Тақво ва саховати Ҳазрати Зубайр (р)

         Парваришёфтагони  донишгоҳи  муҳаммадӣ (с) ҳам‎агӣ афроде буданд, ки рағбати онон ба  Худову Расулаш (с)   ва  зиндагии охират аз ҳам‎а чиз бештар буд. Ба ҳам‎ин ҷиҳат тамоми талошашонро дар роҳи дуруст зиндагӣ кардан дар сояи Қуръон ва таолими Расули Акрам (с) ба кор гирифтанд. Дар муошират ва муомилаашон тақвову тарси илоҳиро риоят мекарданд ва ҳеҷ гоҳ ‎ дар садади он набуданд, ки аз роҳи номашруъ имрори маъош кунандва ва ё ба сарватандӯзӣ  рӯй биёваранд.

         Саховат ва бахшиш аз авсофи ҳам‎идаи тамоми ёрони Расулуллоҳ ‎(с) буд. Намунае аз ин исор ва фидокорӣ, сахову  xудро дар намоиши дилангез  ва дилрабои аҳли Мадина дар ҳини истиқбол аз ёрони Набии Акрам (с) мушоҳада кардем. Ҳамон рӯзе, ки Паёмбари Худо (с) дастур дод  ҳар‎ фарде аз аҳли Мадина фарде аз Маккаро дар  оғӯш бигирад ва бо амволош ӯро кӯмак кунад. Дидем, ки чи зебо ансор амволашаонро ба камоли майлу рағбат ‎бо бародарони муҳоҷирашон тақсим ‎менамуданд ва аз он сӯ низ шоҳиди намоиши иззати нафс, қаноат ва бузургманишинии муҳоҷирин будем, ки чашми тамаъ ба амволи бародаронашон намедӯхтанд. Кист, ки ин саҳнаҳои бо шукӯҳеро, ки ёрони Расулуллоҳ ‎(с) ба вуҷуд оварданд фаромӯш намояд!?

         Ҳазрати ‎Зубайр (р)  ҳам‎чун бақияи шогирдони  Расулуллоҳ ‎(с) дорои табъи саховатмандона буд. Эшон чун дар кори тиҷорат ва бозаргонӣ чирадаст буд. Сарвату дороии зиёдеро дар ихтиёр  дошт, ки аксари онро дар роҳи иътилои калимутуллоҳ сарф менамуд.

         Абдуллоҳ ‎ибни Зубайр мефармояд: “Падарам  бозаргони моҳир ‎ ва хушмуомилае буд, дар кори бозаргонӣ муваффақ ‎буд. Аз ӯ пурсиданд чи гуна ба ин дараҷа расидаӣ? Ҷавоб дод: Муомилаи ман ҳеҷ тавъам бо макру фиреб  набуда, ба ба суд ва даромади андак қаноат мекардам.”[1]

         Ногуфта намонад, ки чун ҳазрати ‎Зубайр (р) яке аз муҷоҳидони бузург буд. Ҳам‎еша саҳми бузурге аз ғаноими ҷангӣ низ ба эшон тааллуқ мегирифт. Аммо оё эшон ва дигар асҳоб ‎ машғул‎и зарандӯзӣ буданд? Ҳазрати ‎Зубайр (р) ҳар‎ вақт ‎пуле ба дасташ мерасид, сареъан ба фуқаро ‎ва ниёзмандон мебахшид ва худ бо қаноат зиндагӣ мекард.

         Аллома Кондеҳлавӣ дар «Ҳаёт-ус-саҳоба” нақл ‎ мекунад:

“Ҳазрати ‎Зубайр (р) ҳазор ғулом дошт ва аз ин роҳ пули калоне ба дасташ мерасид, аммо ҳам‎ин ки пуле ба дасташ меомад фавран онро байни фуқаро ‎тақсим ‎мекард. Ба тавре ки вақте ‎ ба манзилаш мерасид ҳеҷ дирҳам‎е барояш боқӣ  намонда, ҳам‎агиро садақа дода буд.”[2]

МУРУРЕ   БАР ФАЗОИЛИ  ҲАЗРАТИ ЗУБАЙР (Р)

Мусалламан наметавон дар ин навиштаи мухтасар тасвири комиле аз ин ҳам ‎а фазлу бузургвории ҳазрати ‎Зубайр (р) ироа намуд, аммо барои намуна Фақат ‎чанд ривоят нақл ‎ мекунем:

         Имом Тирмизӣ мефармояд:

حدثنا احمد بن منیع حدثنا معاویه بن عمرو حدثنا زائده عن عاصم عن زر عن علی بن ابی طالب قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم

 ((ان لکل نبی حواریاً و ان حواری الزبیر بن عوام))

Ҳазрати ‎Алӣ  (р) ривоят мекунад, ки Ҳазрати ‎Паёмбар (с) фармуданд: « Ҳар‎ паёмбар барои худаш “ҳавворӣ”дорад ва ҳаввории ман Зубайр ибни Авом аст.”[3]

