Нӯъмон Ибни Муқаррини Музанӣ

Қарияҳои қабилаи Музанӣ дар қариби Ясриб, дар хате, ки шоҳроҳи умумии Макка ва Мадинаро бо ҳам васл месозад, қарор дорад. Ҳазрати Расули Худо (с), вақте ба Мадина ҳиҷрат намуд, ахбор ва гузоришоти даъвати вай аз тариқи касоне, ки дар миёни Мадина ва қабилаи Музанӣ рафтуомад доштанд, пайиҳам мерасид ва ҷуз хайр ва некӯӣ ҳарфе аз даъвати вай намешуниданд. Дар яке аз шомгоҳон сардори қабилаи Музанӣ, Нӯъмон ибни Муқаррин ҳамроҳ бо бародарон ва бузургони қавмаш дар бошишгоҳи худ нишаста буд ва ба онҳо гуфт: Эй қавм, қасам ба Худо, мо аз Муҳаммад (с) ҷуз хайр чизе надидаем ва аз даъваташ ҷуз паёми раҳмат ва эҳсон ва адл чизе нашунидаем. Моро чӣ шудааст, ки дар қабули ин амр сустӣ намоем, дар ҳоле, ки мардумони дигар ба қабули даъвати вай мешитобанд? Баъд изофа намуд: Аммо ман тасмим баон гирифтам, ки фардо ба сӯҳбаташ шарафёб гардам. Агар касе аз шумо майли рафтан бо манро дошта бошад, худро омода созед.

Ҳарфҳои Нӯъмон дар дили ин ҷамъи некниҳод таъсир кард. Ҳамин ки шаб рӯз шуд, даҳ тан аз бародаронаш ҳамроҳ бо чаҳорсад тан аз паҳлавонони аҳли қабилаи Музайна худро барои рафтан ба Ясриб барои мулоқот бо ҳазрати Расули Худо (с) ва мушарраф шудан ба дини Ислом омода сохтанд. Магар он ки Нӯъмонро ҳаё омад аз ин ки бо ин ҷамъи бузург дастхолӣ ба ҳузури Расули Худо (с) биравад ва тӯҳфа ва ҳадя ба даст надошта бошад.

Он сол қаҳтӣ ва хушксолии шадид қабилаи Музайнаро фаро гирифта буд, ки на зироат монда буд ва на чорво. Ҳазрати Нӯъмон ибни Муқаррин барои омода намудани тӯҳфа ва ҳадя ба хонаи худ ва бародаронаш сар зад ва чанд гӯсфандеро, ки аз ҳамлаи қаҳтсолӣ ба ҷо монда буд, бо худ гирифта бурд, то онро ба ҷаноби ҳазрати Расули Худо (с) тақдим намояд ва исломи худро дар пеши рӯи он ҳазрат (с) эълон кунад.

Аз мусалмон шудани Нӯъмон ибни Муқаррин ва қавмаш хушӣ ва сурур саросари Ясрибро фаро гирифт. Чун қабл аз ин бар ҳеҷ як аз хонаҳои араб чунин пеш наомада буд, ки даҳ бародар аз як падар ҳамроҳ бо чаҳорсад паҳлавон ба дини Ислом пайваста бошад.

Ҳазрати Расули Худо (с) аз имон овардани Нӯъмон ибни Муқаррин ниҳоят хушҳол ва масрур шуд ва Худованд аз вай он чанд гӯсфандеро, ки ба унвони тӯҳфа бо худ оварда буд, пазируфт ва дар бораи он Қуръон нозил сохт ва фармуд: «Бахше дигар аз арабҳои бодия ба Худо ва қиёмат имон доранд ва он сирро харқ мекунанд, ки сабаби тақарруб ба Худо ва дуъои Паёмбар медоданд. Бидонед, ки ҳамон боиси тақаррубашон хоҳад буд ва Худованд бу зудӣ онҳоро ба раҳмати худ восил хоҳад кард, зеро Худованд омурзандаи меҳрубон аст». (Тавба: 99). Ба ин тартиб, Нӯъмон ибни Муқаррин дар зери парчами ҳазрати Расули Худо (с) даромад ва бидуни таъхир ва кӯтоҳӣ дар ҳамаи ғазавоташ ширкат намуд. Вақте ки хилофат ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) расид. Нӯъмон ибни Муқаррин ва қавмаш Музайна мардонавор дар паҳлӯи вай истода ва дар саркӯби фитнаи аз дин бединшавӣ қаҳрамонии бемисл аз худ нишон дод.

