Адй Ибни Ҳотими Тойӣ

Дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ подшоҳе аз подшоҳони Араб баъд аз эърози тӯлонӣ ба Ислом гардан ниҳод ва шавқи имон дар дилаш роҳ ёфт ва баъд аз ғурур ва худписандӣ зимоми тоъат ва фармонбардорӣ ба дасти ҳазрати Расули Худо (с) дод. Ин шахс ҳамоно Адй ибни Ҳотими Тойӣ аст, ки падараш дар ҷуду сахо зарбулмасали мардум буд. Адй риёсатро аз падараш мерос бурд ва қабилаи Тай ӯро ба подшоҳии худ пазируфтанд ва барояш чоряки ғаниматҳоро доданӣ шуданд ва зимоми сарварӣ ба дасти вай супурданд. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) даъвати ҳақро ошкор сохт ва деҳаҳои араб яке баъди дигар ба вай гардан ниҳод, Адй ибни Ҳотими Тойӣ дид, ки ин даъват оҳиста-оҳиста аз сарварӣ ва раёсати вай ва рафта-рафта онро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, дар ҳоле, ки ӯро намешинохт, бо ҳазрати Расули Худо (с) сахт аз роҳи душманӣ пеш омад ва пеш аз он ки бубинад, ӯро бад гирифт. Вай тақрибан бист солро бар адоват ва душмании вай ба сар расонд, то он, ки Худованд дилашро ба қабули ҳақ ва пайравии ҳидоят гарм ва синаашро кушода сохт. Ислом овардани Адй ибни Ҳотим достоне дорад ва мо худи вайро мегузорем, то ин достонро барои мо ҳикоят кунед. Чун ӯ худ ин достонро хубтар ва беҳтар аз мо ривоят мекунад.

Адй гуфт: Ҳеҷ як аз арабҳо дар душманӣ ва кина бар ҳазрати Расули Худо (с) ба паймонаи ман намерасид. Ман марди шариф будам ва ба дини насроният мӯътақид. Ман дар миёни қавми хеш барои ҷамъи назр мерафтам ва чаҳоряк ҳисса аз ғаноимашонро ҷамъ карда, бо худ меовардам ва ин одати мулуки Араб буд.

Вақте аз ҳазрати Расули Худо (с) ва даъвати вай шунидам, ӯро бад гирифтам. Вақте кораш боло гирифт ва бар шавкаташ афзуда шуд ва сипоҳиёнаш дар Ҷазирату-л-Араб шурӯъ ба фатҳи диёри шарқ ва ғарб намуданд, ба ғуломам, ки вазифаи чаронидани шутурҳоямро ба дӯш дошт, гуфтам: Бароям аз миёни ин шутурон шутури чоқ ва хушрафторро омода соз ва онро дар наздики ман бибанд. Агар хабаре аз лашкари Муҳаммад (с) ва ё дастаҳои амалиётии вай шунидӣ, ки ба ин диёр рахна намудаанд, ба ман хабар деҳ.

Дар яке аз рӯзҳо ғуломам омад ва ба ман гуфт: Эй оқо, он чиро мехостӣ, ки дар вақти қудуми лашкари Муҳаммад дар сарзаминат анҷом диҳӣ, анҷом деҳ, ки омаданд.

Гуфтам: Чаро? Модарат дар азоят нишинад.

Гуфт: Ман парчамҳоеро ба чашм дидам, ки дар гӯшаву канори ин диёр ҷилва мекард. Аз он пурсидам, гуфтанд, ки ин лашкарҳои Муҳаммад (с) аст.

Ба вай гуфтам: Он шутуреро, ки туро ба омодасозии он амр намуда будам, бароям наздик соз. Баъд фавран аз ҷой бархостам ва аҳлу аёл ва авлоди худро барои ҳаракати фирор аз ин меҳани дӯстдоштаамон амр кардам ва босуръат ба роҳи худ ба сӯи Шом идома додам, то дар он ҷо бо аҳли дини хештан, ки ҳама насоро буданд, бипайвандам ва бо онҳо зиндагӣ кунам.

