Тарзи хондани намози Чаноза

Ҳар мусулмоне, ки бимирад хоҳ мард бошад хоҳ
зан, хоҳ бузург бошад хоҳ кӯчак баъд аз шуста кафан
кардан, бар ӯ намози ҷаноза хонда ба хок дафн карда
мешавад.
Шартҳои намози ҷаноза ҳам мисли шартҳои дигар
намозҳост.
Сари майитро ба тарафи дасти рости имом бар
замин гузошта имом дар муқобили синаи маййит рӯй
ба сӯи қибла меистад, дигарон аз қафои имом саф
мебанданд. Ба қадри имкон дар намози ҷаноза сафи
намозгузорҳо аз се саф кам нашаванд афзал аст.
Нияти намози ҷаноза ин аст:
Ният кардам инки бигзорам чахор такбири
намози ҷанозаро, ситоиш мар Худойро дуруд0
мар Мукаммад ъалайҳиссаломро савоб мар ии
маййити ҳозир истодаро рӯй овардам ба кибла,
Кибла ба чиҳати Каъба иктидо кардам ба
имоми хозир истода, холисан лиллоҳи таъоло
НАМОЗ калиди ҷаннат
“Аллоху акбар”-гӯён дастҳоро баробари гӯшҳо
мебардоранд ва баъд аз он дастҳоро ба зери ноф
мебанданд ва “Сано”- “Субхона каллохуммаро” то
охир мехонанд боз такбир мегӯянд ва салавотҳои дар
намозҳо мехондагиро мехонанд, боз такбир мегӯянд
ва баъд аз он агар маййит мард ё зани ба балоғат
расида бошад ин дуъоро мехонанд:
Аллохуммагфир лӣ хаййино ва маййитино
ва шохидино ва гоибино ва сагирино ва
кабирино ва закарино ва унсоно. Аллохумма
ман ахайтаху минно фа ахйихи ъалал исломи
ва ман таваффайтаҳу минне, фатаваффаху
ъалал имон.
Тарчума: Ё Аллоҳ биёмурз зиндаҳои моёнро ва
мурдаҳои моро ва ҳозирони моро ва ғоибони моро ва
хурдҳои моро ва бузургони моро ва мардони моро ва
занони моро. Ё Аллоҳ касеро зинда дори аз моён, пас
зинда дор бар ислом ва касеро, ки мемирони аз моён,
\пас бимиронаш бо имон.
Баъд аз он боз такбир мегӯянд баъд аз такбир ба
ду тараф салом дода аз намози ҷаноза фориғ мешаванд.
Дар вақти такбирҳо бо сари худ ба осмон ишора
намекунанд. Ғайр аз такбири аввал дар дигар такбирҳо
даст намебардоранд.
БАЁНИ ҶАНОЗАИ САҒИРА ВА САГИРАТА
Агар маййит писараки ба балоғат норасида
бошад, баъд аз такбири севвум ба ҷои
“Аллохуммагифир ли хаййино”-ин дуъоро
мехонанд:
Аллохуммаҷъалху лано фаратав ваҷъалҳу
лано аҷрав ва зухрав ваҷъалҳу лано шофиъан
аа мушафиъан, бираҳматика ё арҳамар
рохимин.
Агар маййит духтараки ба балоғат норасида бошад,
ин дуъоро мехонанд:
Аллоҳуммаҷъапҳо лано фаратав ваҷъалҳо
лано ачрав ва зухрав ваҷъалҳо лано
шофиъатав ва мушафиъатан бн рахматика ё
арҳамар рохимин.
Тарчума: Ё Аллоҳ гардонй ӯро барои мо пешрав
ва омодакунандаи манзил ва гардонй ӯро барои мо аҷр
ва захира ва гардонӣ ӯро барои мо шафоъаткунанда ва
макбули шафоъат, ба туфайли раҳмати худ эй
меҳрубонтарини меҳрубонон.
Ҳар фарзанди мусулмоне, ки зинда таваллуд
мешавад ва ҳадди акал як нафас кашида вафот кунад
ҳам ҷаноза хонда мешавад. Аммо агар мурда таваллуд
шавад, шуста кафан карда мешавад, локин ҷаноза хонда
намешавад.

test

Добавить комментарий