Салмони Форсӣ

Ҳикояти ин бахши мо қиссаи саҳобии гиромиқадр, ҳазрати Салмони Форс (р) аст, ки аз пайи дарёфти ҳақ талош варзидааст ва мо акнун риштаи суханро ба худи вай медиҳем, то саргузашти Ислом овардани худро ба мо ҳикоят кунад, Салмон гуфт: Ман ҷавони асптозе аз аҳли Исфаҳон будам, аз қарияе, ки ба номи “Ҷайян” маъруф аст, падарам аз руасои деҳқонон буда ва марди сарватманд ва соҳиби ҷоҳу мақом буд. Аз вақте ки Худованд маро офарид, падарам маро хеле дӯст дошт ва ба ман таваҷҷӯҳ ва инояти беш аз ҳад дошт ва ин муҳаббати вай бо гузашти ҳар рӯз дар вай афзуда мешуд. То ҷое, ки маро аз берун шудан аз хона ба мисли духтарони наврас бозмедошт. Ман муддати замонеро дар оташпарастӣ сипарӣ кардам ва то андозае дар ин бора мавриди эҳтироми мардум қарор гирифтам, ки масъулияти умури оташпарастиро ба ман вогузоштанд ва амри афрӯхтани оташро бар ӯҳдаи ман гузоштанд ва шабу рӯз оташ лаҳзае хомӯшӣ надошт. Падарам марди заминдори бузурге буд ва аз ин роҳ ғаллаи зиёде насибаш мешуд ва худ шахсан бар заминҳояш сарпарастӣ менамуд ва ғаллаи онро ҷамъоварӣ мекард. Дар яке аз рӯзҳо барои вай коре пеш омад ва натавонист, ки ба қария биравад ва гуфт: Фарзандам имрӯз барои ман коре пайдо шуда ва наметавонам, ки бар сари заминҳоям расидагӣ кунам. Ту имрӯз ба ҷои ман бирав ва кори онро сарпарастӣ намо. Ман ба қасди заминҳои хештан берун шудам ва дар асное, ки ба сӯи заминҳои худ равон будам, гузарам ба каниса афтод, ки масеҳиён дар он машғули ибодат буданд ва садояшон ба гӯшам расид. Ин амр таваҷҷӯҳамро ба худ ҷалб намуд.

Ман қабл аз ин аз дини насроният ва адёни дигар чизе намедонистам. Чун падарам маро муддати зиёддар хона мисли ҳабс нигоҳ дошта буд ва аз мардум дур будам ва чизеро намедонистам. Вақте бодиққат ба онҳо нигаристам, намозашон маро хуш омад ва дар ман рағбат ва майл ба динашон пайдо шуд ва бо худ гуфтам, қасам ба Худо, ин дин аз ойини мо беҳтар аст. Ман аз онон ҷудо нашудам, то он ки офтоб ғуруб кард. Дар он рӯз ба заминҳои падарам нарафтам. Баъд ман аз ишон пурсидам: Асли ин оин дар куҷост? Гуфтанд: Дар сарзамини Шом. Вақте шаб фаро расид, ба хонаи худ баргаштам. Падарам бо ман рӯ ба рӯ шуд ва аз кайфияти корам дар заминҳо пурсид. Гуфтам: Падар, маро гузар ба мардумоне афтод, ки дар каниса ибодат мекарданд ва дину оинашон мавриди писандам воқеъ шуд ва то вақте ки офтоб ғуруб кард, бо ишон будам. Падарам аз шунидани ин ҳарф нороҳат шуд ва гуфт: Фарзандам, дар оини ишон хайре нест. Дини ту ва аҷдодат аз дини онҳо беҳтар аст. Гуфтам: На, ҳаргиз. Қасам ба Худо, дини онҳо аз дини мо беҳтар аст. Падарам аз ин ҳарфи ман сахт дар ҳарос афтод ва аз он бим намуд, ки аз дини худ бармегардам ва аз ин рӯ маро дар хона ҳабс кард ва завлона ҳам ба поям намуд. Вақте бароям фурсат муяссар гашт, хабар ба насоро фиристодам ва ба ишон гуфтам, ки агар кадом қофила назди шумо биёяд, ки ба сӯи сарзамини Шом қасди сафар дошта бошад, ба ман хабар диҳед.

