Ҳамсоягони Расулуллоҳ (С) дар Биҳишт

         Ин ки Расулуллоҳ (с) тамоми ёронашро аз асмими қалб дӯст медошт, ҳеҷ шакку шубҳае дар он вуҷуд надорад, аммо медонем падару модар дар миёни фарзандонашон гоҳе нисбат ба баъзе унс ва улфати бештаре доранд то бақия. Паёмбар (с) ҳамчун падари меҳрубон ва муаллми дилсӯз буд. Эшон низ ба баъзе асҳобаш ҳамчун Абубакр, Умар, Усмон, Алӣӣ, Талҳа ва Зубайр (р) ва … муҳаббати хосе дошт.

         Дар ҳадисе, ки дар «Сунан»-и Тирмизӣ ва диагр кутуби ҳалис сабт шудааст, муждаи Расулуллоҳ (с) ба ҳазрати Талҳа ва Зубайр (р) дар мавриди ҳузурашон дар биҳишт ва дар ҳамсоягии Расулуллоҳ (с) омадааст:

حدثنا ابو سعید الاشج، حدثنا ابو عبدالرحمن بن منصور العنزی عن عقبه بن عقلمه الیشکری، قال:

((سمعت علی ابن ابی طالب  رضي الله عنه  یقول: سمعت اذنی من رسول الله صلى الله عليه وسلم و هو یقول((طلحه و الزبیر جارای فی الجنه))[1]

«Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (р) фармуд: Бо гӯшҳои худам аз Расули Акрам  (с) шунидам, ки мефармуд: Талҳа ва Зубайр ҳамсоягони ман дар биҳишт ҳастанд.»

БАЙАТКУНАНДАГОНИ «БАЙАТ-УР-РИЗВОН»

         Аз дигар ифтихорот ва имтиёзоти бузурги ҳазрати Талҳа ва Зубайр (р) ин аст, ки онҳо низ ҷузви 1400 нафаре ҳастанд, ки дар зери дарахти Ҳудайбия бо Расулуллоҳ (с)  байат карданд ва Худованди субҳон, ки олим ба гузашта ва оянда аст, аз онҳо эъломи ризоият ва хушнудӣ  намуда, ба онҳо ваъади биҳишт дод:

لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنْزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحاً قَرِيباً)[2]

«Худованд аз мӯъминоне розӣ гардид ҳамон дам,   ки дар зери дарахт бо ту байат карданд. Худо медонист он чиро, ки дар даруни дилҳояшон (аз садоқат, имон, имон, фидокорӣ ва вафодрӣ ба Ислом) нуҳуфта буд. лизо итминони хотирӣ ба дилҳояшон дод. Ва фатҳи наздикеро (гузашта аз неъматҳои саромади охират) подошашон кард.»

         Паёмбар (с) фармудааст: « Касоне ки дар ин байати «Таҳтуш-шаҷара» шарик будаанд, оташи дӯзах наметавонад онҳоро ламс кунад.» Ривоёти мутааддиде дол бар ҳамин мазмун бо алфози мухталиф бо санади саҳеҳ дар кутуби ҳадис ва тафсир мавҷуд аст.[3]

УЗВИЯТ ДАР ШӮРОИ ХИЛОФАТ

Ҳангоме ки бузургмарди таърихи Ислом, ҳамон амире, ки подшоҳон ва фармонравоёни олам аз шунидани номаш ларза бар андомашон менишаст, яъне Форуқи Аъзам (р) террор шуд. Қабл аз ин ки ҷан бар ҷонофарин таслим кунад, шӯроеро барои хилофат таъин намуд ва амри интихоби халифаи саввумро бар дӯши онҳо гузошт ва дастур дод: « Ҳатман рӯзи чаҳорум аз даргузаштам  халифаи баъд таъин шуда бошад. Пас шумо се рӯз фурсат  доред, то тамоми ҷавониби кор бисанҷед ва мувозиб бошед, ки ин амр ба дарозо накашад, чун муҷиби иҷоди ихтилофи шадид мегардад.»[4]

         Ҳазрати Умар (р), ки фарди зирак ва боҳуш буд ва муддати замони зиёдеро дар рикоби Расулуллоҳ (с) сипарӣ карда буд, асҳоб ва ёронро ва тавоноиҳояшонро ба хубӣ мешинохт. Ба ҳамин ҷиҳат ин шаш нафарро, ки тамоми онҳо аз «Ашараи мубашшара» буданд, барои шӯро пешниҳод дод: 1. Ҳазрати Усмон. 2. Ҳазрати Алӣ. 3. Ҳазрати Талҳа. 4. Ҳазрати Зубайр. 5. Ҳазрати Саъд. 6. Ҳазрати Абдурраҳмон ибни Авф (р).[5]

МУЖДАИ ШАҲОДАТ АЗ СӮЙИ РАСУЛУЛЛОҲ (С)

Аз он ҷо, ки дар Ислом шаҳодат мақомибас баланде аст, ҳар‎ мусалмоне орзу дорад, ки дар роҳи Худо шаҳид шавад ва бо рехта шудани хунаш битавонад хидмате ба дини Ислом бикунад.

