Муборизи бузурги набарди Бадр

         Яке аз рӯзҳои ‎ муҳим ва ба ёдмондании садри Ислом рӯзи воқеаи ‎Бадр аст. Ҳам‎он рӯз , ки  ҷанги нобаробаре дар ҳоли вуқӯъ буд ва Расулуллоҳ ‎(с­­) ба ҳам‎роҳии 313 тан аз ёрони гаронқадраш мебоист дар муқобили ‎ лашкаре, ки аз назари таҷҳизот ва омодагии низомӣ бар сипоҳи   Расулуллоҳ ‎(с) бартарӣ  дошт  вориди маърака шаванд. Ба ростӣ бисёр сахт ва тоқатфарсо буд, аммо Расулуллоҳ ‎(с) таваҷҷӯҳашро аз асбоби зоҳирӣ  қатъ  намуда, ба Холиқи ғолиб‎у тавоно  рӯй овард ва аз ӯ нусрату кӯмак талаб кард. Расулуллоҳ ‎(с) бо чашмони пур аз ашк, бо дили пур аз сӯз даст ба дур бардошт ва фармуд:  Бор илоҳо! Агар имрӯз ин мусалмонҳоро нусрат нафармоӣ, чи касе  Исломро ба дигарон бирасонад? Агар имрӯз инҳо ‎қатли ом шаванд, Ислом аз байн меравад… теъдоди мусалмонон дар он вақт ‎фақат ‎ҳамин афроде буданд, ки дар Бадр ҳузур ‎доштанд. Ба изофаи чанд нафаре , ки ба ҷоҳои  дигаре рафта буданд. Парвардигори ҷаҳониён дуои Паёмбарашро иҷобат намуд ва бо лашкариёни хеш лашкари Исломро дар Бадр тақвият ва ёрӣ  кард:

(إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُمْ بِأَلْفٍ مِنَ الْمَلائِكَةِ مُرْدِفِينَ)

  ( Эй мӯъминон ба ёд оред) замонеро, ки ( дар майдони корзори Бадр аз шиддати нороҳатӣ) аз Парвардигори хеш  дархости кӯмак ва ёрӣ ва ӯ дархости шуморо пазируфт, ( ва гуфт): ман шуморо бо як ҳазор фаришта кӯмаку ёрӣ  медиҳам‎, ки ин гурӯҳти ҳазор нафарӣ  гурӯҳҳои мутаъаддиди дигареро пушти сар доранд.[1]

.( وَلَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ بِبَدْرٍ وَأَنْتُمْ أَذِلَّةٌ فَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ * إِذْ تَقُولُ لِلْمُؤْمِنِينَ أَلَنْ يَكْفِيَكُمْ أَنْ يُمِدَّكُمْ رَبُّكُمْ بِثَلاثَةِ آلافٍ مِنَ الْمَلائِكَةِ مُنْزَلِينَ)

 Ва Худованд шуморо дар (ҷанги) Бадр пирӯз гардонид ва ҳол он ки (нисбат ба кофирон) ночиз ( ва аз шумори андаке бархурдор)  будед,  пас аз Худо битарсед , то шукри (неъмати) ӯро битавонед ба ҷо биёваред. Бадон гоҳ‎, ки ту ба мӯъминон мегуфтӣ :  Оё шуморо басанда нест, ки Парвардигоратон бо се ҳазор аз фариштагон фиристода (аз сӯи хеш барои оромии хотиратон) ёриатон кард? [2]

Бо ин тавсифи мухтасар аҳам‎ияти ҷанги Бадр ва мақому манзалати афроде, ки дар он ширкат доштанд, зоҳир гашт.  Худованди субҳон ба сабаби аҳам‎ияти ҳузур ‎дар чунин маъракае, ки ба ростӣ  фақат ‎имони қавӣ ва ишқ  ба Расулуллоҳ ‎(с) буд, ки одамонро дар он  ҷо нигаҳ медошт, аз тамоми аҳли Бадр эъломи ризоият намуд, ва ба онҳо ‎ ваъдаи ғуфрон, бахшиш ва биҳиштро дод.

Сипоҳи Ислом дар ин ҷанг  ҳафтод шутур ва ду асп ( ҳафтоду ‎савораи низомӣ) дар ихтиёр дошт, ки ба дастури Расулуллоҳ ‎(с) аспҳоро ба ҳазрати ‎Зубайр (р) ва ҳазрати ‎Миқдод (р) вогузор карданд, то ин ду мубориз ва диловар росту чапи лашкарро бипоянд.

Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар ин ҷанги сарнавиштсоз рашодатҳо ‎ва ҷонфишониҳоеро аз худ нишон дод, ки мавриди қабули Парвардигори ҷаҳониён воқеъ шуд ва Худованд малоикаро бо ҳамон шакл ва симои ҳазрати ‎Зубайр (р) ба майдони ҷанг эъзом намуд. Ва ин масъала нишонаи мақбулияти ҳазрати ‎Зубайр (р) аст ва яке аз бузургтарин ифтихороте аст, ки насиби ин бузургмарди таърих шудааст. Ибни Асир  дар “Асад-ул-ғоба ” менависад:

شهد الزبیر بدراً و کان علیه عمامه صفراء معتجزاً بها، فقال النبی رضي الله عنه  ((ان الملائکه نزلت یومئذ علی سیماء الزبیر))

Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар маъракаи Бадр ҳузур ‎дошт, дар ҳоле‎, ки аммомаи зардрангро бар сараш баста буд. Паёмбар (с) фармуд: Ба ростӣ  имрӯз фариштагон бо шаклу симои Зубайр дар ин маърака ҳозир ‎ шуданд.[3]


[1]  Анфол, 9.

[2] Оли Имрон, 123-124.

[3] Асд-ул- ѓоба, љилди 2, сањ 104.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.