Абдуллоҳ Ибни Масъуд

Дар он рӯзгоре, ки даъвати Ислом тоза оғоз шуда буд, Абдуллоҳ ибни Масъуд писарбачаи ҳанӯз дар синни балоғат қадам нагузошта буд. Вай дар доманаи кӯҳҳои Макка дур аз мардум гӯсфандони яке аз сарони Қурайшро, ки Уқба ибни Муъайт ном дошт, ба чаро мебурд. Мардум ӯро ба номи “Ибни уми Абд” мехонданд, вале номи аслиаш Абдуллоҳ ва номи падараш Масъуд аст. Ин писарбача хабари даъвати ҳазрати Расули Худо (с)-ро, ки тоза дар миёни қавмаш оғоз шуда буд, мешунид, вале ба он иҳтимом намекард ва ин амр аз як сӯ ба иллати хурдсолиаш ва аз сӯи дигар ба иллати дуриаш аз мардуми Макка ва машғулияташ ба чаронидани гӯсфандон буд. Чун вай одат карда буд, ки субҳгоҳон барвақт рамаро ба чаро бибарад ва шомгоҳон баргардад. Дар яке аз рӯзҳо ин писарбача аз дур ду марди миёнсолро дид, ки қадам мегузоранд ва осори виқор ва шахсият дар онҳо таҷалӣ дорад ба сӯи вай равонанд. Хастагӣ онҳоро сахт ранҷ медод ва ташнагӣ бар онҳо ғалаба ёфта буд, тавре ки лабҳо ва ҳалқҳояшон аз ниҳояти ташнагӣ хушкида буд. Вақте ин ду мард ба назди ин писарбача расиданд, бар вай салом доданд ва гуфтанд: Эй писарбача, барои мо аз ин гӯсфандонат чизе бидӯш, то ба воситаи он ташнагии худро бишканем ва рагҳои худро тар созем. Писарбача гуфт: Чунин кореро нахоҳам кард, ин гӯсфандон аз они ман нест ва ман бар он амонатдор ҳастам.

Ин ду тан ҳарфи вайро нохуш талаққӣ накарданд, балки баръакс аз ин қавли вай осори ризо ва рағбат дар ишон дида шуд. Баъд яке аз ишон ба вай гуфт: Барои мо гӯсфандеро нишон деҳ, ки ҳанӯз қучқор нарафта бошад. Ин писарбача ба гӯсфанде, ки қариби вай буд, ишора намуд. Мард ба он гӯсфанд наздик шуд ва онро гирифт ва дарҳоле, ки номиХудо бар вай мехонд, шурӯъ ба молидани пистони он намуд. Писарбача бо тааҷҷуб ин ҳолатро менигарист ва бо худ мегуфт: Оё мумкин бошад гӯсфанде, ки ҳанӯз қучқор нарафта бошад, шир диҳад? Аммо дере нагузашт, ки пистони гӯсфанд оҳиста-оҳиста калон шуда рафт ва аз он шири зиёд таровид ва берун шуд. Марди дигарӣ санги зарфгунаеро гирифт ва онро пур аз шир сохт ва ҳар ду аз он шир нӯшиданд ва баъд аз он ба ман низ пешкаш карданд ва маро ба ин корашон, ки ба чашми сар онро тамошо мекардам, боварам намеомад. Вақте ҳама аз шири он хуб сер ва сероб шудем, ин марди муборак ба пистони гӯсфанд гуфт: Ба ҳолати аслиат баргард. Пистон хурд шуда рафт, то он ки ба ҳолати аввалии худ баргашт. Дар ин вақт ба ин марди муборак гуфтам: Аз ин қавле, ки хондӣ, ба ман таълим деҳ. Ба ман гуфт: Ту писарбачае ҳастӣ, ки ба ту таълим дода шудааст.

