АБУДАРДО

Ибни Молик Хазраҷӣ, ки ба кунияи Абудардо машҳур аст, субҳ, вақте аз хоб бархост ва ба сӯи бути худ, ки дар гӯшаи болоии хонааш онро насб намуда ва бо либосҳои зебо ӯро ороста ва бо атрҳои хушбӯ онро муаттар сохта буд, рафт. Баъд чодари зебои аз абрешимро, ки яке аз тоҷирони яманӣ ба вай ҳадя намуда буд, ба рӯи он андохт.

Вақте офтоб баланд шуд, Абудардо хонаро ба қасди тиҷоратхонаи хеш тарк кард. Дид, ки ҷодаҳо ва кӯчаҳои Ясриб пур аз пайравони Муҳаммад (с) аст, ки аз Бадр баргашта ва дар пеши рӯи худ ҷамъи зиёде аз асиронро гирифта меоваранд. Аз дидани ишон Абудардо рӯй тофт ва тоби дидани онҳо дар худ наёвард. Аммо дере нагузашт, ки бар яке аз ҷавонони ишон, ки мансуб ба қабилаи Хазраҷ буд, рӯй овард. Аз вай аҳволи Абдуллоҳ ибни Равоҳаро пурсид.

Ин ҷавони хазраҷӣ ба ӯ гуфт: Вай дар ҷанг қаҳрамонии аҷибе аз худ нишон дод ва солим ва ғоним баргашт ва ба вай аз ҳоли Абдуллоҳ ибни Равоҳа итминон дод.

Ин ҷавон саволи Абудардоро дар бораи Абдуллоҳ ибни Равоҳа аҷиб талаққӣ нанамуд. Чун мардум қабл аз ин низ медонистанд, ки дар даврони ҷоҳилият дар миёни Абдуллоҳ ибни Равоҳа ва Абудардо равобити бародархондагӣ мавҷуд буд. Аммо вақте Ислом омад, Абдуллоҳ ибни Равоҳа мусалмон шуд ва Абудардо аз он рӯй тофт. Аммо ин ихтилоф дар дин равобити бародархониашонро аз ҳам нагусаст ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа ҳамеша ба хонаи Абудардо мерафт ва аз вай дидан менамуд ва ӯро ба дини Ислом даъват мекард ва рағбаташро нисбат ба Ислом меафзуд ва таассуф дошт аз ин, ки рӯзе аз умри вай ба ширк ва бутпарастӣ сипарӣ гардад.

Абудардо ба тиҷоратхонаи худ омад ва бар курсии баланде, ки дошт, чаҳорзону нишаст ва ба хариду фурӯши худ шурӯъ намуд. Бархе аз писарбачаҳои худро амр мекард ва иддаеро наҳй менамуд. Ӯ намедонист, ки дар ин ҳол дар хонаи ӯ чӣ мегузарад. Чун дар ин вақт Абдуллоҳ ибни Равоҳа ба хонаи дӯсти худ Абудардо омада машғули кори тасмим гирифтаи хеш буд. Вақте ба хона расид, дарвозаи онро боз ёфт ва дид, ки Умми Дардо дар рӯи ҳавлиаш қарор дорад ва гуфт: Салому алайка ай бандаи Худо. Умми Дардо гуфт: Ва алайкум салом ай бародари Абудардо. Абдуллоҳ гуфт: Абудардо куҷост? Гуфт: Ба дӯкон рафтааст, бармегардад. Абдуллоҳ гуфт: Бароям иҷозаи вуруд медиҳӣ? Умми Дардо гуфт: Бо дили фарох ва синаи кушода ва роҳро барояш кушод ва худ ба ҳуҷраи хештан рафт ва ба кор ва бори хонаи хеш машғул шуд. Абдуллоҳ ибни Равоҳа дохили хонае шуд, ки дар он бути Абудардо гузошта шуда буд ва табареро, ки бо худ оварда буд, бардошт ва ба шикастан ва пора кардани бут шурӯъ кард ва гуфт: Огоҳ бояд шуд, ҳар он чи, ки ҳамроҳи Худо шарик карда шавад, ботил аст.

Вақте, ки аз кори пора кардани бут фориғ шуд, аз хонаи Абудардо рафт. Умми Дардо дар хонае, ки дар он бут гузошта шуда буд, дохил шуд, дид, ки бут пора-пора шудааст. Аз дидани ин манзара шӯру фарёд баровард ва рӯ ва рухсори худ барканда мегуфт: Эй Ибни Равоҳа, маро табоҳ сохтӣ. Эй Ибни Равоҳа маро табоҳ сохтӣ.

