Абдуллоҳ Ибни Умми Мактум

Ин шахс кист, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар мавридаш аз тарафи Худованд сахт итоб гардид.

Ин шахс кист, ки Ҷабраили Амин дар борааш оёти байинотро дар қалби Паёмбари гиромӣ (с) афганд.

Ин шахс Абдуллоҳ ибни Умми Мактум, муаззини ҳазрати Расули Худо (с) аст. Абдумоҳ ибни Умми Мактум аз аҳли Макка буда, қурайшист ва бо ҳазрати Расули Худо (с) риштаи қаробат ва хешовандӣ дорад. Вай писартағои уммулмӯъминин Хадиҷа бинти Хувайлид (р) аст. Аммо падараш Қайс ибни Зоид ва модараш Отика духтари Абдуллоҳ аст ва ба хотири он Умми Мактум номида шудааст, ки фарзандаш Абдуллоҳро нобино ба дунё овардааст. Абдуллоҳ ибни Умми Мактум дар Макка тобиши нурро дарёфт ва Худованд синаашро барои имон кушод ва ба ин тартиб, вай аз собиқин ба Ислом аст. Вай мисли соири ҳамзамонони худ дар Макка анвоъи шиканҷаҳо ва ранҷҳоро дар роҳи даъвати Ислом, бо пешонии боз ва синаи кушода қабул кард ва мардонавор дар роҳи дифоъ аз андеша ва ақидаи хештан истодагӣ намуд ва заҳматҳову машшақатҳоеро, ки соири ҳамзамононаш аз дасти мушрикини Макка ва Қурайш дида буданд, ӯ низ дид ва лаҳзае аз тасмим ва иродаи худ барнагашт ва заъифу нотавонӣ дар вай роҳ наёфт. Балки баръакс, дар қуввати имон ва қотеъияти иродааш афзуд ва дар субот ва пойдориаш ба дини Аллоҳ ва чанг заданаш ба китоби Худо ва муҳаббаташ ба Паёмбари гиромӣ ва фаҳмаш ба дини Ислом ӯро устувортар сохт. Ӯ дар рӯйовариаш ба ҳазрати Набии карим (с) ва ҳирсаш бар ҳифзи Қуръон он қадар ҳарис буд, ки лаҳзаеро намегузошт, магар он ки онро ғанимат шумурда ва аз ҳазрати Расули Худо (с) онро суол мекард. Балки бисёр вақтҳо ҳирсаш бар илм ба ҳадде буд, ки ҳам вақти худ ва ҳам вақти дигаронро мегирифт.

Ҳазрати Расули Худо (с) саъй бар он дошт, то даъвати худро ба бузургон ва сарони Қурайш бирасонад ва хеле дӯст медошт, ки онҳо ба дини Ислом гардан ниҳанд. Аз ин хотир, рӯзе бо Утба ибни Рабеъа ва бародараш Шайба ибни Рабеъа ва Амр ибни Ҳишом, ки ба номи Абуҷаҳл маъруфт аст ва Умайя ибни Халаф ва Валид ибни Муғира, падари Сайфуллоҳ Холид ибни Залидмулоқот намуд ва саъй дошт, ки бо ҳар васила дилҳои ононро ба Ислом рағбат диҳад ва тамаъи онро дошт, ки даъваташро иҷобат намоянд ва ё ҳадди ақал аз азият ва озори ёронаш даст бардоранд. Дар ҳини гуфтугӯ бо онон буд, ки ногаҳон Абдуллоҳ ибни Умми Мактуб ба вай рӯ овард ва хост аз ҳазрати Расули Худо (с) оёте аз Қуръонро биомӯзад ва гуфт: Эй Расули Худо (с), маро аз он чи, ки Аллоҳ ба ту таълин додааст, биомӯзон. Ҳазрати Расули Худо (с) аз вай эъроз намуд ва рӯй турш кард ва ба сӯи ин ҷамъи Қурайш омад, ба умеди ин, ки даъваташро бипазиранд ва ба Ислом гардан ниҳанд ва ба ин тартиб бар шаъну шавкати Ислом афзуда гардад ва даъвати Паёмбарашро таъйид намоянд. Ҳамин ки ҳазрати Расули Худо (с) аз гуфтугӯ бо ишон халос шуд ва хост, ки ба сӯи хонааш баргардад, дар худ эҳсос намуд, ки гӯё Аллоҳ таъоло бахше аз биноияшро гирифта ва чизе ҳаст, ки бар сари вай мекӯбад. Баъд ин қавли Аллоҳ таъоло бар вай нозил шуд. «Чеҳра дарҳам кашид ва рӯй бартофтӣ, аз ин, ки нобиное ба суроғаш омада буд. Ту чӣ медонӣ, шояд порсол бошад, ё панд гирад ва он панд ба ҳоли ӯ муфид афтад. Аммо он кас, ки бениёз ва ғанӣ аст, ту ба ӯ рӯй меоварӣ, дар ҳоле, ки агар худро муназзаҳ накунад, ту дар қиболаш вазифае надорӣ. Аммо аз он, ки шитобон ба суроғи ту меояд ва аз Худо метарсад, ғофилӣ. Ҳаргиз чунин макун. Ин тазкира ва ёдоварӣ аст. Ҳар кас бихоҳад аз он панд гирад. Дар лавҳҳои пурарзише сабт аст. Лавҳҳое муназзаҳ ва покиза, ба дасти нависандагони Ҳақ, бузургвору некӯкор (сураи Абаса, ояҳои 1-16)».

