Некӯӣ ба падару модар

51 – Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Марде дар ҳузури Паёмбари Худо (с) гуфт: Эй Расули Худо (с) кадом кас ба хушрафториам сазовортар аст? Он ҳазрат (с) фармуд: “Модарат.” Он мард гуфт: Боз кадом? Паёмбар фармуд: “Модарат.” Марди мазкур гуфт: Боз кадом? Он ҳазрат (с) фармуд: “Модарат.” Бори дигар гуфт: Боз кадом? Расули Худо (с) фармуд: “Падарат.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

  1. – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 7 гузаштааст.
  2. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур бар ин далолат мекунад ки хушнудии модар бар хушнудии падар муқаддам буда, се баробари падар эҳтиром кардани модар ва хушнуд сохтанаш воҷиб мебошад. Ин амр аз он ҷиҳат аст, ки модар тамоми мушкилоти хамлу бордорӣ, сипас зоидан ва шир доданро ба танҳоӣ таҳаммул менамояд. Қуръони карим ҳам ба ин нукта дар чанд ҷой ишора карда мегӯяд: Ва амр кардем инсонро ба некӯкорӣ дар ҳақи падару модараш, ки ӯро модараш бо душворӣ дар шиками худ бардошта ва сипас ӯро бо душворӣ зодааст.

(Аҳқоф: 15)

Ва васият намудем инсонро ба некӯӣ кардан нисбати падару модараш, ки ӯро дар шиками худ дар ҳолати сустӣ болои сустӣ бардоштааст.

(Луқмон: 14)

Қозӣ Аёз, яке аз олимони саршинохтаи Ислом мегӯяд: тамоми уламо бар ин ақидаанд, ки модар бар падар дар ҳолати калонсолӣ се баробар фазилату бартарӣ касб менамояд.

3 – Дастурот ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Накуӣ намудан ба падару модар, фармонбардории онҳо ва инчунин саркашӣ накардан аз гуфтаи эшон бар ҳар мусалмон воҷиб мебошад.
  2. – Саркашӣ намудан аз тоъати падару модар ва озор додани эшон бо сухане ё рафторе, сабаби даромадани инсон ба дӯзах мегардад.
  3. – Итоъат кардани падару модар боиси сарафрозии инсон ба биҳишт мешавад.
  4. – Пурсишҳо:
  5. – Сазовортарини мардум ба хушсуҳбатӣ ва хушрафтории инсон кист? Чаро паёмбар (с) забонро хос кардаанд?
  6. – Аз ҳадиси мазкур се панд зикр намоед.
  7. – Дар паҳлӯи ҷумлаҳои зерин аломати дуруст (v) ё аломати (х) нодуруст гузоред:

А – Саркашиӣ намудан аз фармони падару модар ва инчунин озор доданашон бо сухан ё рафтори бад сабаби даромадани инсон ба биҳишт мегардад ( ).

Б – Дуъо намудан барои падару модар дар зиндагӣ ё баъд аз маргашон, эҳсону некӯӣ кардан нисбат ба онҳо мебошад

( ).

В – Эҳтиром накардани дӯстони падару модар некӯӣ кардан ба падару модар шуморида мешавад ( ).

  1. – Ҷумлаи зеринро пурра намоед: “Гуфт: Эй Расули Худо (с), кист сазовортарини мардум ба хуш…”

НИГОҲ ДОШТАНИ ЗАБОН ВА ДАСТ АЗ ТАҶОВУЗ

52 – Аз Абумӯсо ривоят шуда, ки гуфт: Гуфтам эй Расули Худо! Кадом мусалмон беҳтар аст? Фармуд: “Он ки мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бимонанд.” (Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст).

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 зикр карда шуд. 2 – Тафсили маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур далолат менамояд, бар ин ки бояд ҳар мусалмон забони хешро аз таҷовуз ва озори дигарон нигоҳ дорад, зеро ӯ баёнкунандаи ният ва мақосиди дохили инсон мебошад. Ҳамчунин ин ҳадис бар нигоҳ доштани даст аз корҳои бад далолат мекунад, зеро бештарини корҳо ва амалҳо ба воситаи даст анҷом меёбад. Дар зикр кардани даст аз байни дигар узвҳо нуктае пӯшидааст, зеро суфориши паёмбар (с) дасти маҷозиро ҳам дарбар мегирад, монанди истило ва таҷовуз намудан бар ҳуқуқи дигарон бидуни кадом сабаб ва ҳақи шаръӣ.

3 – Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

  1. – Таҷовуз накардан бар ҳуқуқи дигарон ҳарчанд, ки таҷовузи мазкур кам бошад.
  2. – Дашном накардан ба касе аз мардум.
  3. – Ёд кардани мардум бо сухане, ки аз он меранҷанд, озор додани онҳо шуморида мешавад.
  4. – Бояд аз суханчинӣ ва хабаркашие, ки сабаби душманӣ ва ҷудоӣ дар миёни дӯстон мегардад, парҳез карда шавад. 5 – Нагирифтани чизе аз рафиқон, мисли қалам, ҷадвал ва ғайра, магар ба иҷозаи онҳо.