Дере нагузашт, ки Абудардо ба хонаи худ баргашта, ҳамсарашро дид, ки гирякунон бар погаҳи дари утоқе, ки дар он бут ниҳода шудааст, нишаст, шӯру фарёд намуда ва аломати хавф бар чеҳрааш намудор аст.

Абудардо гуфт: Туро чӣ шудааст?

Гуфт: Бародарат Абдуллоҳ ибни Равоҳа дар набудани ту омад ва ин корро дар ҳаққи бути ту анҷом додааст.

Чун Абудардо ба сӯи бути худ назар афканд, дид ки порапора шудааст. Аз дидани он хашму ғазаб саропои вуҷудашро фаро гирифт ва хост, ки интиқомиин корро аз Абдуллоҳ ибни Равоҳа бигирад. Аммо ба зудӣ ғазаби вай хомӯш гардид ва дар бораи он чи, ки сурат гирифтааст, андешид ва гуфт: Агар дар ин бут хайре мебуд, ҳатман аз худ ин шарро дафъ мекард.

Баъд фавран назди Абдуллоҳ ибни Равоҳа рафт ва ӯро гирифта, ҳарду ба сӯи Расули Худо (с) равон шуданд ва исломи худро дар маҳзари муборакаш эълон дошт ва ба ин тартиб вай охирин касе буд, ки аз маҳаллаи хеш ба Ислом сар ниҳод.

Аз ҳамон лаҳза, ки Абудардо ба Худо ва Паёмбараш имон овард, ин имон дар рагу пай ва вуҷуди вай ҷой гирифт ва аз хайре, ки дар ин муддат аз вай фавт шуда буд, изҳори надомат ва пушаймонӣ менамуд ва дарёфт, ки ҳамқаторонаш чи қадар дар умури дин бар вай сабқат ҷуста ва аз китоби Аллоҳ маърифат ҳосил намуда, онро ҳифз намудаанд ва чӣ қадар аз фазилати ибодат ва тақво, ки онҳо барои худ дар диёри вопасин андӯхтаанд, маҳрум мондааст. Аз ин рӯ, вай азм намуд он чиро, ки аз вай фавт шуда, бо машаққати тамом онро ба даст орад ва шабҳоро ба хастагиҳои рӯз ба поён расонад, то битавонад худро ба ин қофилаи накӯкорон ва муҳсинон расонад ва аз онҳо сабқат ҷӯяд. Бинобар ин, ба ибодат чунон рӯй овард, ки гӯё яксара худро аз дунё қатъ намудааст ва ба илм чунон худро машғул сохт, ки гӯё ташнагиаш ҳеҷ рафъ намешавад ва бар Қуръони карим чунон фурӯ рафт, ки ҳамаи онро ҳифз намуд ва калимот ва маъонӣ ва фаҳми оёташро бо диққати фаровон дарк намуд. Вақте дарёфт, ки пешаи тиҷорат лаззати ибодатро аз вай бозмедорад ва ӯро аз маҷолиси илм дур нигаҳ медорад, бидуни тардид ва таассуф онро тарк гуфт ва касе дар ин маврид ӯро суол намуд, дар ҷавоб гуфт: Ман қабл аз он, ки ба ҳазрати Паёмбар (с) имон биёварам, пешаи тиҷорат доштам. Вақте мусалмон шудам, хостам тиҷорат ва ибодати худро як созам, вале ҳадафам бароварда нашуд. Лизо пешаи тиҷоратро тарк кардам ва ба ибодат рӯй овардам. Қасам ба Зоте, ки ҷони Абудардо дар дасти ӯст, ҳушдори он нестам, ки дар ҷавори масҷид дӯкон дошта бошам ва намози ҷамоат аз ман тарк шавад ва ман машғули хариду фурӯш бошам ва рӯзона сесад динор фоида ба даст орам. Баъд ба сӯи пурсанда назар афганд ва гуфт: Ман намегӯям, ки Худованди азза ва ҷалла тиҷоратро ҳаром қарор додааст, аммо дӯстдори онам, ки аз ҷумлаи касоне бошам, ки Худованд дар бораи онҳо фармудааст: Мардоне, ки онҳоро машғул намесозад Абудардо танҳо тиҷоратро тарк нагуфта, балки дунёро тарк гуфт ва аз зебоию таҷаллии дунё рӯй тофт ва аз он танҳо ба луқмае, ки тавассути он худро аз гуруснагӣ нигоҳ дорад ва либосе, ки тавассути он бадани худро бипӯшонад, иктифо намуд.

