Зайду-л-Хайр

Мардум мисли маъдананд, ки соҳиби мурувваташон ҳам дар ҷоҳилият ва ҳам дар Ислом соҳиби мурувватанд. Мо дар зайл ду чеҳра аз як саҳобии гиромиқадрро пешкаш мекунем, ки якеро дар ҷоҳилият дошта ва дигареро дар Ислом. Ин саҳобии бузург ҳамоно Зайду-л-Хайр аст, ки мардум вайро дар ҷоҳилият ба ин ном мехонданд ва баъд аз он, ки мусалмон шуд, ҳазрати Расули Худо (с) ӯро Зайду-л-Хайр ном ниҳод. Аммо чеҳраи аввалии ӯро кутуби адаб ривоят намуда, мегӯянд: Шайбонӣ аз пирамарде аз қабилаи Бани Омир ҳикоят намуда, ки вай гуфт: Соли қаҳтӣ фаро расид ва зироат ва мевааш ҳама хушк шуданд. Дар натиҷаи ин хушксолӣ марде аз миёни мо ҳамроҳ бо аҳлу аёли хеш ба қасди Ҳира (шаҳрест дар Ироқ) тарки ватан гуфт. Чун ба он ҷо расид, аҳлу айёли худро гузошт ва ба онҳо гуфт: Дар ин ҷо ба интизори ман бинишинед, то он ки ба назди шумо баргардам. Баъд ба худ қасам ёд кард, ки ба назди ишон барнахоҳад гашт, то он ки чизе ба даст орад ва ё дар роҳи ба даст овардани мол зиндагии худро аз даст диҳад. Баъд андак хӯрданӣ бо худ тӯша гирифт ва рӯзи дароз роҳ рафт, то он ки чун шаб наздик шуда мерафт. Дар пеши рӯи худ хаймаеро дид ва дар қарибии хайма курраи аспро дид, ки баста шуда буд. Ба худ гуфт: Ин аввалин ғанимат хоҳад буд, ки бар он даст хоҳам ёфт ва ба сӯи он рӯ овард ва шурӯъ ба боз кардани гиреҳи он намуд. Ҳамин ки қасди бар он савор шудан кард, садоеро шунид, ки мегуфт: Ин курраро бигузор ва ҷони худро шумор. Ҳамон буд, ки онро гузошт ва ба роҳи худ идома дод.

Баъд ҳафт рӯзи дигар сафар намуд, то он ки ба ҷое расид, ки дар он хобгоҳи шутурон буд ва дар канори он хаймаи бузург буд, ки қуббаи он аз пӯсте сохта шуда буд ва далолат бар он дошт, ки соҳиби он марди ғанӣ ва сарватманд ва аз нозу неъмати зиндагӣ бархӯрдор аст. Ин мард бо худ гуфт: Ин хобгоҳ ҳатман шутурон хоҳад дошт ва ин хайма ҳам бекас нахоҳад буд. Баъд дар ҳоле, ки офтоб дар ҳоли ғуруб буда, ба ин хайма назар афганда дид, ки пирамарди кӯҳансол дар миёни он нишастааст. Омад ва дар пушти ин пирамард дар ҳоле, ки вайро намедид, нишаст. Дере нагузашт, ки офтоб ғуруб намуд. Баъд паҳлавони тануманде, ки ҳаргиз мисоли вайро надидааст, бар аспи баландпушт савор ва ду ғулом аз тарафи росту чапаш қарор доранд ва сад шутуре, ки дар пешопеши он шутури бузург ва сиёҳ равон аст, омад. Шутури сиёҳ зону зада хобид ва бақияи шутурҳои дигар низ ба атрофи он зону зада, хобиданд. Дар ин вақт ин паҳлавон ба яке аз ғуломонаш гуфт: Ин як шутурро бидӯш ва ишора ба яке аз шутурҳои чоқ ва фарбеҳ намуд ва шири он ба ин пирамард бидеҳ. Он ғулом шутур бидӯшид, то он ки зарфе, ки дар даст дошт, пур аз шир шуд ва онро дар пеши рӯи пирамард гузошт ва худ аз вай канор гирифт. Пирамард аз ин шир як-ду ҷуръа нӯшид ва онро ба замин гузошт. Ин марде, ки дар пушти шайх пинҳон шудааст, гуфт: Оҳиста ба шикам худро назди шайх расонидам ва зарфи шир гирифтам ва ҳамаи он ба сар кашидам. Андаке баъд ғулом омад, ин зарф бигирифт ва гуфт: Эй оқо, ин пирамард ҳамаи ин шир нӯшидааст. Паҳлавон хушҳол шуд ва гуфт: Ин шутури дигарро низ бидӯш ва шири он дар пеши рӯи пирамард гузор. Ғулом амри оқо ба ҷо овард ва чунин кард. Ин бор пирамард аз он як ҷуръа ба сар кашид ва онро ба замин гузошт. Ин бор низ зарфи ширро гирифтам ва нисфи он нӯшидам ва бақияро аз бими он ки дар дили ин паҳлавон шак ва тардид дар ин амр эҷод нашавад, боз гузоштам.