4 – Пурсишҳо:

1 – Аз саҳобии бузург Абумӯсои Ашъарӣ чӣ маълумот доред? 2 – Беҳтарини мусалмонҳо кист?

3 – Бо истифода аз мазмуни ҳадиси мазкур, дар мавриди бародарӣ ҳарф занед!

ДОНИШТАЛАБӢ ВОҶИБ МЕБОШАД

53 – Аз Анас ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуд: “Талаб намудани илм бар ҳар мусалмон фарз мебошад.”

(Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 6 баён карда шуд. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур баёнгари ин аст, ки талаб намудани илм аз ҷумлаи бузургтарини фарзҳову воҷибот бар дӯши мусалмон мебошад. Мақсуд аз илми дар ҳадис зикргардида донишест, ки тарси аз Худо, тавозӯъ ва бурдбориро дар инсон эҷод намуда, дар зиндагӣ ва пас аз марг ӯро нафъ мебахшад. Чунончи дар Қуръон омада: Ҳамоно аз Худованд бандагони донишманд метарсанд.

(Фотир: 28)

Писандидатарин тарзи доништалабӣ ин аст, ки толибилм тамоми ҳиммату кушиши худро дар омӯхтани илми ба мерос мондаи паёмбар (с) харҷ намуда, дар фаҳмидани муроду мақсуди амру наҳйи паёмбар ва умуман суханони ӯ ҷаҳду кӯшиш намояд, инчунин илми мазкурро бар дигар улум муқаддам дошта, тибқи он амал кунад.

3 – Фавоид ва пандҳои ҳадис:

  1. – Возиҳ гардидани азамату бузургии Ислом, ки илмро сабаби комёбӣ дар дунё ва охират гардондааст.
  2. – Донистани ин, ки Ислом дигар динҳоро дар даъват намудан ба илму омӯзиш, сабқат намудааст.
  3. – Талаби илм бар ҳар мард ва зани мусалмон воҷиб аст. 4 – Дар Ислом шахси олим аз шахси обид ва порсо беҳтар аст.

5 – Нияти холис дар талаби илм, омӯзишу пажӯҳиш ва ихтироъ карданро чун ибодати Худованд мегардонад, иншоаллоҳ.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Ду панд аз ҳадис бигӯед.
  2. – Ҷумлаҳои зеринро пурра намоед:

А – Талаби илм фарз аст бар ҳар … ва … Б – Дар Ислом шахси олим аз … беҳтар мебошад.

ҲАҚИ РОҲ

54 – Аз Абусаъиди Худрӣ ривоят аст, ки паёмбар(с) фармуд: “Аз нишастани дар роҳҳо бипарҳезед!” Гуфтанд: эй Расули Худо, мо чорае аз ин нишастанҳоямон надорем, ки дар он сӯҳбат мекунем. Расули Худо (с) фармуд: “Ҳар гоҳ ногузир аз нишастан шудаед, пас ҳақи роҳҳоро бидиҳед.” Гуфтанд: ҳақи роҳ чист, эй Расули Худо? Фармуд: “Пӯшидани чашм (аз нигаристан ба номаҳрамон) ва худдорӣ аз азият ва озори дигарон ва ҷавоб додани салом ва амр кардан ба корҳои писандида ва манъ кардан аз корҳои бад.”

(Ҳадиси фавқро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.) 1 – Шарҳи ҳоли ровӣ:

Саъд писари Молик, Молик писари Синони Ансорӣ мебошад. Ӯ аҳодиси зиёде аз паёмбар (с) ривоят кардааст. Мавсуф соли 53-и ҳиҷрӣ дар шаҳри Мадина аз дунё даргузашт.

  1. – Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис мусалмононро аз нишастани дар роҳҳо манъ менамояд. Ҳикмату сабаби манъ кардан ин аст, ки инсон ба сабаби нишастанаш дар роҳ худро дучори фитна месозад, зеро гоҳо чашмаш ба занҳои номаҳрам меафтад, инчунин дар вақти нишастани дар роҳ риъоя кардани фармонҳои илоҳӣ ва ҳуқуқи муслимин бар души ӯ гузошта мешавад. Агар ӯ дар хонаи худ нишинад, ҳеҷ гоҳ гирифтори фитна нашуда, бар дӯшаш дигар масъулиятҳои изофӣ илова намегардад.