Дар яке аз шабҳои зимистонӣ, ки ҳаво сахт сард буд, ҷамъе бар вай меҳмон шуданд. Вай таоми гарме ба онҳо фиристод ва болопӯш нафиристад. Вақте хостанд хоб раванд, дар бораи надоштани болопӯш бо ҳам машварат карданд, ки чӣ бояд кунанд. Яке аз онҳо гуфт: Ман назди вай меравам ва аз вай болопӯш талаб мекунам. Дигаре гуфт: Чунин макун, вале ҳарфашро нашунид ва назди вай рафт ва дар погаҳи дари утоқи вай истод. Дид, ки ба хоб рафтааст ва ҳамсараш дар назди вай нишастааст ва бар болои онон ҷуз чодари нозук, ки на аз гармо нигаҳ медорад ва на рафъи сардӣ менамояд, чизи дигаре нест.

Ин мард ба ӯ гуфт: Эй Абудардо, туро мебинам, ки ба шеваи мо ба хоб меравӣ (яъне, чизе надорӣ, ки бар болои худ гирӣ). Матоъ ва сомонатон куҷост?

Гуфт: Мо дар он диёри дигар ҳар матоъи арзишманде, ки пайдо мекунем, мефиристем ва агар дар ин диёр боқӣ монданӣ бошем, ҳатман чизе аз ин матоъро ба шумо низ мефиристодем.

Матлаби дигар ин, ки ин роҳе, ки мо ба сӯи он диёр дар пеш гирифтаем, роҳест сахт ва душвор, сабукбор дар ин роҳ беҳтар аст аз вазнин бор. Бинобар ин, мо бори худро сабук сохтаем, то битавонем аз он бигузарем ва баъд ба ин мард гуфт: Ҳоло матлабамро донистӣ?

Он мард гуфт: Бале, донистам ва Худованд туро хайр насиб намояд.

Ҳазрати Умари Форуқ дар даврони хилофати худ хост, ӯро ба мансабе дар вилояти Шом мансуб созад, вале вай аз қабули он ибо варзид ва чун бар вай исрор намуд, гуфт: Агар аз ман биписандӣ, ки баон ҷо равам, ки мардумро китоби Худо биомӯзам ва суннати Паёмбарашонро таълим диҳам ва имоматиашонро кунам, ин амрро мепазирам. Ҳазрати Умар ин хости вай пазируфт ва вайро ба Димишқ равон намуд. Вақте баон ҷо расид, дид ки мардуми он диёр дар айшу хушгузаронӣ ғарқанд. Ин амр ӯро сахт афсурда сохт ва мардумро ба масҷид даъват кард ва ба гирди вай ҷамъ шуданд ва дар миёнашон бархост ва гуфт:

– Эй аҳли Димишқ, шумо бародарони динӣ ва ҳамсоядиёр ва ансори мо алайҳи душман ҳастед. Эй аҳли Димишқ, чӣ чиз шуморо аз дӯстӣ бо ман ва қабули насиҳатам бозмедорад, дар ҳоле, ки ман аз шумо чизе талаб надорам. Насиҳат барои шумо ва таколифам бар зиммаи дигарон аст. Мебинам, ки уламоятон ин дунёро тарк мегӯянд ва ҷоҳилонатон чизе намеомӯзанд.

Шуморо дар ҳоле мебинам, ки ба дунё рӯй овардаед. Дар ҳоле, ки Худованд ризқи шуморо худ ба зимма гирифтааст ва авомири Худоро тарк намудаед. Шуморо чӣ шудааст, ки чизҳоеро ҷамъ мекунед, ки онро худ хӯрда наметавонед ва иморатҳое бино мекунед, ки худ дар он зиндагӣ намекунед ва чизҳоеро ҳавас мекунед, ки ба он намерасед. Миллатҳои қабл аз шумо низ чунин карданд ва орзуҳо дар дил парвариданд. Аммо дере нагузашта, ки ҳамаи онҳо табоҳ шуд ва аз байн рафт ва орзуҳояшон ба хок яксон шуд ва хонаҳояшон ба қабристон мубаддал гашт.