Дере нагузашт, ки қофила бар онҳо омад, ки қасди сарзамини Шомро дошт. Ба ман аз он хабар доданд. Бо ҳилае тавонистам завлонаро аз поям дур кунам ва пинҳонӣ аз хона берун шудам ва бо ишон якҷо шудам, то он ки ба сарзамини Шом расидам ва дар он ҷо бо худ гуфтам: Дар ин ҷо аз аҳли ин ойин инсони хуберо суроғ доред? Гуфтанд: Усқуф, сарпарасти каниса. Назди вай омадам ва ба вай гуфтам: Маро ба дини насрониат рағбат дар дил афтода ва ман дӯстдори онам, ки бо ту бошам ва хидмати ту кунам ва бо ту ибодати Худо ба ҷо орам.

Гуфт: Бисёр хуб биё. Назди вай рафтам ва худро дар хидмати вай вақф кардам. Баъд дере нагузашт, ки дарёфтам вай инсони хубе нест. Ӯ пайравонашро ба додани садақа ва касрати савоби он тарғиб медод ва чун барояш аз мол ва матоъ чизе медоданд, то онро дар роҳиХудо ба харҷ расонад, барои худ меандӯхт ва барои фуқаро ва масокин аз он чизе намедод, то он ки ҳафт кӯза тилло барои худ ҷамъ намуд. Вақте ин кори вайро дидам, ӯро сахт бад гирифтам. Баъд дере нагузашта, вай бимурд. Вақте насоро барои дафни вай ҷамъ шуданд, ба онҳо гуфтам: Ин дӯсти шумо марди хубе набуд. Вай шуморо ба додани садақа тарғиб менамуд. Вақте ба ӯ чизе медодед, онро барои худ меандӯхт ва аз он барои бенавоён ва фақирон чизе намедод.

Гуфтанд: Ин суханро аз куҷо донистӣ?

Гуфтам: Ман шуморо ба ганҷинааш роҳнамоӣ мекунам.

Гуфтанд: Бисёр хуб, ба мо ганҷинаи вайро нишон деҳ. Ман ҷойи ганҷинаашро нишон додам ва онро аз он берун карданд. ки дар ҳафт кӯза тилло ва нуқра ҷамъ карда буд.

Вақте онро диданд, гуфтанд: Қасам ба Худо вай ҳаққи дафн карданро надорад. Баъд вайро ба салиб овехтанд ва сангсораш карданд. Баъд дере нагузашт, ки марди дигареро ба ҷойи вай муқаррар карданд ва бо вай ҳамнишин шудам. Ман ҳеҷ якеро дар зуҳд аз дунё ва алоқамандӣ ба охират ба мисли вай надида будам. Вай шаб ва рӯзро ба ибодат ба сар мебурд. Аз ин рӯ, ӯро сахт дӯст доштам ва замони тӯлониро бо вай гузаронидам. Чун вақти маргаш фаро расид, ба вай гуфтам: Эй фалон, баъд аз худ маро ба чӣ касе васият мекунӣ ва бароям чӣ амре менамоӣ, ки баъд аз ту бо чӣ касе бошам? Гуфт: Ҳеҷ касро намебинам, ки бар шеваи ман равон бошад. Магар фалон шахсро, ки дар Мавсил аст ва чизе аз дини масеҳро табдил ва таҳриф накардааст ва ба вай бипайванд. Вақте ин дӯстам бимурд, ба шахсе, ки дар Мавсил маро ба он раҳнамоӣ намуда буд, пайвастам. Вақте ба ҳузури вай даромадам, қисса ва саргузашти худ ба вай намуда, гуфтам: Фалон шахс дар ҳангоми маргаш ба ман васият намуд, ки ба ту бипайвандам ва ба ман гуфт, ки танҳо туӣ, ки бар дини ҳақ боқӣ мондаӣ ва бар он тамассук менамоӣ. Вай гуфт: Назди ман иқомат кун. Назди вай иқомат намудам, дидам ки марди хубе аст. Баъд вай низ дере нагузашта, ки вафот ёфт. Вақте чун маргаш фаро расид, ба ӯ гуфтам: Эй бандаиХудо, чунончи мебинӣ, қазои илоҳӣ бар сарат расидааст ва қисса ва саргузаштам низ ба ту хуб равшан аст. Баъд аз даргузашти худ маро ба чӣ касе тавсия мекунӣ? Бо чӣ касе бошам? Гуфт: Эй фарзандам, қасам ба Худо, ки ҳеҷ касро ба мисли худ дар ин диёр намебинам. Магар фалон шахсро, ки дар Насибайн (сарзамине дар Туркия) аст, ба вай бипайванд.