Баъд ин паҳлавон, ғуломи дигари худро амр кард, ки гӯсфандеро забҳ кунад. Ғулом амрро ҷо овард ва гӯсфандро кушт ва ин паҳлавон аз ҷой бархост, бархе аз онро барои ин пирамард кабоб кард ва ба дасти худ онро ба вай дод. Вақте ин пирамард сер шуд, баъд худ ва ғуломонаш ба хӯрдан шурӯъ намуданд. Дере нагузашт, ки ҳар кадом ба хобгоҳашон рафтанд ва ғарқи хоб шуданд. Дар чунин фурсате ман ба сӯи ин шутури сиёҳ рӯй овардам ва зимомаш кушудам ва бар он савор шудам ва ба роҳ афтодам. Бақияи шутурҳо низ аз пайи вай шуданд ва шабро роҳ паймудам. Чун шаб рӯз шуд, ба ҳар сӯ нигаристам, то бубинам касе аз пай маро таъқиб дорад ё не. Дидам, ки ҳеҷ касе нест. Боз ба суръати худ афзудам, то он ки чошти рӯз шуд. Боз ба ақиби худ нигаристам, дидам ки мавҷуде ба мисли зоғ ва ё паррандаи бузурге ба чашм мехӯрад. Вай ба ман наздик шуда мерафт, то он ки шинохтам ин сиёҳӣ аспсавор аст, ки ба сӯи ман меояд ва чун наздик шуд, донистам ки вай ҳамон ёри имшаби мост, ки ба хотири ҷустуҷӯи шутураш омадааст. Дар чунин фурсате шутурро бастам ва тире аз тирдон кашидам ва онро дар камон кардам ва шутурро дар пушти сар гузоштам. Ин паҳлавон дар фосилаи дуртар истод ва гуфт: Зимоми шутур бикшо. Гуфтам: Ҳаргиз чунин нахоҳам кард. Ман дар пушти сари худ замони гуруснагиро дар Ҳира гузоштаам ва қасам ёд намудаам, ки ё барои ишон чизе мерасонам ва ё он, ки дар пайи ҳусули он ҷон медиҳам.

Гуфт: Ту мурда ҳастӣ, зимоми шутур бикушо ва худро дар ҳалокат маяфкан.

Гуфтам: Ҳаргиз зимоми шутур нахоҳам кушод.

Гуфт: Ҳалок шавӣ, ту инсони мағрур менамоӣ.

Баъд гуфт: Зимоми шутур, ки дар он се гиреҳ буд, овезон соз. Баъдан аз ман хост, ки кадом як аз ин гиреҳҳоро, ки хоста бошӣ, интихоб кун, то онро ҳадаф қарор диҳам. Ман гиреҳи бастаро барояш нишон додам. Вақте тирро ба сӯи он андохт, чунон дар ин гиреҳ нишаст, ки гӯӣ ба дасти худ онро дар он насб намуда бошӣ ва ба ҳамин тартиб ду гиреҳи дигарро низ ба нишон гирифт. Дар ин вақт буд, ки ман тире, ки аз тирдонам берун намуда будам, дубора онро ба ҷояш гузоштам ва худро ба вай таслим намудам. Вай ба ман наздик омад ва шамшер ва камон аз ман бигирифт ва гуфт, ки дар ақибам савор шав. Ман дар пушти сари вай савор шудам. Ба ман гуфт: Ба гумони ту бо ту чӣ хоҳам кард?

Гуфтам: Бадтарин гумон.

Гуфт: Чаро?

Гуфтам: Ба хотири коре, ки худ анҷом додам ва туро дар таклиф ва машаққат гузоштем ва акнун Худованд туро бар ман зафар бахшид.

