Саъид Ибни Омири Ҷумаҳӣ

Саъид ибни Омири Ҷумаҳӣ яке аз он ҳазорон ҷавоне буд, ки бинобар даъвати сарони Қурайш ҷиҳати тамошои манзараи ҷонкоҳ ва дардангези эъдоми Хубайб ибни Адй, яке аз асҳоби бовафои ҳазрати Паёмбар (с), ки дар дасти душманон асир шуда ва ӯро ба минтақаи Танъим, дар беруни шаҳри Макка бароварда шуда буд, баромада буд. Ӯ ҷавони қадафрошта ва нерӯманде буд, ки тавонист аз миёни анбӯҳи мардум бигзарад ва дар сафи мардони бузургтарини Қурайш, чун Абусуфён ибни Ҳарб ва Сафвон ибни Умайя ва ғайра, ки дар садри ҷамъият нишаста буданд, мавқеъ бигирад.

Барои вай фурсати он муяссар гардид, ки асири Қурайшро бо занҷир дасту пояш баста шуда буд ва занон ва атфол ва ҷавонон ӯро ба эъдомгоҳ меронданд, тамошо кунад, ки чи гуна аз вай ба интиқом аз наздикон ва вобастагонашон, ки дар Бадр кушта шуда буданд интиқом гиранд, ва ӯро азоб диҳанд ва ноҷавонмардона ба қатл расонанд.

Вақте ҷамъияти анбӯҳи Қурайш ин асири дарбанди худро дар кушторгоҳ ҳозир сохтанд, Саъид ибни Омир, ин ҷавони сарвқомат бо нигоҳҳои тунд ва дурбини хеш ба вай дар ҳоле, ки ӯро ба чӯби дор меовехтанд, назар афканд ва аз миёни шӯру фарёди занон ва писарбачаҳо садои ором ва мутмаини ӯро шунид, ки мегуфт:

– Бароям иҷоза диҳед, ки қабл аз эъдом ду ракаъат намоз бигзорам ва баъд ҳар чи хоҳед бикунед.

Ишон ба ин тақозои вай мувофиқат намуданд ва ба вай иҷоза доданд, ки ду ракаъат намоз бихонад.

Омир ба сӯи вай назар афканд, дид, ки бо ниҳояти хушӯъ ва тазаррӯъ ва бо камоли оромиши хотир ва итминони қалбӣ ва бо мурооти тамом суннатҳо ва воҷибот ду ракъат намозро хонад:

Ва баъд дид, ки вай рӯ ба сӯйи сарони Қурайш ва бузургони  қавм намуда мегӯяд: «Қасам ба Худо, агар бими муттаҳам намудани шумо намебуд, ки ман ба хотири хавф аз марг намозро дароз хондаам, бешак намози бештар мехондам».

Баъд Омир ба чашми сар мушоҳида намуд, ки Қурайшиён Хубайбро зинда мусла (гӯшу бинӣ буридан) мекарданд ва баданашро яке паи дигар пора-пора намуда ба ӯ мегӯянд:

  • Оё хуш дорӣ, ки Муҳаммад дар ин мақоми ту қарор медошт ва ту наҷот меёфтӣ?!

Хубайб дар ҳоле, ки хун аз баданаш мерехт, ҷавоб дод:

  • Қасам  ба Худо ман хушдори он нестам, ки хоре дар пои Муҳаммад бихалад ва ман дар миёни аҳлу фарзанди худ ором ва мутмаъин буда бошам. Аз шунидани ин ҳарф шӯру ғавғое дар миёни мардум афтод ва ҳамагон бо баланд кардани дастҳо фарёд мезаданд, ки ӯро бикушед, ӯро бикушед.

Баъд Омир дид, ки Хубайб аз фарози чӯби дор чашм ба осмон дӯхта ин дуоро мехонад:

  • Худоё онҳоро якояк ҷамъ кун ва ҳамаашонро якбора нобуд соз ва ҳеҷ як аз онҳоро зинда магзор.

