Суннат ва ҳадис

Суннат ва ҳадис:

Ҳар гуфтор, кирдор ё амал ё тақрир ё сифати офариниш (чеҳра ва шакл) ё сифати ахлоқие, ки ба Паёмбари Худо (с) нисбат дода мешавад, суннат ва ҳадис меноманд.

Китобҳои машҳури суннат:

Ду «Саҳеҳ», ки онҳо «Ас-саҳеҳ»и имом Бухорӣ (вафот соли 256-и ҳиҷрӣ) ва «Ас-саҳеҳ»-и имом Муслим (вафот соли 261и ҳиҷрӣ) мебошанд.

Чаҳор китоби сунан:

  1. – «Сунан»-и Насоӣ, Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ (вафот соли 303-и ҳиҷрӣ).
  2. – «Сунан»-и Абудовуд, Сулаймон бини ал-Ашъас (вафот соли 357-и ҳиҷрӣ).
  3. – «Сунан»-и Тирмизӣ, Абуисо Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ (вафот соли 267-и ҳиҷрӣ)
  4. – «Сунан»-и Ибни Моҷа, Муҳаммад ибни Язид бини Моҷа (вафот соли 275-и ҳиҷрӣ).

Ҳар гоҳ гуфта шавад, ки ҷамоъа дар китобҳои шашгона ривоят кардааст манзур ду «Саҳеҳ» ва чаҳор «Сунан»-и мазкур мебошад ва ҳар гоҳ дар китобҳои ҳафтгона гуфта шавад, ба он шаш китоби мазкур, «Муснад»-и имом Аҳмад илова мегардад.

Агар гуфта шавад, ки панҷгона ривоят кардааст, манзур соҳибони чаҳор «Сунан» бо Аҳмад ибни Ҳанбал мебошад ва чун сегона гуфта шавад, мурод аз он соҳибони «Сунан» ғайри ибни Моҷа мебошад.

Санад ва матн:

Мурод аз санад ҳамон силсилаи ровиётест, ки матнро мерасонанд, зеро ҳақиқатан ҳадис бар санад барқарор ва собит мегардад.

Ва манзур аз матн, он мақтаъе дар калом аст, ки санад ба он тамом мешавад, чунончи дар ҳадиси панҷоҳу ҳафти ҳамин китоб омадааст: Имом Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ ривоят мекунад, ки Сулаймон бин Ҳарб моро гуфт, ки Шӯъба аз Қатода, аз Анас бини Молик ба мо гуфт ва ӯ (Анас) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад, ки мефармояд: “Се хислатест, ки агар дар шахсе бошанд, бешак ҳаловати имонро дармеёбад.”

Инҷо санад аз сухани Бухорӣ то Паёмбари Худо (с) мефармояд, мебошад ва матн ҳамон фармудаи Расули акрам (с) “Се хислатест ки…” то охири ҳадис ба шумор меравад.

Дар воқеъ донишмандон дар робита ба нигоҳдории Суннат таълифоти зиёде навиштаанд ва ба асонид ва матнҳо аҳамият додаанд.

Яке аз ин донишмандони бузурги ҳадис Абдуллоҳ ибни Муборак (р) мегӯяд: “Иснод (санад) аз дин маҳсуб мегардад ва агар иснод намебуд, ҳар касе ҳар чи ки мехост, мегуфт.”

Маҳз аз ҳамин ҷо “Мусталаҳи илми ҳадис” пайдо гардид, , ки он ба омӯзиш ва таҳқиқи санад ва матн иҳтимом медиҳад, то хонанда ба василаи он ҳадиси мақбулро, ки бад-он амал карда мешавад аз ҳадиси мардуд, ки бад-он амал намекунем ҷудо намояд.

Ақсом ва анвоъи ҳадис аз нигоҳи кабул ва рад:

А – Ҳадиси саҳеҳ:

Он ҳадисест, ки санадаш ба нақли шахси адл ва зобит аз шахси дигар монанди вай адл ва зобит аст, то охири ровиҳо бе шузуз ва иллат расида бошад. Адл, яъне мусалмони оқил, ки нишонаҳои фисқу фуҷур дар ӯ набошад.

Зобит, яъне дар ҳифз ва китобати ҳадис пухта ва устувор бошад. Шузуз, яъне мухолифат намудани шахси сиқа (мӯътамад) шахсеро, ки аз ӯ мавсуқтар (бовариноктар) мебошад.

Иллат, сабаби пӯшидаест, ки дар сиҳат ва дурустии ҳадис таън мерасонад, бо вуҷуди ин ки зоҳири ҳадис солим ба назар мерасад.

