Тозагӣ аз Ислом аст

36 – Аз Абдуллоҳ писари Масъуд ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳар касе дар дилаш заррае кибр дошта бошад, ба биҳишт дохил намешавад.” Касе гуфт: Инсон дӯст медорад, ки ҷомааш ва кафшаш хуб бошад? Он ҳазрат(с) фармуд: “Худованд зебост ва зебоиро дӯст медорад. Кибр саркашӣ намудан дар баробари ҳақ ва ҳақир шумурдани мардум мебошад.”

(Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 17 гузаштааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ба назофату тозагӣ ташвиқ намуда, кибру бузургманиширо барои шахсе, ки худро аз мардум боло дониста онҳоро таҳкир мекунад ва низ ҳақиқатро инкор менамояд, ҳаром гардондааст.

Кибр махфӣ ва пӯшидааст, ки он чун хӯй ва рафтори табиъӣ дар сиришти инсон мебошад ё зоҳиру ошкор мебошад, монанди корҳои бузургманишист, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани одати мазкур аз инсон содир мешавад ва вақте корҳои мазкур падидор гардад, онро такаббур меноманд. Ҳар касе дорои кибр ва ҳам такаббур бошад, гирифтори азобу кайфари Илоҳӣ мешавад.

89

Суфоришот ва пандҳои ҳадис:

Кибр намудану таҳқир кардани мардум ҳаром мебошад. 2 – Назофату покизагӣ зоҳиру ва ботини инсонро дарбар мегирад.

  1. – Бояд ҳар мусалмон ба тозагии хона, мадраса ва кӯчаи худ аҳамият бидиҳад.
  2. – Навиштан бар мизи дарсхонӣ ва деворҳои синф ороиш ва зинат шуморида намешавад.
  3. – Оббозӣ кардан (шустани ҷисм) аққалан дар ҳафтае як бор амали мустаҳаб ва писандида мебошад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Аз Абдуллоҳ писари Масъуд ҳар чӣ ки медонед, бозгӯ намоед!
  2. – Се панд аз Ислом дар мавриди покизагӣ бигӯед!
  3. – Оё назофату тозагӣ фақат дар ҷома ва кафш мебошад?
  4. – Кибр чист? Ва чаро Худованд онро ҳаром гардонд?

90

РОҲҲОИ НЕКӮӢ ДАР ИСЛОМ БИСЁР АСТ

37 – Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Бар ҳар мафсалу банди аз мардум дар ҳар рӯзе, ки офтоб бар вай метобад, садақа лозим аст. Миёни ду кас адолату баробарӣ мекунӣ, садақа аст, мардеро дар боркардани шутураш ёрӣ медиҳӣ ё худашро бар он савор мекунӣ, садақа аст, сухани накӯ гуфтан ҳам садақа аст ва ба ҳар гоме, ки ба сӯи намоз мениҳӣ, садақа аст, дур кардани чизҳои озордиҳанда (монанди хасу хошок ва сангу кулӯх ва ғайра) аз роҳ садақа аст.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадииси шумораи 4 зикр шудааст: 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур баёнгари ин аст, ки мафҳуми садақа дар асли маънои худ (бахшандагӣ ва саховатмандӣ) маҳдуд намебошад, аз ин рӯ садақа кардан ба сарватмандон хос набуда, балки ҳар шахс метавонад онро дар бештари вақтҳо бе ранҷу заҳмат анҷом диҳад, зеро ҳар амал ва сухани неке, ки аз инсон сар занад, дар номаи аъмолаш садақа навишта хоҳад шуд.

Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

Лутфу меҳрубонӣ кардани Худованд ба бандагонаш, зеро Аллоҳ таъоло дарёфт намудани аҷру савобро барояшон осон гардондааст.

  1. – Шукргузорӣ кардани Худованди бузург барои аъзои ҳисскунанда, (монанди гӯш, бинӣ, забон, даҳон) ва инчунин барои неъматҳои дигар воҷиб мебошад.
  2. – Яке аз роҳҳои сипосгузории Аллоҳ таъоло, ёрӣ ва кӯмак намудани дагарон дар корҳои хайр мебошад. 4 – Оштӣ додан миёни рафиқон ва бародарони қаҳришуда воҷиб мебошад.
  3. – Яке аз ахлоқҳои ҳамидаи исломӣ, хитоб намудани мардум бо суханони хуб мебошад.
  4. – Ба масҷид рафтан сабаби дарёфти савобу подоши илоҳӣ ва маҳв шудани гуноҳон аз номаи аъмол мегардад. 7 – Бояд ба дур кардани ашёе, ки сабаби ранҷу озори мардум дар мадраса ё дар кӯча мегарданд, аҳамият дода шавад. 8 – Аз андохтани хокрӯба ва фузлаҷот дар кӯча пешгирӣ шавад, чун амали мазкур мухолифи таълимоти исломӣ мебошад.

9 – Гузоштани фузлаҷот ва хасу хошок дар ҷои муносиб яке аз одоби исломӣ ба шумор меравад.

4 – Пурсишҳо:

1 – Миёни бародарон ва рафиқон оштӣ додан чӣ ҳукм дорад? 2 – Роҳҳои хайрро, ки дар ҳадис омадааст, баршуморед! 3 – Бо истифода аз мазмуни ҳадиси гузашта аз назофат ва тозагӣ ҳарф бизанед!

