Вопас додани амонат

Вопас додани амонат

13 – Аз Абҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт паёмбари Худо (с) фармуд: “Бидеҳ амонатро ба касе, ки онро ба ту амонат гузоштааст ва хиёнат макун касеро, ки хиёнат кардааст ба ту.”

(Ин ҳадисро Абудовуд ва Тирмизӣ ривоят кардаанд).

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 баён гардидааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Дар ин ҳадис Расули Худо (с) амр менамояд, ки бояд амонат ба соҳибаш баргардонда шавад ва ин амри паёмбар моли орият ва вадиъатро дарбар хоҳад гирифт. Амонатдорӣ дар дини ислом манзилати бузурге дошта, яке аз сифоти писандида ба шумор меравад, ки бояд ҳар мусалмон ба он ороста бошад. Агар инсон амонатдор бошад, мардум ба ӯ бовар намуда эҳтиромаш мекунанд, инчунин дар миёни хешу табораш обрӯ ва эҳтироми зиёд касб менамояд. Муаллиме, ки ба масъулияти худ мепардозад, амин (амонатдор) буда, сазовори музду подоши Худо ва эҳтирому қадрдонии мардум мебошад. Донишҷӯе, ки вазифаҳои мадрасаро ба итмом расонда, амонатҳои дигаронро чун мол, сирр, ва обрӯ нигоҳ медорад, низ шахси амин ба шумор рафта сазовору дархӯри мадҳу сипосгузорист.

Аммо касе, ки амонатро инкор намуда, нисбат ба он ашёе, ки бояд ҳифз карда шавад, чун мол, розҳо ва иффату обрӯ

аҳамият надиҳад, албатта дар зиндагӣ ба нокомӣ ва хорӣ мубтало хоҳад шуд. Агар ӯ корманди давлатӣ бошад, аз вазифааш ронда мешавад ва агар тоҷир (савдогар) бошад, мардум аз ӯ рӯй тофта, дар муъомала ва савдо ӯро бовар намекунанд.

Бинобар ин лозим аст бар ҳар шахси мусалмон то дар молҳои дигарон ки назди ӯст, амин бошад, яъне амволи мазкурро аз гумшудан ё талаф ёфтан нигоҳ дорад. Инчунин дар асрор ва аърози (иффату обрӯ) дигарон, ки бар ӯ итминон кардаанд,эҳсоси масъулият намуда, ҳамеша бо мардум муъомала ва бархӯрди хуб намояд, зеро касе ки амонатдор набошад, имон нахоҳад дошт.

3 – Фавоиди ҳадис:

  1. – Вопас додани амонат ба соҳибаш яке аз воҷиботи исломӣ мебошад.
  2. – Манъ намудани хиёнат ва дағалкорӣ нисбати ашхоси хоин, ҳарчанд ки онҳо ба дигарон хиёнат карда бошанд.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Манзалат ва обрӯи шахси аминро дар миёни ақрабо ва атрофиёнаш баён намоед!
  2. – Кадом вақт инсон амин шуморида мешавад? Ва оқибату фарҷоми касе, ки амонатро инкор мекунад чист? 3 – Фавоиди ҳадисро зикр намоед!

ФАЗИЛАТИ ҶИҲОД ДАР РОҲИ ХУДО

14 – Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуд: “Касе ки биҷангад, то калиматуллоҳ (калимаи тавҳид) бартар шавад, пас он шахс дар роҳи Худо аст.”

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 7 гузаштааст.
  2. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҷиҳод кардан дар роҳи Худо яке аз беҳтарин амалҳо мебошад. Ҷиҳод тамоми корҳои машаққатовар ва сангинро ки мусалмонони фидокор барои манфиъати оммаи муслимин ва некбахтии ҷомиъа анҷом медиҳанд, дарбар мегирад.

Ҳар касе барои баланд шудани калимаи тавҳид дар роҳи Худо биҷангад, бешак аз тарафи Худо барои ӯ савобу подош хоҳад расид. Аммо касе, ки барои ба даст овардани ғанимат ё шӯҳрат биҷангад, то гуфта шавад, ки фалонӣ шуҷоъ ва далер аст ё фалонӣ ин қадар мол сарфу харҷ кардааст ва ҳадафаш касб намудани манофиъи моддӣ ё адабӣ, (монанди нашр кардани номаш дар ҷаридаҳо ва нашрияҳо) бошад, мусалламан ҳеҷ яке аз ашхоси зикргардида дар роҳи Худо намебошад, зеро Худованд ба ҷуз амали холис ва холӣ аз риёву сумъа чизи дигарро намепазирад.

  1. – Фавоид ва дастуроти ҳадис:
  2. – Баёни фазилату мартабаи ҷиҳоду пайкор намудан дар роҳи Худо .
  3. – Риё ва худнамоӣ амалҳоро ботил ва бекор месозад.
  4. – Мазаммату накӯҳиш кардани ҳирси бисёр ба дунё, ҷангидан барои ҷоҳу мансаб, на барои Худо.
  5. – Пурсишҳо:

1 – Фазилати размидан дар роҳи Худоро баён намоед! 2 – Агар инсон барои шӯҳрат пайдо намудан биҷангад ё чизе аз молашро сарф кунад, оё амали мазкур дар роҳи Худо ҳисобида мешавад? Посухи бо далел бигӯед!

3 – Бо истифода аз мазмуни ҳадиси фавқ дар мавриди аҳамият доштани ихлос сӯҳбат намоед!

test

Добавить комментарий