Ин буд оғози ҳикояти Исломи Абдуллоҳ ибни Масъуд (р). Ин марди муборак ҳамоно ҳазрати Расули акрам (с) ва ёраш ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) буд. Ишон аз касрати азият ва озоре, ки Қурайш дар ин рӯз ба онҳо дода буд, ба доманаҳои кӯҳи Макка берун шуда буданд. Ҳамон тавре, ки ин писарбача ин марди карим ва ёрашро дӯст дошт ва ба ин ду алоқа гирифт, инҳо низ амонатдорӣ ва сидқи ин ғуломро сутуданд ва дар вай умеди хайр намуданд. Дере нагузашт, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд мусалмон шуд ва тақозои хизмати ҳазрати Расули Худо (с) намуд. Ҳазрати Расули Худо (с) талаби ӯро пазируфт ва ӯро дар хизмати худ гирифт ва аз ҳамин рӯз сар карда вай ифтихори хизмати беҳтарин сардори оламиёнро касб кард ва аз чӯпонии гӯсфанд ба хизмати Расули Худо (с) шарафёб гардид. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд бо ҳазрати Расули Худо (с) ҳамнишинон ихтиёр намуд ва ӯро дар ҳазар ва сафар, дар дохили хона ва хориҷи он ҳамроҳӣ мекард. Чун ба хоб мерафт, бедораш мекард ва чун ғусл менамуд, барояш парда мегирифт. Вақте мехост берун равад, кафшҳо ба пояш мекард ва чун мехост дохил шавад, кафшҳояшро аз пояш мекашид ва асо ва мисвокашро бармедошт ва чун дохили утоқаш мешуд, ӯро ҳамроҳӣ менамуд. Балки ҳазрати Расули Худо (с) барои вай иҷоза дода буд, ки ҳар вақте ки бихоҳад, бидуни кадом хараҷ ва таклиф ба ҳузураш дохил шавад ва аз асрораш воқиф гардад, то он ҷое, ки вайро соҳиби сари Расули Худо (с) номидаанд.

Абдуллоҳ ибни Масъуд дар хонаи ҳазрати Расули Худо (с) тарбия ёфт ва ахлоқ ва одати ӯро омӯхт ва авсоф ва шамоили ӯро дар худ зинда сохт ва дар ҳар одат ва хислат аз вай пайравӣ мекард, то он ҷое, ки дар васфи вай гуфтаанд: Вай дар ахлоқ ва ҳайат ва дар ибодат ва нусук аз наздиктарини мардум ба Расули Худо (с) ба шумор мерафт. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд дар мадрасаи нубувват дарс омӯхта ва дар миёни саҳоба аз қоритарин мардум ба Қуръон ва фақеҳтарини ишон ба фаҳми он ва олимтарини ишон ба аҳкоми шаръ буд. Барои исботи ин матлаб достони мардеро бояд шунид, ки ба ҳузури халифа ҳазрати Умар ибни Хаттоб, ки дар Арафот истода буд, омад ва гуфт: Эй амиралмӯъминин, ман аз Куфа омадаам ва дар он ҷо касеро гузоштаам, ки Қуръонро аз ҳифзи худ бар мардум менависад. Ҳазрати Умар аз шунидани ин сухан сахт барошуфт ва гуфт: Бало бар сарат биборад, ин чӣ касе аст? Гуфт: Вай Абдуллоҳ ибни Масъуд аст. Вақте ҳазрати Умар номи вайро шунид, оҳиста-оҳиста хашм ва ғазабашро фурӯ бурд ва баъд гуфт: Ба ёд надорам, ки дар ин асру замон касе монда бошад, ки ба ин кор сазовортар аз вай бошад ва ман бароят ӯро муаррифӣ хоҳам намуд, ки ӯ чӣ касе аст. Шабе ҳазрати Расули Худо (с) ва ҳазрати Абубакр дар амри мусалмонон ба ҳам гарми сӯҳбат буданд ва ман он шаб бо ишон будам. Баъд ҳазрати Расули Худо (с) берун шуд ва мо низ аз пайи ӯ баромадем. Ногаҳон дар масҷид мардеро ёфтем, ки истода намоз мехонад. Мо ӯро нашинохтем, ҳазрати Расули Худо (с) истода, ба вай гӯш мекард ва баъд рӯ ба сӯи мо намуда гуфт: Касеро хуш ояд, ки Қуръонро тоза ба ҳамон ҳолати нузулаш бихонад, ба қироъати Амулабд гӯш ниҳад…

