Усайд Ибни Ҳузайр

Қадами Мусъаб ибни Умайр, ин ҷавони Макка ба Мадина, нахустин ҳайати даъватӣ аст, ки то кунун таърихи Ислом шоҳиди он будааст. Вай дар хонаи Асъад ибни Зирора яке аз ашрофи қаблан Хазраҷ иқомат намуд ва хонаашро маркази иқомати хештан ва нашру густариши даъвати исломӣ қарор дод. Ҷавонон ва фарзандони Ясриб даста-даста барои дарёфти дини ҳақ ва шинохти таълимоти Исломӣ ба ҳалқаҳи ин доъии ҷавон Мусъаб ибни Умайр рӯй меоварданд.

Суханони ширин, далелҳои қотеъ, табъи дилкаш ва нури имон, ки дар чеҳрааш метобид, бар ҷалб ва рӯйоварии ин ҷавонон афзуда буд ва он чи ки бештар аз ҳама ононро ба худ ҷазб сохта буд, баъзе оёти қуръонӣ буд, ки бо оҳанги дилнишину садои дилкаш ва қалби пур аз хушӯъ ва фикри пур аз тадбир гоҳ-гоҳ онро тиловат менамуд. Аз шунидани он қалбҳои сахт нарм ва чашмҳои гунаҳкор пур аз ашк мегардид ва ҳеҷ ҳалқае аз он поён намеёфт, магар он ки мардумони тоза ба Ислом рӯй оварда ва ба сафҳои аҳли имон мепайвастанд.

Дар яке аз рӯзҳо Асъад ибни Зурора меҳмонони доъии худ, Мусъаб ибни Умайрро гирифта баромад, то бо ҷамъе аз қабилаи Бани Абдулашҳал мулоқот намояд ва ононро ба Ислом даъват кунад. Ҳарду дохили бӯстоне шуданд, ки мутааллиқ ба Бани Абдулашҳал буд ва дар он ҷо дар канори чоҳи шириноб ва сояи гуворои дарахти хурмои он нишастанд.

Ба гирди Мусъаб ибни Умайр ҷамъе ҳалқа заданд, ки мусалмон шуда буданд ва ҷамъи дигаре мунтазири он буданд, ки аз вай чизе бишнаванд. Мусъаб шурӯъ ба даъват ва башорат додани ишон ба Ислом намуд ва мардум хомӯш ва ором ба ҳарфҳои вай гӯш медоданд ва шефтаи ҳарфҳои ширини вай шуда буданд.

Касе назди Усайд ибни Ҳузайр ва Саъд ибни Муъоз, ки ҳарду сарварони қабилаҳои Авс ва Хазраҷ буданд, омад ва ба ишон хабар дод, ки доъие аз Макка омада ва дар диёрашон истодааст ва касе, ки ба вай ин ҷуръатро бахшидааст, Асъад ибни Зурора аст. Саъд ибни Муъоз ба Усайд ибни Ҳузайр гуфт: Худо туро тавфиқ диҳад, ай Усайд, назди ин ҷавони Маккӣ, ки омадааст, то заифнафсҳои моро ба ҳарфҳои ширини худ фиреб диҳад ва олиҳаи моро ба боди масхара гирад, бирав ва ӯро бим деҳ, ки баъд аз имрӯз дигар дар ин диёр қадам нагузорад. Баъд афзуд ва гуфт: Агар бими он намебуд, ки вай меҳмони писари тағоям Асъад ибни Зурора аст ва аз пуштибонии вай бархӯрдор аст, медиди ки бо вай чӣ мекардам. Усайд ханҷари худ баргирифт ва ба сӯи боғ рафт. Вақте ки Саъд ибни Зурора ӯро дид, ки рӯ ба сӯи онҳо намуда омада истодааст.

Мусъаб гуфт: Мусъаб, чӣ кор мекунӣ? Ин шахс сардори қавми худ аст ва марди боақл ва соҳиби камолу соҳибфазилат, Усайд ибни Ҳузайр аст. Агар вай мусалмон шавад, мардуми зиёде аз вай пайравӣ менамоянд ва ҳарфашро мешунаванд. Содиқона аз Худо бихоҳ, ки вайро ҳидоят кунад ва бо услуби нарм вайро даъват намо. Усайд ибни Ҳузайр омад ва дар назди ҷамъшудагон ва мутаваҷҷеҳи Мусъаб ибни Умайр ва ҳамроҳи вай рӯ оварда гуфт: Омили омадани шумо ба ин диёр ва фирефтани заифнафсҳои мо чист? Лутфан агар ҷони худро дӯст доред, ин маҳалларо тарк кунед.