Шиддати хавфи вуруди лашкари мусалмонон маро чунон саросема сохт, ки натавонистам ба бозрасии ҳама аҳлу наздикони худ расидагӣ кунам. Вақте аз ҷойи хатар гузаштам ва донистам, ки дигар хатари лашкари Муҳаммад (с) маро таҳдид намекунад, ба бозҷӯии аҳлу хонаводаам пардохтам. Дидам, ки хоҳарам дар сарзамини Наҷд ҳамроҳ бо дигар наздиконам аз қабилаи Тай мондаанд. Ман чораи дигар барои бозгашт ва интиқоли онон бо худ надоштам ва ногузир бо ҷамъе, ки ҳамроҳам буд, ба роҳ идома додем, то он ки ба сарзамини Шом расидем ва дар ин ҷо дар миёни аҳли оилаам ба зиндагии худ идома додам. Аммо хоҳарам, он чи, ки дар бораи вай метарсидамва аз онбим доштам, дар он воқеъ шуд.

Тавре, ки ба ман хабар расид, сипоҳиёни Муҳаммад (с) бар диёри мо ҳамла намуда ва хоҳарамро дар ҷумлаи касоне, ки ба асорат гирифторанд, асир сохта ва ба Ясриб бурдаанд ва дар он ҷо ӯро дар маҳваштаи (замине, ки атрофии он девор кашида шудааст) наздики дарвозаи масҷид нигаҳ доштаанд. Ҳазрати Расули Худо (с) аз назди вай гузаштааст. Вай аз ҷой бархоста ва гуфтааст: Эй Расули Худо (с), падарам даргузашт ва сарпарастам нопадид гашт. Худо бар ту миннат гузорад, бар ман миннат гузор.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Сарпарасти ту кӣ буд? Гуфт: Адй ибни Ҳотим. Фармуд: Ҳамон касе, ки аз Худо ва Расулаш фирор карда? Баъд Расули Худо (с) ба роҳи худ рафт ва ӯро гузошт ва чизе нагуфт. Чун рӯзи дигар ҳазрати Расули Худо (с) бар вай гузар намуд, ин зан ба мисли ҳарфи қаблии худ изҳор дошт ва ҳазрати Расули Худо (с) низ ҳамон ҷавоби аввали худ бигуфт. Чун фардои дигар бар вай гузар намуд, ки ин зан хомӯш истод ва аз вай ноумед гашт ва чизе нагуфт. Касе аз пушти ҳазрати Расули Худо (с) ба ин зан ишора намуд, ки аз вай илтимос кунад. Ҳамин буд, ки аз ҷой бархост ва гуфт: Эй Расули Худо (с), падарам даргузашт ва сарпарастам овора гардид. Худо бар ту миннат гузорад, бар ман миннат гузор.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Чунин хоҳам кард.

