Усома Ибни Зайд

Акнун мо дар соли ҳафтум қабл аз ҳиҷрат дар Макка қарор дорем ва ҳазрати Расули Худо (с) ва ёронаш сахт дар таҳти азоб ва шиканҷаи Қурайш ба сар мебаранд ва он қадар ғаму андӯҳ ва мушкилоти даъват ба дӯши вай афтодааст, ки саросари зиндагиашро маҷмӯъе аз дардҳо ва ранҷҳо пайи ҳам ташкил медиҳад. Дар асное, ки вай дар ин ҳолат ба сар мебарад, ногаҳон равшании шодию сурур дар зиндагиаш тобид. Тавре ки муждадиҳанда назди вай омад ва барояш мужда дод, ки Умми Айман писар ба дунё овардааст.

Аз шунидани ин хабар чеҳраи он ҳазрат (с) шукуфон гашт ва хушию сурур саросари вуҷудашро фаро гирифт.

Акнун бубинем, ки ин писари муборак, ки Умми Айман ба дунё овардааст ва ин қадар мояи хушӣ ва сурури ҳазрати Расули Худо (с) шудааст, кист? Ин писар – Усома ибни Зайд аст. Ҳеҷ як аз асҳоби Расули Худо (с) аз хушӣ ва сурури вай ба ин мавлуд дар шигифт наомаданд, чун медонистанд, ки падар ва модараш назди Расули Худо (с) аз чӣ мақом ва ҳайсият бархӯрдоранд. Модари ин писар Барикаи Ҳабашӣ аст, ки ба кунияи Умми Айман маъруф аст.

Ин зан дар ибтидо канизи Омина бинти Ваҳаб, модари ҳазрати Расули Худо (с) буд. Вай дар зиндагии модараш, ҳазрати Расули Худо (с)-ро парвариш дода ва калон кард ва баъд аз вафоташ ӯро низ дар оғӯш гирифт ва чашмони мубораки худро ба дунё боз кард ва ҳазрати Расули Худо (с) барои худ ҷуз вай модареро намешинохт. Аз ин рӯ, ҳазрати Расули Худо (с) ӯро сахт дӯст медошт ва чӣ басо мегуфт: Умми Айман баъд аз даргузашти модарам, модари ман аст ва вай бақияи аҳли байти ман аст. Ин буд муаррифии мухтасари модари ин писарбачаи хушнасаб.

Аммо падараш Зайд ибни Ҳориса маҳбуби ҳазрати Расули Худо (с) ва писархондаи вай қабл аз Ислом ва ёри соҳибсари вай ва яке аз аҳли хештан ва маҳбубтарини мардум назди вай баъд аз Ислом аст.

Мусалмонон ба таваллуди ин навзод чунон масрур шуданд, ки ба таваллуди ҳеҷ як ғайри вай ба ин андоза хушҳол нашуда буданд. Чун ишон фарҳат ва сурури Паёмбари гиромиашонро фарҳат ва сурури худ медонанд. Аз ин рӯ, бар ин писарбачаи хушнасиб лақаби “Фарзанди маҳбуби маҳбуб” дода буданд. Муболиға набуд, вақте мусалмонон ин лақаб ба ин писарбачаи хурдсол Усома доданд. Зеро ҳазрати Расули Худо (с) ӯро чунон дӯст медошт, ки мардум ҳама бар он ҳасад мебаранд ва Усома ҳамсоли набераи ҳазрати Расули Худо (с) Ҳасан ибни Фотимаи Заҳро буд. Ҳасан писарбачаи сафедпӯст ва тобон ва зебое буд ва ба бобояш ҳазрати Расули Худо (с) шабоҳати бештаре дошт ва Усома писарбачаи сиёҳпӯст, дорои бинии паҳн буда ва ба модари ҳабашиаш шабоҳат дошт.

