Одоби хӯрдан ва ошомидан ва Ҳамкорӣ дар миёни мӯъминон

Одоби хӯрдан ва ошомидан

6 – Аз ибни Умар (р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо азми хӯрдан кунад, бояд ба дасти росташ бихӯрад ва ҳар гоҳ чизеро менӯшад, бояд бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад».

(Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст.)

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдуллоҳ писари Умар, Умар писари Хаттоб мебошад. Ӯ аз паёмбар ҳадисҳои зиёд ривоят намуда, яке аз пайравони дилбохтаи суннати паёмбар (с) ба шумор меравад. Мавсуф дар сол 73-и ҳиҷрӣ аз дунё дар гузаштааст.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Яке аз ғояҳои олии Ислом тарбия намудани уммати муҳаммадӣ бар ахлоқи хуб ва хислатҳои ҳамида мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат дар вақти хӯрдан ва нӯшидан истифодаи дасти ростро тавсия менамояд, вале баъзе мардум корҳои мухолифи шаръ карда, дар вақти хӯрдану ошомидан ба корҳои шайтон тақлид менамоянд. Ҳадиси фавқуззикр чунин суфориш медиҳад, ки бояд шахси мусалмон бо дасти росташ бихӯраду биёшомад ва барои ӯ кор фармудани дасти чап ҳангоми хӯрдану нӯшидан ҷоиз нест, зеро шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад. Худованд мусалмонро амр карда, ки аз аъмолу

ахлоқи шайтон дурӣ биҷӯяд. Паёмбари Худо (с) барои тамоми мусалмонҳо беҳтарин улгу ва намуна мебошад, ки дар ҳақиқат он ҳазрат (с) дасти росташро барои таъому шароб ва либоспушӣ ихтисос дода, барои анҷоми корҳои дигар, (монанди истинҷо ва ғайра) аз дасти чап истифода мекарданд. 3 – Фавоиди ҳадис:

  1. – Тарғибу ташвиқ намудан бар ин ки хӯрдан ва ошомидан бо дасти рост сурат гирад, зеро амали мазкур яке аз одоби исломӣ ба шумор меравад.
  2. – Макруҳ шумурдани хӯрдану ошомидан бо дасти чап. 3 – Ин амали зишт (бо дасти чап хӯрдан) аз кирдору ахлоқи шайтон ба ҳисоб меравад.

4 – Пурсишҳо:

1 – Оё бо дасти чап хӯрдан ва ошомидан ҷоиз аст? 2 – Ба тариқи фишурда аз маънои ҳадиси гузашта ҳарф бизанед.

  1. – Чаро паёмбар (с) аз нӯшидан бо дасти чап наҳй (манъ) фармуда?
  2. – Барои кадом корҳо паёмбар (с) дасти росташро кор мефармуданд?

ҲАМКОРӢ ДАР МИЁНИ МӮЪМИНОН

7 – Аз Абӯмусо ривоят аст, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Мусалмон барои мусалмони дигар чун сохтмоне аст, ки баъзеяш баъзеи дигарро маҳкаму устувор месозад”. Сипас он ҳазрат (с) ангуштҳои худро ба ҳамдигар дароварданд.

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдуллоҳ писари Қайс,Қайс писари Муслими Ашъарӣ мебошад. Ӯ яке аз саҳобагони машҳур ва амири Куфа буд, ки дар соли 50-и ҳиҷрӣ аз ҷаҳон даргузашт.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Паёмбари Худо (с) мусалмонро дар кӯмаку ёрӣ намудани бародараш ба сохтмоне ташбиҳ кардааст, ки баъзе атрофаш баъзе дигарро маҳкам месозад, зеро сохтмон ва хона вақте устувор мемонад, ки аҷзову қисматҳои он ба ҳам часпида ва маҳкам бошад, агар ин тавр набошад, сохтмони мазкур харобу вайрон мегардад. Ҳамин гуна мусалмон бе кӯмаку ҳамкории бародари мусалмонаш корҳои динӣ ва дунявиашро ба хубӣ анҷом дода наметавонад, чунончи ӯ танҳо ба умур ва манофиъи худ пардохта дар баробари мушкилоти рӯзмара муқовамат кунад, зеро фақат Аллоҳ таъоло тавонотар аст бар ҳама ашё, ки ӯ бо танҳоӣ ҳамаи мушкилотро бартараф мекунад.

  1. – Фавоид ва андарзҳои ҳадис:
  2. – Возиҳу равшан сохтани мафҳуми сухан бо услуби ташбиҳ додани чизе дар калом.
  3. – Тарғиб намудани мӯъминҳо ба таъовуну ҳамкорӣ миёни ҳамдигар.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Ҳадиси мазкурро кадом саҳобӣ ривоят кардааст? Ва чӣ кореро ӯ анҷом дода?
  2. – Кадом вақт мусалмон дар корҳои динӣ ва дунявии хеш неруманду комёб мегардад?
  3. – Хонаи устувор ва қашангро (чӣ тавре ки дар ҳадис омада) ба чӣ метавон ташбиҳ дод?
test

Добавить комментарий