ОДОБИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ

27 – Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар вақте ки паёмбар (с) ба ҳоҷатхона медаромад авалан, мегуфт: “Алоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-хубси ва-л-хабоис.” (Бор Худоё, аз палидӣ ва низ аз ашхоси фосид ба ту паноҳ мебарам.)

(Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд)

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) вақти баромадан аз ҳоҷатхона мегуфт: “Ғуфронака” (Худоё, аз Ту омурзиш мехоҳам.)

(Ин ҳадисро Абудовуд ва дигарон ривоят кардаанд.) 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Анас писари Молик Ансорӣ мебошад. Ӯ чанд соле дар ҳузури паёмбар (с) хидмат карда, аз он ҳазрат (с) ҳадисҳои зиёде ривоят намудааст.

2 – Шарҳи ҳоли ровия:

Оиша духтари Абубакр (р) ва ҳамсари паёмбар (с) мебошад. Ӯ яке аз занони фақиҳа ва донишманди асри хеш ба шумор рафта, ҳадисҳои бисёре аз паёмбар (с) ривоят кардааст.

Шарҳи маънои ҳадис:

Гуфтани дуъои мазкур вақти даромадан ба ҳоҷатхона суннат мебошад. Инчунин дар ғайри ҳоҷатхонаҳо, яъне вақти баромадан ба дашту саҳро низ гуфтани он суннат аст, агарчанде ҳадиси мазкур дар бораи ҳоҷатхонаҳое, ки дар дохили ҳавлӣ мебошанд, ворид шудааст. Мақсуд аз гуфтани дуъои мазкур дур сохтани шайтонҳоест, ки дар он ҷо ҳозир мешаванд. Ва низ аз зоҳири ҳадиси Анас бармеояд, ки он ҳазрат (с) дуъои мазкурро баланд мехонд, бино бар ин баланд гуфтанаш мустаҳаб мебошад.

4 – Суфоришҳои ҳадис:

  1. – Вақти даромадани ҳоҷатхона гуфтани дуъои зерин: (Аллоҳумма инни аъузу ………) мустаҳаб мебошад.
  2. – Вақти даромадани ҳоҷатхона аввал гузоштани пои чап ва вақти баромадан аввал гузоштани пои рост мустаҳаб мебошад.
  3. – Вақти баромадан аз ҳоҷатхона гуфтани дуъои зерин: (Ғуфронака) низ мустаҳаб мебошад.
  4. – Зикр кардани номи Аллоҳ таъоло дар дохили ҳоҷатхона ва ҳаммом мамнӯъ мебошад.
  5. – Бояд мамнӯъ будани зикри Худо ро дар дохили ҳоҷатхона ва ҳаммом риъоя карда шавад.

5 – Пурсишҳо:

  1. – Вақти даромадани ҳоҷатхона аввал кадом пой ва вақти баромадан нахуст кадом пой гузошта мешавад?
  2. – Вақти баромадан аз ҳоҷатхона кадом дуъо гуфта мешавад?
  3. – Гуфтани азкор ва дуъоҳо чӣ фоида дорад?
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.