Аммо вақте даври хилофати ҳазрати Умари Форуқ (р) фаро расид, Нӯъмон ибни Муқаррин чунон шаҳкорӣ аз худ ба ҷо гузошт, ки таърих барои ҳамеша аз он ба забони таҳсин ёдоварӣ намуда ва онро намуна аз ифтихори мусалмонон ба ҳисоб меоварад.

Андак қабл аз вуқӯъи ҷанги Қодисия Саъд ибни Абиваққос қумандони лашкари мусалмонон ҳайатеро таҳти роҳбарии Нӯъмон ибни Муқаррин ба назди Кисро Яздигурд фиристод, то ӯро ба Ислом даъват намояд. Вақте ишон ба пойтахти Кисро расиданд, аз вай иҷозаи мулоқот хостанд. Кисро ба ишон иҷозаи мулоқот дод. Баъд тарҷумонро хост ва ба ӯ гуфт: Ба онҳо бигӯ, ки чӣ омиле шуморо ба диёри мо оварда ва шуморо ба ҷанги алайҳи мо фирефта сохтааст? Шояд омили тамаъ ва ҷуръататон алайҳи мо ин бошад, ки мо дар натиҷаи машғулиятҳое, ки доштаем, нахостем ба шумо даст ёзем…

Нӯъмон ибни Муқаррин ба ёрони худ рӯй гардонид ва гуфт: Агар иҷоза бидиҳед, ман ба ӯ ҷавоб диҳам ва агар касе ҳам хоста бошад, бо вай сухан гӯяд, ман вайро бар худ муқаддам медорам. Ҳама гуфтанд: Ту худ ҷавоби ӯро бидеҳ. Баъд ҳама ба Кисро рӯй оварда гуфтанд: Ин шахс намояндагӣ аз мо бо ту сӯҳбат мекунад ба ҳарфаш гӯш фаро деҳ.

Нӯъмон Худоро ҳамду сано гуфт ва бар Паёмбараш (с) дуруд фиристод ва гуфт: Худованд бар мо раҳм намуд, ки Паёмбаре ба мо ирсол дошт, то моро ба роҳи хайр раҳнамоӣ намуда ва ба он амр фармояд ва шар ва бадиро барои мо нишон диҳад ва аз он моро манъ дорад ва барои мо ваъда додааст, ки агар мо ин даъвати ӯро бипазирем, Худованд хайри дунё ва охиратро насиби мо мекунад.

Ҳамон буд, ки дере нагузашта Худованд зиндагии танги моро ба кушоиш ва зиллатамонро ба иззат ва душманиамонро ба бародарӣ ва раҳмат иваз намуд ва ба мо амр намудааст, ки мардумро ба он чи, ки дар он салоҳ ва манфиаташон аст, даъват намоем ва ин даъватро аз касоне оғоз намоем, ки дар ҷавори мо ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мо шуморо ба доҳил шудан дар дини хештан даъват мекунам. Ин дин оине аст, ки ҳама хубиҳоро хуб гуфта ва ба он ташвиқ менамояд ва ҳама бадиҳоро бад гуфта ва аз он барҳазар медорад ва ин дин пайравони худро аз торикиҳо ва ҷавру ситами куфр ба нур ва адл ва имон мекашонад. Агар даъвати маро дар дохил шудани худ ба Ислом бипазиред, дар миёни шумо китоби Худоро мегузорем, то мувофиқи он зиндагии худро ба роҳ монед ва мувофиқи аҳкоми он амал кунед ва мо ба диёри худ бармегардем ва шумо медонеду коратон. Агар аз қабули Ислом сар боззанед, аз шумо ҷизя дарёфт намуда ва дар ҳимояти мо ба сар хоҳед бурд ва агар аз додани ҷизя ҳам худдорӣ намоед, ба ҷанг алайҳи шумо хоҳем пардохт.

Яздигурд аз шунидани ин ҳарфҳо сахт ба хашм омад ва гуфт: Ман ҳеҷ миллатеро дар рӯи замин суроғ надорам, ки бадбахттар аз шумо ва камшумортар аз шумо бошад ва дар парешонӣ ва ихтилоф ба мисли шумо ва ҳолашон бадтар аз шумо бошад. Шумо миллате будед, ки зимоми умуратонро ба дасти волиёни атроф гузошта будем, ки итоат ва байъататонро барои мо мегирифтанд. Баъди андаке аз хашми худ коста ва гуфт: Агар тангии иқтисодӣ шуморо ба омадан ба диёр мо маҷбур сохта бошад, дастур медиҳам, то ба шумо маводи хӯрока ба андозае дода шавад, ки хушксолӣ ва қаҳтиатон поён ёбад ва сарон ва бузургони қавматонро либос медиҳам ва аз ҷониби худ ба шумо касонеро муқаррар мекунам, ки бо шумо рафтори нарм кунанд.

