Абузари Ғифорӣ

Дар водии Вадон, ки Маккаро бо ҷаҳони хориҷ васл месозад, қабилаи Ғифор зиндагӣ дошт ва ин қабила аз саромади ночизи корвонҳои тиҷоратӣ, ки аз тариқи он ба Шом рафтуомад доштанд ва барои ишон саховат мекарданд, ба зиндагии хеш идома медоданд ва чӣ басо агар бахшишашон мавриди писандашон қарор намегирифт, бар ин қофилаҳо шабохун мезаданд ва аз даромади он рӯз мегузаронданд. Ҷундуб ибни Ҷунода, ки ба кунияи Абузар маъруф аст, яке аз фарзандони ин қабила аст. Аммо вай бо хусусиятҳое чун шердилӣ ва ақли саршор ва дурандешӣ аз дигарон бартарӣ ёфтааст.

Вай аз ин бутҳое, ки қавмаш онро ба ҷуз Аллоҳ ибодат менамуданд, сахт дилтанг шуда буд ва онро аз ишон намеписандид ва мӯътақидоте, ки арабҳо дар бораи дин аз худ иҷод намуда буданд, бошиддат рад менамуд ва андеша ва ақоиди ононро ба боди масхара мегирифт ва онро беасос ва хилофи дин медонист.

Ӯ зуҳури Паёмбари ҷадидеро интизорӣ мекашид, то мардумонро аз ин вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот диҳад ва фикр ва андешаи ононро аз зулматҳои ҷаҳлу нодонӣ ба рӯшноии илму дониш роҳбарӣ кунад.

Дере нагузашт, ки хабари зуҳури чунин Паёмбаре дар сарзамини Макка ба вай расид ва ба бародараш Анис гуфт: Эй бародар, ба Макка рав ва хабари ин шахс, ки муддаъии нубувват аст ва иддао дорад, ки аз осмон бар вай ваҳй нозил мешавад, бароям биёвар ва ба ҳарфҳояш гӯш фаро деҳ ва чизе аз онро ба ман нақл кун.

Анис ба Макка рафт ва бо ҳазрати Расули Худо (с) мулоқот намуд ва матолибе аз вай шунид ва баъд ба бодия баргашт. Абузар бо шӯру шавқ ӯро мулоқот намуд ва аз ахбори Паёмбари навзуҳур ӯро пурсид. Анис гуфт: Қасам ба Худо, ба марде мулоқот намудам, ки мардумро ба ахлоқи некӯ даъват менамояд ва каломе мегӯяд, ки ба шеър шабоҳате надорад.

Абузар гуфт: Мардум дар ин бора чӣ мегӯянд?

Гуфт: Мардум мегӯянд, ки вай ҷодугар аст, коҳин аст ва шоир аст.

Абузар гуфт: Қасам ба Худо, ту ташнагии маро рафъ накардӣ ва на ҳоҷати ман бароварда сохтӣ. Оё ту метавонӣ, ки сарпарастии зану фарзандонам намоӣ ва ҳоҷати онон бароварда созӣ ва ман худ шахсан назди вай биравам ва бубинам, ки ин чӣ гуна шахс аст?

Бародараш Анис гуфт: Бале, Ман омодаи чунин коре ҳастам. Аммо аз аҳли Макка ҳуш дор, ки ба мақсадат пай набаранд. Абузар тӯшаи роҳ бигрифту кӯзаи кӯчаке аз об бо худ бардошт ва фардои он ба қасди мулоқот бо Паёмбар ва иттилоъ аз ҳолати вай ба роҳ афтод. Абузар ба Макка расид ва сайъ намуд, то худро аз чашми аҳли он пинҳон дорад. Қаблан иттилоъ ёфта буд, ки Қурайш ба олиҳаи худ чӣ қадар ихлос доранд ва бо мухолифини Худоёнашон чӣ қадар инод меварзанд. То ҷое ки аз ҳеҷ гуна азият ва озори онҳое, ки мӯътақидоташонро хӯрда мегиранд, рӯгардон нестанд ва ба муҷарради ин ки бидонанд касе аз дини Муҳаммад (с) пайравӣ намудааст, ӯро ба садҳо навъ азияту озор мубтало месозанд ва ба ин лиҳоз вай нахост аз касе Муҳаммад (с)-ро суроғ намояд. Чун намедонад, ки ин шахс, ки аз вай суроғи Муҳаммад (с) менамояд, аз пайравони ӯст ва ё аз душманони вай.

