Ҳаром будани Ғийбат

Ҳаром будани Ғийбат

24 – Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Оё медонед, ки ғийбат чист?” Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотар аст. Он ҳазрат (с) фармуд: “Бародаратро ба он чӣ, ки аз он хушаш намеояд, ёдовар шавӣ” Марде гуфт: Ҳар гоҳ дар бародарам он чӣ ки мегӯям бошад, чӣ мешавад? Расули Худо фармуд: “Агар он чӣ мегӯӣ, дар вай бошад, ғийбаташ кардаӣ ва агар набошад, ӯро бӯҳтон кардаӣ.” (Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст.)

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 гузаштааст.
  2. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис бар он далолат менамояд, ки ғийбат кардани касе, ки дар Ислом бародарат шуморида намешавад, ҷоиз мебошад, монанди яҳудӣ, насронӣ ё шахси бидъаткор, ки ба сабаби бидъату хурофот варзидан аз доираи ислом баромада бошад. Омадани калимаи “бародарат” дар ҳадис ба ин нукта ишора мекунад, ки беҳтарин коре, ки ту ба ҷои ғийбат кардани бародарат бояд анҷом бидиҳӣ, ин аст, ки хатову лағжиши ӯро бахшида, айбҳояшро бипӯшонӣ.

Инчунин ҷумлаи “Он чи ки аз он хушаш намеояд” чунин танбиҳ медиҳад, ки агар бародари мусалмонат аз гуфтани

айбаш боке надошта бошад, мисли девонагон ва фосиқони гумроҳшуда, пас ғайбат кардани онҳо раво мебошад. Ҳарому гуноҳ будани ғийбат ва бӯҳтон аз дидгоҳи шариъат возиҳ буда, тамоми уламо ва донишмандони исломӣ бар маъсият буданаш иттифоқ доранд.

3 – Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Аҳамият додани Ислом нисбат ба иффату номус ва обрӯи мусалмонҳо ва эҳтироми он.
  2. – Ҳаром будани ғийбат, яъне ёдовар шудани айби бародарат, ки фош шудани он айбро бад мебинад.
  3. – Ғийбат сабаби пайдошавии адовату бадбинӣ дар миёни мусалмонон мегардад.
  4. – Дурӯғгӯӣ дар миёни мусалмонон ҳаром ва гуноҳи бузург мебошад.
  5. – Ёдовар шудани айбҳо, агарчанде дар инсон ҳам бошанд, ғийбат шуморида мешавад.
  6. – Бояд бародари мусалмонро ба корҳову одатҳое, ки аз онҳо хушаш меояд, ёдовар шавем.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Аз саҳобии бузургвор, Абуҳурайра чӣ маълумоте доред?
  2. – Фарқ миёни ғийбат ва бӯҳтон чист?
  3. – Чаро Худованд ғийбатро ҳаром гардондааст?

ФАЗИЛАТИ САЛОМ ДОДАН ВА АМР КАРДАН МАРДУМ БА ОШКОР НАМУДАНИ ОН

25 – Абдуллоҳ писари Амр, Амр писари Ос (р) гуфт: Марде аз Расули Худо (с) пурсид, ки кадом Ислом беҳтар аст? Фармуд: “Ин ки таъом бидиҳӣ ва бар ҳар кас, хоҳ ӯро бишносӣ ва ё нашносӣ салом диҳӣ.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 зикр гардидааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Албатта салом яке аз номҳои Худованд мебошад. Аз ин рӯ маънои “Ассалому ъалайкум” дар паноҳи Худо бошед, аст ва низ барояш маънои дигар ҳам гуфта шудааст, ки он Худо ёру мададгоратон бод, мебошад. Кӯтоҳтарин вожаи саломдиҳӣ “Ассалому ъалайкум” мебошад, агарчанде шахсе, ки бар ӯ салом дода мешавад, танҳо бошад, зеро ҷумлаи мазкур ӯро ҳамроҳи фариштагон дарбар мегирад.