Ва баъд лаҳазоти охири зиндагии худро пушти сар ниҳод ва он қадар захми шамшер ва зарбаи найзае хӯрда буд, ки ба ҳисоб намеомад ва дар ҳоле, ки танаш пур аз зарбаҳои шамшер ва ханҷар буд, бо охирин лаҳазоти зиндагӣ видоъ гуфт.

Қурайшиён ба Макка баргаштанд ва ҳодисаи дилхарош ва аламноки Хубайб дар миёни рӯйдодҳои бузург аз хотирашон маҳв шуд ва нобуд гашт.

Аммо ин ҷавони наврас ва қоматафрошта, Саъид ибни Омир ҳаргиз ин саҳнаи ҷонгудоз ва аламнокро аз хотир фаромӯш накард ва лаҳзае аз хаёлаш онро дур насохт. Вай ин саҳнаро ҳам дар хоб ва ҳам дар бедорӣ дар пеши чашми худ муҷассам месохт, ки вай чи гуна ду ракаъат намозро бо ниҳояти оромиш ва итминон, хушӯъ ватазаррӯъ дар пои чӯби дор адо намуд ва дуъои вайро, ки бар алайҳи Қурайш аз аъмоқи қалб намуда буд, ба ёд меовард ва аз саҳфаи хаёлаш мегузаронд.

Марги Хубайб ба Саъид матлаберо омӯзонд, ки қаблан аз он хабар надошт ва он ин ки зиндагии ростин ҳамоно ҷиҳод ва мубориза дар роҳи Ҳақ то сарҳади марг аст. Ва ин ба вай омӯзонид, ки имони ростин ва азми қавӣ шигифтиҳо ва мӯъҷизот меофаринад.

Ва матлаби дигаре, ки ба вай омӯзонид, ин буд, ки шахсияте, ки ёронаш то ин ҳад дӯст дошта бошанд, баёнгари он аст, ки вай паёмбари барҳақ ва муъайад аз тарафи Аллоҳ аст.

Ҳодисаи аламнок ва саҳнаи ҷонгудози эъдоми Хубайб таҳаввули аҷибе дар рӯҳ ва андешаи Саъид иҷод намуд ва Худованд синаи вайро барои қабули Ислом боз кард,  то дар миёни анбӯҳи мардум ба по истода эълон кунад, ки аз имрӯз сар карда вай аз ҳама осори нодониҳо ва парастиши бутҳо даст кашида ва ба дини муқаддаси Ислом сар гузошта аст. Баъд ҳазрати Саъид ибни Омир ба Мадина ҳиҷрат намуд ва ба ҳазрати Расули Худо (с) пайваст ва дар ҷанги Хайбар ва соири ғазавот ширкат намуд ва замоне, ки Ҳазрат Расули Худо(с) чашм аз ҷаҳон баст ва ба дидори Парвардигораш шитофт, ҳазрати Саъид шамшери бараҳнаи ёрони бовафои ҳазрати Расули акрам – ҳазрати Абубакр ва Умар – буд ва дар миёни мӯъминон намунае аз шаҳомат ва қаҳрамонӣ буд, ки дунёи худро дар бадали охират фурӯхта ва ризои Парвардигори худро касб намуда бошад.

Ин ду ёр, ҳыазрати Расули Худо – Абубакр ва Умар – сидқу ростӣ, тақво ва парҳезгории Саъид ибни Омирро медонистанд ва ба насиҳатҳо ва андарзҳояш гӯш фаро мениҳоданд ва ба ҳарфҳояш амал  менамуданд.