         Оре! Шаҳодат  атийяи илоҳист, ки насиби ҳар ‎касе намешавад, магар онҳо ки Худованд лутфе дар ҳақашон бинмояд.

         Бо чакидани аввалин қатраи хуни шаҳид  бар замин гуноҳонаш маҳв мешавад ва бо ҳамон хун ба даргоҳи  Раббулоламин меравад.

         Маротибе, ки Худованди субҳон барои бандагонаш дар назар гирифтааст, пас аз мақоми анбиё ва сиддиқон мақоми шуҳадо воқеъ шудааст. Худованд дар сураи Нисо фармудааст: «Ва касе аз Худо ва Расулаш (бо таслим дар баробари фармони онҳо вар изо ба ҳукми эшон) итоат кунад, ӯ ( дар рӯзи растохез ба биҳишт равад, ҳамроҳ ва) ҳамнишини касоне хоҳад буд, ки (муқаррабони даргоҳанд ва) Худо бар эшон неъмат ( ҳидоят)  додааст. ( ва машмули лутфҳои худ намудааст ва бузургвории хешро бар онҳо тамом кардааст. Он муқаррабоне, ки  ҳамдамашон хоҳад буд, иборатанд) аз пайғамбарон ва ростравон (ва пешгӯёне, ки пайғамбаронро тасдиқ карданд ва ба роҳи онҳо рафтанд.) ва шаҳидон ( яъне онҳо, ки худро дар роҳи Худо фидо карданд.) ва шоистагон ( яъне соири бандагоне, ки дарун ва берунашон бо зевари итоат ва ибодат ороста шуд.) ва онҳ очи андоза д4стони хубе ҳастанд!»[6] ҳазрати Талҳа ва ҳазрати Зубайр (р) дар замони ҳаёти Расулуллоҳ (с) муждаи шаҳодаташонро аз забони мубораки он Ҳазрат (с) шунида буданд. Билохира низ ҳамон гуна шуд, ки Расулуллоҳ (с) пешгӯӣ карда буд. Ибни Асир дар «Асдул- ғоба» аз Абубакр مسمار ибни Умар нақл мекунад:

عن جابر بن عبدالله قال:قال رسول الله صلى الله عليه وسلم من اراد ان ینظر الی شهید یمشی علی رجلیه ، فلینظر الی طلحه بن عبیدالل[7]ه

«Агар касе мехоҳад шаҳидеро бубинад, ки бар рӯйи пойҳояш роҳ меравад, пас Талҳа ибни Убайдуллоҳро бингарад.» Ҳамчунин дар Риёзун-назра   низ омадааст,  аз Расули Худо (с) шунида шуд,  ки мефармуд:

((من سره ان ینظر الی شهید یمشی علی وجه الارض ، فلینظر الی الزبیر))ӣ[8]

Имом Муслимми Нишопурӣ (р) дар Саҳеҳаш аз Қутайба ибни Саъид ривоят карда, ки рӯзе Расулуллоҳ (с) ба ҳамроҳии Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр (р) бар рӯйи  Ҳиро қарор доштанд, ногоҳ кӯҳ ба ларза афтод. Паёмбар (с) фармуд:

 [9]((اهدأ، فما علیک الا نبی أو صدیق أو شهید))  «Ором бош эй Ҳиро! Касе ҷуз Паёмбар, Сиддиҳ  ва шаҳид рӯйи ту қарор надорад.» ҳамчунин имом Муслим (р) ривояти дигаре аз Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад нақл мекунад, ки Расули Акрам (с) ба иттифоқ  Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр ва Саъд ибни Абиваққос (р) бар баландии Ҳиро буданд, Ҳиро ба ларза афтод. Расулуллоҳ (с) фармуд:

[10]((اسکن یا حراء! فما علیک الا نبی أو صدیق أو شهید))

«Ором гир эй Ҳиро! Ба ҳақиқат ҷуз Паёмбар, Сиддиқ ва шаҳид касе дигар бар рӯйи ту қарор надорад.»


[1] Сунани Тирмизї, љилди 5, киоби маноќиб 3762.

[2] Фатњ, 18.

[3] Маќоми сањоба, сањ. 82.

[4] Мухторот мин адабил-араб, сањ.55.

[5] Њамон.

[6] Нисо, 69.

[7] Асд-ул- ѓоба, љилди 2, сањ.476.

[8] Риёзун-назра, љилди 2, сањ.238.

[9] Сањењ Муслим, Китобу фазоилис-сањоба њадис 2417.

[10] Манбаи собиќ, Мишкот-ул-масобињ, китоби фазоили асњоб.

test

Добавить комментарий