Вижагиҳои Ҳазрати ‎Зубайр (Р)

Аввалин Шамшерзани Ислом

         Ҳамон тавре, ки бахши бозтоби мусалмон шудани Зубайр (р) ишора шуд, ҳазрати ‎Зубайр (р) ба хотири ишқу ‎фаровон ба Расулуллоҳ ‎ (с) ва низ ба  далели шуҷоат ва ихлосе, ки дошт , Вақте ‎ хабари дастгир ва қатли Паёмбар (с)-ро шунид бедаранг даст ба шамшер бурд ва барои рӯёрӯи бо  сарони куфр ва ширк ба сӯи онон ҳар‎акат кард.  Дар ин лаҳазот ‎ буд, ки Худованди субҳон ин кори ҳазрати ‎Зубайр (р) ва ин садоқат‎ ва шуҷоату исори ӯро писандид Ҷабраилро   маъмурият дод, то салому дуруди Худовандро тавассути Расулаш (с)    ба Зубайр (р) бирасонад. Расулуллоҳ ‎(с) Зубайрро фаро хонд ва ба ӯ итминон дод, ки ҳоли муборакаш хуб аст. Сипас фармуд:  Ҷабраил (а) ташриф оварда, фармудааст:       

((ان الله یقرئک السلام و یقول لک اقرأ منی علی زبیر السلام، و بشره ان الله اعطاه ثواب کل من سل سیفاً فی سبیل الله منذ بعث الی ان تقوم الساعه من غیر أن ینقص من اجورهم شیئاً، لانه اول من سل فی سبیل الله))

Эй Муҳам‎мад! Ба ростӣ, ки Худованд бар ту дуруду салом фиристода, мефармояд: Салому дуруди маро ба Зубайр бирасонед ва ба ӯ мужда диҳед аз имрӯз то қиёмат ҳар‎ он кас, ки ба хотири Худо шамшер бикашад ( ва барои ҳифзу нашри дин талош кунад) савобаш ба Зубайр низ мерасад , бидуни ин ки аз савоби он шамшерзан ва муҷоҳид чизе коста шавад. Ва ин фазлу бузургӣ ба сабаби ин аст,  ки ӯ (Зубайр) аввалин касе, ки дар роҳи  Худо ва ба хотири ризои ӯ шамшерашро аз ниём кашида ( ва омодаи мубориза бо душманони дин шуд.)

test

Добавить комментарий