Омодагӣ Барои Рӯзи Қиёмат

Омодагӣ Барои Рӯзи Қиёмат

4 – Аз Муъоз писари Ҷабал (р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо фармуд: “Ҳаргиз пойҳои банда аз ҷои хеш намеҷунбад, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида мешавад: Аввал аз умраш, ки дар чӣ коре онро сипарӣ намуд. Дуввум аз ҷавониаш, ки онро дар кадом кор ба пирӣ расонда. Саввум, аз молаш, ки онро аз куҷо пайдо намуда ва дар куҷо сарф намудааст. Чаҳорум, аз илмаш, ки ба он чӣ коре карда.”

(Ин ҳадисро Табаронӣ ривоят кардааст.)

  1. – Тарҷимаи ҳоли ровӣ дар ҳадиси гузашта зикр ёфтааст.
  2. – Шарҳи маънои ҳадис:

Рӯзҳоямон ба шумору умрҳоямон муъайян ва муқаддар мебошад, сипас марге, ки дар он ҳеҷ шакку гумон нест, фаро мерасад ва баъди зинда сохтану баровардани мардум аз қабрҳояшон ҳар инсон аз рӯзҳои гузарондааш дар дунё пурсида хоҳад шуд, ки оё онро дар корхои нек гузаронда ё дар корҳои бад. Инчунин аз ҷавониаш, ки марҳалаи фаъолияту ҳаракати ӯст, пурсида мешавад ки чӣ тавр онро сипарӣ карда? Агар онро дар омӯхтани илми судманд ва амалҳои писандида гузаронда бошад, музду подош меёбад. Сипас аз молаш бозхост мешавад, ки оё онро аз роҳҳои ҳалол ба даст оварда, дар корҳои муҳим сарф кардааст? Чӣ тавре ки аз дониши

таълим гирифтааш пурсида мешавад, ки оё тибқи он амал карда, ба афроди ҷомиъаи хеш нафъ расондааст, зеро илм вақте судбахш мебошад, ки соҳиби ӯ тибқи он амал намуда, дигарон аз ӯ истифода намоянд. Аз Худованди бузург амали холисро, ки сирф барои хушнудии ӯ бошад, масъалат менамоем.

  1. – Фавоиди ва дастуроти ҳадис:

1 – Исбот кардани ҳақоиқи зайл: зинда шудан пас аз марг, бозпурсии амалҳо ва подошу ҷазо додан дар муқобили он. 2 – Ташвиқ намудан ба ин, ки бояд инсон аз илми судбахш ва амали нек истифода намояд.

  1. – Касб намудани мол аз роҳҳои ҳалол ва сарф кардани он дар корҳои хайр.
  2. – Тарғиб намудани инсон ба ин, ки ӯ барои ҳисобу бозпурсӣ омодагӣ ва тайёрӣ бинад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Аз чӣ корҳо банда дар рӯзи қиёмат пурсида хоҳад шуд?
  2. – Ҳадиси гузаштаро ба таври кӯтоҳ шарҳ диҳед. 3 – Чаро инсон аз ҷавониаш пурсида мешавад, ки онро дар чӣ коре гузарондааст?
test

Добавить комментарий