Бозтоби мусалмон шудани Зубайр (Р)

Расули акрам (с) бо даъвати ҳакимонаи хеш қалбҳои ҷавонҳоро мусаххар мекард ва пас аз муддати андаке онҳоро ба фидоиёни хеш мубаддал месохт. Ба тавре, ки ҳам‎он ҷавоне , ки то дирӯз дар айшу нӯш ва роҳатию мастӣ ба сар мебурд, лаҳзае ‎наметавонист аз рахти хоби нарму гарм ва духтарони  зеборӯ дур шавад, ҳозир ‎ мешуд ҳар‎ навъ шиканҷаю озореро ба шарти ҳамроҳӣ ва ҳам ‎ ‎нишинии Расулуллоҳ ‎(с) таҳам‎мул кунад. Ба ростӣ баробари ин сирри бузург тамоми равоншиносон ва андешмандони ғайриисломӣ ба зону даромада, саргардону ҳайрон мондаанд, ки ин чи ҷозиба ва нерӯест, ки  дар садри Ислом ва ҳамчунин имрӯз ҷавононеро дар авҷи    рифоҳ ва осоиши дунявӣ  ба худ   ҷазб менамояд. Он гуна, ки ҳеҷ  ‎ чизе ва ҳеҷ  ‎ маломате аз тарафи дигарон муҳим нест. Ҳазрати ‎Зубайр (р) низ яке аз ин  ҷавононест, ки дар авҷи навҷавононӣ  шефтаи Расулуллоҳ ‎(с) шуд. Ба ҳам‎ин ҷиҳат аз азият ва озору шиканҷаи қавмаш дар амон намонд. Ҳазрати ‎Зубайр (р) ба сабаби ишқу ‎алоқаи шадиде, ки ба  Аллоҳ ‎ва Расулуллоҳ ‎(с) пайдо карда буд, наметавонист исломи хешро махфӣ  кунад.

         Рӯзе дар Макка шоеъ шуд, ки куффор Расулуллоҳ ‎ (с)-ро дастгир кардаанд. Он замон теъдоди мусалмонон бисёр андак ва ангуштшумор буд. Ҳазрати ‎Зубайр (р) ба маҳзи ‎шуниани ин хабар шамшаер кашида, ба сӯи сарони Қурайш ҳам‎лавар шуд. Расулуллоҳ ‎(с) ҳангоме‎, ки бар баландои Макка буд, Зубайрро дид, ки шамшеер дар даст ҳар‎акат мекунад, ӯро садо зад ва гуфт: Молик ё Зубайр? Туро чи шудааст Зубайр? Ҳазрати ‎Зубайр (р) ҷавоб дод: Ба ман хабар расида, ки шуморо гирифтаанд. (Паёмбар (с) Вақте ‎ ин ишқу ‎исорро мушоҳида ‎намуд) бар Зубайр дуруд фиристод ва барои ӯву шамшераш, ки ба хотири Худованд аз ниём кашида шуда буд, дуои хайр кард.[1]

         Ин амр муҷиб шуд, ки хонавода ва атрофиёнаш бештар хашмгин шаванд ва барои мунсариф кардани Зубайр аз  роҳе, ки дар пеш гирифта, аз ҳеҷ  ‎ иқдоме дареғ наварзанд. Ибтидо аз дари сухан ва насиҳат ворид шуданд, Вақте ‎ инро корсоз надонистанд, шурӯъ ба азият ва озору шиканҷа  карданд. Намунае аз ин шиканҷаҳо ин буд, ки амуяш Навфал ӯро дар ҳасире печида, дар маърази дуд қарор ‎медод, то эҳсоси ‎хафагӣ  кунад, то шояд ба хотири ҳифзи ҷон ва наҷоти хеш  даст аз оинаш бардорад. Навфали бечора ғофил аз ин ки ин ҷавон ва ин шефтагони Худову Расул (с) дунё ва зиндагии дунявиро дар муқобили ‎ биҳишт ‎ ва ваъдаҳои Худованд тарҷеҳ намедиҳанд. Ба ӯ мегуфт: Укфур бирабби Муҳам- ‎ ‎мад! Ба Парвардигори Муҳам‎мад ‎кофир шав! Муҳам‎мад ‎ва худояшро раҳо кун! Аммо Зубайри қаҳрамон ва  ин ҷавони мубориз бо истиқоматаш дар муқобили ‎ шиканҷаҳо  дарси ихлосро барои ҷавонони асри хеш ва ҷавонони асрҳои баъдина дод ва фармудӯ « لا والله لا اکفر ابداً» Қасам ба касе, ки ҷони ман дар қабзаи қудрати ӯст, ҳеҷ  ‎гоҳ ‎ ба куфр бар намегардам, даст аз ин тавҳид ва яктопарастӣ бар намедорам.[2]

         Модараш низ бар шиканҷаҳои ӯ меафзуд ва ба кӯмаки амуяш мерафт. Ба ин умед, ки битавонад ин лакаи нангро, ба қавл‎и худашон, аз хонавода ва қабила‎ашон бизудоянд. Аммо ҳам‎еша ҳақ пирӯз аст.  Ҳам‎еша истиқомати бузургмардон сарони куфр ва илҳодро ба ларза дароварда, онҳоро дар муқобили ‎ ин ҳам‎а шуҷоат, истиқомат  ва исор ба зону дар меовард.

Ва ин ҳақиқатест, ки бояд имрӯз низ сарони кишварҳои куфр бидонанд.  имрӯз  низ ҷавони   мактаби Расулуллоҳ (с) омодаи таҳаммули ҳар навъ сахтию ранҷ  ба хотири ҳифз ва иҷрои авомири илоҳӣ  ва эҳёи суннатҳои маҳбуби ҳиҷозӣ     (с) ҳастанд. Оре! Афродро метавон бо шиканҷава зиндон аз байн бурд ва ё асир кард, аммо андешаро наметавон террор кард, андешаро наметавон пушти милаҳои зиндон нигаҳ дошт.


[1] Асд-ул- ѓоба, љилди 2, сањ 103.

[2] Риљолу њавлир-расул, сањ.224.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.