ВИЖАГИҲОИ ҲАЗРАТИ ‎ТАЛҲА‎ (Р)

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) ба сабаби садоқат‎ ва ихлоси зиёдаш дар зумраи бузургони асҳоб ‎ қарор ‎гирифт ва имтиёзоти бузургеро насиби хеш намуд, ки ба чанд намуна аз он ишора мекунем:

Ҷиҳод дар рикоби расули Худо (с):

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) дар тамоми ғазавот ‎ ба зидди мушрикин Расули акрам (с) ро ҳамроҳӣ  мекард ва мардона меҷангид. Фақат ‎дар ғазваи ‎Бадр ба далели ин ки Расулуллоҳ ‎(с)  эшонро ҳамроҳи Саъид бини Зайд барои маъмурияте ба Шом фиристода буд, ҳузур ‎надошт. Аммо пас аз баргашт ба Мадина аз ғаноими Бадр низ саҳми муҷоҳидӣ  ба эшон дода шуд.[2]

ҶАНГИ УҲУД , ИСОР ВА ҶОНФИШОИИ ТАЛҲА (Р)

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) яке аз муборизони сахткӯши  ҷанги Уҳуд буд. Таърих ҳеҷ  ‎ гоҳ ‎ наметавонад рашодатҳо ‎ва исоргариҳои ‎ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) дар рӯзи сахт ва хунини Уҳудро аз ёд бибарад. Ба иллати ин фидокориҳояш ‎буд, ки Расулуллоҳ ‎(с) вайро “Шаҳиди ‎зинда” лақаб ‎доданд.

         Вақте ‎ мусалмонон ба зоҳир шикаст хӯрданд ва шоеъ шуд, ки Паёмбар (с) шаҳид шудааст, бештари саҳоба ‎пароканда шуданд. Танҳо ‎ фарде аз муҳоҷирин‎, ки дар канори Расулуллоҳ ‎(с) ҳузур ‎дошт, ҳазрати ‎Талҳа‎ буд. Ӯ ба иттифоқи ‎ёздаҳ  ‎ мубориз аз ансор чун ҳалқа Расулуллоҳ ‎(с)-ро  дар миён гирифта буданд. Расули акрам (с)  ва ҳамроҳонаш хостанд аз кӯҳ ‎боло бираванд, то душман натавонад бар онҳо ‎ мусаллат шавад. Дар ин ҳолат ‎ буд, ки ҷамъе аз мушрикон онҳо‎ро таъқиб ‎карданд ва мехостанд Расули акрам (с)- ро ба қатл бирасонанд. Дар ин лаҳза Паёмбар (с) фармуд: Чи  касе ҳозир ‎ мешавад онҳо‎ро аз мо дур кунад ва дар иваз дар биҳишт ‎ ёру қарини ‎ман бошад?

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) сареъан  ҷавоб дод: Ё Расулаллоҳ‎! (с) ман бо тамоми вуҷуд ҳозир‎ам.

Паёмбар (с) фармуд: на, Талҳа‎! Ту дар ҷои худ бимон. Марде аз ансор гуфт: Ё Расулаллоҳ‎! (с) ҳозир ‎ам ин маъмуриятро анҷом диҳам ‎ ‎.  Паёмбар (с) фармуд: Бисёр хуб! Марди ансор бо куффор вориди корзор шуд ва ба шаҳодат ‎ расид. Дар ин лаҳза Расули акрам (с) ва ёронаш машғул‎и пешравӣ  буданд. Аммо боз ҳам ‎ ‎ мушрикон худро ба онон расонанд.  Расули акрам (с) дубора фармуд: Чи касе ҳозир ‎ аст дар муқобили ‎ онҳо ‎ биистад? Марди майдон кист?

Дубора ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) ( ки бӯи биҳиштро эҳсос ‎ мекард ва муштоқи ‎ мулоқоти ‎ Аллоҳ ‎буд) фармуд: Ман ҳозир ‎ам, ё Расулаллоҳ‎! (аммо ин ки  Расулуллоҳ ‎(с)  намехост ба ин зуди Талҳа‎ро аз даст бидиҳад‎) фармуд: На, ту дар ҳам ‎ ‎он мавзеъи хеш бош! Сипас марди дигаре аз ансориҳо эъломи омодагӣ кард ва Расулуллоҳ ‎(с) низ пазируфт. Ӯ ба майдон бирафт  ва машғул‎и шамшерзанӣ шуд, то ин ки ба дараҷаи шаҳодат ‎ ноил гашт. Расулуллоҳ ‎(с) ва афроде, ки бо ӯ буданд ба сӯи болои кӯҳ ‎ба пешравӣ пардохтанд ва ҳам ‎ ‎он мушрикон низ онҳоро таъқиб ‎мекарданд.

         Бар ҳамон минвол Расули акрам (с) дархости хешро мабнӣ бар номзад шудани яке аз ёрон барои саргарм кардан ва монеъ шудани онҳо аз расидан ба он  Ҳазрат ‎(с) матраҳ ‎намуд. Ва ҳар‎ бор ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) эъломи омодагӣ  мекард ва Паёмбар (с) намепазируфт. То ин ки он ёздаҳ  ‎марди ансорӣ  ба тартиб шаҳид шуданд ва Расулуллоҳ ‎(с) бо ҳазрати ‎Талҳа‎ боқ‎ӣ ‎ монданд. Дар ин лаҳза ҳазрати ‎Талҳа‎  (р) фармуд: Оё навбати ман расидааст? Паёмбар (с) фармуд: Алъон бале.

