Амр Ибни Ҷамуҳ

Амр ибни Ҷамуҳ дар даврони ҷоҳилият сарваре аз сарварони номдори Араб ва сардори мӯҳтарами қабилаи бани Салама ва яке аз сахимардон ва шахсиятҳои соҳиби муруввату мардонагӣ дар Ясриб буд.

Дар даврони ҷоҳилият одати ашроф ва бузургони қабила ин буд, ки ҳар кадом барои хештан дар хонаи худ бутеро нигоҳ медошт ва субҳу шом ба он табарук меҷуст ва дар муносибатҳо ба номи он забҳ мекарданд. Ва дар мушкилот ва мусибатҳо ба он рӯй меоварданд ва бутеро, ки Амр ибни Ҷамуҳ барои хештан нигоҳ дошта буд, ба номи «Маноат» ёд мешуд, ки аз чӯб тарошида шуда буд. Вай дар риъояти ин бут сахт исроф мекард ва дар иноят ба он атрҳои қиматеро нисор менамуд.

Дар овоне, ки нури имон тавассути даъватгарони аввал Мусъаб ибни Умайр хонаҳои аҳли Ясрибро яке баъди дигаре мунаввар месохт, Ами ибни Ҷамуҳ шаст сол умри худро пушти сар ниҳода буд. Се тан аз фарзандони вай Муҷаввиз, Мувоз ва Халлод ва ҳамсоли ишон, ки Муъоз ибни Ҷабал ном дошт, ба дасти Мусъаб мусалмон шуда буданд…

Ҳамроҳ бо ин се тани аз фарзандонаш модари онҳо Ҳинд низ мусалмон шуда буд, ки вай аз мусалмон шуданашон хабар надошт. Ҳинд ҳамсари Амр ибни Ҷамуҳ дид, ки аксари аҳли Ясриб мусалмон шуда ва аз ашрофи Ясриб бидуни шавҳараш ва афроди ба шумори дигар ҳеҷ каси дигар бар ширк боқӣ намондааст. Вай шавҳарашро иззату икром мекард. Ва дилаш ба он месӯхт, ки вай ба ширк аз ҷаҳон биравад ва оташи ҷаҳаннам ҷойгаҳаш гардад.

Ва худи Амр ибни Ҷамуҳ аз он метарсид, ки нашавад фарзандонаш дини бобо ва аҷдодонашро тарк гуфта ва аз ин даъватгари ҷавон Мусъиб ибни Умайр, ки дар муддати кӯтоҳ теъдоди зиёдеро аз динашон ба ин оини тоза баргардонид, пайравӣ кунанд ва ба дини Муҳаммад сар ниҳанд.

Аз ин рӯ ба ҳамсараш гуфт: Эй Ҳинд, ҳушёр бош, ки фарзандонат ба ин ҷавон (Мусъаб ибни Умайр) тамос нагиранд, то он ки худ дар ин бора тасмим гирем.

Ҳамсараш гуфт: Ба сару чашм. Аммо оё омодаӣ, ки аз фарзандат Муъоз сухан бишнавӣ, ки ту аз ин шахс ривоят намояд?

Гуфт: Чӣ сухан? Оё вай аз динаш баргаштааст ва ман намедонам?! Ин зани солеҳа дилаш ба ин пирамард сӯхт ва гуфт: На, ҳаргиз. Аммо дар баъзе нишастҳои ин ҷавони даъватгар ҳузур ёфта, матолибе аз гуфтаҳои вайро ҳифз намудааст.

Амр гуфт: Ӯро ба назди ман бихонед. Чун вай дар дар наздаш ҳозир шуд, гуфт: Баъзе аз ҳарфҳоро, ки ин шахс гуфтааст, бароям бозгӯ. Вай гуфт:

Бисмиллоҳи-р-раҳмонни-р-раҳим, Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, арраҳмонир раҳим, молики явмиддин, ийёка наъбуду ва ийёка настаъин, иҳдинас сиротал мустақима сиротал лазина анъамта ъалайҳим ғайрил мағзуби ъалайҳим ва лаззоллин).

Вақте Амр ин каломро шунид, гуфт: Чӣ каломи ширин ва зебо.

Оё ҳамаи ҳарфҳояш аз ҳамин қабил аст?!

Муъоз гуфт: Ва беҳтар аз ин. Оё рағбати байъат ба вай дорӣ ва қавми ту ҳамаашон ба вай рағбат намудаанд.

Ин пирамард андаке сукут намуд ва баъд гуфт: То аз «Манот» машварат нагирам, чунин нахоҳам кард Ва он гоҳ бубинам, ки вай бароям чи хоҳад гуфт:

Ин ҷавон ба ӯ гуфт: Манот чи метавонад ба ту бигӯяд? Вай чӯб аст, ки забон надорад ва беақл аст ва суханро намешунавад. Пирамард бо хашм гуфт: Ба ту мегӯям, ки бидуни машварати вай тасмим нахоҳам гирифт.