Беҳтарин тарзи саломдиҳӣ “Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ” мебошад. Агар шахсе, ки ӯро салом доданд, танҳо бошад, ҷавоб додани салом бар ӯ воҷиб аст ва агар бар гурӯҳе салом дода шавад, ҷавоб гуфтани салом бар ҳамаашон воҷиб набуда, агар як нафарашон ҳам ҷавоб диҳад, кофӣ мебошад.

Дастурот ва андарзҳои ҳадис:

1 – Салом додан суннат буда, ҷавоб доданаш воҷиб мебошад. 2 – “Субҳ ба хайр” ё “Шом ба хайр” аз саломҳои шаръӣ ба шумор намераванд.

3 – Ислом чунин супориш медиҳад, ки бояд бар ҳар шахси мусалмон хоҳ ӯро бишиносӣ, ё нашиносӣ салом бидиҳӣ. 4 – Бо ишора кардан ва оҳиста гуфтани лафзи салом, агарчанде рафиқат ҳам нашнавад, салом додан ҷоиз аст. 5 – Бояд дар гуфтугӯи тилфунӣ ҳам бо салом додан сухан шурӯъ карда шавад.

6 – Шариъати исломӣ чунин муқаррар карда, ки бояд инсон вақти баромаданаш аз маҷлис ё маъракае салом бидиҳад.

4 – Пурсишҳо:

1 – Беҳтарини тарзи салом додан чӣ гуна мебошад? 2 – Аввалин калимае, ки вақти гап задан дар телефон гуфта мешавад, чист?

3 – Агар дар ҷумлаҳои зерин хатое пайдо кунед, онро ислоҳ намоед:

А – Вақти баромадан аз маҷлис ё маъракае салом додан аз тарафи шариъат муқаррар нашудааст.

Б – Салом додан бо ишора кардан ҷоиз аст, агарчанде рафиқат туро нашнавад.

В – “Субҳ ба хайр” ва “Шом ба хайр” аз саломи мусалмонҳо ба шумор намеравад.

Фазилати ниҳолшинонӣ ва зироъаткорӣ (кишоварзӣ)

26 – Аз Анас писари Молик ривоят аст, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳеҷ мусалмоне нест, ки ниҳоле шинонад ё зироъатеро кишт намояд, ки аз он паррандае ё инсоне ё ҳайвоне бихурад, магар ин ки барояш амали мазкур садақа мебошад.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 2 ифода шудааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис бар фазилати ниҳолшинонӣ ва зироъаткорӣ далолат карда, бар обод сохтани замин низ ташвиқ менамояд. Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки гирифтани замин ва парвариш намудани он аз манфиъату суд расондан ба мардум ва инчунин ҳосил намудани савобу подоши илоҳӣ, холӣ намебошад.

Дар ривояти имом Муслим ҳадиси мазкур ин тавр омадааст: «Магар, ин ки барояш то рӯзи қиёмат амали мазкур садақа шуморида мешавад, яъне аҷру савоби ниҳолҳои шинондагӣ ё зироъати кишткардагӣ то рӯзи қиёмат ба соҳибаш мерасад, агарчанде ӯ мурда бошад, ё ин ки аз замини кишткардааш кӯчида бошад, ба шарте ки аз он ниҳол ё зироъати истифода шавад».

Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

1 – Ислом пайравонашро ба шинондани дарахтон амр кардааст, зеро дарахтон мева ва сояро ба вуҷуд меоранд. 2 – Аз зироъаткорӣ музду савоб ба даст оварда мешавад, зеро инсонҳо, ҳайвонот ва паррандагон аз он истифода менамоянд. 3 – Буридани дарахтҳо, гулҳо дар боғчаҳо ё дар хона ва ё дар роҳҳо амали нодуруст мебошад.

4 – Ёрӣ намудани хонавода ва аҳли ҷомиъа дар нигоҳ доштани дарахтон ва дигар неъматҳои табиъӣ.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Аз ҳадиси мазкур се пандро бозгӯ намоед!
  2. – Дарахтон чӣ фоидае доранд?
  3. – Чаро Худованд мусалмононро ба ниҳолшинонӣ тарғибу ташвиқ менамояд?
test

Добавить комментарий