Ба ин тартиб, Ҷабраили Амин шонздаҳ оятро дар қалби Паёмбари Худо (с) дар хусуси амри Абдуллоҳ ибни Умми Мактум афганд, ки то имрӯз ва то қиёми қиёмат вирди забонҳо хоҳад буд ва аз ҳамон рӯз ба баъд ҳазрати Расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Умми Мактумро қадрдонӣ менамуд ва вақте аз сафар бармегашт, ба хонааш мерафт ва чун ба вай рӯй меовард, ӯро ба худ наздик месохт ва аз вай аҳволпурсӣ мекард ва зарураташро бароварда месохт. Ҳеҷ ҷои шигифт нест, оё ҳамин Абдуллоҳ ибни Умми Мактум набуд, ки Худованд маҳбуби худро ба хотири вай сахт итоб намуд? Вақте Қурайш заминаро барои мусалмонон ва даъвати исломӣ дар Макка танг карданд ва мусалмонон аз шиддати фишор ва азоби мушрикон ба ҷон омаданд, ҳазрати Расули Худо (с) ба ишон иҷозаи ҳиҷрат ба Ҳабашаро дод, Абдуллоҳ ибни Умми Мактум дар пешопеши ин ҷамъи муҳоҷирин қарор дошт ва бар ҳамаи онон сабқат гирифт, то дини худро аз азияти онон нигаҳ дорад.

Вай ва Мусъаб ибни Умайр аз асҳоби ҳазрати Расули Худо (с) аввалин касоне буданд, ки ба Мадина омаданд. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина ҳиҷрат намуд, Абдуллоҳ ибни Умми Мактум ва Билол ибни Рибоҳро ба сифати муаззини худ баргузид, ки дар рӯз панҷ бор калимаи ҳақро бо садои расо ба гӯши мардум мерасониданд ва мардумро ба амали хайр даъват менамуданд ва онҳоро ба росткорӣ мехонданд.

Билол азон медод ва Ибни умми Мактум иқомат мегуфт ва бисёр вақтҳо Ибни Умми Мактум азон медод ва Билол иқомат мегуфт. Ва дар моҳи Рамазон Билол ва Ибни Умми Мактум кори дигар доштанд. Мусалмонон дар Мадина ба азони якеашон саҳарихӯрӣ мекарданд ва ба азони дигарашон аз хӯрдан боз меистоданд. Билол дар шаб азон мегуфт ва мардумро ба намоз бедор месохт ва Ибни Умми Мактум тулӯъи субҳро интизор мешуд ва дар вақти он хато намекард.

Ҳазрати Расули Худо (с) ба ҳадде Ибни Мактумро қадрдонӣ менамуд, ки чандин бор дар ғоиби худ ӯро бар Мадина ҷонишини худ интихоб намуд, ки яке аз он дар вақте буд, ки Мадинаро ба қасди фатҳи Макка тарк гуфта буд.

Ва баъд аз ғазваи Бадр, оёте аз Қуръони карим нозил шуд, ки дар он манзалати муҷоҳидинро боло мехонд ва онҳоро бар бознишастагон фазилат медод, то муҷоҳид ба ҷиҳод рағбат ёбад ва қоидин ва бознишастагонро итоб менамуд. Ин оёти китоб дар нафси Ибни Умми Мактум таъсир кард ва бар вай душвор афтод, ки аз ин фазл маҳрум монд ва гуфт: Эй Расули Худо (с), агар қудрати ҷиҳодро дошта бошам, яқинан ҷиҳод хоҳам намуд ва баъд бо қалби пур аз хушӯъ аз Худованд хост, ки дар ин хусус, дар бораи вай ва соири ҳамтоёнаш, ки аз рафтан ба ҷиҳод оҷизанд, Қуръон нозил кунад ва бо узр ва зорӣ ин амрро аз Худованд металабид ва дуо мекард ва мегуфт: Худоё, дар бораи узрам оёте нозил бифармо. Худоё, дар бораи узрам оёте нозил бифармо. Дере нагузашт, ки Худованд дуояшро иҷобат намуд. Зайд ибни Собит котиби ваҳйи ҳазрати Расули Худо (с) ҳадис баён намуда гуфт: Ман дар ҷавори ҳазрати Расули Аллоҳ (с) ҳузур доштам, ногаҳон оромӣ ва хомӯшӣ ӯро фаро гирифт. Пас рони вай бар ронам афтод. Ман чизе вазнинтар аз рони ҳазрати Расули Худо (с) наёфтам. Баъд чун вақте ваҳй аз вай қатъ шуд, ба ман гуфт: Эй Зайд бинавис. «Ло ястави-л-қоъиддуна мина-л-мӯъминина ва-л-мучоҳидуна фи сабабилиллоҳ…»