Баъд Амр ибни Ҷамуҳ аз ҷой бархост ва ба сӯи Манот рафт. Ишон одат доштанд, вақте мехостанд бо бут сухан гӯянд, пиразанеро дар пушти он мегузоштанд ва гумон доштанд, ки бут ба он зан илҳом менамояд ва вай ба ҷои бут сухан мегӯяд Баъд бо қомати расо дар баробари бут истод ва бутро мадҳу сано гуфт ва баъд изҳор дошт: Эй Манот, бидуни шак ту худ медонӣ, ки ин доъие, ки аз Макка ин ҷо омадааст, ҳеҷ касеро ҷуз ту ба бадӣ ёд намекунад… Ва ӯ омадааст, ки маро аз ибодати ту манъ кунад… ва ба вуҷуди он ки каломи зебо ва дилнишинашро шунидам, маро хуш наомад, ки машварати туро нагирифта бо вай байъат кунам. Бинобар ин, ту ба ман машварат деҳ, Манот ба вай ҳарфе нагуфт.

Боз гуфт: Шояд аз ман норозӣ шуда бошӣ… Ва ман то кунун коре накардаам, ки сабаби норизояти ту гардад.

Аммо ҳеҷ боке надорад… туро чанд рӯз мӯҳлат медиҳам, то он ки хашму ғазабат фурӯ нишинад. Фарзандони Амр ибни Ҷамуҳ медонистанд, ки падарашон чи қадар ба ин бут дилбастагӣ дорад ва чи гуна ин бут ба гузашти замон ҳайсияти ҷисму ҷони ӯро пайдо кардааст. Аммо ишон дарёфтанд, ки ин дилбастагии падарашон нисбат ба ин бут дар қалби вай заъиф шуда истодааст ва акнун бар ишон лозим аст, ки якбора муҳаббат ва дилбастагии онро аз қалби вай берун созанд ва ин ягона роҳи вай ба сӯи ишон аст.

Фарзандони Амр ибни Ҷамуҳ ҳамроҳ ба дӯсташон Муъоз ибни Ҷабал ба истифода аз сиёҳии шаб оҳиста худро ба Манот расонданд. Ва онро аз ҷояш бардошта ва дар чуқурие, ки қабилаи бани Салама партобҳои худро дар он меафканданд, андохтанд. Ва бидуни он ки касе аз ин моҷаро огоҳ шавад, ба хонаҳои худ баргаштанд. Вақте шаб рӯз шуд, Амр бо оромӣ гом бардошта рафт, то барои бути худ дуруд ва салом тақдим кунад, буташро наёфт.

Бало бар ҷонатон бод, чӣ касе имшаб бар бути мо шабохун зада ва онро рабудааст?! Ҳеҷ касе ҷавобе ба вай надод.

Вабаъдхуд ба ҷустуҷӯи он пардохт, дохилу хориҷи хонаро зеру рӯ кард, чизе пайдо накард. Ӯ аз шиддати хашм меғуррид ва менолид ва таҳдид мекард ва бим медод, то он ки онро дар чоҳе оғӯшта бо ифлосиҳо ва наҷосатҳо ёфт. Онро шуст ва пок кард ва атр молид ва ба ҷояш онро гузошта ба он гуфт: Қасам ба Худо, агар бидонам чи касе ин корро дар ҳаққи ту кардааст, ӯро ҷазои сангин хоҳам дод. Чун шаби дигар фаро расид, боз ин ҷавонон ба суроғи ин бут омаданд ва ба он чунон карданд, ки шаби қаблӣ намуда буданд. Чун ин пирамард шабро саҳар кард ва ба суроғи он баромад онро дар чоҳи омехта бо партовҳо ёфт. Онро гирифт ва  шуст ва пок кард ва атр зад ва ба ҷояш баргардонид.

Ин ҷавонон чунин кореро ба такрор анҷом доданд, то он ки пир ба ҷон омад ва аз он дилаш гирифт ва пеш аз ба хоб рафтан назди он бут рафт ва шамшерашро дар гардани он овехт ва ба ӯ гуфт: Эй Манот, қасам ба Худо, намедонам чи касе дар хақи ту ин беҳурматиро раво медорад. Агар дар ту хайре бошад, ин шарро аз худ дур кун ва ин шамшер ҳамроҳи ту бод ва баъд ба бистари худ баргашт. Вақте ин ҷавононро яқин ҳосил шуд, ки вай дар хоб рафтааст, ба сӯи ин бут ҳамла бурда ва шамшерро аз гарданаш гирифтанд ва бутро гирифта ба хориҷ аз хона бурданд ва онро бо ҷасади мурдаи саге бастанд ва ҳардуро дар чоҳе, ки марбути бани Салама буд ва дар он ифлосиҳо ҷамъ мешуд, андохтанд.

Вақте ин пирамард аз хоб бедор шуд, бутро наёфт ва ба ҷустуҷӯи он берун шуд ва ӯро баста ба мурдаи саге дар чоҳи палидиҳо сарнагун ёфт. Ин бор онро аз миёни палидиҳо берун наёвард ва ба ҳоли худаш гузошт ва ин шеър суруд:

Қасам ба Худо агар ту Худо мебудӣ, ту ва ин мурдаи саг дар миёни ин чоҳи касиф қарор намегирифтӣ.