Аммо ҳазрати Расули Худо (с) дар дӯст доштани худ дар миёни он ду фарқе намегузошт. Вай Усомаро гирифта, бар як зонуи хеш ва Ҳасанро гирифта, бар зонуи дигараш мегузошт ва баъд ҳардуи онҳоро ба сина фишурда мегуфт: Худоё, ман ин дуро дӯст медорам, пас онҳоро дӯст бидор”. Муҳаббати ҳазрати Расули Худо (с) ба Усома ба ҳадде расида буд, ки рӯзе Усома дар погаҳи дар афтод ва пешониаш хуншор гардид ва хун аз он берун шуд. Ҳазрати Расули Худо (с) ба ҳазрати Оиша (р) ишора намуд, то хуни вайро аз пешониаш пок кунад. Аммо ҳазрати Оиша ба ин кор рағбат нишон надод. Ҳамон буд ҳазрати Паёмбари Худо (с) худ бархост ва ба пок кардани хун аз пешониаш шурӯъ намуд ва бо калимоте, ки пур аз шафқат ва меҳрубонӣ буд, хотирашро хуш сохт.

Ҳазрати Расули Худо (с) ҳамон тавре, ки Усомаро дар хурдсолиаш дӯст медошт, дар ҷавониаш низ дӯст дошт. Ҳаким ибни Ҳузом яке аз ашрофи Қурайш ҷомаи гаронбаҳоеро, ки қаблан либоси яке аз шоҳони Яман буд, ба маблағи панҷоҳ динор тилло харидорӣ намуда буд, ба ҳазрати Расули Худо (с) тӯҳфа дод. Аммо ҳазрати Расули Худо (с) аз пазируфтани он ба унвони ҳадя худдорӣ варзид. Чун Ҳаким дар он вақт мушрик буд, аз ин рӯ, онро ба пардохти қимат аз вай гирифт. Ҳазрати Расули Худо (с) онро як мартаба дар рӯзи ҷумъа пӯшид ва баъд онро аз тан кашида, ба Усома ибни Зайд дод. Усома онро пӯшида ва дар миёни ҳамсолони худ аз ҷавонони муҳоҷир ва ансор мерафт. Вақте Усома ба синни балоғат қадам гузошт, чунон хислатҳои некӯ ва сифоти ҳамида дар ӯ падидор гашт, ки вайро сазовори маҳбубияти ҳазрати Расули Худо (с) месохт.

Ӯ ҷавони ҳушёр, марди шуҷоъ ва шахсияти ҳаким буд, афиф ва аз умури паст ва ҳақир рӯй меггардонд ва марде буд, ки мардум ба вай улфат мегирифтанд ва ӯ ба мардум улфат нишон медод. Шахсияте буд муттақӣ ва парҳезгор ва Худованд ӯро дӯст медошт. Дар рӯзи Уҳуд Усома ибни Зайд бо ҷамъе аз писарбачаҳои асҳоб омаданд, то дар ҷиҳод дар роҳи Худо саҳм гиранд. Ҳазрати Расули Худо (с) аз миёни ишон касонеро баргузид ва касонеро ба сабаби хурдсолӣ иҷозаи ширкат дар ҷиҳод надод ва Усома дар ҷумлаи касоне буд, ки онҳоро рад намуда буд. Вай дар ҳоле, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ буд, баргашт ва маҳзун аз он буд, ки чаро иҷоза наёфт, то дар зери парчами ҳазрати Расули Худо (с) ҷиҳод кунад.

Дар ғазваи Хандақ Усома ибни Зайд боз ҳамроҳи дастае аз ҷавонони ҳузур ёфт, то дар он ширкат кунад. Вай пайваста қомат бармеорост, то ҳазрати Расули Худо (с) ба вай иҷоза диҳад. Ҳамон буд, ки дилаш ба вай сӯхт ва ба ӯ иҷозаи ширкат дар ҷиҳод дод ва ба ин тартиб вай дар понздаҳсолагӣ шамшери ҷиҳодро ба даст гирифт.