Ибни Умми Мактум аз ҷой бархост ва гуфт: Эй Расули Худо (с), касе ки қудрати ҷиҳод кардан надошта бошад, чӣ бояд кунад? Суханаш ҳанӯз тамом нашуда буд, ки он ҳазратро оромӣ фаро гирифт. Пас ронаш ба ронам афтод. Ман ончунон сангинӣ ва склро эҳсос намудам, ки дар аввал чунон эҳсос нокарда будам. Баъд аз вай қатъ шуд ва гуфт: Эй Зайд, он чиро, ки навиштӣ, онро бихон, пас хондам. «Ғайра ули-ззарари».

Пас гуфт: Бинавис. Пас истисное, ки Ибни Умми Мактум онро орзу намуда буд, нозил шуд ва бо вуҷуди он, ки Аллоҳ субҳонаҳу таъоло ва Абдуллоҳ ибни Умми Мактум ва амсоли вайро аз рафтан ба ҷиҳод маъзур дошт, нвфсаш розӣ нашуд, ки ҳамроҳ бознишастагон аз ҷиҳод биншинад ва тасмим гирифт, ки бояд ба ҷиҳод биравад. Ин ба хотири он буд, ки ҳимматҳои олӣ ва ҳиммати мардон ҷуз корҳои бузург ба корҳои хурд ва кӯчак эҳтимом намекунад.

Аз имрӯз сар карда, шурӯъ ба он намуд, ки аз ҳеҷ ғазвае ақиб намонад ва вазифаи худро дар соҳаи қитол мушаххас сохт. Вай мегуфт: Маро дар миёни ду саф истода кунед ва парчамро ба дасти ман диҳед, то онро барафрошта дорам ва онро бароятон нигаҳ дорам. Чун ман нобино ҳастам ва наметавонам, ки фирор намоем.

Дар соли чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ ҳазрати Умар ибни Хаттоб тасмим гирифт, ки ҷанги ҳалкунандаҳоро бо форсҳо ба роҳ андозад ва мулк ва подшоҳии ононро сарнагун созад ва роҳро ба рӯи лашкари мусалмонон боз кунад. Аз ин рӯ, ба кормандон ва волиёни худ навишт: Ҳеҷ якеро, ки дорои силоҳ ва ё асп ва ё кӯмак ва ё соҳиби назар бошад, нагузоред, магар он ки вайро зуд назди ман бифиристед.

Дере нагузашт, ки ҷамъиятҳои бузурге аз ҳар гӯшаву канор ба амри халифаи мусалмонон лаббайк гуфта, ба Мадина омаданд ва дар ҷумлаи ин ҷамъ муҷоҳиди нобино, ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умми Мактум низ ҳузур ёфт.

Ҳазрати Умари Форуқ (р) бар ин лашкари бузург Саъд ибни Абиваққосро ба сифати сарлашкар муқаррар кард ва ӯро васият ба хайр намуд ва бо вай худоҳофизӣ кард.

Вақте лашкари вай ба Қодисия расид, Абдуллоҳ ибни Умми Мактум зиреҳ пӯшид ва худро муҷаҳҳаз сохт ва берун омада, гуфт Парчамро ба дасти ман бидиҳед, ё аз он нигаҳдорӣ хоҳам намуд ва ё он ки дар барафрозии он ҷони худро аз даст хоҳам дод. Ҳарду тараф се рӯз пайиҳам бо ҳам сахт ҷангиданд ва ҳар ду лашкар чунон ҷангро ба роҳ андохтанд, ки таърихи футуҳот то он рӯз чунин ҷанги хунинро надида буд, то он ки рӯзи саввум ҷанг ба пирӯзии мусалмонон анҷомид ва ба ин тартиб, бузургтарин империя аз ҳам пошид ва байрақи тавҳид дар сарзамини Шарқ ва бутпарастӣ ба ҷилва даромад ва ин пирӯзӣ садҳо шаҳид ба ҷо гузошт ва дар миёни ин ҷамъи шуҳадо Абдуллоҳ ибни Умми Мактум низ буд. Ҷасади ӯро дар ҳоле, ки байрақ ба даст дошт, оғӯшта ба хун ёфтанд.

Худованд аз ӯ розӣ буд ва ӯро аз хеш хушнуд гардонад.

test

Добавить комментарий