Ин зан гуфт: Ман мехоҳам ба аҳли худ дар Шом бипайвандам. Фармуд: Аммо ба рафтан ба Шом аҷала накун, то аз қавми худ касеро ёбӣ, ки мавриди эътимодат бошад ва туро ба он ҷо бирасонад ва ҳар гоҳ агар касеро ба ин сифат дарёфтӣ, ба ман иттилоъ деҳ.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) рафт, хоҳарам дар мавриди он мард, ки ба вай ишора намуда буд, ки аз ҳазрати Расули Худо (с) барои раҳоии хештан илтимос кунад, пурсид, ки ин шахс чӣ ном дорад. Ба ӯ гуфтанд, ки Алӣ ибни Абитолиб буд. Баъд муддате сабр намуд, то он ки қофилае омад, ки дар он нафари мавриди эътимодашро дарёфт. Вай ба ҳузури Расули Худо (с) омад ва гуфт: Эй Расули Худо (с), қофилае аз қавми ман омадааст ва дар миёни ишон касест, ки ӯро марди амин ва мавриди эътимод медонам ва метавонад, ки маро ба аҳлам расонад. Ҳазрати Расули Худо (с) ба вай либос кард ва шутуре барояш бахшид, то бар он савор шавад ва масорифи роҳашро пардохт. Ҳамон буд, ки хоҳарам ҳамроҳ бо ин қофила берун шуд. Адий изофа мекунад: Баъд аз ин, ки ба ин диёр расидам, пайваста ахбор ва гузоришоти хоҳарамро пайгирӣ мекардам ва мунтазири қудуми омадани вай ба ин диёр будам. Ман тасаввур намекардам, ки Муҳаммад (с) ба ин андоза бо вай некӣ ва эҳсон менамояд ва аслан чунин як коре дар зеҳн ва фикри мо хутур намегузошт ва ахборе, ки дар ин бора барои мо мерасид, ба хотири ҷафое, ки ман дар ҳаққи вай намуда будам, онро дур аз воқеият мепиндоштам. Қасам ба Худо, рӯзе ман дар миёни аҳли хонаам нишаста будам, ногаҳон чашмам ба зане, ки дар маҳмил нишаста буд ва ба сӯи мо меомад афтод. Бо худ гуфтам: Ин зан духтари Ҳотим хоҳад буд. Чун наздик омад, дидам ки худи вай аст.

Вақте ба назди мо расид, пешдастӣ намуд ва гуфт: Эй бесилаи раҳм золим. Зан ва фарзанди худро гирифта, фирор намудӣ ва бақияи вобастагон ва номуси падарро гузоштӣ ва омадӣ.

Гуфтам: Эй хоҳарҷон, маро маломат макун ва бар ман итоб манамо ва бо ин тартиб саъй намудам, то хашму ғазаби ӯро фурӯ нишонам, то он ки вайро хушҳол сохтам ва баъд худ достони хешро бар ман ҳикоят намуд. Ба вай ки зани оқила ва боирода буд, гуфтам: Худат дар мавриди ин шахс (ҳазрати Расули Худо (с) чӣ назар дорӣ?

Гуфт: Ба назари ман, ҳарчи зудтар худро ба ин шахс бирасон. Агар нубувваташ рост буда бошад, фазилат аз он кас аст, ки дар қабули даъваташ сабқат ҷустааст ва агар вай подшоҳ бошад, шахсиятҳое чун ту ҳаргиз дар даргаҳаш зиллатро нахоҳад дид. Адй гуфт: Омодагии худ барои сафар гирифтам ва ба роҳи худ идома додам, то он ки ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) дар Мадина расидам, бидуни он ки барои ман амон дода бошад ва ё номае фиристода бошад.

Танҳо ин қадар аз вай ба ман расида буд, ки вай дар бораам гуфта буд: Ман аз Худованд умедворам, ки дасташро ба дастам диҳад. Ва дар ҳоле, ки дар масҷид буд, ба ҳузураш дохил шудам ва салом додам. Гуфт: Эй мард, чӣ ном дорӣ? Гуфтам: Адй ибни Ҳотими Тойӣ. Аз ҷой бархост, ба сӯям омад ва дастам бигирифт ва ба хонааш бурд. Қасам ба Худо, дар асное, ки мо дар роҳ ба сӯи хонааш равон будем, пиразани заифе, ки тифли хурдсол ҳамроҳ дошт, бо ӯ рӯ ба рӯ шуд ва пиразан вайро нигоҳ дошт ва дар бораи ҳоҷате, ки дошт, батафсил бо вай сухан гуфт. Ва ҳазрати Расули Худо (с) ба ҳарфҳояш гӯш ниҳод, то он ки ҳоҷаташро бароварда сохт ва ман истода будам, бо худ гуфтам: Қасам ба Худо, ин мард подшоҳ нест.

