Умайр Ибни Саъд

Умайр ибни Саъди Ансорӣ аз ҳамон овони туфулият ҷоми фақр ва ятимиро аз сар гузаронд, падараш бидуни он ки мол ва сарпарасте аз худ ба ҷо гузорад ба ҷивори раҳмати Ҳақ пайваст. Аммо модараш дере нагузашта, ба марди сарватманде аз сарватмандони Авс, ки Ҷуллос ибни Сувайд ном дошт, ба шавҳар баромад. Ҷуллос фарзанди ҳамсари худ Умайрро дар кафолати худ гирифт. Умайр он қадар мавриди меҳрубонӣ, лутфу ва шафқати Ҷуллос қарор гирифт, ки талхии ятим буданро фаромӯш намуд. Умайр Ҷуллосро чунон дӯст дошт, ки чун писар падарашро дӯст медорад ва Ҷуллос низ мутақобилан Умайрро чун писари худ медонист. Вақте, ки Умайр ба синни рушд ва ҷавонӣ қадам гузошт, муҳаббат ва дилбастагии Ҷуллос нисбат ба вай афзуд, чун дар вай аломат ва нишонаҳои ҳушёрӣ ва ашрофиятро медид ва дар ҳар коре, ки иқдом мекард, хусусиятҳои аз амонатдорӣ ва сидқ дар ҳар амалаш намудор мешуд. Умайр дар синни хурдсолӣ, ки андаке беш аз даҳ сол аз умраш сипарӣ нашуда буд, ки ба дини Ислом мушарраф гардид ва нури имон дар дилаш ҷой гирифт ва шуъои тобнокаш дар қаъри он партав афканд ва бо вуҷуди хурдсолиаш аз ҳеҷ намозе дар ақиби ҳазрати Паёмбар (с) таъхир намекард ва модараш аз рафту омади вай ба масҷид сахт хушҳол ва масрур буд ва ба худ меболид.

Ба ин тартиб, зиндагии ин писарбача дар фазое аз сурур ва хушӣ ва умид сипарӣ мешуд ва ҳеҷ омил наметавонист, ки ҳаёти босаодати вайро тираву тор созад ва иродаи Худо бар он рафта буд, ки ин писарбачаи навҷавонро ба таҷрибаи сахт ва душвор рӯ ба рӯ гардонад, чунон ӯро ба ин имтиҳон дучор кунад, ки бисёр кам иттифоқ афтодааст, ки писарбача ба ин синну сол ба ин гуна мушкилот рӯ ба рӯ гардад.

Дар соли нӯҳуми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Худо (с) тасмими худро бар ҷанги румиён дар Табук эълон дошт ва ба мусалмонон амр кард, ки худро барои ин ҷанг омода созанд ва бору банди худро барои ин сафар таҳия намоянд.

Ҳазрати Расули Худо (с) одат дошт, вақте тасмими ғазваро мегирифт, ёрони худро аз он огоҳ намесохт ва чӣ басо, ки ҷиҳати дигареро ғайри ҷиҳате, ки мадди назар дошт, ба онон нишон медод, магар дар ғазваи Табук ба хотири дурии роҳ ва мушкилоте, ки ин ҷанг дар пай дошт ва омодагӣ ва бору барги муҳимме, ки душман худро барои рӯёрӯи он омода сохта буд, ногузир ҳазрати Паёмбар (с) онро барои ёрони худ мушаххас сохт ва ҷиҳатро барояшон гуфт, то худро барои чунин ҷанге тайёр кунад ва бору банди лозимро барои он омода созанд ва бо вуҷуди он ки фасли тобистон дохил шуда буд, гармо рӯз ба рӯз афзуда мерафт ва меваҳои дарахтон ба пухтан наздик шуда буд ва сояҳои гуворои боғистонҳо одамиро ба сӯи худ ҷалб менамуд ва нафсҳои заиф ва арвоҳи пажмурда ҳаваси истодан менамуд ва бо вуҷуди ин ҳама мусалмонон ба рағбат Паёмбари гиромиашонро лаббайк гуфтанд ва худро барои чунин сафаре омода намуданд. Магар он ки гурӯҳе аз мунофиқон шурӯъ ба таблиғот намуда, мусалмононро аз азмашон бозмедоштанд ва дар тасмимашон заъф ва бознишастагӣ меофариданд ва шакку авҳомиҷод мекарданд ва бар ҳазрати Расули Худо (с) суханони носазо мегуфтанд ва дар маҷолиси хусусии худ бар алайҳи Паёмбари гиромӣ чунон ҳарфҳои пуч мегуфтанд, ки баёнгари куфри онҳо буд.

