СУТУНҲОИ ИСЛОМ

СУТУНҲОИ ИСЛОМ

28 – Аз Абдуллоҳ писари Умар ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худоро шунидам, ки мефармуд: “Ислом бар панҷ бино устувор шуда аст: Шаҳодат додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин ки Муҳаммад (с) расул ва фиристодаи Худо ст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва ҳаҷҷи хонаи Худо ва рӯзаи моҳи рамазон.” (Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардааст.) 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдуллоҳ писари Умар, Умар писари Хаттоб мебошад. Ӯ аз паёмбар ҳадисҳои зиёде ривоят кардааст. Мавсуф пеш аз биъсат (баргузидани он ҳазрат (с) ба паёмбарӣ) таваллуд шуда, дар соли 73-и ҳиҷрӣ аз олам даргузаштааст.

2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ин матлабро баён менамояд, ки Ислом бар панҷ сутун устувор мебошад ва онҳо иборат аз умури зайл аст: Гувоҳӣ додан ба ягонагии Худо ва тасдиқ кардани рисолати паёмбари Ӯ ва барпо доштани намозҳои панҷвақта ва додани закот, ба ин тариқа, ки ҷузъе аз молашро ба тарзи махсус бароварда ба мустаҳиқонаш медиҳад ва ҳаҷи хонаи Худо (Каъба) агар қудрату тавоноӣ барои тӯшаву маркаби роҳ дошта бошад ва рӯзаи моҳи шарифи рамазон.

Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

  1. “Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди бар ҳақе ҷуз Аллоҳ таъоло вуҷуд надорад ва Муҳаммад фиристодаи Худост” асос ва пояи ислом мебошад.
  2. – Намоз яке аз муҳимтарин панҷ сутуни Ислом ба ҳисоб меояд.
  3. – Намоз вақти муъайяне дорад, ки таъхир намуданаш аз вақти худ бе узр ҷоиз нест.
  4. – Намоз сабаби некбахтии инсон дар дунёву охират мебошад. 5 – Баровардани закот аз мол, ҳар вақте ки шартҳои додани он фароҳам ояд, воҷиб мебошад.
  5. – Рӯза гирифтан бар шахси болиғ (касе, ки ба воя расида бошад) воҷиб аст ва барои шахсони ноболиғ, яъне кӯдакони хурдсол гирифтани рӯза мустаҳаб мебошад.
  6. – Ҳаҷ бар шахсе воҷиб аст, ки шартҳои ҳаҷ кардан дар ӯ фароҳам омада бошад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Абдуллоҳ писари Умар (р) гуфт, ки шунидам Паёмбари Худоро мегуфт:………………..Ҳадисро пурра гӯед.
  2. – Бе узру сабаб таъхир намудани намоз аз вақташ чӣ ҳукм дорад?
  3. – Ҳукми рӯза гирифтан барои шахси наболиғ чист?
  4. – Касе, ки маркаби сафар кардан ва пулу мол барои ҳаҷ кардан надошта бошад, агар ӯ ҳаҷ накунад, гунаҳгор мешавад?

АҲАМИЯТ ДОДАНИ ИСЛОМ БА МАСҶИДҲО

29 – Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марди сиёҳ ё зани сиёҳе буд, ки ҳар рӯз масҷидро пок мекард ва аз дунё даргузашт. Паёмбари Худо (с) аз аҳволи ӯ пурсид. Гуфтанд: Мурдааст. Он ҳазрат (с) фармуд: Чаро маро огоҳ накардед, қабрашро ба ман нишон диҳед, кабри ӯро барояш нишон доданд. Он ҳазрат (с) бар он намоз гузорид.”

(Бухорӣ ва Муслим ҳадиси мазкурро ривоят кардаанд.)

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 дарҷ гардидааст.
  2. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур бар он далолат менамояд, ки Ислом ба тозагии масҷидҳо аҳамияти зиёд медиҳад. Инчунин аз ин ҳадис бармеояд, ки гузоридани намози ҷаноза бар майит баъди дафн карданаш дуруст мебошад, хоҳ пеш аз дафн кардан бар ӯ намоз гузорида бошанд, ё на. Чи тавре, ки ҳадиси мазкур баёнгари ин аст, ки паёмбар (с) ба масъулиятҳои динӣ эҳтимом медод.

  1. – Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:
  2. – Аҳамият додани Ислом ба нигоҳ доштани тозагии масҷидҳо.
  3. – Пурсидани паёмбар (с) аз аҳволи марди мазкур баёнгари ин аст, ки Ислом ба тозагии масҷидҳо аҳамият дода, ҳамеша нисбат ба бенавоён ғамхориву дилсузӣ кардааст. 3 – Аҳамият додан ба хонаҳои Худо (масҷидҳо) ва ширкат варзидан дар тозагии он бар ҳар мусалмон воҷиб мебошад. 4 – Пешгирӣ намудани дигарон аз андохтани ҳар гуна коғазпораҳо ва фузлаҷот дар масҷид.
  4. – Тоза кардани масҷидҳо, бо тартиб ниҳодани Қуръонҳо дар рафҳои он, ҳамвор сохтани фаршҳои он ва низ пӯшидани дарҳояшон вақти даромадану баромадан аҳамият додан ба масҷидро ифода мекунад.
  5. – Ҷилавгирӣ кардан аз навиштани чизе бар деворҳои дохилӣ ва хориҷии масҷидҳо.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Маънои калимаҳои зеринро бигӯед:
  2. – Дар паҳлӯи ҷумлаҳои зерин ё аломати дуруст (V) ё аломати нодуруст (Х) гузоред!

А – Ширкат варзидан дар поксозӣ ва тозагии масҷидҳо ҷоиз нест.

Б – Навиштан бар деворҳои масҷид, аҳамият додан нисбат ба тозагии масҷидро ифода менамояд.

В – Аҳамият додани паёмбар (с) ба аҳволи он мард баёнгари ин аст, ки Ислом ба тозагии масоҷид таваҷҷуҳи бештар додааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.