Меъроч ва Хуручи Даччол

 Меъроҷ

Ва хабарул миъроҷи ҳаққун фаман раддаҳо фаҳува золимун мубтадиъун.

Хабари меъроҷи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷасадаш дар ҳолати бедорӣ ба олами улувӣ то ҷое, ки Худо мехост, ин ҳақ аст ва ҳадиси он аз чандин ривоятҳо собит гаштааст. Шахсе ин хабарро рад кунаду ба ҳақиқати он имон наорад, пас ӯ байни залолат ва бидъат қарор мегардад.

Дар китоби «Хулоса» оварда, ки агар шахсе меъроҷи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳз нуқтаи дар шаб азМаккатуллоҳ ба сӯи Байтулмуқаддас рафтанашро инкор кунад, пас он шахс кофираст. Зеро оятеро аз Қуръон инкор кардааст.

Ва агар аз Байтулмуқаддас ба осмон рафтанашро инкор кунад, кофир нашавад. Аммо ӯ гумроҳу бидъаткору гунаҳкор шавад, зеро суннатеро инкор кардааст.

Аз ин ҷост, кидар расидани Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷое ихтилоф кардаанд. Баъзеҳо гӯянд то ҷаннатрафт, баъзе дигар ақида доранд, то Арш ё то Болои Арш рафтааст (ниг.сураи «Наҷм» ояти 8). Ин қиссаро дар «Кутуби Сияр» метавонед ба пуррагӣ мутолиа кунед.

Хуруҷи Даҷҷол

Ва хуруҷуд-Даҷҷоли ва Яъҷуҷи вал Маъҷуҷи ва тулуъишшамси мин мағрибиҳо ва нузули Исо (алайҳи-с-салом) минассамои ва соири ъаломоти явмил қиёмати ъало мо варадат биҳил ахборуссаҳиҳату ҳаққун коинун.

Чун қиёмат наздик шаваду дунё ба охир расиданаш наздик шавад, бисёр аломатҳо зоҳир мегарданд. Аз ҷумла хуруҷи Даҷҷол ва Яъҷуҷу Маъҷуҷ (ниг.сураи «Анбиё» ояти 96), баромадани офтоб аз мағриб (ниг.сураи «Анъом» ояти 158) аз нишонаҳои фаро расидани қиёмат аст. Дар он рӯз имон овардан суд надорад.

Инчунин нузули ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) аз осмон барои нест кардани Даҷҷол ва ҷорӣ кардани дини Ислом, мардуми рӯи заминро ба ҳам оварда, ҳамаро мусулмон менамояд. Ин ҳам нишонае аз омадани қиёмат аст.

Нузули ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) баъди хуруҷи имом Маҳдӣ сурат мегирад. Зуҳури имом Маҳдӣ дар Ҳарамайни Шарифайн воқеъ мегардад, баъд ба Байтулмуқаддас меояд. Дар ин ҷо бо Даҷҷол рӯ ба рӯ мегардад. Ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) аз манораи шарқӣ, дар Димишқи Шоми шариф мефарояд. Даҷҷол аз ин огоҳ гашта мисли барф ба худ ларзида аз тарс об мегардад.

Ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) омада бо ӯ дар ҳарб мешавад ва бо як зарб ӯро ҳалок месозад. Дар ин ҷо ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) бо имом Маҳдӣ (разияллоҳу анҳу) ба ҳам мепайванданд. Ба масҷиди Байтулмуқаддас барои гузоридани намоз меоянд. Ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) иқомати намозро мегӯяд. ӯ дархости имом Маҳдиро барои имоматӣ кардан рад менамояд. Мегӯяд, ки ин намозро барои ту иқомат гуфта шуд ва туро беҳтараст барои имоматӣ.

Ҳазрати Имом Маҳдӣ (разияллоҳу анҳу) имом шуда, ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) ба ӯ иқтидо карда, намозро ба ҷамоат мегузоранд. Пеш гузоштани имом Маҳдӣ (разияллоҳу анҳу) дар намоз ба он хотир аст, ки ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) мутобиаташро ба шариъати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зоҳиру собит созад. Инчунин ҳадиси Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада: «Агар ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) дар ин дунё зинда мебуд, маро итоъат мекард».

Дар «Шарҳи Шифо» омада, ки ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) 40-сол дар ин дунё зиндагӣ карда аз олам чашм мепӯшад. Мусулмонон намози ҷанозаи ӯро хонда ба хокаш дафн месозанд. Ривоят аст, ки ӯро байни ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) дафн мекунанд. Дар Таврот ҳам чунин мактуб будааст, ки ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) бо ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паҳлӯи ҳам ба хок месупоранд. Ҳанӯз мавзеъи як қабр дар паҳлӯи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боқӣ аст. Дар ривояти дигар ҳаст, ки байни ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) ва ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) дафн мешавад.

Боз ривоят ҳаст, ки баъди поён омадани ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) 7-сол ҳаёт ба сар мебарад ва бо он 33-соле, ки дар замони худ зиндагӣ карда буд, 40-сол мешавад.