Вақте вайро ба хок дафн карданд, назди он дӯст, ки дар Насибайин ба ман муаррифӣ намуда буд, рафтам ва саргузашти худро ба вай якояк ҳикоят кардам ва васияти ин дӯсти охируззикрро низ ба вай гуфтам. Ба ман гуфт: Назди мо иқомат кун. Назди вай иқомат намудам. Дидам, ки вай низ ба сони ду дӯсти қаблиаш инсони хубе аст. Ин шахс ҳам дере нагузашт, ки қазои илоҳӣ бар сари вақташ расид. вақти лаҳзаи маргаш фаро расид. Ба вай гуфтам: Қисса ва саргузаштам ба ту маълум аст, баъд аз худ маро ба чӣ касе васият мекунӣ? Гуфт: Эй фарзандам, қасам ба Худо фикр намекунам, ки дар ин диёр касе бар ин шева, ки мо ҳастем, боқӣ монда бошад. Магар шахсеро мешиносам, ки дар Амурия аст ва фалон ном дорад, ба вай бипайванд. Ба вай пайвастам ва саргузаштам ба вай ҳикоят намудам. Вай гуфт: Назди мо бимон. Назди вай иқомат кардам. Ин шахс мисли дӯстони қаблиаш инсони хуб ва марди нек буд. Ман дар назди вай чанд сар гов ва гӯсфанд ба даст овардам. Боз дере нагузашт, ки ин шахс низ мисли ёрони қаблиаш дар бистари марг афтод. Ба ӯ гуфтам: Баъд аз худ маро ба чӣ касе васият мекунӣ? Ва чӣ васияте бар ман дорӣ? Гуфт: Қасам ба Худо, эй фарзанд, фикр накунам, ки дар рӯи замин касе монда бошад, ки ба шевае, ки мо дорем, Худоро ибодат кунад. Аммо замони он фаро расидааст, ки дар сарзамини Араб Паёмбаре мабъус мешавад, ки пайравии дини Иброҳим (а)-ро менамояд ва баъд ба сарзамини хурмоӣ, ки дар миёни ду сарзамини гарм воқеъ шудааст, ҳиҷрат мекунад ва ӯро нишонаҳоест равшан, ки аз ҳеҷ як пӯшида намемонад. Ӯ мардест, ки ҳадяро мехӯрад ва садақаро тановул намекунад ва дар миёни ду шонааш мӯҳри нубувват аст. Агар тавонӣ, ки худро ба ин диёр расонӣ, маътал накун.

Баъд доъи аҷалро лаббайк гуфт ва баъд аз вай муддатеро дар Амурия ба сар бурдам, то он ки гузари ҷамъе аз тоҷири Араб, ки аз қабилаи “Калб” буданд, бар он ҷо афтод. Ба онҳо гуфтам: Агар маро бо худ ба диёри Араб расонед, ин говҳо ва гӯсфандонамро ба шумо медиҳам. Гуфтанд: Бале, қабул дорем ва чунин хоҳем кард. Ман молҳоямро ба онҳо додам ва маро бо худ оварданд. Вақте ба водии Қуро расидем, ба ман хиёнат карданд ва маро ба марди яҳудие фурӯхтанд. Ман дар хидмати ин марди яҳудӣ ба сар бурдам. Баъд дере нагузашт, ки писари амакаш аз Бани Қурайза ба зиёрат ва дидори вай омад ва маро аз вай харидорӣ намуд ва бо худ ба Ясриб бурд ва дарахтҳои хурморо, ки ин дӯстам дар Амурия бароям аз он ёдовар шуда буд ва Мадинаро бо сифатҳое, ки вай намуда буд, дарёфтам. Ҳамон буд, ки бо ин яҳудӣ дар ин шаҳр иқомат намудам. Ҳазрати Паёмбар (с) дар ин вақт дар Макка қавми худро даъват мекард. Аммо ман аз зиёдатии машғулият, ки ғуломӣ ба дӯшам гузошта буд, ҳарфе аз вай шунида натавонистам. Баъд дере нагузашт, ки ҳазрати Расули Худо (с) ба Ясриб ҳиҷрат намуд. Қасам ба Худо, ки ман бар сари дарахти хурмои хоҷаи худ машғули кор будам ва хоҷаам дар зери ин дарахт нишаста буд. Ногаҳон писари амакаш омад ва ба ӯ гуфт: “Худованд Бани Қайла (яъне Авс ва Хазраҷро) ҳалок кунад. Қасам ба Худо, онҳо ҳамакнун дар Қубо ба гирди марде, ки аз Макка омада ва муддаъии унубувват аст, ҷамъ шудаанд.