Дар рӯзи Ҳунайн вақте мусалмонон шикаст хӯрданд, Усома ибни Зайд ҳамроҳ бо Аббос, амаки ҳазрати Расули Худо (с) ва Абусуфён ибни Ҳориса ва шаш тани дигар аз бузургмардони асҳоб собитқадам монданд. Ҳазрати Расули Худо (с) тавонист, ки бо ин теъдоди ками мусалмонони қаҳрамон шикасти асҳобашро ба пирӯзӣ мубаддал созад ва мусалмонони фирориро аз қатл ва куштор душманонашон нигоҳ дорад. Дар ҷанги Мӯъта Усома таҳти ливои падараш Зайд ибни Ҳориса, ки дар он вақт умраш аз ҳаждаҳ сол боло набуд, ҷиҳод кард ва бо чашмони худ манзараи шаҳодати падарашро тамошо кард. Ӯ бетоқат нашуд ва тазалзул дар ниҳодаш роҳ наёфт. Балки ба ҷиҳоди худ аз пайи Ҷаъфар ибни Абитолиб идома дод, то он ки вай низ ба шаҳодат расид ва баъд аз пайи ӯ Абдуллоҳ ибни Равоҳа ба ҷиҳоди худ идома дод, то он ки ӯ низ ҷоми шаҳодат нӯшид ва баъд дар зери парчами Холид ибни Валид ҷиҳод кард, то он ки Холид ин лашкари кӯчакро аз чанги румиён наҷот дод. Баъд Усома дар ҳоле, ки аҷри мусибати шаҳодати падарашро назди Худо ҳисоб мекард ва ҷасади тоҳирашро дар сарзамини Шом дафн намуд, савор бар аспе, ки падараш бар он ҷиҳод намуда буд, баргашт.

Дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Худо (с) ба ҷиҳозонидан ва омодасозии лашкар барои ҷанги румиён дастур дод ва дар ин лашкар ҳазрати Абубакр, Умар, Саъд ибни Абиваққос, Абуубайда ибни Ҷарроҳ ва ғайра асҳоби киборро низ шомил сохт ва ба онҳо Усома ибни Зайдро, ки умри вай аз бист сол боло набуд, ба сифати амир муқаррар намуд ва вайро амр кард, ки то сарҳади Абоқоъ ва қалъаи Дорум, ки дар наздикии Ғазва аз сарзамини Рум мавқеъият дорад, ба пеш равад ва дар асное, ки мусалмонон ба ҷиҳозонидани ин лашкар машғул буданд, ҳазрати Расули Худо (с) бемор шуд. Вақте бемории вай шиддат ёфт, лашкар аз рафтан таваққуф намуд, то сарнавишти ҳазрати Расули Худо (с) равшан шавад.

Усома мегӯяд: Вақте бемории ҳазрати Расули Худо (с)-ро бознишаста кард, ба вай рӯ овардам ва мардум низ ҳамроҳ бо ман рӯй оварданд. Вақте ба ҳузури муборакаш дохил шудам, дидам, ки хомӯш аст ва аз шиддати беморӣ ҳарф зада наметавонад. Пас шурӯъ намуд ба баланд кардани дастҳои хеш ба сӯи осмон ва баъд онро ба рӯям гузошт ва донистам, ки дар ҳаққи ман дуо мекунад. Баъд дере нагузашт, ки ҳазрати Расули Худо (с) падруди ҳаёт гуфт ва мардум ба Абубакр байъат намуданд.

Вай ба фиристодани лашкар ба сарварии Усома амр намуд. Аммо гурӯҳе аз ансор лозим диданд, ки фиристодани лашкари Усомаро бояд ба таъхир андозад ва аз ҳазрати Умар тақозо намуданд, ки ин матлабро ба Абубакр бирасонад ва барояш гуфтанд:

Агар Абубакр ногузир ба фиристодани лашкар фармон диҳад, ба вай аз номи мо бигӯ, ки марди бузургсолеро ба ивази Усома ба сарварии лашкар баргузинад.

Ҳамин ки ҳазрати Абубакр ин ҳарфро аз ҳазрати Умар шунид, бо хашм аз риши вай бигрифт ва гуфт: Эй Ибни Хаттоб, модарат дар азоят нишинад. Ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ба сарварӣ баргузидааст ва ту аз ман мехоҳӣ, ки ӯро аз ин сарварӣ дур созам? Қасам ба Худо, ки ҳаргиз чунин нахоҳам кард.

