Нармӣ Ба Ҳайвон (ҳадис)

Нармӣ Ба Ҳайвон

5 – Аз Абуҳурайра(р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: Дар асное, ки марде дар роҳе мерафт, сахт ташна шуд, сипас чоҳеро диду дар он даромада, об ошомид. Баъд аз баромадан, ногаҳон сагеро дид, ки аз шиддати ташнагӣ забонашро аз даҳон бароварда хок мехӯрд. Бо худ гуфт: ин саг ҳам мисли ман ташна шуда, сипас ӯ ба чоҳ даромада, мӯзаи худро пур аз об карду ба даҳони худ гирифт ва аз чоҳ баромаду сагро сероб кард.

Худованд музди ин амалро дода, ӯро омурзид. Гуфтанд: эй Паёмбари Худо, оё инсон дар кӯмак ёрӣ намудамон ба чорпоён подошу савоб дода мешавем? Он ҳазрат фармуд: “Дар ҳар ҷигартозае (мавҷуди зиндае) подошу аҷр аст.” 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдураҳмон писари Сахри Давсӣ мебошад. Ӯ соли 7-и ҳиҷрӣ исломро пазируфта, аз ҷиҳати шавқу рағбаташ дар омӯхтани илми шаръӣ бо паёмбар (с) бисёр ҳамнишинӣ мекард. Аз байни саҳобагони паёмбар ӯ ягона шахсе ба шумор меравад, ки аксари ҳадисҳои он ҷанобро ҳифз намудааст.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Раҳму дилсузӣ дар Ислом фақат бар инсон маҳдуд набуда, балки чорпоёнро низ дарбар мегирад, аз ин рӯ, дини ислом мусалмононро ба он ташвиқ менамояд, ки ҳамеша онҳо нисбати якдигар ва инчунин нисбати чорпоён меҳрубон ва дилсӯз бошанд. Ҳадиси мазкур қиссаи мардеро баён менамояд, ки дар роҳе мерафту сахт ташна шуд, сипас ӯ ба чоҳе даромада, об нӯшид. Баъд аз баромадани аз чоҳ ногаҳон сагеро дид, ки аз ташнагии зиёд забонашро аз комаш бароварда, хокҳоро мелесид. Он мард худ бо худ гуфт: дар ҳақиқат ин ҳайвон мисли ӯ шиддати ташнагиро аз сар гузарондааст ва тасмим гирифт, ки он сагро кӯмак намояд. Сипас бори дигар ба чоҳ даромада, мӯзаашро пур аз об карда, баромад ва дар ҳол сагро сероб намуд. Аз ин ҷиҳат Худованд музди амали мазкурро барояш дода, гуноҳонашро мағфирату омурзиш намуд.

Воқеъан, мардум агар падидаҳои ҳамкориву кӯмаки иҷтимоъиро ҳамакнун дар шакли ҷамъиятҳои нармӣ ба ҳайвонот дида бошанд, вале дини Ислом 14 аср пеш бо ин ҳадиси паёмбар(с) нисбати падидаи мазкур (нармиву шафқат бар ҳайвонот) беҳтарин тасвиру намунаеро баён намудааст, ки ин амр бартарии аҳдофу ғояҳои Исломро ифода намуда, ҳақиқати зеринро исбот менамояд, ки ислом воқеъан тамоми тамаддунҳоро гузаштааст.

  1. – Фавоид ва андарзҳои ҳадис
  2. – Меҳрубонӣ ва шафқат намудан ба ҳайвонот.
  3. – Раҳму шафқат танҳо бар инсонҳо намебошад. 3 – Ислом ҳамеша ба нармӣ ва меҳрубонӣ кардан ба одамӣ ва ҳайвонот ташвиқ менамояд.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Чаро он мард сагро сероб намуд?
  2. – Бо истифода аз мазмуни ин ҳадис дар барои аҳамият додани Ислом ба ҳайвонот сухан бигӯед!
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.