Баъд дастам бигирифт ва ба роҳи худ идома дод, то он ки ба хонааш расидем. Болиштеро, ки пӯшиш аз пӯст буд ва бо лифи хирмо пуршида буд, гирифт ва ба сӯи ман андохт ва бароям гуфт: Бар ин болишт биншин. Маро ҳаё омад ва гуфтам: Ҷаноб, худатон бар он биншинед. Гуфт: На, бояд ту бар он биншинӣ. Ман амрашро ба ҷо овардам ва бар он нишастам ва худи он ҳазрат бар замин нишаст, чун дар хонааш ғайр аз онро надошт. Боз бо худ гуфтам, подшоҳ ҳаргиз чунин нест. Баъд рӯ ба сӯям намуд ва гуфт: Оё ту рукуси набудӣ, ба дине ақида доштӣ, ки дар миёни насроният ва собиият буд?

Гуфтам: Бале.

Фармуд: Оё ту дар миёни қавмат барои ҷамъ кардани назрҳо намерафтӣ ва аз онҳо чизе намегирифтӣ, ки дар динат барои ту ҳалол набуд?

Гуфтам: Бале ва донистам, ки Паёмбари мурсал аст. Ба ман гуфт: Эй Адй, шояд монеъи пайвастанат ба ин оин фақир ва нодории мусалмонон бошад. Қасам ба Аллоҳ анқариб аст, ки пул ва сарват он қадар насиби онон гардад, ки касе ёфт нашавад, ки онро бигирад. Ва шояд, эй Адй, монеъи дохил шуданат дар ин дин ин бошад, ки теъдоди пайравони он кам ва теъдоди душманонашон зиёд аст. Қасам ба Аллоҳ, рӯзе фаро мерасад, ки бишнавӣ, ки зане савор бар шутури хеш аз Қодисия сафар кунад ва зиёрати хонаи Каъба намояд ва дар роҳ ҷуз аз Худо дигар аз ҳеҷ чизе натарсад.

Шояд монеъи сартобиат аз пазириши ин дин ин бошад, ки подшоҳӣ ва салтанатро дар дасти ғайри мусалмонон мебинӣ ва қасам ба Аллоҳ, анқариб хоҳӣ шунид, ки қасрҳои сафеди сарзамини Бобул ба дасташон фатҳ гардад ва ганҷинаҳои Кисро ибни Ҳурмуз ба дасташон афтад.

Гуфтам: Ганҷинаҳои Кисро ибни Ҳурмуз?!

Фармуд: Бале, ганҷинаҳои Кисро ибни Ҳурмуз.

Адй гуфт: Дар чунин фурсате калимаи шаҳодат ба забон овардам ва мусалмон шудам.

Адй ибни Ҳотим (р) умри зиёде хӯрд. Вай мегуфт: Дутои Он таҳқиқ ёфт ва саввуми он боқист ва ин саввум ҳам ҳатман таҳқиқ хоҳад пазируфт. Ман ба чашми сар дидам, ки зане ба танҳоиаш аз Қодисия савор бар шутури худ берун мешуд ва то хонаи Каъба меомад ва аз ҳеҷ чизе дар арзи роҳ наметарсид ва ман худ дар пешопеши лашкаре будам, ки бар ганҷинаҳои Кисро ҳамла намуд ва онро тасарруф кард ва ба Худо қасам, ки саввуми он низ хоҳад омад ва таҳқиқ хоҳад пазируфт. Иродаи Худо ба он рафта буд, ки қавли Паёмбараш (с) ҷомаи амал пӯшад ва таҳқиқ пазирад. Пешгӯии саввумиаш дар замони хилофати ҳазрати Умар ибни Абдулазиз таҳқиқ ёфт. Тавре, ки амвол чунон бар мусалмонон сарозер гардид, ки мунодӣ фарёд мезад, ки мустаҳиқини закот омада, онро бигиред, касе набуд, ки барои гирифтани он пеш ояд. Ҳазрати Расули Худо (с) рост гуфт ва савганде, ки барои Адй ибни Ҳотим ёд намуда буд, амалӣ шуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.