Вақте ҳазрати Умар ба ҳузури мардум баргашт ва ӯро аз мавзӯъ савол намуданд, ки чӣ коре анҷом додааст, гуфт: Ба ҷойи худ баргардед, модаронатон дар азоят нишинад, ман аз тарафи халифаи Расули Худо (с) сахт таҳдид шудам ва бар ман сахт барошуфт.

Вақте лашкари мусалмонон ба сарварии Усома ба роҳ афтод, халифаи Расули Худо (с) ӯро то берун аз шаҳр гуселонд. Усома савор бар асп ва Абубакр дар рикоби вай роҳ мерафт.

Усома гуфт: Эй халифа: Расули Худо (с), бар асп савор шав ва ё ман аз асп пойин шавам. Ҳазрати Абубакр гуфт: Қасам ба Худо намегузорам, ки пойин шавӣ ва на савор мешавам. Маро чӣ шудааст, ки лаҳзае қадамҳоям дар роҳи Худо ғуборолуд шаванд? Баъд дар хитоб ба Усома гуфт: Туро ҳамроҳ бо дин ва амонатдорӣ ва хотимаи аъмолат ба Худо месупорам ва туро ба иҷрои он чи, ки ҳазрати Расули Худо (с) амр намудааст, насиҳат мекунам ва баъд худро ба сӯи вай хам намуда гуфт: Агар хоҳӣ, ки маро бо Умар кӯмак кунӣ, ӯро иҷоза деҳ, ки ҳамроҳи ман бошад. Баъд Усома ба ҳазрати Умар иҷоза дод, ки дар Мадина боқӣ бимонад.

Усома ҳамроҳи лашкари хеш ба роҳ идома дод ва ҳамаи он чиро, ки Расули Худо (с) ӯро ба он амр намуда буд, ба ҷо овард ва лашкари мусалмононро то ҳудуди Балқоъ ва қалъаи Дорум дар наздикии Фаластин ба пеш бурд ва хавф ва даҳшати румиёнро аз дини мусалмонон бардошт ва роҳро барои фатҳи диёри Шом, Миср, Шимоли Африқо ва Баҳри сиёҳ барояшон ҳамвор сохт.

Баъд Усома савор бар аспи хеш дар ҳоле, ки ғаниматҳои зиёд ба даст овард, баргашт. Гӯянд, ки ҳеҷ лашкаре аз лашкарҳои мусалмонон то он дам бар ин андоза ғанимат ба даст наёварда буд.

Усома ибни Зайд, то вақте ки зинда буд, аз қадрдонӣ ва муҳаббати мусалмонон ба хотири вафо ба ҳазрати Паёмбар (с) ва бузургдошти манзалати вай бархӯрдор буд. Ҳазрати Умари Форуқ барои вай маоши бештар аз маоши фарзандаш Абдуллоҳ муқаррар кард. Аз ин рӯ, Абдуллоҳ ибни Умар ба падараш шикоят бурд ва гуфт: Ай падар, аз чӣ рӯ барои Усома чаҳор ҳазор ва барои ман се ҳазор муқаррар намудӣ? Дар ҳоле, ки падараш фазли бештар аз ту надошт ва худаш фазли бештар аз ман надорад? Ҳазрати Умари Форуқ гуфт: Кош чунин мебуд. Балки падараш ба Расули Худо (с) маҳбубтар аз падари ту ва худаш маҳбубтар ба Расули Худо (с) аз ту буд. Аз шунидани ин ҳарф Абдуллоҳ ибни Умар ба бахшише, ки барои вай муқаррар намуда буд, розӣ шуд. Вақте Умар ибни Хаттоб бо Усома рӯ ба рӯ мешуд, мегуфт: Амирам хуш омад. Вақте касеро медид, ки ӯро аз Усома хуш омадааст, мегуфт: Ҳазрати Расули Худо (с) ӯро бар ман амир муқаррар намудааст.

Худованд ин нафсҳои соҳиби ҳиммати олиро раҳмат намояд. Таърих ҳеҷ гоҳ шахсиятҳои комилтар ва бузургтар ва фозилтар аз саҳобаро надидааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.