Эй аҳли Димишқ, ба қавми Од бингаред, ки рӯи заминро аз мол ва фарзанд пур карда буданд, чӣ касе акнун моли аз худ боқимондаи Одро ба ду дирҳам аз ман харидорӣ мекунад? Аз шунидани ин мавъизаҳои вай мардум ба гиря даромаданд ва шӯру фарёди гиряашон фазои масҷидро пур кард ва аз ҳамон рӯз буд, ки Абудардо ба маҷолиси аҳли Димишқ рафтуомад мекард ва ба онҳо вазъу насиҳат менамуд ва дар бозорҳояшон мегашт. Ба саволкунандаашон ҷавоб медод ва ба ҷоҳилашон дарс меомӯхт ва аз ҳар фурсате барои таълими онҳо истифода мебурд.

Рӯзе гузараш ба ҷамъияте афтод, ки бар сари марде ҷамъ шуда, ӯро лату кӯб намуда ва носазо мегуфтанд. Ба онҳо рӯй оварда гуфт: Чӣ гап аст?

Гуфтанд: Марде муртакиби гуноҳи бузург шудааст.

Гуфт: Ба ман бигӯед, агар вай дар дохили чоҳе меафтод, шумо вайро аз он берун намесохтед?

Гуфтанд: Бале, чунин мекардем.

Гуфт: На, ӯро лат кунед ва на ӯро дашном диҳед, аммо ӯро панду насиҳат намоед ва Худоро шукр гузоред, ки шуморо ба гуноҳе, ки вай муртакиб шудааст, мубтало насохтааст.

Гуфтанд: Оё ӯро ҳам бад намебинӣ?

Гуфт: Корашро бад мебинам, ҳамин ки аз он даст бардорад, ӯ бародари динии ман аст. Ин мард аз шунидани насиҳатҳои вай башиддат гириста ва тавбаи худро эълон дошт.

Рӯзе ҷавоне рӯ ба Абудардо намуд ва гуфт: Эй ёри Паёмбари Худо (с) ба ман насиҳате кун. Ба вай гуфт: Эй фарзандам, Худовандро дар ҳолати оромиш ёд кун, ки дар вақти сахти дуъоятро иҷобат кунад. Эй фарзанд, ё олим бош ва ё мутааллим ва ё ба ҳарфи некон гӯш фаро неҳ, ҳушдор аз чаҳорум (ҷоҳил) он ки худро ҳалок созӣ. Эй фарзанд, бояд масҷидро хонаи худ созӣ, чун ман аз ҳазрати Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: Масоҷид хонаи ҳар парҳезгор аст ва Худованд барои онҳое, ки масоҷидро хонаи худ гирифтаанд, роҳат ва оромиш ва раҳмат ва гузаштан аз пули Сирот ба сӯи ризои Аллоҳро кафолат додааст. Рӯзи дигаре аз назди ҷамъе аз ҷавонон гузар намуд, ки бар сари роҳ нишаста ва дар миёни ҳам сухан мегуфтанд ва ба роҳгузарон менигаристанд, ба онҳо гуфт: Эй фарзандон, сувмиъаи марди мусалмон хонаи вай аст, ки дар он чашм ва нафси худро нигоҳ медорад. Аз нишастан бар сари роҳҳо ва бар бозорҳо, ки ҷуз лаҳв ва лаъаб ҳеҷ фоидае дар пай надорад, эҳтиёт кунед. Дар давроне, ки Абудардо дар Димишқ ба сар мебурд, Муовия ибни Абусуфён духтарашро барои писараш Язид хостгорӣ намуд, аммо Абудардо аз қабули талабгории вай ибо варзид ва духтараш Дардоъро ба ҷавоне, ки дин ва ахлоқаш мавриди писанди вай воқеъ шуд ва аз табақаи мардуми оддӣ буд, ба никоҳ дод.

Ин хабар дар миёни мардум афтод ва бо ҳам мегуфтанд: ки Язид ибни Муовия духтари Абудардоро хостгорӣ кард, аммо вай талабгории ӯро рад кард ва ӯро ба марди оддӣ аз оммаи мардум дод. Марде сабаби ин корро пурсид, вай дар ҷавоб гуфт: Ман дар ин кор хайр ва маслиҳати Дардоро ба диққат аз назар гузаронидам.