Гуфт: Оё гумон мебарӣ, ки ман ба ту азияте хоҳам расонд, дар ҳоле, ки бо Муҳалҳил (яъне падараш) дар таъом ва нӯшиданиаш ширкат намудӣ ва имшабро дар ҳамроҳии вай ба сар бурдӣ?!

Вақте номи Муҳалҳилро шунидам, гуфтам: Оё ту Зайдул-Хайл нестӣ?

Гуфт: Бале.

Гуфтам: Ту асиргирандаи хубе ҳастӣ.

Гуфт: Боке надорад ва маро ҳамроҳ бо хештан ба ҷойи худ бурд ва гуфт: Қасам ба Худо, агар ин шутур аз ман мебуд, онро ба ту медодам. Аммо ин шутур аз яке аз хоҳаронам аст. Чанд рӯз дар ин ҷо сабр намо, ман тасмими ҳамлаеро дорам. Имкон дорад, ки аз он ғанимате ба даст орам. Се рӯз аз ин амр сипарӣ нашуда буд, ки вай бар қабилаи бани Нумайр шабохун зад ва аз он тақрибан сад шутурро ба ғанимат гирифт. Ин ҳамаро ба ман дод ва касонеро ҳам аз сӯи худ бо ман ҳамроҳ сохт, то ба хайр ва офият ба Ҳира бирасам.

Ин буд чеҳраи Зайд дар даврони ҷоҳилият. Аммо акнун ба чеҳраи вай дар Ислом назар афканем, то бубинем, ки китобҳои сират дар бораи вай чӣ навиштаанд. Вақте хабари ҳазрати Расули Худо (с) паҳн шуд ва Зайду-л- Хайр онро шунид ва ба бахше аз аҳдоф ва матолиби даъвати вай пай бурд, маркаби худро омода сохт ва сарон ба бузургони қабилаи худро ҷамъ кард, то ба зиёрати ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ҳамроҳӣ кунанд. Ҷамъи зиёде аз қабилаи Тай, ки дар ин ҷумла Зир убни Сиддо ва Молик ибни Ҷубрай ва Омир ибни Ҷувайн ва ғайра шомил буданд, ҳамроҳи вай ба роҳ афтоданд. Вақте ба Мадина расиданд, ба сӯи масҷиди Набавии шариф рӯй оварданд ва шутурони худро бар дарвозаи он хобониданд. Тасодуфан дар вақти қудумашон ҳазрати Расули Худо (с) аз болои минбар бар мусалмонон хутба ирод менамуд. Суханонаш ишонро дар ҳайрат андохт ва шефтагии мусалмонон ва гӯш ниҳодани ишон ба вай онҳоро дар тааҷҷуб афганд. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) онҳоро бидид, дар хутба ба мусалмонон фармуд: Ман ба шумо аз Узо ва аз ҳар чӣ, ки парастиш мекунед, беҳтарам. Ман ба шумо аз ин шутури сиёҳ, ки ба ғайри Аллоҳ онро парастиш мекунед, беҳтарам…

***

Суханони ҳазрати Расули Худо (с) дар нафси Зайду-л-Хайр ва ёронаш таъсири мухталиф гузошт. Баъзеи онҳо ба ҳақ сар ниҳода ва ба он рӯ оварданд ва бархеи дигар аз он рӯ гардониданд ва эътироз намуданд ва кибру ғурур варзиданд.

Аммо Зир ибни Судусӣ вақте дид, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар чунин як мавқифи дилангезе қарор дорад, ки дилҳои мӯъмин ба Худо ӯро дар иҳота гирифта ва чашмҳои муҳаббатомези ёронаш ба вай дӯхта шудааст, оташи ҳасад дар дилаш афрӯхта гардид ва хавфу ҳарос дар қалбаш афтод ва баъд ба ҳамроҳонаш гуфт: Ман касеро мебинам, ки гардани ҳамаи арабҳоро молик хоҳад шуд. Қасам ба Худо, ҳаргиз ба вай иҷоза нахоҳам дод, ки молики гардани ман низ шавад. Баъд рӯ ба сӯи сарзамини Шом ниҳод ва сари худро тарошид ва насронӣ шуд.