  1. – Суфоришиҳо ва андарзҳои ҳадис:
  2. – Нишастан бо дӯстон дар хона беҳтар аст, аз истодан дар кӯча ва роҳ.
  3. – Бояд шахси мусалмон аз бозӣ кардан дар роҳ худдорӣ намояд.
  4. – Пӯшидани чашм аз нигоҳ кардан ба номаҳрамон воҷиб мебошад.
  5. – Ҳар вақте ки нишастан дар роҳ ногузир бошад, пас бояд нисбати мусалмонҳо озор расонда нашавад.
  6. – Бар шахсе, ки дар роҳ менишинад, амалҳои зерин воҷиб мегардад: Ҷавоб додани салом, раҳнамоӣ кардан дигарон ба корҳои хуб ва барҳазар карданашон аз корҳои бад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Се ҳақи роҳро баён намоед!
  2. – Ҷумлаҳои зеринро пурра созед:

А – Нишастан ҳамроҳи дӯстон дар … беҳтар аст аз истодан дар …

Б – Баъзе аз ҳуқуқи роҳ ҷавоб додани … ва раҳнамоӣ кардан ба … ва бар ҳазар кардан аз …

  1. – Ҷумлаи зеринро пурра намоед: Паёмбари Худо (с) фармуд: “Бипарҳезед аз нишастани …”

ИСЛОМ БА ҚУВВАТУ НЕРӮ АМР МЕНАМОЯД

55 – Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо фармуд: “Дар назди Худо мӯъмини қавӣ ва нерӯманд аз мӯъмини заъифу нотавон беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар кадомашон хайру некӣ вуҷуд дорад. Талош куну ҳарис бош ба он чӣ, туро нафъ мерасонад ва аз Худованд ёрӣ хоста, ба аҷзу нотавонӣ тан дар мадеҳ ва ҳар гоҳ туро чизе бирасад, магӯ, ки агар ман чунин мекардам, чунину чунон мешуд, вале бигӯ, ки Худо муқаддар сохта буд ва он чӣ Худованд бихоҳад анҷом медиҳад, зеро калимаи “агар” дарвозаи васвасаи шайтонро боз мекунад”.

(Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.)

1 – Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 7 баён гардидааст. 2 – Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ин матлабро бозгӯ менамояд: Ҳар мӯъмине, ки дар анҷоми амалҳои динӣ иродаи қавӣ дошта бошад, беҳтар аст аз мӯъмини заъиф ва беирода, зеро мӯъмини қавиирода дар умури бузург, монанди ҷиҳод кардан дар роҳи Худо, сабр намудан дар ҷиҳоду набард, мубориза бурдан бар зидди аъмоли бад, ба ҷо овардани фармонҳои Аллоҳ таъоло, чун намозу рӯза ва ғайра ҷасурона иқдом менамояд, вале мӯъмини

заъиф бар ъакси ин мебошад, яъне камҷуръату камиқдом. Лекин бо вуҷуди ин ҳам ӯ аз хайру некӣ холӣ нест, зеро ӯ дорои неъмати бузург, имон мебошад. Сипас паёмбар (с) бандаи мӯъминро супориш медиҳад, ки ҳамеша дар тоъату бандагии Худо саъю талош карда, дар анҷом додани ҳамаи корҳо аз ӯ кӯмаку ёрӣ бихоҳад, зеро талошу кӯшиши банда бе ёрӣ ва маъунати Худо фоидае надорад.

3 – Дастурҳо ва андарзҳои ҳадис:

1 – Мӯъмини қавӣ аз мӯъмини заъиф беҳтар мебошад, зеро мӯъмини неруманд дар корҳои хайр бештар иқдом менамояд. 2 – Воҷиб аст бар мусалмон, ки дар тоъати Худо ва ёрӣ намудани дигарон аз қуввату нерӯи хеш истифода намояд. 3 – Бояд шахси мусалмон дар аснои шуғлу кор, дарсхонӣ ва умуман дар ҳама ҳолат қавӣ ва нерӯманд бошад. 4 – Вуҷуд доштани хайру некӣ дар мӯъмин, агарчанде ӯ заъиф бошад.

5 – Ислом ба тарбияи ҷисмонӣ даъват менамояд. 6 – Воҷиб аст бар шахси мусалмон, ки аз Худо ёрӣ хоста, ба корхои фоиданок талош варзад.

  1. – Бояд дар вақти омадани мусибат сабр намуда, ҳама чизро аз қисмату тақдири илоҳӣ бидонем.
  2. – Ба забон овардани калимаи “агар” аз ҷиҳати пушаймонӣ ба корҳои гузашта мамнуъ мебошад, зеро вожаи “агар” калиди дарвозаи васвасакунии шайтон ба шумор меравад.

4 – Пурсишҳо:

  1. – Қуввату нерӯ чӣ маъноро ифода менамояд?
  2. – Ҷумлаҳои зеринро пурра намоед:

А – Мӯъмини қавӣ дар назди Худо аз … беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар кадомашон …

Б – Мӯъмини қавӣ … аз қуввату нерӯяш дар тоъати Худо…

  1. – Чаро мӯъмини нерӯманд аз мӯъмини заъиф беҳтар аст?
test

Добавить комментарий