Дӯст Доштани Паёмбар (С)

Дӯст Доштани Паёмбар (С)

45 – Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар фармуданд: “Имони ҳеҷ яке аз шумо комил намегардад, то ин ки ман дар назди вай аз падару фарзандаш ва аз тамоми мардум маҳбубтар бошам.”

(Ин ҳадисро имом Бухорӣ ривоят кардааст)

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Анас писари Молики Ансории Хазраҷӣ мебошад. ӯ даҳ сол паёмбар (с)-ро хидмат намуда, ҳадисҳои зиёде аз он ҷаноб (с) ривоят кардааст. Мавсуф охирон саҳобае буд, ки дар шаҳри Басра вафот кард.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур далел бар он аст, ки дӯст доштани паёмбар (с) бар ҳар мусалмон воҷиб мебошад. Аломату нишонаи дӯстдории он ҳазрат (с) ин аст, ки аз роҳу равиши паёмбар (с) пайравӣ карда, шариъати волояшро ҳимоя мекунему мухолифони онро саркӯб менамоем.

Имом Қуртубӣ, яке аз уламои ҳадис мегӯяд: Ҳар касе, ки ба паёмбар (с) имони саҳеҳ биёварад, аз ин гуна муҳаббату дӯстдорӣ холӣ намебошад, лекин мусалмонҳо дар ин замина бо ҳам фарқ доранд, зеро баъзеяшон, аз ин муҳаббат насиби бузург дарёфта ва баъзе дигар баҳраи кам гирифтаанд. Бо вуҷуди ин ҳам вақте дар назди аксари онҳо ёде аз паёмбар (с) шавад, ангезаву шавқи дидори он ҳазрат (с) дар дилашон

чунон ҷӯш мезанад, ки дидори мубораки паёмбари акрамро аз зану фарзанд, падару модар ва тамоми дору мадораш беҳтар мешуморад.

3 – Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

1- Муҳаббату дӯст доштани паёмбар (с), инчунин муқаддам доштани муҳаббати ӯ бар ҳама чиз воҷиб мебошад. 2 – Дуруд фиристоданат бар паёмбар (с) вақти зикр шудани номаш аз ҷумлаи муҳаббати мазкур ба шумор меравад. 3 -Пайравӣ ва фармонбардорӣ намудани мо аз паёмбар (с) воҷибу ҳатмӣ мебошад.

  1. – Ҳар шахсе, ки муҳаббати касеро бар муҳаббати он ҳазрат (с) муқаддам медорад, мӯъмини ҳақиқӣ намебошад.
  2. – Ҳар касе, ки бар паёмбар (с) як дуруд фиристад, Худованд дар ивази он барояш даҳ дуруду раҳмати хешро мефиристад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Муҳаббату дӯстдории паёмбар (с) чӣ ҳукм дорад.
  2. – Дӯст доштани паёмбар (с) чӣ мафҳуму маъно дорад?
  3. – Ҳар вақте ки номи паёмбарро бишнавед, чӣ мегӯед?
  4. – Ҷумлаи зеринро пурра намоед: Паёмбар (с) фармуданд:

“Имони ҳеҷ яке аз шумо комил намегардад…………………..”

НИШОНАИ МУНОФИҚ

46 – Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Нишонаи мунофиқ се аст: Ҳар гоҳ, ки сухан кунад, дурӯғ мегӯяд ва ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф мекунад ва ҳар вақте ки амин қарор дода шавад (дар наздаш амонат гузошта шавад) хиёнат мекунад.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 баён шудааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис мусалмонро аз одат кардан ба хислатхои мазкур барҳазар медорад, зеро хавфи он меравад, ки хислатҳои баёнгардида соҳибашро ба нифоқи ҳақиқӣ мубтало месозад.

Аз ин ҷо қиссаи Саълаба бароямон равшан мегардад, ки Худованд дар бораи ӯ мегӯяд:

“Пас Худованд аз ҷиҳати ин ки онҳо (мушрикон) хилофи ваъда мекарданд ва дурӯғ мегуфтанд, оқибат дар дилашон нифоқро андохт, то рӯзе ки бо Парвардигорашон рӯ ба рӯ шаванд”. Зеро ҳамин хилофи ваъда ва дурӯғгӯӣ буд, ки ӯро ба куфр кашонид.

Бино бар ин ҳадиси мазкур мусалмонро аз пазируфтани ахлоқи мунофиқон ва одат кардан ба он барҳазар медорад.

3 – Дастурот ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Яке аз нишонаҳои азамату бузургии Ислом ин мебошад, ки ҳамеша ба муқобили одатҳои бад ва ахлоқҳои разила

мубориза бурдааст, чун дурӯғгӯӣ, хилофи ваъдакунӣ, хиёнат варзидан ва ғайра.