Марде аз миёни ҳайати мусалмонон сухани вайро тавре рад намуд, ки оташи ғазаб ва хашмро дар дили вай тоза кард ва гуфт: Агар ин қонун намебуд, ки ҳайатҳо кушта намешаванд, ҳатман шуморо ба қатл мерасонидам. Аз ҷоятон бархезед, шумо назди ман ҳаққи ҳеҷ чизеро надоред ва ба раҳбаратон бигӯед, ки ман Рустамро барояш хоҳам фиристод, то ӯро ҳамроҳ бо шумо дар сангари Қодисия дафн созад. Баъд дастур дод, то халтаи пур аз хок оварданд ва дар пеши рӯяш гузоштанд ва ба яке аз посдоронаш гуфт: Ин хокро бардоред ва бар гардани шарифтарин фарди ин ҳайат биёвезед ва баъд ӯро дар пешопеши худ дар миёни мардум ба роҳ андозед, то барояшон дарси ибрат гардад ва ба ин ҳолат ишонро аз шаҳр берун кунед. Посдоронаш халтаи хокро гирифта омаданд ва гуфтанд: Калонтарини ин ҳайат кист? Осим ибни Амр пешдастӣ намуд ва гуфт: Ман раёсати ин ҳайатро ба ӯҳда дорам.

Халтаи хокро бар гарданаш овехтанд, то он ки аз Мадоин берун шуданд ва баъд он хокро бар шутури худ бор кард ва онро гирифта ба Саъд ибни Абиваққос бурд ва ба ӯ мужда дод, ки анқариб Худованд диёри Форсро ба дасташон фатҳ хоҳад кард ва хокашонро дар зери суми аспҳояшон қарор хоҳад дод.

Баъд набарди сахте дар Қодисия ба роҳ афтод ва сангарҳои он пур аз ҷасадҳои лашкари Кисро гардид.

Форсҳо аз шикасти худ дар Қодисия ибрат нагирифтанд, балки худро барои як ҷанги шадид, ки дар ҳудуди як лаку панҷоҳ ҳазор нафар ҷангӣ буд, муҷаҳҳаз сохтанд.

Ҳазрати Умари Форуқ (р) аз ин соз ва барги ҷанги онон иттилоъ ёфт ва тасмим ба он гирифт, ки худ шахсан сарварии онро ба даст гирад ва ба ҷабҳаи ҷанг биравад. Вале бузургони мусалмонон ӯро аз ин азмаш боздоштанд ва ба вай машварат доданд, ки қумандони қобили эътимодеро ба ин кори бузург интихоб намояд. Ҳазрати Умар (р) ба ишон гуфт: Шахсеро, ки битавонад аз ин марз дифоъ кунад, бароям пешниҳод кунед, то ӯро ба ин вазифа эъзом дорам.

Гуфтанд: Эй амиралмӯъминин, ту худ ба аҳволи лашкари мусалмонон хубтар доноӣ.

Гуфт: Қасам ба Худо ҳароина бар лашкари мусалмонон касеро муқаррар хоҳам кард, ки вақте ду лашкар, куфр ва Ислом бо ҳам рӯ ба рӯ шаванд, бар нӯгҳои найза сабқат гирад, ки вай иборат аз Нӯъмон ибни Муқаррин аст.

Гуфтанд: Интихоби дуруст ва баҷост. Биноан, унвони вай навишт ва гуфт: Аз тарафи бандаи Худо Умар ибни Хаттоб ба Нӯъмон ибни Муқаррин. Аммо баъд: Аз он ҷое, ки ба ман иттилоъ расидааст, ки ҷамъиятҳои анбӯҳе аз Аҷом барои рӯёрӯии шумо дар шаҳри Наҳованд гирд омадаанд. Вақте ин номаам ба ту бирасад, ба амри Худо ва умед ба кӯмак ва нусрати Аллоҳ ҳамроҳ бо мусалмононе, ки бо туанд, ҳаракат кун. Эҳтиёт кун, ки онҳоро ба ҷое набарӣ, ки сабаби азияташон гардад. Ба хотири он ки як мусалмон назди ман беҳтар аз сад ҳазор динор аст. Вассалому ъалайка.