Мусъаб ибни Умайр бо чеҳраи шукуфта аз нури имон рӯ ба сӯи Усайд намуд ва бо лаҳҷаи муҳаббатомез гуфт: Эй сардори қавм, оё ба худ иҷоза медиҳӣ, ки ҳарфи хубтар аз инро бишнавӣ?

Гуфт: Чӣ ҳарфе?

Гуфт: Назди мо биншин ва ҳарфи моро бишнав. Агар мавриди писандат воқеъ шавад, онро бипазир ва агар онро написандӣ, аз диёратон хоҳемрафт ва дигар барнахоҳемгашт.

Усайд гуфт: Ҳарфи суханони боинсофона гуфтӣ ва ханҷари худро бар замин заду нишаст. Мусъаб ба вай рӯ оварда ҳақиқати Исломро барояш равшан сохт ва чизе ҳам аз оёти Қуръон бар вай тиловат намуд. Аз шунидани он чеҳрааш бишкуфт ва хушиву сурур дар вай намудор гардид.

Ин ҳарфҳои ту чӣ қадар ширин ва ин оёте, ки тиловат намудӣ, чӣ қадар дилнишин аст!!! Шарти дохил шудан ба ин дин чист ва тариқаи он аз чӣ қарор аст?

Мусъаб ибни Умайр гуфт: Ниҳоят оддӣ ва содда. Ғусл кун ва либоси тоза ба тан намо ва калимаи шаҳодат (Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду расулуллоҳ)-ро бихон ва ду ракаъат намоз ба ҷо овар.

Усайд аз ҷой бархоста рафт ва ғусл карда калимаи шаҳодат бар забон овард ва ду ракаъат намоз адо намуд. Аз он рӯз сар карда суфуфи мӯъминон ҷой гирифт. Ӯ як тан аз сардорони номӣ ва шӯҳратёфтагони Араб буд. Қавмаш ӯро ба хотири ақли ӯ ва соҳибнасабиш ба сифати комил ёд мекарданду соҳиби шамшер ва қалам буд. Илова бар ин, дар асптозӣ ва нишонзанӣ назир надошт ва дар ҷомеъае, ки аз хондан ва навиштан бебаҳра буд, вай ҳардуро ёд дошт.

Мусалмон шудани вай сабаб гардид, то Саъд ибни Муъоз низ мусалмон шавад ва дар маҷмӯъ мусалмон шудани ин ҳарду сабаб гардид, ки ҷамъи зиёде аз қабилаи Авс ба дини Ислом рӯй оваранд ва онро бипазиранд ва Мадина Маскани иқомати Паёмбар ва мусалмонон қарор гирад ва асоси давлати исломӣ дар ин шаҳр бунёд гардад.

Усайд ибни Ҳузайр аз ҳамон лаҳза, ки Қуръонро аз Мусъаб шунид, ба он дилбастагии шадиде пайдо намуд ва чун ташнае, ки дар рӯзи гармо ба об ниёз пайдо мекунад, ба он рӯй овард ва онро шуғли шабонарӯзии худ қарор дод. Ба ин тартиб, ӯ ё дар сафи ҷиҳоди фи сабилиллоҳ қарор дошт ва ё он ки сар ба зер андохта, Қуръонро тиловат менамуд.

Ӯ садои борик ва дилнишин дошт. Фасоҳати баён ва адои дуруст аз хусусиётятҳои каломаш буд. Вақте шаб мардум ба хоб мерафтанд ва оромиш бар ҳама ҷо ҳукмрон мешуд ва нафсҳо поксозӣ мегардид, аз тиловати Қуръон бештар лаззат мебурд ва зиёдтар роҳат мекард.

Саҳобаи киром вақтҳои қироаташро интизор мешуданд ва барои шунидани тиловати вай дар миёни ҳам сабқат меҷустанд. Касе бихоҳад, ки Қуръонро ба гунае, ки тоза бар Муҳаммад нозил шудааст, бишунавад, бояд ба тиловати Усайд рӯй оварад. Ҳамон тавре ки аҳли замин аз қироати вай лаззат мебурданд, аҳли осмон низ аз қироаташ лаззат мебурданд.

