Ислом – дини башардӯстӣ

Ислом – дини башардӯстӣ

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ

Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо ба фирқаҳо ва миллатҳо ҷудо намудем. Ҳамоно беҳтарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумост. Худованд доно ва огоҳ аст.

(Ҳаҷарот, ояи 13)

Парҳезгор бош, ки додори осмон,

Фирдавс ҷои мардуми пар ҳезгор

кард.

(Фирдавсӣ)

***

تعاونوا علی البرّ و التقوی

Кӯмак кунед ҳамдигарро бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ

(Моида, ояи 2).

***

انّما المؤمنون إخوة

Ҷузъ ин нест, ки мӯминон бародаранд.

(Ҳаҷарот ояи 10)

***

مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَیْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسادٍ فِی اْلأَرْضِ فَکَأَنَّما قَتَلَ النّاسَ جَمیعًا وَ مَنْ أَحْیاها فَکَأَنَّما أَحْیَا النّاسَ جَمیعًا.

Ҳар касе фардеро бидуни иртикоби қатл, ё фасод дар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки гӯё ҳамаи инсонҳоро кушта ва ҳар касе инсонеро аз марг раҳо бахшад, чунон аст, ки гӯё ҳамаи мардумро зинда кардааст.

(Моида, ояи 32)

Оламеро шод кард, он кас, ки як

дил шод кард,

Тору пуди олами имкон ба ҳам

пайвастан аст.

***

Расули Худо (с) фармуданд:

مَثَلُ الْمُؤمِنینَ فی تَوادِّهِمْ وَ تَراحُمِهِمْ وَ تَعاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ: اذَا اشْتَکی مِنْهُ عُضْوٌ تَداعی لَهُ سائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَر وَ الْحُمّی.

Масали мӯъминон дар дӯстӣ ва ибрози раҳмат ва отифа ба якдигар мисли пайкар аст. Ҳар гоҳ узве аз он дардманд шавад, дигар аъзои пайкар бо бехобӣ ва таб бо он узв ҳамдардӣ мекунанд.

Бани одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

(Саъдӣ)

Расули Худо (с) фармуданд:

Пас аз имон ба Худованд саромади тамоми аъмоли оқилона башардӯстӣ ва некӣ ба ҳамаи мардум аст, хоҳ хубу дурусткор бошад, ё фосиқу гунаҳкор.

Расули Худо (с) фармуданд:

Эй фарзандони Абутолиб шумо, ки наметавонед ба амволи худ ба ҳамаи мардум кушоиш диҳед, пас бо чеҳраҳои боз ва рӯи хуш бо онҳо бархурд кунед.

Расули Худо (с) фармуданд:

Касе, ки ба мӯъмине хиёнат кунад, аз мо нест.

C:\Users\KAPTOXA\Documents\скачанные файлы (1).jpg

Расули Худо (с) фармуданд:

Маҳбубтарин хона назди Худованд он хонае аст, ки дар он кӯдаки ятиме бо иззат ва эҳтиром зиндагӣ кунад.

Расули Худо (с) фармуданд:

Беҳтарини мардум касе аст, ки бештар ба мардум суд бирасонад.

Расули Худо (с) фармуданд:

Шоистатарин мардум касе аст, ки дар пайи ислоҳи мардум бошад ва беҳтарини мардум касе аст, ки мардум аз ӯ нафъу баҳра баранд.

Расули акрам (с) фармудаанд:

Махлуқи Худованд умуман аёлати Худованд ҳастанд ва маҳбубтарин фард назди Парвардигор касе аст, ки ба аёлати Худо нафъе бирасонаду хонаводаеро шод намояд.

***

Беш аз ҳар чизе усули бародарӣ ва сулҳро ба кор бибаред.

(Ҳозир Имом, Москва 1995)

***

Дуввумин асле, ки Ҳазрати Алӣ таъкид намуд, ки ҷузъи таъбири Ислом дар сар то сари ҷаҳон мебошад. Ин асли саховат, меҳрубонӣ (утуфат), ғамхорӣ, авф ва гузашт мебошад. Яъне талош дар роҳи хидмат ба ниёзмандон, бахшидани касоне, ки муртакиби иштибоҳе шудаанд ва ба шумо осеб расонданд. Зеро гузашт ва бахшандагӣ боиси тақвияти шумо мешавад ва муҷиби эҳтироми онҳо нисбат ба рафтори шумо мегардад.

(Ҳозир Имом, Москва 1995)

test

Добавить комментарий