Б – Ҳадиси ҳасан:

Он ҳадисест, санадаш ба нақл намудани шахси адл, ки ҳифзаш каме заъиф аст аз шахси дигар, ки монанди ӯ мебошад, то охири ровиҳои дигар бидуни шузуз ва иллат расида бошад.

В – ҳадиси заъиф:

Он ҳадисест, ки ба сабаби надоштани шарте аз шартҳои Ҳасан сифати ҳасан дар он фароҳам наомадааст.

Ҳукми амал намудан бо ҳадиси заъиф: Уламои ҳадис бо се шарти зерин дар фазоили аъмол (тарғиб ба корҳои хуб) амал намудан ба ҳадиси заъифро иҷозат додаанд.

  1. – Заъифии он сахт набошад.
  2. – Бояд ки он дар таҳти ривояти асле, ки бад-он амал карда мешавад, дохил бошад.
  3. – Бояд вақти амал кардан ба он собит гардидани онро эътиқод накунем, балки иҳтиётро дар мавриди он эътиқод намуда бошем.

Д – ҳадиси мавзӯъ:

Он сухани дурӯғи бофташудаест, ки ба Расули Худо (с) нисбат дода мешавад. Ҳукми ривоят кардани он:

Тамоми уламои Ислом бо иттифоқ гуфтанд, , ки чунин ривояти дурӯғ барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, бал, ки он гуноҳи бузург мебошад. Паёмбари Худо (с) мефармояд: “Он ки суханеро аз ман нақл кунад , ки мебинад он дурӯғ аст, пас ӯ яке аз дурӯғгӯён ба шумор меравад.”

(Ба ривояти Муслим)

ИХЛОС НАМУДАН ДАР АМАЛ

  1. Аз ҳазрати Умар писари Хаттоб (р) ривоят шуда, ки гуфт: аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуд: “Ҳамоно савоби аъмол ба ният вобастагӣ дорад ва ҳар кас натиҷаи нияти худро дармеёбад, пас касе, ки ҳиҷрати ӯ ба сӯи Худо ва расули ӯст, (савоби) ҳиҷрати ба сӯи Худо ва расулашро дармеёбад ва касе, ки ҳиҷраташ ба сӯи дунё бошад, ба он мерасад ё ҳиҷрати ӯ барои издивоҷ бо зане бошад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯи чизест, ки барои расидан ба он ҳиҷрат намудааст.” (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд).
  2. – Шарҳи ҳоли ровӣ (ривояткунандаи ҳадис):

Ровии ин ҳадис Умар ибни Хаттоб(р) мебошад. Ӯ пеш аз ҳиҷрат мусалмон шуда, баъди вафоти паёмбар (с) халифаи дуввум мусалмонон интихоб шудааст. Хилофати ӯ даҳуним сол давом карда, дар моҳи зилҳиҷҷаи соли 23 ҳиҷрӣ ба шаҳодат расидааст.

  1. – Фоидаҳо ва суфоришоти ҳадис:

1 – Асоси тамоми амалҳо дар Ислом ният мебошад. 2 – Ҳар вақте ки ният росту амал накӯ бошад, албатта Худованд онро қабул менамояд.

3 – Ҳар вақте ки нияти мусалмон дуруст бошад, ҳатто дар корҳои дунявиаш ҳам аз тарафи Худо аҷру савоб дода мешавад, яъне бо нияти нек тамоми амалҳояш ибодати Худованд ҳисоб карда мешавад, ба тариқи мисол: муъаллим вақти дарс гуфтан ва донишҷӯ ҳангоми таҳсилу хондан ва муваззаф дар аснои шуғл варзидан ва тоҷир вақти тиҷорат кардан, хулоса ҳар вақте ки нияту мақсади онҳо нек бошад, тамоми амалҳои зикргардида ибодат шуморида мешаванд. 4 – Ҳар вақте ки инсон анҷом додани кори хайрро ният кунад, вале онро анҷом дода натавонад, албатта барои нияту мақсадаш аҷру савоб дода мешавад.

5 – Нияти холис барои Худо сабаби комёбӣ дар дунёву охират аст.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Паёмбари Худо (с) фармуд: (Ҳамоно савоби амалҳо ба ният бастагӣ дорад…) Бақияи ҳадисро баён намоед?
  2. – Асоси амалҳо дар Ислом чист?
  3. – Худованди бузург кадом вақт амалро мепазирад? 4 – Кадом вақт инсон дар корҳои рӯзмарааш аҷру подош меёбад?

5 – Аз ҳадиси мазкур се фоида ва андарзе бигӯед?

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.