ЗУБАЙР (Р)
ЗУБАЙР (Р)
ҲАВВОРИИ РАСУЛУЛЛОҲ (С)
Касе, ки Расулуллоҳ (с) дар бораи ӯ фармуда: “Падару модарам фидоят бод!”
НОМ, НАСАБ ВА КУНИЯИ Ӯ
Зубайр писари Аввом бини Хувайлид бини Асад бини Абдулуззо бини Қусай бини Килоб бини Мурра бини Каъб бини ….. аст .
زبیر پسر عوام بن خویلد بن اسد بن عبد العزی بن قصی بن کلاب بن مره بن کعب بن لؤی الأسدی است.
Кунияи эшон АбуАбдуллоҳ ва Абутоҳир буда, ки бештар ба Абуабдуллоҳ маъруф буд.[1]
Модараш Сафия духтари Абдулмуталлиб ва аммаи Расулуллоҳ (с) мебошад, яъне ҳазрати Зубайр (р) писараммаи Расули акрам ва бародарзодаи ҳазрати Хадиҷа ҳамсари гаронқадри Паёмбар (с) аст.[2]
Ҳазрати Зубайр (р) ҳудуди 28 сол қабл аз ҳиҷрати Расули акрам (с) дар Маккаи Мукаррама чашм ба ҷаҳон кушод. Вақте ба оғӯши Ислом омад камтар аз бист сол дошт.
Ҳишом бини Урва мегӯяд: Зубайр Ислом овард дар ҳоле, ки ҷавони понздаҳсола буд. Аммо Урва мегӯяд: Зубайр дар синни дувоздаҳсолагӣ мушарраф ба Ислом шудааст.[3]
Ба ҳар ҳол ҳазрати Зубайр (р) дар ҳоле, ки дар авҷи навҷавонӣ буд, нури тавҳид ва ягонагии Худованд дар қалбаш тобидан гирифтва ӯро ба сӯи яктопарастӣ ва ишқ ба маъбуди ягона фаро хонд ва таҷрибан чаҳорумин ё панҷумин фарде буд, ки дар сафи ёрони Расулуллоҳ (с) даромад.
Дар Ислом овардани ҳазрати Зубайр (р) низ нақши умда ва асосиро ҳазрати Абубакр (р) бозӣ кард, Абубакр (р) , ки ҳеҷ кас дар садоқаташ шак надошт. Абубакре, ки бо имони устувораш мушрикону кофиронро ба ларза оварда буд, ба суръат мусалмон шуданаш бар фикру андешаи ҷавонони Макка асар гузошт ва афроде чун Талҳа ва Зубайр натавонистанд аз роҳу хати Абубакр , ки ӯро ба хубӣ мешинохтанд, рӯ гардон шаванд.
[1] Асд-ул-боѓа, љилди 2, сањ 102.
[2] Њамон.
[3] Њамон.