Дар дили яке аз шабҳо Усайд ибни Ҳузайр дар саҳни ҳавлиаш нишаста ва фарзандаш Яҳё дар канораш хобида буд ва аспи барои ҷиҳод омода сохтаашро дар саҳни ҳавлӣ баста буд, оромиш ва сукут дар ин шаб ҳукмфармо буд ва осмони соф ва беғубор ва ситорагон бо сад дилрабоӣ чашмак мезаданд. Дили Усайд ибни Ҳузайр шавқи он ёфт, ки фазои шабнамолудро бо атри Қуръон муаттар созад. Бинобар ин, бо савти дилнишин ва замзамаҳои дилрабои худ шурӯъ ба хондани ин оёт намуд: «Алиф, лом, мим. Бешак ин китоб раҳнамои парҳезгорон аст. Онҳое, ки ба ғайб имон доранд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи рӯзиашон додаем, инфоқ мекунанд. Онҳо ба он чи бар ту ва ё паёмбарони пешин нозил шудааст, имон дошта ва ба охират яқин доранд».

(Бақара 1- 4)

Вақте аспаш садои қироати вайро шунид, ончунон ба рақс даромад, ки наздик буд, ба сабаби он зимоми худро биканад ва вақте аз қироаташ истод, асп низ ором шуд ва қарор гирифт. Боз шурӯъ ба хондан намуд, асп боз ба ҷастухез задани қавитар аз аввал пардохт. Боз хомӯш шуд ва асп низ хомӯш шуд. Ин амалро чанд бор такрор намуд. Вақте ба қироат шурӯъ мекард, асп низ ба ҷастухез мепардохт. Вақте хомӯш мешуд, ором мегирифт ва аз он бим намуд, ки асп фарзандаш Яҳёро лагадмол накунад. Лизо назди вай рафт ва ӯро бедор сохт. Дар ин фурсат буд, ки басти осмон нигарист, дид, ки абри зебо ва тамошобобе чун соябон, ки чашм ҳаргиз мисли онро надидааст ва мавҷудоте мисли қандилҳо ба он овезон ва офоқро пур аз равшанӣ ва тобандагӣ намудааст, ба сӯи осмон баланд аст ва то ҷое, ки чашм метавонад онро пайгирӣ кунад, идома дорад. Вақте шабро ба субҳ расонад, назди ҳазрати Расули Худо (с) рафт ва он чиро, ки шаб дида буд, барояш ҳикоят намуд. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Эй Усайд, ин фариштагон буданд, ки ба қироати ту гӯш дода буданд. Агар ту ба қироати худ идома медодӣ, мардум метавонистанд онҳоро тамошо кунанд ва аз ишон чашм намеканданд. Ҳамон тавре, ки Усайд ибни Ҳузайр ба китоби Аллоҳ сахт дилбастагӣ ва алоқа дошт, муштоқ ва дилдодаи ҳазрати Расули Худо (с) низ буд. Тавре ки худаш ҳикоя мекунад, вақте вай Қуръон мехонд ва ё ба он гӯш медод ва ё вақте, ки он ҳазрат хутба эрод менамуд ва ё сухан мегуфт, беш аз пеш сафое дил ва шаффофияти рӯҳ меёфт ва бисёр орзу дошт, ки ҷасадаш ҷасади Расули Худо (с)-ро мисос намояд ва худро ба сар андозад ва ҷасади муборакашро бибӯсад…

Боре ин орзуяш амалӣ шуд. Тавре, ки дар яке аз рӯзҳо мардумро ба нуктаҳо ва танзҳои худ ба ханда меовард, пас ҳазрати Расули Худо (с) ба хотири тамҷид ва таҳсин аз нуктадониаш бо дасти муборакаш ба сурини вай зад.

Ҳазрати Усайд гуфт: Маро афгор сохтӣ, эй Расули Худо(с).

 Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд:

Эй Усайд, агар чунин кардам, пас аз ман интиқом гир.

Усайд гуфт: Бар пушти ту пироҳан аст ва вақте ки маро мезадӣ, бар пушти ман пироҳан набуд.

Ҳамон буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) пироҳанашро аз тан кашид, ҳазрати Усайд вайро дар бағал гирифт ва шурӯъ ба бӯсидани миёни сурин ва зери бағали вай намуд ва гуфт: Эй Расули Худо (с), падару модарам фидоят бод. Аз вақте ки туро шинохтам, ин ягона орзуи ман буд, ки акнун ба он даст ёфтам.

Ҳазрати Расули Худо (с) бо Усайд муҳаббат меварзид ва муҳаббати ишон дуҷониба буд. Қадру манзалат ва собиқаи вай ба Ислом ва дифоъ аз онро, ки дар рӯзи Уҳуд ҳафт захм найза хӯрда буд, медонист вақадр ва эҳтироми вайро, ки миёни қавмаш дошт, аз ёд намебурд ва вақте агар барои касе хайрхоҳӣ менамуд, ҳарфашро мешунид.

