Талҳа‎ва Зубайр ситорагони осмони ҳидоят

Шогирдрони Паёмбари Акрам (с), ки саропои вуҷудашон ишқу ‎осор, тақво ва ихлос буд. Чунон хулқу хуйи Рсулуллоҳро ба худ гирифта буданд, ки агар касе ба Мадинаи Мунаввара ворид мешуд ва ё дар маҷлисе,  ки асҳоб ‎ ва Паёмбар (с) ҳузур ‎доштанд меомад, наметавонист ташхис диҳад‎ кадом як Расулуллоҳ ‎(с) бошад. Ба қавл‎и Мавлонои Рум (р) “Гӯӣ пайғамбаристон аст”.

         Расулуллоҳ ‎(с) вақте‎, ки мутмаин буд,  ки шогирдонаш метавонанд кори ӯро бо хубӣ ва наҳви аҳсан анҷом диҳанд.

 Фармуд: « اصحابی کالنجوم وفبایهم اقتدیتم اهتدیتم

“Ёрон ман (ва тарбиятёфтагони мактаби ман) ҳам‎чун ситорагоне ҳаст‎анд  дар осмони  ҳидоят. Ба ҳар‎ кадом аз онҳо ‎  иқтидо кунӣ ҳидоят  хоҳӣ шуд.”

         Паёбар (с) дар ин ҷо ҳеҷ  истисное ба кор набурд ва нафармуд фақат ‎фалонӣ ва фалонӣ, балки тамоми ёронам. Ин ифтихори бузург насиби Талҳа‎ ва Зубайр (р) низ мебошад, ки ба гуфтаи Расулуллоҳ ‎(с) онҳо ‎ ситорагони осмони ҳидоят ҳаст‎анд ва мояи наҷоти ҷомеаи башарият.

ИФТИХОРОФАРИНОНИ  ҒАЗАВОТ

 Ҳазрати ‎Талҳа‎ ва ҳазрати ‎Зубайр (р) дар тамоми ғазавот ‎ Расулуллоҳ ‎(с)-ро ҳамроҳӣ карданд ва бо исоргариҳои ‎ҷонфишониҳояшон дар роҳи  Ислом, баргҳои зарринеро дар таърихи муборизоти Ислом алайҳи ‎ куфр сабт кардаанд. Кадом таърихнигор мунсифе аст, ки битавонад  аз Уҳуд бинависад ва саҳнаҳои исор ва гузашти Талҳа‎ (р)-ро фаромӯш намояд. Кадом сиратнигори бо инсоф аст,  ки дар мавриди Бадр бингорад ва тасовири ишқу ‎исори ҳазрати ‎Зубайр (р) барои хонандагонаш ба тасвир накашад.

Оре! Ҳазрати ‎Талҳа‎ ва ҳазарти ‎Зубайр (р) ҳар‎ ду дар тамоми ҷангҳо ҳузур ‎доштанд. Ва мардоне дар рикоби Расулуллоҳ ‎(с) барои эътилои калимутуллоҳ  меҷангиданд, то ҷое ки ҳар‎ ду дар ин саҳнаҳои мубориза ва унвонҳои ифтихориро ҳам‎чун “Талҳа‎т-ул-хайр”, “Талҳа‎т-ул-ҷуд”, “Фидока аби ва умми”, “Ҳавворий Зубайр (ҳаввории ман Зубайр аст)”, аз дасти Расулуллоҳ ‎(с) касб кардаанд. Имом Муслим дар “Саҳеҳ”-аш дар боби фазоили Талҳа‎ ва Зубайр (р) овардааст:

حدثنا محمد بن ابی بکر عن ابی عثمان قال :

« لم یبق ، مع رسول الله صلى الله عليه وسلم  فی بعض تلک الایام التی قاتل فیهن رسول الله صلى الله عليه وسلم غیر طلحه وسعد »[1]

“Дар бисёре аз рӯзҳои ‎ ҷанг , ки худи Расулуллоҳ ‎(с) ҳузур ‎доштанд ( ба маҳзи ‎ин ки ҷанг боло мегирифт) касе ба ҷуз Талҳа‎ ва Саъд дар канори Рамулуллоҳ (с) боқӣ намемонд (ва ҳама дар гӯша-гӯшаи майдон машғул‎и набард буданд).”


[1] Сањењи Муслим, китоби фазоил. Мишкот-ул-масобењи  Табрезї, љилди 2, китоби фазоили асњоб.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.