حدثنا هناد حدثنا عبده عن هشام بن عروه عن ابیه عن عبدالله بن الزبیر عن الزبیر قال:((جمع لی رسول الله صلى الله عليه وسلم ابویه یوم قریظه فقال:((بابی و امی))

Ҳазрати ‎Зубайр (р) фармуд: “Паёмбар (с) дар рӯзи xанги бани Қурайза ба ман фармуд: “Падару модарам фидоят бод! ”[4]

حدثنا محمود بن غیلان حدثنا ابو داود الخضری و ابو نعیم عن سفیان عن المنکدر عن جابر قال:((سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم یقول: ((ان لکل نبی حواریاً و ان حواری الزبیر بن عوام))و زاد ابو نعیم فیه یوم الاحزاب، قال: من یأتینا بخبر القوم؟

قال الزبیر: أنا، قالها ثلاثاً . قال الزبیر: أنا))

Ҳазрати ‎Ҷобир (р) фармуд: Аз Расули Акрам (с) шунидам, ки фармуд: “Ҳар‎ паёмбаре ҳавворӣ дорад ва ҳаввории ман Зубайр аст.” Абунаъим бар ин ҳадис инро изофа карда, ки дар рӯзи ҷанги Аҳзоб Паёмбар (с) фармуд: « Чи касе ҳозир ‎ аст иттилоотеро аз сипоҳи душман бароямон биёварад? Ҳазрати ‎Зубайр (р) фармуд: Ё Расулаллоҳ‎ ‎(с) ман ҳозирам. Паёмбар (с) ин фармоишро  то се бор такрор намуд ва ҳар‎ се бор Зубайр эъломи омодагӣ мекард. Паёмбар (с) фармуд: Падару модарам фидоят бод!”[5]

         Ҳазрати ‎Умари Форуқ (р) дар мавриди ҳазрати ‎Зубайр (р) мефармояд:

[6]“(الزبیر من ارکان المسلمین)”

Зубайр яке аз пояҳо ва аркони Ислом ва муслимин аст.” Ва дар “Ал-асоба” бо тағйири алфоз омадааст: “(الزبیر من ارکان المسلمین).” Билохира бишнавем аз ҳазрати ‎Ҳассон ибнИ Собит (р),  ки чи зебо фазилат ва бузургвории ҳазрати Зубайр (р)-ро баён мекунад:

اقام علی عهد النبی هدیه                                                حواریه و القول بالفعل یعدل

اقام علی منهاجه و طریقه                                                یوالی ولی الحق و الحق أعدل

هو الفارس المشهور و البطل الذی                                     یصول اذا ما کان یوم محجل

و ان امراً کانت صفیه امه                                                    و من اسد فی بیته لمرفل

له من رسول الله قربی قریبه                                                و من نصرت اسلام مجد مؤثل

فکم کربه ذب الزبیر بسیفه                                          عن المصطفی، والله یعطی و یخزل[7]

اذا کشفت عن ساقها الحرب حشها                                           بأبیض سباق الی الموت یرقل

فما مثله فیهم و لا کان قبله                                        و لیس یکون الدهر مادام یذبل[8]

Ҳазрати ‎Зубайр (р) ин ҳаввории Расулуллоҳ ‎(с) бар паймону равиши Паёмбар собит монд ва ҳам ‎ ‎вора гуфтору кирдораш яке буд. Ӯ роҳу равиши Паёмбар (с) ро ба хубӣ гирифт, бо соҳибони ҳақ  дустӣ ихтиёр кард, ба ростӣ ҳақ муносибтарин шева аст. Зубайр шаҳсавори номдор ва муҳоҷими рӯзҳои ‎ набард аст. Ӯ  хешовандиии наздик  бо Паёмбар (с) буда, ҳам ‎ ‎чунин дар ёрӣ расонидан ва тақвияти сипоҳи Ислом саҳми бузурге дорад. Чи азияту озорҳоеро бо шамери буррандааш аз Паёмбар (с) зудуд. Парвардигор подоши бисёр некӯиҳои ӯро диҳад‎.  Ҳар‎ вақт ‎дар гӯшае ҷанг дар мегирифт , Зубайр бо пештозиаш ба сӯи шаҳодат ‎ оташи ҷангро шӯълавар месохт. Ба ростӣ монанди ӯ дар миёни он қавм нест ва набуда, то вақте ‎ кӯҳи ‎ Язбул побарxост, замона монанди ӯро нахоҳад дид.


[1] Суварун мин њаётис-сањоба, сањ.328.

[2]  Асд-ул- ѓоба, љилди 2, сањ 104  ва Њаётус-сањоба, љилди 2, сањ .236.

[3] Сунаи Тирмизї, љилди 5, китоби маноќиб, њадиси 3765.

[4] Манбаи собиќ, китоби маноќиб, њадиси 3764.

[5] [5] Манбаи собиќ, китоби маноќиб, њадиси 3766.

[6]  Риёзун-назра, љилди 2, сањ. 238. Ал-Асоба, љилди 1, сањ 527.

[7] Риљолу њавлир-расул, сањ.226

[8] Асад-ул- ѓоба, љилди 1, сањ 104 ва 105

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.