Усайд дар маврид мегӯяд: Ба ҳузури Расули Худо (с) омадам ва барояш аз аҳли хонае аз ансор, ки аксари ононро занон ташкил медоданд ва сахт дучори фақр ва нодорӣ буданд, ёдовар шудам. Он ҳазрат фармуд: Эй Усайд, дар вақте омадӣ, ки он чи доштем, ҳамаро нафақа намудем ва ҳоло дастхолӣ ҳастем. Агар шунидӣ, ки чизе ба даст овардаем, аз аҳли ин хона барои ман ёдовар шав. Ҳамон буд, ки баъд аз муддате аз Хайбар барояш мол омад ва онро ба мусалмонон тақсим намуд ва ба ансор низ дод ва дар атои онҳо афзуд ва ба аҳли он хона низ дод ва бар вай афзуд. Ба он ҳазрат гуфтам: Эй Паёмбари Худо (с), Худованд бар ту подоши нек диҳад. Фармуд: Ва шумо ҷамъи ансорро низ Худованд беҳтарин подош насиб фармояд, чун шумо то он ҷое, ки ман шуморо шинохтаам, намунае аз сабр ва иффатед ва шумо баъд аз ман касоне хоҳед буд, ки дигаронро дар бахшиш бар шумо бармегузинанд (яъне, ба шумо кам медиҳанд ва ба дигарон зиёд). Пас сабр пеша кунед, то он ки бо ман мулоқот намоед ва ман шуморо ба ҳавз (Кавсар) ваъда медиҳам.

Усайд гуфт: Вақте хилофат ба ҳазрати Умар ибни Хаттоб такя кард, молу матоъи зиёдеро дар миёни мусалмонон тақсим намуд ва дастаи либосеро ҳам ба ман фиристод. Ман онро ночиз шумурдам.

Дар асное, ки ман дар масҷид будам, ҷавони қурайшие, ки либос дарозе аз ин либосҳое, ки Умар бароям фиристода буд, бар тан дошт ва аз дарозии бисёр онро ба замин мекашид ва бо онҳое, ки ҳамроҳи ман буданд, ин қавли ҳазрати Расули Худо (с)-ро ёдовар шудам, ки фармуда буд: Шумо баъд аз ман ба ҳолате мерасед, ки дигаронро бар шумо дар бахшиш бармегузинанд (яъне, ба шумо кам медиҳанд ва ба дигарон зиёд), пас сабр пеша кунед. Ва бо худ гуфтам, ки ҳазрати Расули Худо (с) дуруст фармуда буд. Марде ин ҳарфамро шунид ва онро ба Умар (р) расонд. Вақте ҳазрати Умар (р) аз ин ҳарфам иттилоъ ёфт, шитобон, дар ҳоле ки ман машғули намоз будам, наздам омад ва гуфт: Эй Усайд, намозатро бихон. Вақте намозамро ба поён расонидам, ба ман рӯй оварда гуфт: Чӣ гуфтӣ? Ман ба он чӣ, ки дида будам ва он чӣ гуфта будам, барояш ҳикоят кардам.

Вай гуфт: Худованд аз ин ҳарфи ту даргузар шавад. Ин ҳамон либосе буд, ки ба фалон шахс, ки Ансорӣ ва Уқбӣ ва Бадрӣ ва Уҳудӣ буд, онро ирсол намудам ва ин ҷавони Қурайшӣ ин либосро аз вай харидорӣ намуда ва ба тан кардааст. Оё гумон мекунӣ ин ҳарфе, ки ҳазрати Расули Худо (с) фармудааст, дар аҳди ман амалӣ хоҳад шуд?

Усайд гуфт: Қасам ба Худо, эй амиралмӯъминин, маро ҳаргиз гумони ин набуд, ки ин амр дар вақти ту сурат пазирад.

Ҳазрати Усайд баъд аз он умри тӯлониро сипарӣ нанамуд ва дар аҳди ҳазрати Умар (р) ба ҷивори раҳмати ҳақ пайваст. Баъд аз маргаш дарёфтанд, ки вай маблағи чаҳор ҳазор дирҳам қарздор аст. Ворисонаш хостанд, то замини ӯро ба фурӯхта қарзи вайро адо намояд. Вақте ҳазрати Умар (р) аз ин мавзӯъ хабардор шуд, гуфт: Ман намехоҳам, ки фарзандони бародарам Усайд дастнигар ва мӯҳтоҷи мардум бошанд. Баъд бо қарздорони вай сӯҳбат кард ва ишон розӣ шуданд, ба ин ки ҳосилоти заминро то чаҳор сол, ки ҳар соли он ҳазор дирҳам мешавад, дар бадали қарзи худ бигиранд.

test

Добавить комментарий