  1. – Ҳазар кардану дурӣ ҷустан аз нифоқ, зеро дар назди Худо гуноҳи нифоқ аз куфр бузургтар аст.
  2. – Бояд шахси мусалмон худро аз ахлоқ ва сифоти мунофиқон нигоҳ дорад.
  3. – Касе, ки авсофи мунофиқиро касб менамояд, бегумон мавриди қаҳри Худо ва нафрати мардум қарор хоҳад гирифт. 5 – Баъзе аз сифоти мӯъмини ростин ин мебошад, ки ҳар вақте ҳарф занад, рост мегӯяд ва ҳар вақте ваъда дод, ба ваъдааш вафо мекунад ва ҳар вақте ба ӯ амонат дода шавад, хиёнат намеварзад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Ду сифате аз сифоти мунофиқонро бигӯед!
  2. – Аз ҳадиси мазкур се панд баён намоед!
  3. – Гуноҳи кадоми ин ду бузургтар аст: Куфр ё нифоқ.

АФВУ БАХШИШ

47 – Оиша (р) мегӯяд: Ҳаргиз мухайяр нагардид Расули Худо (с) миёни ду кор, магар ин ки осонтари онро мегирифт, модоме ки он гуноҳ намебуд. Агар амри мазкур гуноҳ мебуд, он ҳазрат (с) дуртарини мардум аз он буд ва ҳаргиз паёмбар (с) барои худ дар ҳеҷ чизе интиқом нагирифт, магар вақте ки ҳарими Худо поймол шуда бошад, ки он гоҳ барои Худо интиқом мегирифт.

(Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанад.) 1 – Шарҳи ҳоли ровия дар ҳадиси шумораи 27 гузашт.

2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур бар самоҳату осонгирии оини Ислом далолат намуда матлаби зерро бозгӯ мекунад, ки он ҳазрат (с) миёни ду коре аз корҳои дунё мухайяр нагардид, магар ки ӯ осонтарашро ихтиёр мекард, модоме ки амали мазкур гуноҳ намебуд, агар он гуноҳ мебуд, албатта он ҳазрат (с) кори савоб ва дурустро бармегузиданд.

Паёмбари Худо (с) ҳеҷ гоҳ барои худ интиқом намегирифт, чи тавре ки ӯ нисбати ду араби бодиянишин афву бахшиш намуданд, ки марди аввалӣ садои хешро бар паёмбар баланд карда буд, аммо марди дуввум аз ридои он ҳазрат чунон кашид, ки дар шонаи муборакашон таъсир гузошт. Ва ин бархурди паёмбар нисбати онҳо далолат бар афву

бахшандагии он ҳазрат (с) мекунад, вале дар ҳуқуқи Худованд болои бандагон ҳеҷ гоҳ ӯ бахшиш ва гузашт намекарданд. 3 – Суфоришот ва фавоиди ҳадис:

1 – Ислом дини осонгирӣ ва бахшандагист, модоме ки афву бахшиш дар поймол намудани қавонини илоҳӣ набошад. 2 – Бахшидани лағжишҳои ягдигар сабаби истиҳкоми дӯстӣ ва бародарӣ миёни мусалмонон мегардад.

  1. – Бояд, ки мо аз пайғамбари Худо (с) афву бахшандагӣ ва сабру шакебоиро биёмузем.
  2. – Мусалмоне, ки афву бахшиш менамояд, подоши бузургеро аз тарафи Худо ба даст хоҳад овард.
  3. – Бахшидани гуноҳи касе аз ҷиҳати заъифӣ ва нотавонӣ нест, балки маҳз барои ҳосил намудани аҷру савоби Худованд мебошад.
  4. – Сукут кардан дар баробари мункар ва гуноҳ, афву бахшандагӣ ба шумор намеравад.

4 – Пурсишҳо:

1 – Аз модари мусалмонон – Оиша (р) чӣ маълумоте доред? 2 – Ҷумлаи зеринро пурра намоед: “Аз Ойша (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Расули Худо (с) миёни ду коре мухайяр нагардид…”

3 – Дар паҳлӯи ҷумлаҳои зерин аломати дуруст (v) ё аломати нодуруст (х) гузоред:

А – Сукут кардан дар баробари мункар (гуноҳ, бидъат) авфу бахшиш намебошад.

Б – Афву бахшиш нотавонӣ ва заъифӣ шуморида мешавад. В – Афву гузашт дар корҳои махсус ва муъайян мебошад.

test

Добавить комментарий