Аммо Зайд ва бархе аз ҳамроҳонаш сурати дигар доштанд. Ҳамин ки ҳазрати Расули Худо (с) хутбаро тамом кард, Зайдул-Хайр дар миёни ҷамъияти мусалмонон ба по хост ва бо садои баланд фарёд зад ва гуфт: Эй Муҳаммад (с), шаҳодат медиҳам ба ин, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуди барҳақ нест ва ту Паёмбари Худо (с) ҳастӣ. Ҳазрати Расули Худо (с) ба вай рӯ овард ва гуфт: Ту кистӣ? Гуфт: Ман Зайду-л-Хайр, фарзанди Муҳалҳил ҳастам. Ҳазрати Расули Худо (с) ба вай гуфт: На, балки Зайдул Хайл ҳастӣ. Сипос Худоро, ки туро аз даштҳо ва кӯҳҳоят ба ин ҷо овард ва қалбатро барои қабули Ислом нарм сохт. Вай баъд аз он рӯз ба номи Зайду-л-Хайр ёд мешуд.

Баъд ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳоле, ки ҳазрати Умар ибни Хаттоб ва ҷамъе аз асҳоб бо вай буданд, ӯро ба хонааш бурд. Чун ба хона расиданд, ҳазрати Расули Худо (с) такяеро барояш гузошт, то бар он такя кунад ва бар вай душвор афтод, ки дар ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) такя кунад ва такяро канор гузошт ва ҳазрати Расули Худо (с) онро дубора барояш мегузошт ва ин амал то се бор такрор ёфт. Ҳазрати Расули Худо (с) ба Зайду-л-Хайр гуфт: Ҳаргиз чунин нашудааст, ки касеро бароям сутуда бошанд ва баъд ӯро баробар бо ҳамон сифот, ки шунидаам, ёфта бошам, магар он ки ӯро камтар аз он чи, ки шунидаам, ёфтаам, магар туро, ки бо ҳамон сифот, ки шунидаам, баробар ёфтам. Баъд ба вай гуфт: Эй Зайд, дар ту ду хислат аст, ки Худо ва Расулаш онро дӯст медорад.

Гуфт: Чӣ хислатҳое эй Расули Худо (с)?

Фармуд: Гузашт ва бурдборӣ.

Гуфт: Ситоиш Худойрост, ки маро маҳбуби худ ва Паёмбараш гардонидааст ва баъд рӯ ба сӯи ҳазрати Расули Худо (с) намуд ва гуфт: Эй Расули Худо (с), сесад паҳлавони мубориз ба ман бидеҳ ва ман кафолат медиҳам, ки бо ин теъдод бар сарзамини Рум ҳамла менамоям ва онҳоро шикаст медиҳам. Ҳазрати Расули Худо (с) ин ҳиммати ӯро сутуд ва ба вай гуфт: Эй Зайд, чӣ қадар инсони пурхайре ҳастӣ. Ту аз кадом табақа инсон ҳастӣ?! Баъд ҳамроҳ бо Зайд ҳамаи онҳое, ки аз қавмаш ӯро ҳамроҳӣ менамуданд, мусалмон шуданд.

Вақте Зайд ҳамроҳ бо ҳамсафаронаш азми бозгашт ба диёри худ намуд, ҳазрати Расули Худо (с) бо вай видоъ намуда гуфт: Ин чӣ гуна инсон аст? Агар вай аз вабои Мадина ҷон ба саломат бубарад, чӣ қадар шаъни бузург хоҳад ёфт ва Мадинаи Мунаввара дар ин вақт гирифтори бемории вабо ва табларза буд. Зайду-л-Хайр Мадинаро ҳанӯз тарк нагуфта буд, ки табларза ӯро дарёфт ва ба ёронаш гуфт: Маро ба ватани Қайс бубаред. Дар миёни мо ва онҳо ихтилофот аз ҳамоқатҳои ҷоҳилӣ буд. Қасам ба Худо, то вақте, ки зинда ҳастам, бо ҳеҷ як мусалмон нахоҳам ҷангид. Бовуҷуди он ки шиддати таб бар вай афзуда мерафт. Зайд ба роҳи худ ба сӯи диёри хеш дар Наҷд идома медод. Ӯ орзӯи он дошт, ки ба қавми худ бирасад ва онҳоро ба Ислом даъват намояд ва тавассути вай Худованд онҳоро ба Ислом ҳидоят намояд. Аммо вай аз пайи ин орзу ва марг аз пайи вай бо ҳам дар мусобиқа буданд ва дере нагузашт, ки марг ба суроғаш расид ва дар миёни роҳ доъии аҷалро лаббайк гуфт ва дар миёни Ислом ва марг чандон фосила нагузашта буд, ки дар он муртакиби гуноҳе гардад…

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.