Баъд Абдуллоҳ ибни Масъуд нишаст ва шурӯъ ба дуъо намуд ва ҳазрати Расули Худо (с) ба ӯ мегуфт: Савол кун, ки бароят дода мешавад. Савол кун бароят дода мешавад. Баъд ҳазрати Умар изофа намуда гуфт: Ман бо худ гуфтам: Қасам ба Худо, фардо назди Абдуллоҳ ибни Масъуд рафта ва ӯро ба ин амр мужда хоҳам дод, ки ҳазрати Расули Худо (с) ба дуои ту омин мегуфт. Чун субҳ шуд, назди ӯ рафта, ба вай мужда додам. Дарёфтам, ки ҳазрати Абубакр қабл аз ман сабқат ҷуста ва рафта ва ӯро мужда додааст. Илму дониши Абдуллоҳ ибни Масъуд ба китоби Аллоҳ ба ҳадде расида буд, ки вай мегуфт: Қасам ба Зоте, ки мабъуде ҷуз ӯ нест, ҳеҷ ояте аз китоби Аллоҳ нест, магар он, ки медонам дар куҷо ва дар чӣ маврид нозил шудааст ва агар бидонам, ки касе бештар аз ман ба китоби Аллоҳ олимтар аст ва маркаб ба он ҷо расида битавонад, аз пайи вай хоҳам рафт. Абдуллоҳ ибни Масъуд ин ҳарфи худро муболиға накардааст. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб дар яке аз сафарҳои хеш дар шаби тирае бо корвон рӯ ба рӯ мегардад, ки ҳеҷ якдигариро дида наметавонанд ва дар ин корвон Абдуллоҳ ибни Масъуд буд. Ҳазрати Умар касеро амр кард, ки ишонро фарёд занад, ки аз куҷоянд? Абдуллоҳ ҷавоб дод: Аз водии Амиқ. Ҳазрати Умар гуфт: Қасди куҷо доред? Абдуллоҳ ҷавоб дод: Қасди Байти Атиқ дорем.

Ҳазрати Умар бо худ гуфт, ки ҳатман ҳамроҳ бо ин корвон марди олим аст ва мардеро амр кард, ки онҳоро фарёд занад, ки кадом бахши Қуръон азимтар аст? Абдуллоҳ ҷавоб дод: «Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувал ҳайюл қайюм ло таъхузуҳу синатун ва ло навм». Ҳазрати Умар гуфт: Ишонро фарёд зан, ки кадом бахши Қуръон ҳикмати бештар дорад? Абдуллоҳ ҷавоб дод: «Инналлоҳа яъмуру бил адли вал эҳсон ва итои зил қурбо». Ҳазрати Умар гуфт: Ба ишон фарёд зан, ки кадом ояи Қуръон ҷомеътар аст? Абдуллоҳ ҷавоб дод: «Фаман яъмал мисқола зарратин хайран яраҳ ва ман яъмал мисқола зарратин шаран яраҳ». Ҳазрати Умар гуфт: Ба ишон фарёд зан, ки кадом оят тарсонандатар аст? Абдуллоҳ гуфт: Лайса биамоникум вало амони аҳлил китоб. Ман яъмал суъан юҷза биҳи ва ло яҷиду лаҳу мин дуниллоҳи валиян ва ло насиро». Ҳазрати Умар гуфт: Ба ишон нидо деҳ, ки дар кадом оят раҷои бештар аст? Абдуллоҳ гуфт: «Қул ё ибодиял-лазина асрафу ъало анфусиҳим ло тақнату мин раҳматиллоҳи, инналоҳа яғфируз-зунуба ҷамиъан. Иннаҳу ҳувалғафуру-р-раҳим». Ҳазрати Умар гуфт: Ба ишон нидо деҳ, ки оё Абдуллоҳ ибни Масъуд дар миёни шумо ҳаст? Гуфтанд: Бале ҳаст.