Вай дар оғози хилофати ҳазрати Умар ба ҳузури вай дохил шуд ва гуфт: Эй Умар андарзам ба ту ин аст, ки тақвои Худоро пеша кунӣ ва дар бораи дастуроти илоҳӣ аз ҳеҷ яке ҳарос нанамоӣ ва набояд қавли ту бо амалат мухолиф буда бошад. Чун беҳтарин қавл он аст, ки амал онро тасдиқ кунад… Эй Умар, дар мавриди мусалмонони дуру наздик ба Худованде, ки зимоми умури ишонро ба дасти ту ниҳодааст, рӯй ор. Чизеро, ки барои худ ва аҳли хеш меписандӣ, барои онҳо низ биписанд ва чизеро, ки барои худ ва хонаводаи хештан намеписандӣ, барои онҳо низ маписанд ва мушкилотро бо пайгирии роҳи ҳақ аз сари роҳ дур соз ва дар роҳи Худо аз маломати ҳеҷ кас ҳарос макун.

Ҳазрати Умар гуфт: Эй Саъид, чӣ касе метавонад чунин кунад? Саъид гуфт: Шахсияте чун ту, ки Худованд вайро ба умури мусалмонон мусаллат сохтааст, аз ӯҳдаи чунин масъулият баромада метавонад.

Дар чунин фурсат ҳазрати Умар ибни Хаттоб, ҳазрати Саъидро ба ҳузур хост, то ӯро дар анҷоми чунин воҷибе ёрӣ диҳад ва ба ӯ гуфт: Эй Саъид, моро ирода бар он аст, ки туро амири вилоёти Ҳимс муқаррар кунем. Саъид гуфт: Эй Умар, туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро дар ин фитна маяндоз. Аз шунидани ин ҳарф ҳазрати Умар барошуфт ва гуфт: Афсӯс ба ҳоли шумо бод, шумо масъулияти хилофатро бар дӯши ман ниҳодед ва акнун мехоҳед маро танҳо гузоред ва худ гӯшаи узлат баргузинед. Қасам ба Худо, туро чунин нахоҳам гузошт. Баъд вайро ба сифати амир ба вилоёти Ҳимс фиристод ва ба вай гуфт, оё бароят буҷаи эҳтиётӣ муқаррар накунам?

Саъид гуфт: Эй амиралмӯъинин, ман ин танхоҳиро чӣ кунам? Чун маъоши ман аз байтулмол  аз ҳоҷатам афзунӣ кунад. Баъд вай ба тарафи Ҳимс ба роҳ афтод. Чанде нагузашта буд, ки шахсиятҳои саршинос аз аҳли Ҳимс ба қасди дидор ва мулоқот бо халифа, равонаи Мадина гардиданд ва чун бо халифа дидорашон ҳосил гашт, барояшон гуфт:

Номҳои ниёзмандон ва муҳтоҷонатонро ба ман бидиҳед, то ҳоҷаташонро бароварда созам. Ишон амри ӯро ба ҷо оварда номҳои ишонро, ки дар он ҷумла номи Саъид ибни Омир низ дар он шомил буд, ба ӯ тақдим карданд. Халифа аз дидани номи Саъид дар номгӯи фақирҳо дар ҳайрат афтод ва пурсид:

– Саъид ибни Омир кист?

Ишон дар ҷавоб гуфтанд: Амирамон. Халифа гуфт: Амиратон фақир аст? Гуфтанд: Бале. Қасам ба Худо, рӯзҳо бар вай мегузарад ва дуд аз хонааш баланд намешавад.

Аз шунидани ин ҳарф Умар бетоб шуд ва ашк аз чашмонаш фурӯ рехт, то ин ки риши вай намнок шуд, баъд бархост ва кисае пур аз ҳазор динор кард ва барояшон дод ва гуфт: Аз ман ба вай салом тақдим кунед ва ба ӯ бигӯед, ки амирулмӯъминин ин маблағро бароят фиристодааст, то аз он дар рафъи ҳоҷоти худ истифода намоӣ.

