Далолат намудан ба кори хайр

Далолат намудан ба кори хайр

11 – Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳар касе ба кори нек даъват кунад, барояш подоше монанди подоши пайравикунандагони ӯ мерасад, бидуни ин ки аз музди эшон чизе коста шавад ва ҳар касе ба гумроҳӣ даъват намояд, бар вай гуноҳест мисли гуноҳони шахсоне, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд ва ин амал аз гуноҳашон чизе намекоҳад”.

(Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст).

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 баён шудааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Паёмбари Худо (с) уммати худро ба корҳои нек ва низ даъват кардани дигарон ба он тарғиб намуда, мегӯяд: ҳар касе дигаронро ба кори хайр ва нек даъват намояд, савобу подоши пайравони ӯ бе каму кост ба вай мерасад, зеро “Ҳар касе дигаронро ба кори нек далолат кунад, музду подоши кунандаи амали мазкур ба вай хоҳад расид.” ва касе ки дигаронро ба кардани гуноҳ агарчанде он кам бошад, таҳрик намояд ё эшонро ба кори гуноҳ амр кунад ё дар анҷом додани гуноҳи мазкур ёрӣ диҳад, гуноҳони атбоъу пайравонаш,ки маъсият кардаанд, бар дӯши ӯ сабт хоҳад шуд.

Агар сазову кайфари маъсияткорон ин бошад, пас вой ба

ҳоли касоне, ки аз шариъати илоҳӣ рӯй тофта, қонунҳои сохтаи башарро ҳамроҳ бо ҷараёнҳои илҳодии табоҳкунанда, дастуруламали хаёти хеш қарор додаанд, зеро ҳамаи онҳо аз китоби Худо (Қуръон) ва аз роҳи рост рӯйгардон шудаанд ва гуноҳи ҳазорҳо ҷавоне, ки дар натиҷаи таблиғоти гумроҳкунандаи эшон аз роҳи ҳақ баромада низ гумроҳ шудаанд, бар дӯши онҳо мебошад.

3 – Фавоид ва дастуроти ҳадис:

  1. – Даъват кардани дигарон ба кори хайр фазилат ва савоби бузург додад.
  2. – Аҷру подоши онҳое, ки аз шахси насиҳаткунанда пайравӣ менамоянд, бе каму кост ба ӯ мерасад.
  3. – Уқубату кайфари сангин барои касонест, ки дигаронро ба корҳои бидъат ва гумроҳӣ даъват карда, аз роҳи ҳақ дур месозанд.
  4. – Пурсишҳо:
  5. – Ҷазо ва подоши касе, ки дигаронро ба корҳои нек даъват намояд, чӣ гуна мебошад?
  6. – Ҳар касе дигаронро ба кардани гуноҳу маъсият ёрӣ диҳад, уқубату сазои шахси мазкур чист?
  7. – Бо истифода аз мазмуни ҳадиси мазкур дар бораи фазилату подоши даъват намудан ба сӯи дини Худо ҳарф бизанед!

ТАРҒИБ НАМУДАН БА ИЛМОМӮЗӢ

12 – Аз Абудардо (р) ривоят аст, ки гуфт: шунидам Паёмбари Худоро, ки мефармуд: “Ҳар касе дар роҳе равад, ки дар он талаби илм кунад, Худованд барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад ва ҳамоно фариштагон ба сабаби ризояте, ки аз кораш доранд, болҳои худро барои толибилм мегустуронанд (паҳн мекунанд) ва ҳамаи касоне, ки дар замину осмонанд, ҳатто моҳиҳо дар об барои шахси олим омурзиш металабанд. Фазилати олим бар обид монанди фазилати моҳи шаби чаҳордаҳ бар дигар ситораҳост ва дигар ин ки уламо меросбари паёмбаронанд, ки эшон дирҳам ва диноре ба мерос нагзоштанд, балки илмро ба ирс гузоштанд ва касе, ки онро гирифт, баҳраи вофир бардоштааст.” 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Умайр писари Зайд, Зайд писари Умайяи Хазраҷӣ ансорӣ мебошад. Ӯ марди фақиҳ, парҳезгор ва ҳифзкунандаи (қории)Қуръони карим буд. Мавсуф дар ҷанги Уҳуд корнамоии хуб нишон дода, дар тамоми ҷангҳои баъди Уҳуд низ ширкат варзидааст. Сипас ӯ қозии Шом ва фақиҳи Фаластин таъин шуд ва дар соли 32-и ҳиҷрӣ аз ин ҷаҳон рахти сафар бастааст.

2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Илм яке аз қавитарин пояҳои тамаддуни исломӣ мебошад, ки тамоми пояҳои он тавассути илм ва маърифати оламшумул, ки тамоми ҷавониби зиндагиро дарбар мегирад, устувор карда шудааст. Дар ин ҳадис саҳобии бузург Умайр аз он ҳазрат (с) чунин ривоят менамояд, ки ҳар касе дар талаби илми шаръӣ ҳимат гуморида, ба маҷолиси олимон рафта дониш омӯзад, Худованд илмеро, ки шахси мазкур мехоҳад, барояш осон мегардонад ва низ ӯро ба амал намудан тибқи ҳамон илм муваффақу комёб месозад. Агар мақсади ӯ аз омӯхтани илм хушнудии Аллоҳ таъоло бошад, пас илми мазкур сабаби ҳидояту раҳнамоӣ шуда, ӯро ба музду подоши Худованд сарафроз мегардонад.

Он рӯзе, ки уммати исломӣ масъулияти хешро дар баробари илми нофеъ (судманд) ифо намояд, ҳароина обрӯи пешини худро дар байни дигар ақвом ва миллатҳои ҷаҳон ба даст хоҳад овард, ки наслҳои наврас ҳам мунтазири чунин рӯзе ҳастанд. 3 – Фавоид ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Баёни фазилату мартабаи толибилм ва тарғиб намудани муслимин ба илмомӯзӣ.
  2. – Аз Худованд мағфирату омурзиш хостани ҳамаи махлуқот барои толибилм ва донишҷӯи Худо тарс.
  3. – Бозгӯ кардани фазилату мақоми олими боамал бар шахси обид (ибодаткунанда) ва порсо.
  4. – Ҳамоно миёни шахси олим ва шахси обид аз ҷиҳати афзалият ва бартарӣ тафовут ва фарқи зиёд вуҷуд дорад, чи тавре ки миёни моҳи шаби чордаҳ ва дигар ситораҳо тафовуту фарқият мулоҳаза мешавад.

4 – Пурсишҳо:ъ

  1. – Мероси паёмбарон чист? Ва ворисони онҳо кистанд?
  2. – Кадоми ин ду беҳтар аст: Муҷоҳид ё олим?
  3. – Се фазилати толибилмро баён намоед!
test

Добавить комментарий