Ҳазрати ‎Талҳа‎  (р) шамшер кашид ва ба тору мор кардани мушрикон машғул‎ шуд, ба маҳзи ‎ин ки фурсати андаке меёфт, сареъан  Расулуллоҳ ‎(с)-ро каме болотар мебурд. Дубора сареъан бармегашт ва ба мушриконе, ки қасди‎ наздик шудан ба  Расулуллоҳ ‎(с)-ро доштанд ба мубориза мепардохт.[3]

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) дар худро сипари Расулуллоҳ ‎(с)  қарор ‎дода буд ва тирҳову ‎найзаҳои ‎зиёде ба бадани муборакаш бар мехӯрд, аммо ба ҳар‎ қимате‎, ки буд Паёмбар (с)-ро ба болои кӯҳ ‎расонд ва аз дасти мушрикон наҷот дод.

         Абубакри Сиддиқ ‎(р) фармуд: Дар он лаҳазот ‎ ман ва Абуубайдаи Ҷарроҳ  дар қисмати ‎дигаре машғул‎и ҷанг будем, байни мову Расулуллоҳ ‎(с) фосила афтода буд. Ба ҳар‎ шакле буд худамонро ба Расулуллоҳ ‎(с) расондем. Хостем захмҳояшро ‎мудаво кунем, аммо иҷоза надод ва фармуд: Маро бигзоред ва ба кӯмаки  рафиқатон ‎Талҳа‎ биравед.  Каме поёнтар омадем, диде  Талҳа‎ ба шиддат захмӣ  шудааст. Хун ба шиддат аз захмҳояш берун мешуд ва осори ҳафтоду ‎чанд захми найзаву шамшер бар баданаш мушоҳида ‎мешуд. Ӯро назди Паёмбар (с) овардем. Паёмбар (с) дар ин лаҳза фармуд:  “Ҳар‎ кас мехоҳад ‎аз нигаристан  ба шаҳиде, ки зинда ба замин роҳ меравад, баҳраманду ‎хушҳол ‎ шавад, Талҳа‎ро бингарад.”[4]

         Ҳазарти ‎Абубакр (р) ҳар‎ вақт ‎ба ёди Уҳуд меуфтод, мефармуд: Рӯзи Уҳуд мутааллиқ ‎ба Талҳа‎ аст.[5]

ТАЛҲАТ- УЛ- ХАЙР

Вақте ‎ Расули акрам (с) дар рӯзи Уҳуд фидокориҳову исоргариҳои ‎Ҳазарти ‎Талҳа‎ (р)-ро мушоҳида ‎намуд, ки бо тамоми вуҷуд  то охирон нафас аз эшон посдорӣ  мекард, ба ӯ лақаби ‎“Талҳа‎т-ул-хайр” дод[6] , яъне Талҳа‎е, ки саросар хайр, некиву фидокорист. Ин лақаб ‎яке лақабҳои  ‎ ифтихориест, ки аз ҷониби Расулуллоҳ ‎(с) ба ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) дода  шудааст.

ТАЛҲАТ-УЛ-ФАЁЗ  ВА  ТАЛҲАТ-УЛ-ҶУД

         Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) на Танҳо ‎ ба ҷонаш, ки бо молу дороияш  низ исломро ёрӣ  мекард ва бо тамоми вуҷуд дар хидмати Расулуллоҳ ‎(с) буд.

         Ҳар ‎вақт ‎Ислом ниёз ба кӯмакҳои молӣ пайдо мекард, ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) ҳамчун муаллими содиқаш, яъне Абубакри Сиддиқ ‎(р) бахши умдаи сарваташ дар роҳи Ислом харҷ  мекард. Ба сабаби ҳам ‎ ‎ин диловариҳо, фидокориҳо Расули акрам (с) ба эшон лақаби ‎“Талҳа‎т-ул фаёз” ва “Талҳа‎т-ул-ҷуд”-ро иноят фармуданд.   Ибни Асир дар “Асад-ул-ғоба” аз Абулфараҷ ва дигарон аз Мӯсо бини Талҳа‎ ва ӯ низ аз худи Талҳа‎  (р) чунин ривоят кардааст:

    : قال طلحه: سمانی رسول الله  صلى الله عليه وسلم یوم أحد؛ طلحه الخیر، ویوم العٌسر؛ طلحه الفیاض و یوم حنین؛ طلحه الجود                                                                                                                                                                                                                                                                                                 

Талҳа‎ мегӯяд: Паёмбар (с) дар рӯзи Уҳуд маро “Талҳа‎т-ул-хайр”, дар рӯзи     عشیره  маро

 “Талҳа‎т-ул-файёз” дар рӯзи Ҳунайн маро “ Талҳа‎т-ул-ҷуд”  номид.[7]  


[1] Ба далели ин ки Њазрати Талња (р) ва Њазрати Зубайр (р) дар бисёре аз фазоил муштарак њастанд, лизо он чи ки дар мавриди њар ду ин азизон вуљуд дорад, пас аз поёни достони зиндагии Њазрати Зубайр (р) тањти унвони “Фазоили Талња ва Зубайр” зикр мекунем, иншоаллоњ.

[2] Асад-ул-ѓоба, љилди 2, сањ.476.

[3]  Табаќоти Ибни Саъд, љилди 3, сањ.218.

[4] Асад-ул-ѓоба, љилди 2, сањ.476.

[5] Суварун мин њаётис-сањоба, сањ.327.

[6] Асад-ул- ѓоба, љилди 3, сањ.476.

[7] Асад-ул- ѓоба, љилди 2, сањ.476.

test

Добавить комментарий