Гуфт: Чӣ тавр? Гуфт: Чӣ, фикр мекунед, ки агар Дардо дар хонае ба сар барад, ки ғуломони дастбаста дар хидмати вай бошанд ва худро дар қасрҳои қашанг, ки лӯълӯ ва ҷавоҳироташ чашмро мерабояд, дар ин вақт дини Дардо чӣ хоҳад шуд?

Дар муддати дар сарзамини Шом будани Абудардо вақте амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб ба аҳволпурсӣ ва огоҳӣ ёфтан аз ҳолати мардуми ин шаҳр омад, бо мақсади дидори дӯсти худ Абудардо шабонгаҳ ба хонааш омад. Чун хост дарро боз кунад, дид ки дар баста нест. Лизо дар хонаи торике даромад, ки ҳеҷ асаре аз равшанӣ дар он дида намешуд. Вақте Абудардо садои ӯро шунид, аз ҷой бархост ва ба вай хуш омадед гуфт ва ӯро нишонид. Ва баъд ҳарду шурӯъ ба сӯҳбат намуданд, дар ҳоле, ки аз шиддати торикӣ якдигарро намедиданд. Чун ҳазрати Умар даст дароз намуд, ки болишти Абудардоро бубинад, дид ки монанди ҷуле аст, ки ба пушти ҳайвонот меандозанд ва чун ба фарши вай даст зад, дид, ки рег аст ва ба болопӯшаш даст зад, дид ки ҷомаи нозук аст, ки дар хунукии Димишқ кор намеояд, баъд ба ӯ гуфт: Худованд туро раҳмат кунад, оё ман бар ту бахшиши фаровон надода будам? Оё барои ту ҳоҷататро нафиристодам? Абудардо гуфт: Эй Умар, оё ҳадисеро ба ёд меоварӣ, ки ҳазрати Расули Худо (с) фармуда буд? Ҳазрати Умар гуфт: Кадом ҳадис? Гуфт: Оё нафармуда буд, ки бояд андӯхтаи шумо аз дунё ба андозаи тӯшаи мусофир бошад.

Гуфт: Бале, чунин аст.

Гуфт: Эй Умар, мо баъд аз ҳазрати Расули Худо (с) чӣ кардем?

Аз шунидани ин ҳарф ҳарду он қадар гиристанд, ки шабро рӯз карданд. Абудардо то вақте ки зинда буд, ба панду насиҳатҳои худ дар Димишқ идома дод ва ба мардум Қуръон ва суннат ва ҳикмат омӯхт.

Вақте ба бемории марг рӯ ба рӯ гардид, ёронаш ба аёдати вай омаданд ва гуфтанд: – Аз чӣ шикоят дорӣ?

Гуфт: Аз гуноҳонам.

Гуфтанд: Ба чӣ иштиҳо дорӣ?

Гуфт: Ба афви Парвардигорам. Баъд ба касоне, ки пиромунаш ҷамъ шуда буданд гуфт: Ба ман Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду Расулуллоҳ-ро талқин кунед. Вай пайваста ин калимаро такрор мекард, то он ки вафот ёфт. Вақте Абудардо ба ҷивори Парвардигораш пайваст, Авф ибни Молики Ашҷаъӣ дар хоб дид, ки чамани сарсабз асту васеъ, насими гуворо дорад ва дар он қуббаи бузург аз пӯст зада шудааст ва дар перомунаш гӯсфандон хобидааст, ки чашм ҳаргиз мисли онро надидааст.

Гуфт: Ин азони кист? Ба ӯ гуфта шуд: Аз они Абдураҳмон ибни Авф. Ҳамон буд, ки Абдураҳмон ибни Авф аз он қубба сар кашид ва ба ӯ гуфт: Ин ҳамон чизест, ки Худованди азза ва ҷалла ба воситаи Қуръон инро насиби мо фармудааст. Агар ба ин баландӣ боло шавӣ, чизҳоеро хоҳӣ дид, ки чашмат ҳаргиз надида ва гӯшат ҳаргиз нашунидааст ва чизҳоеро дармеёбӣ, ки дар хаёлат нагузаштааст.

Ибни Молик гуфт: Эй Абумуҳаммад, ин ҳама азони кист?

Гуфт: Аз они Абудардо. Худованди азза ва ҷалла онро барои вай омода сохтааст. Чун вай бо дили боз ва чашми кушод дунёро аз худ дур мекард.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.