ҲАЗАР КАРДАН АЗ ОТАШ

38 – Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: “Хонае дар Мадина шабонгоҳ дар ҳоле, ки аҳлаш дар дохили он буданд, оташ гирифт ва чун Расули Худо (с) аз ҳолашон бохабар шуд фармуд: “Ин оташ душмани шумост, вақте хоб меравед, онро хомӯш кунед.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят намуданд.) 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдуллоҳ писари Қайси Ашъарӣ мебошад. Мавсуф яке аз саҳобагони машҳур аст, ки нахуст дар Макка мусалмон шуда, сипас ба Ҳабаша ҳиҷрат кардааст. Ӯ ҳокими шаҳри Куфа буда, дар сол 50-и ҳиҷрӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Дар ин ҳадис амри мутлақ барои хомӯш сохтани оташ омадааст, зеро гоҳо аз чароғи равғанӣ оташаке бар матоъу ашёи хона афтида, сабаби сӯхтори бузург мегардад. Бино бар ин бояд аз авзоъи хона огоҳу ҳӯшёр бошем. Агар аз шароити оташдон дар хона итминону боварӣ дошта бошем, хомӯш сохтани он воҷиб нест.

  1. – Дастуроту пандҳои ҳадис:
  2. – Бояд аз бозӣ кардан бо оташ худдорӣ карда шавад.
  3. – Бозӣ кардан бо гӯгирд ва оташгира сабаби рух додани сӯхторҳои бузург мегардад.
  4. – Бояд аз дастгоҳи гоз пеш аз хабардор кардани аҳли хона истифода карда нашавад.
  5. – Баъди истифода кардани оташ хомӯш кардани он лозиму ҳатмӣ мебошад.
  6. – Утоқе, ки дар он оташ ё дастгоҳи гармкунӣ мебошад, набояд қуфл карда шавад.
  7. – Бояд ба гузоштани асбобу олоти сӯхторхомӯшкунӣ дар хона ё мадраса ё мошин аҳамият дода шавад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Вақте ки Паёмбари Худоро аз сӯхтани хонае дар Мадина дар ҳоле, ки аҳлаш дохили он буданд, бохабар сохтанд, он ҳазрат (с) фармуд: ……………..

Ин ҳадисро пурра намоед.

  1. – Аз Абумӯсои Ашъарӣ ҳар чӣ медонед, бозгӯ намоед! 3 – Се панд дар мавриди барҳазар кардани Ислом аз оташ ва дастгоҳҳои гармкунӣ бигӯед!

МАНЪ КАРДАНИ ИСЛОМ АЗ АЗОБДИҲИИ ҲАЙВОН

39 – Аз Абдуллоҳ писари Умар ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Азоб карда шуд зане аз ҷиҳати гурбае, ки онро зиндонӣ намуда, на таъомаш доду на серобаш кард ва ҳатто ӯро нагзошт, ки аз ҳашарот ва хазандагони замин бихӯрад, то ин ки он гурба мурд ва дар баробари кайфари он зани мазкур ба дӯзах дохил шуд.”

(Бухорӣ ва Муслим ин ҳадисро ривоят кардаанд.)

1 – Шарҳи холи ровӣ дар ҳадиси шумораи 3 зикр шудааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур бар ин далолат мекунад, ки озору азоб додани ҳамаи ҳайвонот ва паррандагон дар Ислом мамнӯъ мебошад. Агар паррандагон ва ҳайвонот барои ороишу зинати хона бошанд, чун тутӣ, кабӯтар ё заргӯш ҳар навъ озору азият додани онҳо, монанди зиндонӣ кардани онҳо ё таъому об надодан дар дини мо гуноҳу маъсият шумурда мешавад. Зане, ки дар ҳадиси фавқ зикр гардид, сирф ба сабаби як гурба гирифтори оташи дӯзах шуд ва ба ҳамин қиёс аст барои бақияи ҳайвонот ва паррандагон.

Қиссаи Абдуллоҳ писари Умар (р) дар ин маврид машҳур аст, ки рӯзе эшон кӯдакеро дид, ки дар гардани мурғе ресмон баста, онро мекашид, Абдуллоҳ писари Умар гуфт: “Худованд

лаънат кардааст касеро, ки парранда ё ҳайвонеро азоб медиҳад.”

3 – Нишондодҳо ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Барҳазар кардани мусалмон аз озору ситами ҳайвоноту паррандагони гуногун хоҳ онҳо барои зинату ороиш бошанд, чун кабӯтар, тутӣ, заргӯш ё барои дигар мақсад бошанд, чун сагҳо, гурба ва ғайра.
  2. – Азобу шиканҷа додани онҳо, чунончӣ надодани ғизову хӯрока барояшон гуноҳи бузург мебошад.
  3. – Набояд аз падару модар исроркорона харидани парранда ё ҳайвонеро талаб намоӣ, зеро агар ту дар парваришу ғизодиҳии онҳо тақсир ва кӯтоҳӣ бикунӣ, гунаҳкор мешавӣ. 4 – Меҳрубонӣ ва дилсузӣ нисбати ҳайвонот ва паррандаҳо сабаби даромадан ба биҳишт мегардад, зеро дар ҳадиси дигари паёмбар (с) омадааст: “Худованд гуноҳони мардеро ба сабаби сероб кардани саги ташна мағфирату омурзиш кардааст.”
  4. – Пурсишҳо:

1 – Аз Абдуллоҳ писари Умар чӣ маълумоте доред? 2 – Чаро Худованд зани мазкурро ба сабаби гурбае азобу кайфар додааст?

3 – Нисбати ҳайвонот ва паррандагони хонагӣ чӣ гуна рафтор мекунӣ?

test

Добавить комментарий