Ҳайат ба ҳузури Саъид омад ва кисаи динор дар пеши рӯйи вай бигзошт ва саломи амирулмӯъминин ба вай тақдим дошт ва пайғоми вай расонд. Саъид ҳамин ки чашмонаш ба кисаи динор афтод, худро аз он чунон дур сохт, ки гӯё балое ба вай наздик шуда бошад, гуфт: Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Вақте ҳамсараш ин ҷумларо аз вай шунид, даҳшатзада ба сӯи вай давид ва фикр кард, ки шояд мусибати бузурге бар вай нозил шуда бошад, бетобона аз вай пурсид: Саъид туро чи шудааст, ки ин ҷумла бар забон овардӣ. Оё амирулмӯъминин аз ҷаҳон чашм пӯшидааст? Саъид гуфт: На. Балки мусибати бузургтар аз ин аст. Ҳамсараш боз пурсид: Оё мусалмонон дар набарди худ ба душман бо шикаст рӯбарӯ шудаанд?

Саъид ҷавоб дод: На. Балки мусибати бузургтар аз ин аст? Баъд пурсид: Мусибати бузургтар аз ин чӣ хоҳад буд? Гуфт: Мусибати бузургтар аз ин ҳама он ки дунё бар ман рӯй оварда, то охиратамро барбод диҳад ва фитна дар хонаам ҷой гирифта аст. Ҳамсараш дар ҳоле, ки ба матлаби вай пай набурда ва аз масъалаи динорҳо хабаре надошт, ба вай гуфт: Худро аз ин фитна ва аз ин мамлакат наҷот деҳ.

Саъид гуфт: Оё ту маро дар ин амр ёрӣ хоҳӣ намуд? Ҳамсараш  чавоб дод. Бале. Он гоҳ Саъид ин динорҳоро дар чанд киса тақсим кард ва баъд онро ба фуқаро ва ниёзмандон тақсим намуд.

Аз ин масъала дере нагузашта буд, ки Ҳазрати Умар худ шахсан аз диёри Шом дидор намуд, то аз аҳволи фуқаро ва мӯҳтоҷони он бозрасӣ кунад. Вақте вай ба Ҳимс расид ва аҳли он аз вай истиқбол намуданд, дар хитоб ба аҳли он гуфт: Амиратонро чӣ гуна ёфтед? Аҳолии ин диёр аз амалкардҳои вай шиква карданд ва чаҳор айби ӯро баршумурданд, ки ҳар кадом бузургтар аз дигаре буд. Ҳазрати Умар гуфт: Ман Саъид ва шикояткунандагонро миёни ҳам ҷамъ кардам ва аз Худованд илтимос намудам, ки шинохтамро дар мавриди вай ғалат насозад. Чун ман ба вай сахт эътимод доштам.

Чун ишон ҳамроҳ бо вай субҳгоҳ ба ҳузурам омаданд, гуфтам: Аз амиратон чӣ шикоят доред?

Гуфтанд: Нахустин шикоят он ки, то офтоб хуб баланд нашавад, ба ҳузури мо берун намеояд. Гуфтам? Эй Саъид, дар муқобили ин савол чӣ посух дорӣ? Саъид андаке сукут намуд ва баъд гуфт: Қасам ба Худо, ман ҳаргиз намехостам ин розро фош созам. Аммо аз он ҷое, ки ман ба гуфтани ин амр ногузир шудам, иллати таъхирам он аст, ки ман ходиме надорам, ки хидмати хонаамро кунад, лизо худ субҳгоҳон бармехезам ва хамир мекунам ва баъд андак диранг мекунам,  то хамир расад ва сипас онро мепазам ва он гоҳ таҳорат карда, ба мулоқоти мардум аз хона берун мешавам.

Ҳазрати Умар гуфт: Дигар чӣ шикояте доред? Гуфтанд: Дар шаб ҳеҷ касро ба ҳузур намепазирад.

