Ҳаром будани ҳаҷр (қаҳригӣ) дар Ислом

Ҳаром будани ҳаҷр (қаҳригӣ) дар Ислом

48 – Аз Абуаюб (р) ривоят шуда, ки паёмбар фармуд: “Барои мусалмон раво нест, ки беш аз се шаб бародарашро тарк кунад, ки бо ҳам рӯ ба рӯ шаванд, аз ҳамдигар рӯй гардонанд ва беҳтарашон касест, ки оғози салом мекунад.” (Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят карданд.) 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Холид писари Зайди Ансорӣ мебошад. Ӯ дар паймони Ақабаи дуввум ва ҷанги Бадр ва тамоми ғазоҳо ҳамроҳи паёмбар (с) ширкат варзидааст. Мавсуф аз ҷумлаи котибони паёмбар буда, баъди вафоти он ҳазрат ҳамеша ҷиҳод менамуд, то ин ки соли 51-и ҳиҷрӣ дар ҷанги Қунстантиния ба шаҳодат расид.

2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ин матлабро баён менамояд, ки қаҳрӣ намудани мусалмон бо бародари мусалмонаш беш аз се рӯз дуруст нест. Инчунин аз мафҳуму муҳтавои ҳадиси мазкур бармеояд, ки қатъи робита (қаҳрӣ намудан) то се рӯз ҷоиз мебошад.

Ҳикмату сабаби ҷоиз буданаш ин аст, ки дар табиъату сиришти ҳар инсон хашму ғазаб ва каҷрафторӣ вуҷуд дорад, аз ҳамин ҷиҳат шариъати исломӣ барои ӯ иҷозат дода, то муддати се рӯз бо бародари мусалмонаш, агар Худои нахоста

кадом ҷанҷоле дар миёнашон сар занад, қатъи робита (қаҳрӣ) кунад, то ин ки дар муддати мазкур ғазаби фитриаш дур шуда, гирифтори кадом осебу зарар нагардад, яъне дар рӯзи аввал оташи хашмаш хомӯш гардида, дар рӯзи дуввум нафси хешро мавриди бозпурсӣ ва сарзаниш қарор медиҳад, мунтаҳо дар рӯзи саввум аз бародараш узрхоҳӣ намуда, оштӣ менамояд. Агар амри мазкур аз се рӯз бештар тӯл бикашад, албатта ӯ ҳуқуқи бародари мусалмонро поймол кардааст.

3 – Дастурот ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Дини Ислом мусалмононро ба улфату дӯстӣ ва таҳкими равобит бо ҳамдигар даъват менамояд.
  2. – Бояд шахси мусалмон аз хилофоту хархашаҳое, ки сабаби қатъи робита (қаҳрӣ) намудан бо бародари мусалмонаш мегардад, парҳез намояд!
  3. – Инчунин набояд мусалмон бо бародараш аз се рӯз бештар қаҳрӣ намояд!
  4. – Оштӣ додани миёни дӯстон, агар дар миёнашон кадом душмание сар занад, бар дӯши дигар мусалмонон воҷиб мебошад.
  5. – Ҳар вақте ки бародари мусалмонат бо ту қаҳрӣ намояд, дар ин сурат кӯшиш кун, ки аввал ту бар ӯ салом дода, оғози сухан намоӣ, зеро амали мазкур дар назди Худо бароят беҳтар мебошад.
  6. – Агар ба шахсе ки бо ту қаҳрӣ намудааст салом бидиҳӣ, гуноҳонат дар назди Худо коста мешавад.

4 – Пурсишҳо:

1 – Ҷумлаи зеринро пурра созед: (Раво нест барои мусалмон, ки бародарашро ……. тарк (қаҳрӣ) намояд). 2 – Қаҳрӣ намудани мусалмон бо бародараш чӣ ҳукм дорад? 3 – Кадом навъ қаҳрикунанда дар назди Худо беҳтар мебошад?

ФАЗИЛАТИ ОМӮХТАНИ ҚУРЪОН ВА ТАЪЛИМ ДОДАНИ ОН

49 – Аз Усмон писари Аффон ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: “Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро омӯхта, ба дигарон таълим диҳад.”

(Бухорӣ ин ҳадисро ривоят кардааст.)

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Усмон писари Аффон мебошад. Ӯ саввумин халифаи муслимин ба шумор меравад. Мавсуф яке аз даҳ нафаре мебошад, ки Паёмбари Худо (с) онҳоро ба даромадани биҳишт мужда додааст. Баъд аз пазируфтани Ислом, нахуст ба тарафи Ҳабаша, сипас ба Мадина ҳиҷрат кардааст ва дар соли 35-и ҳиҷрӣ дар он ҷо ба шаҳодат расид.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси фавқ ин маъниро ифода менамояд, ки бартарӣ ва беҳтарӣ насиби касе мебошад, ки ӯ Қуръонро омӯхта,ба дигарон таълим медиҳад, зеро суду манфиъаташ дар ин сурат дучанд мегардад. Бар хилофи он ки фақат худ Қуръонро омӯзад, вале ба дигарон онро таълим надиҳад, бинобар ин ҳар касе Қуръонро омӯхта, ба дигарон таълим медиҳад, дар ҳақиқат аз музду савоби он бархурдор гашта,ба дигарон низ манфиъат мерасонад, маҳз ба ҳамин сабаб ӯ беҳтарин мусалмон шуморида мешавад.