Абдуллоҳ ибни Масъуд танҳо қорӣ ва олим ва обид ва зоҳид набуд, балки бо ин ҳама сифоти вай марди боҳашамат ва боазму муҷоҳид низ буд. Вақте мушкиле пеш меомад, аз ҳама пештар бар он сабқат мегирифт…

Ин сифат ӯро кофист, ки вай аввалин мусалмонест, ки аввалин бор баъд аз ҳазрати Расули Худо (с) Қуръонро ба садои баланд хондааст. Рӯзе асҳоби Расули Худо (с) дар Макка ҷамъ шуда буданд ва дар он вақт ҷамъияташон хеле кам буд ва бо ҳам гуфтанд: Қасам ба Худо, Қурайш то кунун Қуръонро бо овози баланд нашунидааст. Оё касе ҳаст, ки Қуръонро бо овози баланд ба самъи онҳо бирасонад? Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: Ман ба ин кор омодаам. Гуфтанд: Мо аз бераҳмии онон бар ту метарсем, ки азияте ба ту мерасонанд. Мо мехоҳем касе бошад, ки дорои қавм ва хешутабор бошад, ки аз вай дифоъ кунанд ва натавонанд ба вай осебе расонанд. Абдуллоҳ гуфт: Ба ман иҷоза диҳед, Худованд аз ман дифоъ хоҳад кард ва маро дар ҳимояти худ нигаҳ хоҳад дошт. Чун фардо шуд, ба масҷидулҳаром рафт ва дар чошти рӯз дар ҳоле, ки бузургони Қурайш пиромуни Каъба нишаста буданд, дар мақоми ҳазрати Иброҳим (а) омад ва бо садои баланд ба хондани Қуръон шурӯъ кард: Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Арраҳмону ъалламал Қуръон Халақал инсона ъалламаҳул баён. Ва ба хондан идома дод. Чун Қурайш ба тааммул ба хондани вай гӯш ниҳоданд, гуфтанд: Ин Амиабд чӣ мегӯяд? Ҳалок бод вай, вай ҳамон калимотро мехонад, ки Муҳаммад онро овардааст. Баъд ба сӯи вай бархостанд ва ба лату кӯби вай пардохтанд ва ӯ пайваста ба қироати худ идома медод.

Баъд дар ҳоле, ки хун аз сару рӯи вай мерехт, ба сӯиёрони худ рафт. Ба ӯ гуфтанд: Мо аз ин амр бар ту метарсидем. Гуфт: Қасам ба Худо, душманони Худоро ҳеҷ вақт дар чашми худ залил наёфтам, чунончи ки ин бор залил ёфтам. Агар қабул надоред, фардо низ чунин хоҳам кард. Гуфтанд: На, чунин накун. Ҳамин туро кофист, ки Қуръонро бо вуҷуди шунидан нахостанашон ба гӯшашон расонидӣ. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд то даврони хилофати ҳазрати Усмон (р) зиндагӣ намуд. Вақте бемор шуд, бо ҳамон беморӣ аз дунё рафт. Ҳазрати Усмон ба аёдати вай омад ва гуфт: Аз чӣ шикоят дорӣ?

Гуфт: Аз гуноҳонам менолам.

Гуфт: Иштиҳо ба чӣ дорӣ?

Гуфт: Иштиҳо ба раҳмати Парвардигорам.

Гуфт: Чӣ мешавад, дастур диҳем, то бахшишҳоеро, ки солҳо аз гирифтанаш бидоштӣ, бароят бидиҳанд?

Гуфт: Ба бахшишҳоят эҳтиёҷ надорам.

Гуфт: Баъд аз маргат ба дарди духтаронат хоҳад хӯрд.

Гуфт: Оё аз ин тарсӣ, ки духтаронам ба фоқа гирифтор хоҳанд шуд? Ман ба онҳо амр намудаам, ки ҳар шаб сураи Воқеъаро бихонанд. Ва ман аз ҳазрати Расули Худо (с) шунидаам, ки мегуфт: Касе, ки сураи Воқеъаро ҳар шаб бихонад, ҳаргиз ба фоқа мубтало намегардад. Чун шаб фаро расид, дар ҳоле, ки забонаш ба зикри Аллоҳ ва оёти Қуръон машғул буд, доъии аҷалро лаббайк гуфт ва ба рафиқи аъло пайваст. Разияллоҳу анҳум ва ъанно ҷамиъан.

test

Добавить комментарий