Гуфтам: Саъид дар ин бора чӣ ҷавоб дорӣ? Гуфт: Ман ҳамчунон аз идомаи ҷавоб ба чунин суол нороҳат мешавам. Ҷавоб он ки рӯзро барои мардум ва шабро барои Худованди азза ва ҷалла хос кардаам.

Гуфтам: Дигар чӣ эътирозе доред? Гуфтанд: Гоҳ-гоҳ беҳушӣ бар вай ғалаба карда, бехуд мегардад.

Гуфтам: Саъид дар ин бора чӣ ҷавобе дорӣ? Гуфт: Эй амиралмӯъинин, на маро ходим ҳаст ва на либоси зиёдатӣ аз як қабат, ки дар бадан дорам, иллати ин худдорӣ он аст, ки ман либоси танамро дар моҳе як бор мешӯям ва онро дар офтоб мегузорам, то хушк шавад. Ҳамон аст, ки дар поёни рӯз фурсат барои мулоқот меёбам.

Гуфтам: Эй Саъид, иллати ин кор чист? Саъид ҷавоб дод: сабаби ин кор он аст, ки ман саҳнаи ҷонкоҳ ва дардангези эъдоми Хубайбро, дар ҳоле ки дар он вақт мушрик будам, тамошо намудам ва ба чашми сар мушоҳида кардам, ки Қурайш баданашро яке паи дигаре қатъ мекарданд ва ба ӯ мегуфтанд, ки оё хуш дори он ҳастӣ, ки Муҳаммад (с) дар мақоми ту бошад. Вай ҷавоб гуфт, ки қасам ба Худо, хушдори он нестам, ки хоре дар пои вай бихалад ва ман зинда бошам ва дар миёни зану фарзандам роҳат ба сар барам. Ман вақте ин саҳнаро аз сафҳаи хаёл ва зеҳни худ мегузаронам, бо худ мегӯям, ки чаро вайро дар он рӯз нусрат набахшидӣ ва ёриаш нарасондӣ. Ва маро гумон бар он бошад, ки Худованд маро аз ин тақсир, ки намудаам, намебахшад ва ба кайфари он ҷазо медиҳад  ва аз ин хотир саргичӣ гоҳ ногоҳ оиди ҳолам мегардад.

Дар чунин фурсат ҳазрати Умар гуфт: Ситоиш Худорост, ки шинохтамро дар мавриди вай беҷо насохтааст. Ва баъд ҳазор динор ба вай фиристод, то дар рафъи ҳоҷати худ аз он истифода кунад. Вақте ки ҳамсараш ин маблағро дид, ба ӯ гуфт: Ситоиш Худорост, ки моро аз хидмати ту бениёз сохт. Барои мо маводи хӯрданӣ харидорӣ кун ва хидматгореро ба иҷора гир. Саъид ба ҳамсараш гуфт: Оё туро ба беҳтар аз ин майл нест? Ҳамсараш гуфт: Беҳтар аз ин, яъне чӣ? Беҳтар он ки ин маблағро ба касе диҳем, ки дар сахттарин ҳолатҳо ҳоҷатмандӣ онро ба мо вопас диҳад.

Ҳамсараш гуф: Ин чи касе хоҳад буд?

Гуфт: Онро ба Худованд қарзи ҳасана диҳем.

Ҳамсараш гуфт: Подоши некӯеро дархоҳӣ ёфт.

Ҳамон буд, ки ин маблағро дар кисаҳо тақсим намуд ва ба яке аз наздикони худ гуфт: Ин якеро ба фалон бева ва он дигареро ба фалон ятим ва ин якеро ҳам ба фалон мискин бирасон.

Худованд Саъид ибни Омирро подоши нек насиб фармояд, чун вай ҳоҷат ва ниёзи дигаронро бар худ тарҷеҳ дод ва ризои Худовандро бар ҳама чиз баргузид.

Худованд аз вай розӣ бод.

test

Добавить комментарий