Ҳамин ки ин ҳарфи вайро шунидам, фикр кардам, ки гӯё маро таб гирифта бошад ва сахт ларзидам ва дар изтироб афтодам, то он ҳадде, ки фикр кардам, бар болои сари оқои худ хоҳам афтод ва аз ин рӯ саъй кардам, ки ҳарчи зудтар аз дарахт пойин шавам ва шурӯъ ба савол аз вай намудам, ки чӣ гуфтӣ? Хабаратро боз гӯ. Оқоям аз ин саволи ман сахт барошӯфт ва маро мушти сахте зад ва ба ман гуфт: Туро ба ин хабар чӣ кор? Ба кори худ баргард. Чун Шом шуд, қадре аз хурморо, ки ҷамъ намуда будам, бо худ гирифтам ва ба ҷойе рӯй овардам, ки Паёмбар дар он ҷо буд. Ба ҳузураш дохил шудам ва ба он ҳазрат гуфтам: Хабар шудам, киту марди солеҳ ва некниҳоде ҳастӣ ва ёронат мардумони фақир ва ниёзманданд ва ин миқдор хурмое, ки бо худ овардам, онро барои садақа ҷамъ кардаам ва шуморо нисбат ба ҳар каси дигаре ба ин садақа сазовор ёфтам ва баъд онро ба ишон тақдим доштам. Ба ёрони худ гуфт: Бихӯред ва худ аз даст дароз кардан ба он худдорӣ намуд. Ба худ гуфтам, ин як нишона. Баъд баргаштам ва шурӯъ ба ҷамъ кардани баъзе хурмоҳои дигар намудам. Вақте ҳазрати Паёмбар (с) аз Қубо ба Мадина омад, назди вай рафтам ва барояш гуфтам: Ман туро дидам, ки садақаро намехӯрӣ ва ин ҳадя аст, ки шуморо ба он такрим намудам. Баъд аз он хӯрд ва ба ёрони худ амр кард, ки аз он бихӯранд. Бо худ гуфтам: Ин нишони дуввумӣ аст.

Баъд ба ҳузури Расули Худо (с), ки дар Бақеъи Ғарқад, машғули дафни як тан аз асҳобаш буд, омадам. Дидам, ки вай нишастааст ва ду чодаре бар шона дорад. Бар вай салом кардам. Баъд давр хӯрдам, то пушти вай бубинам, то шояд битавонам мӯҳри нубувватро, ки дӯстам дар Амурия ба ман гуфта буд, бубинам. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) рағбатамро ба дидани пушти муборакаш дар ман мулоҳиза намуд, чодирашро аз пушти худ андохт ва мӯҳри нубувват дидам ва онро шинохтам ва худро бар вай андохта, бӯса намуда ва мегиристам. Ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Чӣ мехоҳӣ ва кистӣ? Ман қиссаи саргузашти худро якояк ба вай ҳикоят намудам ва аз он дар шигифт шуд ва ӯро хуш омад, ки ин достонро ба асҳобаш бишунавонам ва чунин низ кардам. Ишон низ аз шунидани ин саргузашт сахт дар ҳайрат афтоданд ва ниҳоят хушӣ ва сурур саропойи вуҷудашонро фаро гирифт. Салом бод бар Салмони Форс, ки дар ҳар ҷо ва ҳар макон аз пайи ҷӯстуҷӯи ҳақ равон буд. Салом бод бар Салмони Форс, ки рӯзе ҳақро шинохт ва онро пайравӣ кард ва содиқона ба он имон овард. Салом бод бар вай дар вақте ки аз дунё рафт ва вақте ки дубора барангехта мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.