Ислом аз нигоҳи олимон
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.
(Румӣ)
Мақоми ниҳоӣ барои ҳар шахси хирадманд Ислом аст.
(Л.Н.Толстой)
***
Ман боварӣ дорам, ки асли ҳақиқат дар Қуръон аст ва он одамиятро муваффақ мегардонад.
(Наполеон)
***
Ислом ҳидоят мекунад, ки мафтуни офариниши Худо бошем. Ҳангоме, ки Ғарб дар олами пур аз тарсу ҷаҳолат зиндагӣ дошт, ситораи Ислом аз Шарқ оламро фурӯзон намуда, озодию осудагиро фароҳам меовард.
Ислом бо гузашти замон бебақо намешавд. Агар ҳиндуён ин динро меомӯхтанду эҳтиром мекарданд, онҳо низ Исломро чун ман дӯст медоштанд. Ман китобҳоеро мутоила кардаам, ки онҳо аз пайғомбар ва саҳобагонаш ҳикоят мекунанд. Бинобар ин ба чунин хулоса омадам, ки равнақи Ислом бо истифода аз шамшер хато аст. Баръакс хоксориву фурӯтанӣ ва таҳамулпазирии пайғамбарашон, садоқату вафодориаш, муносибати меҳрубонона ва лутфу марҳаматаш дили одамонро мафтун намуду онҳо Исломро қабул карданд.
(Маҳатма Гандӣ)
***
Ман фурсатро ғанимат шумурда, нисбати пайғамбари Акрам Муҳаммад (с) – яке аз шахсиятҳои бузурги олам, ки нерӯи тоза ва пурқудрати зиндагиро барои таърихи башарият ато намуд, эҳтироми худро изҳор мекунам. Ман содиқона ва аз самими дил дуо мекунам, шахсоне, ки Исломро пазируфтаанд, сазовори ин дини пуршараф бошанд, аз таълимоти файзбахши пайғомбарашон пайравӣ кунанд ва барои бунёди тамаддуни нав дар таърихи муосири Ҳинд саҳмгузор бошанд
(Робендранат Тагор)
***
Боварӣ ба Худои ягона ҳамеша рӯҳро илҳом мебахшад ва он барои ваҳдати вуҷуди инсон мусоидат мекунад
Ягон кас нисбати таъсири бузурги ин Китоб (Қуръон) шаку шубҳа надорад. Маҳз ба ҳамин хотир, эътироф бояд кард, ки он маҳсули дасти пайравони он нест, балки китоби илоҳӣ буда, то абад чун манбаи қудрат ва тавоноӣ мемонад.
(Гёте)
***
Ман Қуръонро хондам, он як китоби возеҳ аст. Қуръон барои мардум роҳро ба сӯи Ҳақ ниҳоят равшан нишон дода, маънии амиқи мафҳумҳои «муҳаббат» ва «бародарӣ»-ро шарҳ медиҳад.
Ман бисёр чизҳои навро оиди Қурон омухтам ва фикр мекунам, ки дар Қуръон бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки омӯхтани онҳо барои масеҳиён муҳим аст.
(Тони Блэр, собиқ сарвазири Ангиля)
Ман ҳамеша дини Муҳаммад (с)-ро бо эҳтироми бисёр олӣ нигаристаам. Чаро ки фаъолият ва шодоби шигифтангезе дар он вуҷуд дорад. Ба назари ман танҳо дине аст, ки бо ҳар давра созгор аст…. Ман башорат додам, ки дини Муҳаммад (с) фардо барои дунё қобил хоҳад буд ва имрӯз оғози қабули он аз тарафи Урупост…ман ин марди шигифтомезро мавриди мутоила қарор додам ва ба ақидаи ман на танҳо ӯ зидди масеҳият нест, балки наҷотдиҳандаи олами башарият аст. Тасаввур мекунам агар марде назири ӯ бипазирад, ки раҳбарии дунёи ҷадидро ба ӯҳда бигирад, хоҳад тавонист масоили онро тавре ҳал кунад, ки сулҳу сафоро дар ҷаҳон барқарор созад. Урупо кам-кам оғоз намуда, ки бо имони муҳаммадӣ музайян гардад. Дар қарни баъд қадаме фаротар хоҳад гузошт ва фоидаи ин имонро дар ҳали масоил хоҳад донист ва шумо ба ин тартиб метавонед пешгӯии маро дарёбед.
(Ҷорҷ Бернард Шоу)