Чун вақте шаб фаро расид, дар масҷид хобид. Ҳазрати Алӣ ба вай гузар намуда дид, ки марди мусофир аст. аз ин рӯ, ба вай гуфт: Эй мард, аз пайи ман биё. Абузар аз ҷой бархост ва аз пайи вай равон шуд ва шабро бо вай сипарӣ намуд. Вақте шаб рӯз шуд, офтоба ва тӯшаи худро бардошт ва дубора ба масҷид омад, бидуни ин ки ин ду аз якдигар бипурсанд, ки чикораанд ва чӣ мехоҳанд. Баъд Абузар рӯзи дуввуми худро низ дар масҷид сипарӣ намуд. Бидуни он ки аз аҳволи Паёмбар (с) иттилоъ ҳосил кунад. Чун шаб фаро расид, ба гунаи шаби гузашта дар он ҷо хобид. Ин бор низ ҳазрати Алӣ бар вай гузар намуд ва ба ӯ гуфт: Оё замони он фаро нарасидааст, ки худро муаррифӣ намоӣ? Баъд ӯро гирифт ва бо худ бурд ва шаби дуввуми худро низ бо вай сипарӣ намуд ва ҳеҷ як аз дигаре чизе напурсид.

Вақте чун шаби саввум фаро расид, ҳазрати Алӣ барои ин меҳмони худ гуфт: Оё иҷоза медиҳӣ, ки аз ту бипурсам, ки омили омаданат ба Макка чӣ будааст? Абузар гуфт: Агар бароям аҳд диҳӣ, ки маро ба матлабам хоҳӣ расонд, ҳадафи худро бароят хоҳам гуфт. Ҳазрати Алӣ ба вай ваъда дод, ки чунин хоҳад кард.

Абузар гуфт: Ман аз диёри дуре ба қасди дидори касе омадаам, ки даъвои нубувват намудааст ва мехоҳам аз вай чизе бишнавам.

Аз шунидани ин ҳарфи вай чеҳраи ҳазрати Алӣ бишкуфт ва гуфт: Қасам ба Худо, ки вай Паёмбари ростин аст. Вақте шаб рӯз шуд, ту аз пайи ман биё. Агар дар роҳ бо чизе рӯ ба рӯ шудам ва аз он бароят эҳсоси хатар намоям, чунон меистам, ки гӯё об мерезам ва агар аз он хатар гузаштем, маро аз пай биё, то дар ҷое, ки ман дар он дохил шавам, аз пайи ман дохил шав. Дар ин шаб аз шиддати шавқу сурури мулоқот ва дидор бо ҳазрати Расули Худо (с) ва шавқи шунидани каломи Худо хоб бар мижаи Абузар роҳ наёфт. Чун субҳ шуд, ҳазрати Алӣ меҳмони худро гирифта ба назди ҳазрати Расули Худо (с) рафт ва Абузар аз пайи ӯ равон шуд ва ба чизе илтифоте накард, то он ки ба ҳузури ҷаноби сарвари коинот (с) дохил шуданд. Абузар гуфт: Ассалому алайка ё Расулаллоҳ. Ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Ваъалайка саломуллоҳи ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Ба ин тартиб Абузар аввалин касе буд, ки ба ҳазрати Расули Худо (с) таҳияи Исломро тақдим намуд ва баъд аз ин таҳия ривоҷ ёфт ва ҳамагир шуд.

Ҳазрати Расули Худо (с) рӯ ба Абузар намуда ва ӯро ба Ислом даъват намуд ва оёте чанд аз каломуллоҳ бар вай қироат кард, дере нагузашт, ки Абузар калимаи ҳақ бар забон овард ва ҳамон лаҳза ба дини ҷадид дохил шуд ва ба ҳамин тартиб, Абузар чаҳорумини се тане аст, ки Ислом овардаанд ва ё панҷуми чаҳор тане аст, ки Ислом оварда буданд.

