Ҷангидан дар Рикоби Расулуллоҳ ‎(С)

         Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар тамоми ҷангҳои Паёмбар бо куффор ва мушрикин Расулуллоҳ ‎(с) ро ҳамроҳӣ мекард.  Аз он ҷумла: Бадр, Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Хайбар, Фатҳи Макка, Ҳунайн ва Тоиф. Дар ҷанги Аҳзоб низ  ҳазрати ‎Зубайр (р) тавонист ифтихор ва имтиёзи дигареро касб намояд. Дар яке аз набардҳо Расулуллоҳ ‎(с) фармуд: Чи касе ҳозир ‎ аст ба назди душмани мо Бани Қурайза биравад ва иттилоъотеро бароямон ҷамъоварӣ кунад? Ҳазрати ‎Зубайр (р) фавран ҷавоб дод: Ё Расулаллоҳ‎ ‎(с) ! Ман бо ҷону дил ҳозирам! Сипас эшон рафта аз мавқеъият ва вазъияти неруҳои душман иттилоъотеро барои Расулуллоҳ ‎(с) овард. Ин амалро то се бор анҷом  дод. Сипас Паёмбар (с) фармуд:  فداک ابی و امی!   Падару модарам фидоят бод!

         Ба ростӣ ин имтиёз ва ифтихори бузурге аст барои шахсе,  ки ин ҷумла аз ҷониби  Расулуллоҳ ‎(с)  хитоб ба ӯ гуфта шавад. Расулуллоҳ ‎(с)   ин ҷумларо  ( فداک ابی و امی)  дар ҷанги Уҳуд низ ба иллати рашодатҳо ‎ва фидокориҳои Зубайр (р) фармуда буданд.

АЛОҚА ВА МУҲАББАТИ РАСУЛУЛЛОҲ (С)  БА ҲАЗРАТИ ЗУБАЙР (Р)

         Чунонки қабл ан зикр шуд Расулуллоҳ ‎(с)   алоқа ва муҳаббати ‎бисёр зиёде нисбат ба ҳазрати ‎Зубайр (р)  доштанд. Бар асари муҳаббат‎и ‎беш аз ҳад чандин бор ба эшон хитоб кард:   (فداک ابی و امی) Падару модарам фидоят бод! Ин ношӣ аз муҳаббати ‎вофири Паёмбар (с) нисбат ба ин шогирди ҷавон ва рашидаш мебошад.

test

Добавить комментарий