Шаҳодати Ҳазрати Талҳа (Р)

Ҳазрати Талҳа (р) ва ҳазрати Зубайр (р)  дар рикоби ҳазрати Уммулмӯъминин Оишаи Сиддиқа (р) барои интиқом гирифтани хуни шақиди мазлум Усмон ибни Аффон (р) ва қасоси қотилони он ҳазрат вориди маъракаи Ҷамал шуданд.[1] Ҳар‎ду ин бузургворон дар ҷанги Ҷамал ҳузур доштанд. Ҳазрати Алӣ (р), ки аз бародарон ва дӯстони бисёр самимии ҳазрати Талҳа ва ҳазрати Зубайр (р) буд, ҳангоме ки аз ҳузурашон бохабар шуд, онҳоро фаро хонд ва ба музокара ва ёдоварии даврони Расулуллоҳ (с) пардохтанд, ки чи рӯзҳоеро дар канори Расули Акрам (с) ва дар рикоби эшон ба сар бурдаанд. Ба ҳар‎ҳол ҳазрати Талҳа (р) канор кашида, дар сади баргаштан буд, ки бар асари исобати тире, ки аз сӯйи Марвон ибни Ҳакам партоб шуда, шаҳид мешавад ва пешгӯии Расули Акрам (с) таҳаққуқ меёбад.

         Аммо Шаъбӣ мефармояд: «Ҳазрати Алӣ (р) баъд аз шаҳодати ҳазрати Талҳа (р) вақте ӯро мушоҳада кард, ки сураташ хокӣ шуда, дар ҷое афтода, ӯро баланд кард ва бо дастҳои муборакаш гарду ғубори сураташро пок мекард ва бо чашмони пур аз ашк мефармуд:

:((عزیز علی أبا محمد! أن أراک مجدلاً تحت نجوم السماء))»

Барои ман бисёр сахт аст эй Абумуҳаммад, ки туро афтода бар хок зери ситорагони осмон мушоҳада мекунам.»

         Сипас фармуд:

«((الی الله أشکو عجزی بجری)) و ترحم علیه»

Аз ин ҳама ҳузн ва андӯҳам ба боргоҳи илоҳӣ шикоят мекунам. Сипас ҳазрати Алӣ (р) ҳазрати Талҳа (р)-ро дар оғӯш гирифта, ба ӯ тараҳҳум карда, фармуд:

:لیتنی مت قبل هذا الیوم بعشرین سنه

Эй кош бист сол қабл аз рӯз мемурдам ( ва чунин саҳнаеро мушоҳада намекардам) сипас ҳазрати Алӣ(р) ва асҳобаш шурӯъ карданд ба гиряву зорӣ.[2]

Ва дар поён ҳазрати Алӣ(р) дар бораи қотили ҳазрати Талҳа (р) фармуд:

((بشره بالنار))[3]

Қотили Талҳаро ба азоби ҷаҳаннам башорат диҳед.[4]

ШАҲОДАТИ ҲАЗРАТИ ЗУБАЙР (Р)

Ҳазрати Зубайр (р) низ дар маъракаи Ҷамал ҳузур дошт. Пас аз музокарае, ки бо ҳазрати Алӣ (р) анҷом дод, эшон низ дастаз ҷанг  кашида, хост ба сӯйиМадина баргардад. Дар ҷое машғули намоз буд, ки Ибни Ҷурмуз ба вай ҳамлавар шуд ва эшонро дар ҳолати намоз ба шаҳодат расонд. Ибни Ҷурмузи будбахт хушҳол аз ин ки тавониста ҳазрати Зубайр (р)-ро ба  қатл бирасонд, барои исботи иддаояш шамшери ҳазрати Зубайр (р)-ро наздаи ҳазрати Алӣ(р) оварда,  хабари кушта шудани ҳазрати Зубайр (р)-ро ба иттилои эшон расонд. Ҳазртаи амир (р) бисёр ошуфта шуд ва бо диди пур аз андӯҳ шамшери ҳазрати Зубайр (р)-ро дар даст гирифта, фармуд: 

:ان هذا سیف طالماً فرج الکرب عن رسول الله صلى الله عليه وسلم  ثم قال: بشر قاتل ابن صفیه بالنار[5]

«Ба Худо савганд ин шамшер муддатҳои тӯлонӣ нороҳатӣ ва ғаму андӯҳро аз чеҳраи зебои Расулуллоҳ  (с) зудуда аст. Сипас фармуд: Қотили ибни Сафия Зубайрро муждаи ҷаҳаннам бод!»