Ҳоло риштаи суханро ба худи Абузар медиҳем, то худ бақияи ин достонро ба мо ҳикоят намояд. Вай гуфт: Баъд аз он чанд рӯзеро дар Макка ба сар бурдам ва дар давоми он ҳазрати Расули Худо (с) Исломро ба ман таълим дод ва оёте аз Қуръонро ба ман омӯхт ва баъд ба ман гуфт: Ҳеҷ касеро дар Макка аз мавзӯъи мусалмон шуданат огоҳ насоз, чун аз он бим дорам, ки туро ба қатл расонанд.

Гуфтам: Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти ӯст, Маккаро тарк нахоҳам гуфт, то он ки ба Байтулҳаром рафта, садои ҳақро бо овози расо дар миёни қурайшиён эълон накунам. Ҳазрати Расули Худо (с) пас аз шунидани ин ҳарфҳо хомӯш монд.

Ба Масҷидулҳаром омадам, дар ҳоле, ки қурайшиён нишаста ва бо ҳам сӯҳбат доштанд, дар миёнашон истодам ва бо садои баланд эълом кардам, ки эй ҷамъи Қурайш, хуб бишнавед, ки ман шаҳодат медиҳам ба ин, ки нест ҳеҷ маъбуде, магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост. Вақте ин шаҳодат аз ман бишниданд, ҳама ваҳшатзада аз ҷой бархостанд ва гуфтанд: Ин мард собеъ шуда ва аз дини худ баргаштааст, ӯро ба кайфараш расонед. Ҳама ба ҷонам афтоданд ва пайваста маро лату кӯб мекарданд, то ба қатл расонанд.

Дар ин гирудор буданд, ки ногаҳон Аббос ибни Абдулмуталлиб амаки ҳазрати Расули Худо (с) ба фарёдам расид ва худро ба болоям андохт, то маро аз шарри онон халос кунад. Баъд рӯ ба онҳо намуда гуфт: Ҳалок шавед, оё касеро ба қатл мерасонед, ки аз қабилаи Ғифор аст ва корвонҳои тиҷоратиатон аз онҷо мегузарад? Ӯро бигузоред ва аз дастдарозӣ ба вай худдорӣ намоед.

Вақте ба худ омадам, ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) омадам, вақте маро ба ин ҳол дид, гуфт: Оё нагуфта будам, ки чунин накун ва аз эъломи Исломи худ худдорӣ намо?

Гуфтам: Эй Расули Худо (с), дар нафси худ эҳсосе доштам, онро бароварда сохтам.

Фармуд: Ба қавми худ баргард ва ба он чи, ки дидӣ ва шунидӣ, ишонро хабар деҳ ва онҳоро ба дини Аллоҳ даъват намо, то шояд Худованд тавассути ту ба онҳо нафъ расонад ва туро подоши нек диҳад.

Вақте хабар шудӣ, ки ман ба пирӯзӣ ноил шудаам, назди ман биё.

Ҳазрати Абузар гуфт: Ба роҳ афтодам, то он ки ба хонаҳои қавми худ расидам, бародарам Анис бо ман рӯ ба рӯ шуд ва гуфт: Чӣ кардӣ?

Гуфтам: Чизе, ки ман кардам, ин аст, ки Ислом овардам ва рисолати вайро тасдиқ намудам. Даранг накард, ки Худованд синаашро кушоду гуфт: Ман аз дини ту рӯйтобӣ надорам, ман низ мусалмон шудам ва рисолаташ тасдиқ намудам.

Баъд назди модарамон омада ва ӯро ба Ислом даъват намудем, вай низ дар ҷавоб гуфт: Ман аз дини шумо рӯ наметобам. Вай низ мусалмон шуд. Аз имрӯз сар карда даъвати Ислом аз ин хонаводаи мӯъмин дар миёни қабилаи Ғифор оғоз ёфт ва бидуни эҳсоси хастагӣ ва ранҷ ба ин амр идома дод, то он ки теъдоди зиёде аз ин қабила ба Ислом сар ниҳоданд ва намоз дар миёнашон шурӯъ шуд.