Баъдан Яъҷуҷу Маъҷуҷ хуруҷ мекунанд ва бо дуоъе, ки ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) дар ҳаққи онҳо карда буд, ҳама якбора ҳалок мегарданд. Сипас офтоб аз мағриб тулӯъ мекунад, Қуръон бардошта мешавад, Ислом ба як чизи нолозим ба мисли як латтаи кӯҳна мегардад. Ҳатто ҳеҷ кас намедонад, ки намозу рӯзаву садақаву нусуки исломӣ чист. Як шаб аз миён мегузарад, рӯзи дигар мебинанд, ки ягон ояти Қуръон боқӣ намондааст. Инчунин аз дилҳои мардум низ Қуръон бардошта мешавад. Мардум ба шеърхонӣ машғул мешаванд. Бояд бигӯем, ки ҳамаи ин баъди фавти ҳазрати Исо (алайҳи-с-салом) ва Каъбаро вайрон кардани Ҳабашӣ ба вуқӯъ меояд.

Хулоса аломатҳои рӯзи қиёмат бисёр аст ва бо ахбори саҳеҳ ворид шудааст. Ин барои имони иҷмолӣ кифоя аст. Ҳамаи он ҳақ асту рост ва баъзе аз он нишонаҳоро дида истодаем.

ХОТИМА

Валлоҳу таъоло яҳди майяшоу ило сиротим мустақим.

Ва аз ҷамоли фазилати Аллоҳ таъолост, ки ҳидоят мекунад касеро хоҳад ба сӯи роҳи рост. Ӯ таъоло ба муқтазои адлаш оммаи мардумро ба сӯи доруссалом даъват мекунад (валлоҳу ядъу ило дори-с-Салом).

Аз Худованди мутаъол афву офиятрохоҳонем. Шарҳу тавзеҳи китоби «ФИҚҲИ АКБАР», ки мансуб ба ҳазрати Абуҳанифа дорад, бо тарҷима ва шарҳу эзоҳи ҳоҷӣ Абуаломуддин ба поён расид. Ба хости Худо, унвони онро «Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи Акбар»-и Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) гузоштем. Ҳамдусано бар Аллоҳ таъоло ва дуруд ба ҳазрати хотами анбиё (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

Муаллифи китоб аз шахсоне, ки кӯмаки худро дареғ надошта барои аз чоп баромадани ин китоб маблағҳо гузоштанд, ҳаракатҳо карданд, аз самими қалб сипосгузор аст ва аз хонандагони киром хоҳиш мекунад дар ҳаққи онҳо ва гузаштагони онҳо дуо кунанд то Худои бузург мағфирати гуноҳҳояшонро намояд ва саодати ду дунёро ба онҳо насибу рӯзӣ гардонад.

Баъди ин барои мухлисон иншоалллоҳ китоби дигари ҳазрати Имомро, ки ӯ «Китоби Васият» аст, бо тарҷима пешкашашон мекунем.

Муваффақ бошем.

Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Абуҳанифа.

Мутарҷим ва муҳаррири масъул: Ҳоҷӣ Абуаломуддин.

Тартибдиҳандаи ибораҳо: Сироҷиддини Икромзод.

Муҳаррири ҷумлаҳои тоҷикӣ: Ҳамидуллоҳ Ҳабибуллоҳзода.

Саъйкунанда ва ба чоп тайёркунанда: Ҳошими Бобоалӣ.

Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»

Аммо баъд:

Хонандаи гиромӣ китобе, ки шумо дар даст доред «ФИҚҲИ АКБАР» ном дошта, маҳсули заҳмати Имоми Аъзам Абуҳанифа (раҳматуллоҳи ъалайҳ) мебошад. «ФИҚҲИ АКБАР» китобест, ки дар хусуси тоза ва беолоиш сохтани ақидаи худошиносии инсон баҳс мекунад. Чунин як китоби беандоза пурқимат ва барои ҳар як фарди мусулмон бениҳоят зарур барои истифодаи доираи васеъи хонандагон дастнорас буд. Аз он танҳо афроде бархурдор ва баҳравар буданд, ки забони арабро медонистанд.

Бинобар ин қарзи хеш донистем, ба тарҷумаи он даст бизанем то хонандаи тоҷик аз ин таълифоти ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) бенасиб намонанд. Рости сухан дар аввал чунин ба назар мерасад ки ба чунин як кори хатарнок ва масъулиятталаб қуввату қудрати ин бандаи ҳақиру ғариб намерасад вале алҳамду лиллоҳ бо фазлу марҳамати офаридгор тавонистем тарҷумаи онро ба поён бирасонем ва бо хати кириллики пешкаши мардуми диёри азиз бигардонем. Дар рафти тарҷумаи кӯшиш ба харҷ додем, ки содда баён гардад, то хонандаи азиз дар фаҳми он душворӣ накашад. Ҳамчунин зарур донистем бо шарҳу эзоҳи андак ба баъзе ҷои он равшанӣ андозем.

Манишин бо бадон ки сухбати бад.Гар чи поки туро палид кунад.Офтоб арчи равшан аст варо.Пораи абр нопадид кунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.