         Ибни Ҷурмуз вақте ба иштибоҳ ва бадбахтиаш пай бурд, гуфт:

أتیت علیاً برأس الزبیر                                         أرجو لدیه به الزلفه

فبشر بالنار اذجئته                                         فبئس البشاره و التحفه

و سیان عندی قتل الزبیر                       و ظرطه عنز بذی الجحفه[6]

Сари Зубайрро барои Алӣ овардам. Бадон умед, ки ба ҷойгоҳ, қурб ва манзалате назди ӯ бирасам. Аммо ӯ башорати ҷаҳаннамро ба ман дод! Аҷаб номуборак башорат ва نامیمون   армуғоне.  Подоши куштани Зубайр барои ман     با فضلة حیواناتی که در جحفه هستند , баробар буд. ( кӯчактарин ва беарзиштарин подоше барои ман нарасид, магар бадбахтӣ ва  рӯсиёҳӣ.)

ЧАРО ХУДРО ФАРОМӮШ КАРДАЕМ!?

Мутаассифона иддае беинсоф дар қолаби навишта ва суханроӣ тӯҳматоеро ба ҳазрати Талҳа  ва Зубайр (р) ворид менамоянд, бидуни ин ки асл ва асосе дошта бошанд. Бар худ лозим донистем, то дар ин маврид низ тавзеҳи мухтасаре ироа намоем. Яке аз тӯҳматҳое, ки ба ин бузургворон  ворид мекунанд дар дар мавриди ҷанг бо ҳазрати амирулмӯъминин Алӣ(р) мебошад,  ки чун ин ду нафар нафар бар зидди Амрулмӯъминин (р) шамшер кашидаанд, пас аз Ислом хориҷанд! Ва …

         Модар ин робита дар бахши шаҳодати ҳазароти Талҳа ва Зубайр (р) ишорае намудем, ки ин ду нафар ба маҳзи иттилоъ  аз мавзеи ҳазрати Алӣ (р) ба суръат майдони ҷангро тарк карданд. Баъд аз он ҳам гуфтем, ки ҳазрати Амӣ  (р) чи гуна аз шаҳодати  он азизон мутаассир шуд ва чи ҷумалоте базабон овард. Албатта достони муфассали ихтилофи эшонро дар китоби «Ҳақоиқе аз ҷанги Ҷамал ва Сиффин» овардаем. Аммо ишколи дигаре, ки мухолифониин ду бузургвор аз эшон мегиранд ин аст, ки Талҳа ва Зубайр дар фикри пуст ва маом будаанд ва ҳамчунин онҳо ба сарватандӯзӣ пардохтаанд.

         Ин тӯҳматҳо бисёр нобаҷо аст, чаро ки он азизон ба ҳеҷ ваҷҳ талаби пусту мақоми дунявӣ набуданд. Ин масъала ба хубӣ дар шӯрои интихобӣ аз сӯйи ҳазрати Умар (р) барои амри хилофат ошкор мегардад, ки ҳар кадом аз ин бузургворон аз қабули масъулият худдорӣ мекарданд.

         Аммо дар мавриди сарватманд будани онҳо бояд гуфт: ҲазратиТалҳа ва ҳазрати Зубайр (р) ҳарду аз бозаргонон ва туҷҷори бисёр моҳир ва чирадаст буданд, ки аз ин роҳ суд ва даромадизиёде оидашон мешуд. Дигар ин ки баъд аз шурӯи ҷанги мусалмонон бо куффор ин ду бузургвор ҷузъи муҷоҳидва размандагони ҳамешагии сипоҳи Ислом буданд, ки ҳам аз Байтулмол ҳуқуқи собит доштанд ва ҳам аз ғаноими ҷангӣ    баҳра мебурданд. Мусаллам аст, кидар баъзе аз ҷангҳо ба қадре ғаноим ба мусалмонон мерасид, ки то моҳҳо ва солҳо метавонистанд бо он зиндагиро ба сар бибаранд.


[1] Љараёни муфассали љанги Љамал ва Сиффин дар дигр асари нигоранда “”Њоќоиќеаз љанги Љамал ва Сиффин” омадааст.

[2] Асад-ул- ѓоба, љилди 2, сањ. 478.

[3] Табаќоти Ибни Саъд, љилди 2, сањ 225.

[4] Паёмбар (с) шањодати Њазрати Талња (р)-ро пешгўї карда буд.

[5] Асд-ул- ѓоба, љилди 2, сањ.105.

[6] Њамон.

test

Добавить комментарий