Ҷамъе аз ишон гуфтанд: Бар дини худ боқӣ мемонем, то ин ки ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина ояд, мусалмон мешавем. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина омад, ҳама имон оварданд. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: «Ғифор ғафараллоҳу лаҳо ва аслама соламаҳаллоҳ Ғифор аст, Худо Ғифорро бибахшад ва солимтар аст, Худованд солимати бидорад.

Ҳазрати Абузар (р) дар биёбони хештан ба сар бурд, то он ки ҷангҳои Бадр, Уҳуд ва Хандақ гузаштагӣ ва баъд ба Мадина омад ва бо ҳазрати Расули Худо (с) ҳамнишин шуд ва аз вай тақозо намуд, ки ба вай иҷоза диҳад, ки дар хидматаш бошад. Ҳазрати Расули Худо (с) тақозои ӯро пазируфт ва ба ин тартиб аз хидматаш саъодат ёфт ва аз сӯҳбаташ файзёб гашт. Ҳазрати Расули Худо (с) пайваста ӯро эҳтиром мекард ва бартараш мехонд ва ҳеҷ вақт бо вай рӯ ба рӯ намешуд, магар он, ки бо вай даст медод ва табассум менамуд ва аз дидораш изҳори хушӣ мекард.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба рафиқи аъло пайваст ва дунёи фониро тарк гуфт, Абузар тоби иқомат дар Мадинаи мунаввараро наёварда, аз ин рӯ, ба диёри Шом сафар кард ва дар он ҷо иқомат гузид ва то поёни аҳди хилофати Абубакри Сиддиқ ва хилофати ҳазрати Умари Форуқ (р) дар он ҷо монд. Ва дар замони хилофати ҳазрати Усмон ба Димишқ омад ва дар он ҷо дид, ки мусалмонон ба дунё рӯй оварда ва дар айшу нӯш ва хушгузаронӣ ғарқанд, дар ҳайрат афтод ва ба кӯбидани он шурӯъ кард. Ҳамон буд, ки ҳазрати Усмон (р) ӯро ба Мадина даъват кард. Вақте ба Мадина омад, дар он ҷо низ аз рӯйоварии мардум ба дунё ба танг омад ва мардум аз сахтгирӣ ва эътирози вай нороҳат шуданд. Ҳамон буд, ки ҳазрати Усмон дастур дод, ки вайро ба Рабза (деҳаи кӯчаке аст дар наздикии Мадина) интиқол диҳанд.

Ҳамон буд, ки ба Рабза рафт ва дар он ҷо дур аз мардум ва адами дилбастагӣ ба дунё ва матоъи он ба зиндагии худ ба шеваи ҳазрати Расули Худо (с) ва ду ёри бовафояш Абубакр ва Умар идома дод ва зиндагии ҷовидониро бар зиндагии фонӣ баргузид.

Боре марде ба хонааш дохил шуд ва бо чашми худ ба ин сӯ он сӯи хонааш нигарист, дар он хона ҳеҷ матоъе наёфт ва гуфт: Эй Абузар, сомони зиндагиат дар куҷо аст? Гуфт: Мо дар он ҷо хона дорем (ишораест ба дори охират), матоъи хуби худро ба он ҷо мефиристем.

Ин мард ба мақсади вай пай бурд ва гуфт: Аммо то вақте ки дар ин хона ба сар мебарӣ, матоъ лозим аст.

Ҷавоб дод: Аммо соҳиби хона барои мо иҷозаи мондан дар ин хонаро намедиҳад.

Амири Шом сесад динор ба вай фиристод ва ба ӯ гуфт: Аз ин маблағ дар рафъи заруриёти худ истифода намо. Вай ин маблағро бозпас гардонд ва гуфт: Оё амири Шом ғуломи залилтар аз ман наёфт, то ин маблағ ба вай тақдим дорад. Дар соли сиву дуввуми ҳиҷрӣ доъии аҷалро лаббайк гуфт ва ин марди обид ва зоҳид аз дори фонӣ ба сарои боқӣ интиқол намуд. Марде, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар борааш фармудааст: «Мо ақаллати-л-ғаброъ ва ло азаллати-л-хазроъ мин раҷулин асдақа мин Абизар». Яъне, дар рӯи замин ва дар зери осмон марде содиқтар аз Абузарро наметавон ёфт.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.