Нӯъмон ҳамроҳ бо лашкараш ба ҷанги душман ба роҳ афтод ва дастаҳои иттилоашро ба хотири дарёфти хабар ва аҳволи роҳ, пеш аз худ фиристод. Вақте дастаҳои иттилоотӣ ба Наҳованд наздик шуданд, аспҳояшон аз рафтан бозистод, ҳар қадар сайъ намуданд, аспҳои худро ба пеш ронданд, гоме барнадоштанд. Ҳамон буд, ки аз аспҳои худ фуромаданд, то бубинанд, ки чӣ иттифоқе афтодааст, ки аспҳо ба пеш гом барнамедоранд. Дарёфтанд, ки дар сумҳои аспон хорҳои оҳанин, шабеҳ ба мехҳо фурӯ рафтааст ва чун ба замин назар афканданд, диданд ки аҷамиҳо хорҳои оҳанинро дар роҳҳое, ки ба Ниҳованд мебарод, насб намудаанд, то қувваи пиёда ва савораашон натавонанд аз он бигузоранд ва ба Наҳованд бирасанд.

Дастаҳои иттилоотии Нӯъмонро аз дидашон огоҳ сохтанд ва аз вай хостанд, ки дар ҷиҳати ҳалли ин мушкил ба ишон машварат диҳад, ки чи кор кунанд. Нӯъмон ба ишон дастур дод, ки дар ҷойҳои худ биистанд ва шаб оташ бияфрӯзанд, то душман онҳоро бубинад ва дар чунин фурсат душман ба ин фикр хоҳад шуд, ки мусалмонон аз ишон тарсидаанд ва дар баробарашон шикаст хӯрдаанд ва ба ин тартиб душманро фиреб диҳанд. Он гоҳ ҷуръат мекунанд, ки онҳоро таъқиб кунанд ва ба ин асос душман худ оҳанҳои хордорро, ки дар роҳҳо насб кардаанд, бармечинад, то худ аз он бигузарад. Ин ҳила бар форсҳо коргар афтод. Ҳамин ки диданд гурӯҳҳои иттилоотии мусалмонон натавонистанд аз минтақаи хорҳои оҳанин бигузаранд, пиндоштанд, ки акнун ишон шикаст хӯрдаанд ва бояд онҳоро аз пай таъқиб намуд. Ҳамон буд, ки ба касони худ дастур доданд, то роҳро аз вуҷуди хорҳои насбшуда пок кунанд.

Ҳамин ки роҳҳо поксозӣ шуд, мусалмонон бо як ҳамла тавонистанд бар ин роҳҳо даст ёбанд ва онро ба даст гиранд. Нӯъмон ибни Муқаррин лашкари худро дар нуқтаҳои баланд бар Наҳованд таваққуф дод ва тасмим гирифт, ки ҳамлаи ногаҳониро бар душман сурат диҳад. Аз ин рӯ, ба муҷоҳиддини худ гуфт: Ман се бор такбир мегӯям, вақте такбири аввалро гуфтам, бояд онҳое, ки худро тайёр накардаанд, омода созанд ва чун такбири дуввумро гуфтам, бояд ҳар кадом аз шумо силоҳашро бар камар бандад. Вақте такбири саввумро гуфтам, худ бар душман ҳамла кунам ва шумобоядаз пайи ман бадушман ҳамла кунед. Нӯъмон ибни Муқаррин ҳар се такбири худро бигуфт ва ба сафҳои душман ҳамла бурд ва чун шер бар онҳо юриш бурд ва лашкари мусалмонон аз пайи вай даромаданд. Ҷанги шадиде дар миёни ду тараф даргирифт, ки шояд таърихи ҷангҳо камтар назири онро ба ёд дошта бошад.

Лашкари форсҳо сахт шикаст хӯрданд ва титу пароканда шуданд ва куштаҳояшон кӯҳу даштро пур кард ва хунҳояшон дар роҳҳо ва кӯчаҳо ҷорӣ шуд. Чун аспи Нӯъмон ибни Муқаррин аз фарози хунҳо мегузашт, ногаҳон пояш лағжид ва ба замин афтод ва баъд худи Нӯъмон низ захмӣ шуд. Бародараш парчам аз дасти вай бигирифт ва чодари худ ба рӯи вай андохт ва шаҳодаташро аз мусалмонон пӯшида дошт.

Вақте пирӯзии бузург, ки баъд ба номи “Фатҳу-л-футуҳ” шӯҳрат ёфт, насиби мусалмонон гардид. Лашкари пирӯз, сарлашкар ва размандаи худ Нӯъмон ибни Муқарринро ҷустуҷӯ намуданд. Бародараш омад ва чодар аз рӯи вай бардошт ва гуфт: Ин аст сарлашкари фотеҳи шумо, ки Худованд чашмашро бо фатҳи шумо равшанӣ бахшид ва зиндагиашро ба шаҳодат пойин дод.

test

Добавить комментарий