Баъд дере нагузашт, ки ба дини Ислом мушарраф шуд. Вақте Амр ва лаззати имонро чашид, бар ҳар лаҳзаи умраш, ки дар ширк ва бутпарастӣ сипарӣ карда буд, надомат менамуд ва ангушти ҳасрат ба даҳон мекард. Вай бо рӯҳӯ ҷасади худ ба ин дини ҷадид рӯй овард ва молу зиндагӣ ва зану фарзандонашро дар тоъати Худо ва Расулаш қарор дод.

Муддати замоне аз мусалмонии вай сипарӣ нашуда буд, ки  ҷанги Ухуд фаро расид. Дид, ки ҳар се фарзандаш худро барои ҷанг омода месозанд, то бо душманони Худо биразманд. Вай ба сӯи ишон нигарист, ки субҳу шом чун шерони беша ба ҷиҳод рафту омад доранд ва барои шаҳодат ва шаҳодат ба даст овардани ризоии Худо бебокона меҷанганд. Ин мавқифи онҳо ғайрати вайро ба ҷӯш овард ва тасмим гирифт, ки ҳамроҳ бо фарзандонаш дар зери ливои ҳазрати Расули Худо (с) ҷиҳод мекунад. Аммо ин  ҷавонон саъй намуданд, ки падарашонро аз ин тасмим боздоранд. Чун ӯро марди кӯҳансол медонистанд ва ба замми ин як пояш низ мелангид ва ба ин далел ӯро назди Худо маъзур хонда, аз вай илтимос намуданд, ки аз тасмими худ бозгардад ва ба ӯ гуфтанд: Эй падар, Худованд туро маъзур хонда, пас чаро худро дар амре ба машаққат меандозӣ, ки назди Худованд маъзурӣ.

Аз шунидани ин ҳарфи фарзандонаш сахт барошуфта, ба назди ҳазрати Паёмбар (с.) рафт, то аз фарзандонаш шикоят кунад, ва гуфт:

– Эй Памёбари Худо! Ин фарзандонам мехоҳанд маро аз ин кори хайр боздоранд ва барои ман далел меоранд, ки ту мелангӣ ва ман аз Худо илтиҷо дорам, ки бо ин пойи ланг дохили биҳишт шавам.

Ҳазрати Расули Худо (с) ба фарзандонаш гуфт: Ӯро бигузоред. Шояд  Худованд ба ӯ шаҳодат насиб намояд…

Онҳо, ки ба ин фармудаи ҳазрати Расули Худо (с) доштанд, ба вай иҷозат доданд. Чун вақти ба ҷанг баромадан фаро расид, Амр ибни Ҷамуҳ бо ҳамсараш видоъи охирин намуд, ки баъд аз он барнахоҳад гашт. Ва баъд рӯ ба сӯи қибла намуда, ҳарду дасташро ба сӯи осмон баланд карду гуфт: Эй Парвардигор, шаҳодатро насибам гардон ва дасти холии моро ба аҳлам боз магардон.

Баъд дар ҳоле, ки се фарзандаш ӯро дар миён гирифта ва ҷамъияти бузурге аз қавми бани Салама ӯро иҳота намуда буданд, ба роҳ афтод.

Вақте оташи ҷанг шӯълавар гардид ва мардум аз канори ҳазрати Расули Худо (с) мутафариқ шуданд. Диданд, ки Амр ибни Ҷамуҳ дар зумраи пеш посбонон аст ва бо он як пои худ ҷастухез дорад ва бо худ мегӯяд:

  • Ман муштоқи биҳиштам, ман муштоқи биҳиштам… Ва фарзандаш Халлод дар пушти вай қарор дорад.

Дар асное, ки ин пирамард ҳамроҳ бо фарзандаш бо дифоъ аз ҳазрати Расули Худо (с) шамшер мезаданд, дар саҳнаи набард ҳарду бар замин афтоданд ва ҷои шаҳодат кӯшиданд. Ва дар миёни шаҳодати падар ва фарзанд ҷуз чанд лаҳзае фосила набуд.

Ҳамин ки ҷанг ба поин расид, ҳазрати Расули Худо (с) бархост, то шуҳадои Уҳудро ба хок супорад, ба ёронаш гуфт: Онҳоро бо хун ва захмашон бигузоред, ман бар онҳо шаҳодат диҳам. Баъд фармуд:

  • Ҳеҷ мусалмоне дар роҳи Худо захмӣ намешавад, магар он ки дар рӯзи қиёмат ба ҳоле меоёяд, ки хун аз баданаш равон бошад. Ранги он мисли ранги заъфарон аст ва бӯи он мисли бӯи мушк.

Баъд гуфт: Амр ибни Ҷамӯҳро ҳамроҳ бо Абдуллоҳ ибни Амр, ки ҳарду бо ҳам дар дунё дӯст ва рафиқ буданд, дафн кунед.

Худованд аз Амр ибни Ҷамӯҳ ва ёрони шаҳидаш дар Уҳуд розӣ бод ва қабрҳояшонро мунаввар гардонад.

test

Добавить комментарий