Талҳа‎ дар оғӯши ислом ҷой мегирад

Аксари таърихнависон ва сиратнигорон ин гуна достони тағйири масири зиндагии Талҳа‎ро барои мо ба тасвир кашидаанд:

Талҳа‎ барои тиҷорат ҳамроҳи  корвонҳои Қурайш ба сарзамини Шом рафта буд. Ҳангоми ‎вуруд ба шаҳри  ‎((بْصری))  ҳар‎ як ба самту сӯе рафта, машғул‎и тиҷорат ва хариду фурӯш шуданд. Талҳа‎ ҳам ‎ ‎монанди бақия ‎бозаргонон ба кор  дар бозор буд, бо воқеаи ‎аҷибе рӯ ба рӯ гашт, ки масири зиндагиашро тағйир дод ва ӯро аз хорию зиллати дунёхоҳӣ‎ ва дунёпарастӣ ба авҷи қуллаи ‎худопарастӣ, ишқу ‎муҳаббат и ‎Аллоҳ ‎расонд. Риштаи суханро ба худи Талҳа‎ месупорем, то худ достони шигифтангезу ҷолиби инқилоби ‎фикрӣ ва даруниашро бароямон бозгӯ намояд: Ҳангоме‎, ки дар бозори ((بْصری))  қадам ‎мезадам  ногаҳон ‎нидои роҳибе ба гӯшам расид, ки фарёд мезад: Оҳой мардум! Ёайюҳан-нос! Эй тоҷирон ва бозаргонон! Оё касе аз аҳли Ҳар‎ам (сарзамини Ҳичоз ‎) дар миёни шумо ҳаст‎? Ман ки овозро мешунидам кунҷков  шудам ва ба суръат худамро ба ӯ расондам ва гуфтам: Бале, ман аз аҳли Ҳиҷоз ‎ҳаст‎ам, коре доштед?  Роҳиб гуфт: оё дар миёни шумо фарде ба номи “Аҳмад‎” зуҳур ‎кардааст?   Гуфтам: Аҳмад‎ кист?   Гуфт: писари  Абдуллоҳ ‎писари Абдулмуталлиби Қурайшист‎. Ин моҳ ‎( тибқи ‎пешбинии Инҷил) ҳам ‎ ‎он моҳест‎, ки дар он зуҳур ‎меукнад. Ӯ охирин фиристодаи Худованд аст, ки барои наҷот ва раҳнамоии ‎башарият меояд ва инро Исои Масеҳ ‎‎(а) ваъда додааст. Ӯ дар сарзамини шумо зуҳур ‎карда, ба ҷое муҳоҷират ‎мекунад, ки дорои сангҳои ‎сиёҳ‎,  нахлистонҳои ‎бузург, заминҳои ‎‎шӯразор ва чашмаҳои ‎фаровони об мебошад. Оҳой ҷавон! Мувозиб бош  фурсатро аз даст надиҳӣ ва зуд ба ӯ мулҳиқ  шав!   Суханони ин роҳиби  пир дар дилам асари бисёре гузошт. Ба суръат аспамро омода карда, рахти сафар барбастам. Корвонро ба ҷо гузоштам ва шитобону ҳайрон ба сӯи Макка метохтам. Дар ҳамон бадави вуруд ба манзил, ба ҳамсарам гуфтам:  Оё баъд аз рафтани мо аз Макка иттифоқи хосе рух надодааст?    Ҳамсарам гуфт: чаро, Муҳаммад ‎писари Абдуллоҳ ‎иддаои паёмбарӣ кардааст. ( Қурайш ба шиддат аз ӯ хашмгинанд), афроде ҳамчун Ибни Абуқуҳофа ( Абубакр) ба ӯ пайвастаанд ва аз ӯ паёравӣ мекунанд. Ман Абубакрро ба хубӣ мешинохтам,  ӯ фарди ором, хунгарм ва ҷавонмард буд, аз ҷумлаи тоҷироне буд, ки ба хотири ахлоқи некӯ ва кирдори дурусташ ҳамагӣ бо ӯ унсу улфат доштем, аз ҳамнишинӣ бо ӯ ва аз суханонаш лаззат мебурдем. Чаро ки дар заминаи  таърих ва ахбори гузшаштагон иттилооти хубе дошт, ағлаби авқот даври ӯ ҳалқа мезадем ( то маҳзарашро истифода кунем) . Хулоса ҳамин, ки мавзӯъро аз ҳамсарм шунидам, бо аҷала назди Абубакр рафтам. (бидуни муқаддима) гуфтам: Оё сиҳат дорад ки Муҳам‎мад ‎ибни Абдуллоҳ ‎иддаои паёмбарӣ кардааст? Оё рост мегӯянд, ки ту ба оини гаравиддаӣ!? Абубакр ҷавоб дод: Бале… ончӣ шунидаӣ рост аст. Баъд шурӯъ кард ба таблиғ ва маро ба пазируфтани дини Ислом даъват кард. Аз Муҳам‎мад ‎гуфт ва … (ман ҳам, ки  қаблан партавҳое дар дилам тобидан гирифта буд) достони  ((بْصری))   ва роҳибро барояш бозгӯ кардам. Бисёр ҳайратзада шуд, (аммо ҳайрату тааҷҷубе ҳамроҳ‎и сурур ва хушҳолӣ ингор бар итминони қалбиаш афзуда мегашт), сипас гуфт пас маътали чи ҳаст‎ӣ? Аҷала кун! Зуд бош! Бо ҳам ‎ ‎ назди Расулуллоҳ ‎(с) равем, то достонатро барояш таъриф кунем. Бубинем ишон чӣ мефармоянд. Ба иттифоқи Абубакр назди Расули акрам (с) рафтем. Исломро бар ман арза кард ва оёте аз ваҳй бароям тиловат намуд, муждаи пирӯзию растагорӣ дар дунёву охиратро ба ман дод. Достони роҳиби((بْصری))  ро барояш бозгӯ намудам. Осори суруру шодӣ дар чеҳрааш зоҳир гашт. Дар ин лаҳза буд, ки бо итминони хотир гуфтам:

гувоҳӣ медиҳам ‎ ‎ ҷуз Аллоҳ ‎маъбуде бар ҳақ  нест ва Муҳаммад ‎расул ва фиристодаи худост.[1]

اشهد ان لا اله الا الله و اشهد ان محمداً رسول الله.


[1]  Суварун мин њаётис-сањоба, Ќиссату Талња (р) сањ. 324.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.