّهُ الفِراقُ

75|29|وَالتَفَّتِ السّاقُ بِالسّاقِ

75|30|إِلىٰ رَبِّكَ يَومَئِذٍ المَساقُ

75|31|فَلا صَدَّقَ وَلا صَلّىٰ

75|32|وَلٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلّىٰ

75|33|ثُمَّ ذَهَبَ إِلىٰ أَهلِهِ يَتَمَطّىٰ

75|34|أَولىٰ لَكَ فَأَولىٰ

75|35|ثُمَّ أَولىٰ لَكَ فَأَولىٰ

75|36|أَيَحسَبُ الإِنسٰنُ أَن يُترَكَ سُدًى

75|37|أَلَم يَكُ نُطفَةً مِن مَنِىٍّ يُمنىٰ

75|38|ثُمَّ كانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوّىٰ

75|39|فَجَعَلَ مِنهُ الزَّوجَينِ الذَّكَرَ وَالأُنثىٰ

75|40|أَلَيسَ ذٰلِكَ بِقٰدِرٍ عَلىٰ أَن يُحۦِىَ المَوتىٰ

Маънои Сураи ҚИЁМАТ

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат

2.ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!

3.Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо ҳаргиз, устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?

4.Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.

5.Балки, одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.

6.Мепурсад (инсони кофир): «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

7.Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад

8.ва моҳ тира шавад

9.ва офтобу моҳ дар як ҷой гирд оянд.

10.Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»

11.Ҳаргиз паноҳгоҳе нест!

12.Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!

13. Дар ин рӯз одамиро аз он чӣ пешопеш2 фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешаванд.

14.Балки одамӣ хештани хешро нек мешиносад,

15. ҳар чанд ба забон узрҳо оварад.

16. Ба шитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон,

17. ки ҳаройна, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,

18. чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,

19. сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост.

20. Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред

21. ва охиратро тарк мекунед.

22. Дар он рӯз чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,

23. ки сӯи Парвардигорашон  назар мекунанд

24. ва чеҳраҳое ҳаст абусу туруш(пешонӣ дар ҳам кашида,  чин ба абрӯ даровардан),

25. ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.

26. Оре, чун ҷон ба ҳалқум расад

27.  ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?

28. Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида

29. ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,

30.    он рӯз, рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.

31. На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.

32. Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардонидааст.

33. Он гоҳ хиромон назди касонаш (аҳлаш) рафтааст.

34. Вой бар ту, пас вой бар ту!

35. Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!

36.  Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд?

37. Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме (бачадоне) рехта шуда, набудааст?

38.       Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.

39. Ва онҳоро ду даста кард: нару мода.

40. Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.