  1. – Суфоришҳо ва андарзҳои ҳадис:
  2. – Омӯхтани Қуръон беҳтарину бузургтарин амалҳо дар назди Худованд ба ҳисоб меравад.
  3. – Бояд шахси мусалмон нисбат ба омӯхтани Қуръон дар мадраса, хона, ва ҳалқаҳои омӯзиши Қуръон дар масҷидҳо аҳамият бидиҳад.
  4. – Дар хурдсолӣ азбар кардани ҳар чизе дар зеҳну хотири инсон устувортар мемонад, аз ин ки дар бузургсолӣ онро азёд карда бошад.
  5. – Дар ҳар ҳарфи Қуръон, ки мусалмон мехонад, даҳ аҷру савоб ҳосил менамояд.
  6. – Татбиқ намудани аҳкому қавонини таҷвид дар аснои хондани Қуръон беҳтар аст, аз омиёна хондани он. 6 – Бояд мусалмон қабл аз шурӯъ кардан дар хондани Қуръон (Аъузу биллоҳи мина шайтони-р-раҷим) бигӯяд. 7 – Ба тозагии китоби Қуръон ва ба чиркин нашудани саҳифаҳову ғилофи он аҳамият дода шавад. 8 – Бояд шахси мусалмон қабл аз хондани Қуръон таҳорат намояд, агар вузӯ надошта бошад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Беҳтарини мардум кист?
  2. – Дар паҳлӯи ҷумлаҳои зерин аломати дуруст (v) ё аломати нодуруст (х) гузоред:

А – Азбар намудани чизе дар бузургсолӣ беҳтар аст, аз ҳифз намудани он дар хурдсолӣ ( ).

Б – Қироате, ки дар он қоъидаҳои таҷвид амалӣ карда намешавад, беҳтар аст, аз қироате, ки дар он қавоъиди мазкур риъоя карда мешавад ( ).

В – Мусалмон вақти хондани Қуръон бе вузӯ мебошад ( ).

  1. – Аҷру подоши хондани Қуръон чӣ қадар мебошад?

ТАЪСИРИ РАФИҚОН БА ИНСОН

50 – Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Мисоли ҳамнишини солиҳ ва ҳамнишини бад монанди дорандаи мушк ва дамандаи дамаи оҳангар аст, ки дорандаи мушк ё бароят мушк медиҳад ва ё аз вай чизе харидорӣ мекунӣ ва ё аз ӯ бӯи хушро меёбӣ ва дамандаи дамаи оҳангар ё либосатро месӯзонад ва ё аз ӯ бӯи бад ба машомат мерасад.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.) 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 баён гардид.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис бар он далолат мекунад, ки ҳамнишинӣ бо ашхоси солиҳу накӯкор дар некбахтшавии инсон таъсир мегузорад, зеро ҳар инсон ба дӯсту рафиқаш пайравӣ ва тақлид менамояд ва низ ҳамнишинӣ бо ашхоси бад ва разил инсонро ба бадбахтӣ мебарад. Воқеъан паёмбар (с) барои равшан сохтани ин ҳақиқат ду мисоли хубе баён фармудаанд.

  1. – Дастурот ва андарзҳои ҳадис:
  2. – Ислом ба насиҳат кардани фарзандон, ки бо ашхоси солиҳ ва покбоз ҳамнишинӣ кунанд, таваҷҷуҳи калон медиҳад.
  3. – Инсон аз рафиқи худ дар корҳои хуб ва бадаш таъсирпазир мебошад.
  4. – Бояд ба муҷоласату ҳамнишинӣ кардан бо одамони хуб ва накӯкор аҳамият дода шавад.
  5. – Яке аз фавоиди ҳамнишинӣ ва рафоқат бо шахсони накӯкор ин мебошад ки онҳо ҳамеша инсонро ба кори нек раҳнамоӣ карда, аз аъмоли бад бозмедоранд.
  6. – Мусалмон аз рафоқат ва дӯстии ашхосе дурӣ меҷӯяд, ки эшон дорои одатҳо ва хислатҳои бад мебошанд, монанди коҳилнамозӣ, сигор кашидан ва ғайра.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Ҷумлаҳои зайлро пурра намоед: А – Мисоли ҳамнишини солиҳ…

Б – Мисоли ҳамнишини бад …

  1. – Аз ҳамнишинӣ ва ҳамдамӣ бо ашхоси солиҳ ва накӯкор чӣ баҳраву фоида меёбӣ?
  2. – Аз ҳадиси мазкур ду панд бозгӯ намоед!
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.