Дар яке аз ин рӯзҳое, ки лашкари мусалмонон ба роҳ афтода буд, Умайр ибни Саъд баъд аз адои намоз дар масҷид, дар ҳоле ки исор ва фидокории иддае аз мӯъминони мухлис, ки дороии худро дар роҳи Худо нисор намуда буданд, дар дилу рӯҳи вай асари намуда буд, ба хонааш баргашт. Ӯ занони муҳоҷир ва ансорро бо чашми сар дид, ки ба ҳузури Паёмбар (с) омада ва зеварҳои гаронбаҳои хешро дар пеши вай мегузоранд, то бо қимати он лашкари Худованд муҷаҳҳаз гардад ва ба чашмаш дид, ки Усмон ибни Аффон кисаи пур аз зарро, ки дар он ҳазор динор гузошта буд, ба ҳазрати Расули Худо (с) тақдим дошт ва ҳазрати Абдураҳмон ибни Авфро низ дид, ки дусад уқия тиллоро бар пушт бардошта ва дар пеши ҳазрати Расули Худо (с) гузошт. Ҳатто вай мардеро дид, ки гилеми хонаи худро ба фурӯш мондааст, то ба пули он шамшереро харидорӣ карда ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунад.

Умайр ин саҳнаҳои исор ва фидокории бузургмардонро аз зеҳн мегузаронд ва ба он ба дидаи ҳайрат менигарист ва аз он дар тааҷҷуб буд, ки чаро Ҷуллос ба мисли ҳиммати ин абармардон худро барои сафар омода намесозад ва чаро бо вуҷуди он ки марди сарватманде аст, хомӯш нишастааст. Гӯё он ки Умайр саъйе дошт бо ҳикояти ин исор ва фидокорӣ ҳиммати ӯро ташвиқ кунад ва мурувват ва мардонагӣ ӯро барангезад, аз ин рӯ, вай шурӯъ намуд, то ахбори он чи, ки дар ин маврид шунида ва ё дидааст ва хусусан хабари он дастаи мӯъминони мухлис ва бузургмардони Худоро якояк ба Ҷуллос ҳикоят кунад, ки чӣ гуна ишон дороии худро ба ҳазрати Расули Худо (с) тақдим доштанд ва бо шавқи фаровон аз он ҳазрат (с) тақозо намуданд, ки ишонро бо вуҷуди нодорӣ ва дасти холиашон ба лашкари мусалмонон муназзам созад. Вале ҳазрати Расули Худо (с) онҳоро аз ширкат дар ҷиҳод бозмедорад, чун тавони онро надорад, ки ба ишон василаи сафарашонро бидиҳад ва аз ин ҷамъ гирякунон бармегарданд ва чизе надоранд, ки худро ба матлаби хештан расонанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд ва ба мақоми шаҳодатбирасанд. Вақте Ҷуллос ин ҳарфҳоро аз даҳани Умайр шунид, ногаҳон ҳарфе аз даҳонаш берун шуд, ки ҳуш аз сари Умайр парид ва ба ҳайрат ба рӯи ӯ нигарист. Вай аз Ҷуллос шунид, ки гуфт: Агар Муҳаммад дар иддиъои нубуввати худ содиқ бошад, мо бадтар аз харон хоҳем буд.

Умайр аз шунидани ин ҳарф мабҳут ва ҳайрон монд. Ӯ ҳаргиз гумон намекард, ки аз шахси хирадманде чун Ҷуллос ҳарфе содир шавад, ки ӯро якбора аз имон берун сохта, аз бузургтарин дарвозаи куфр дохил кунад.

Умайр дид, ки сукут аз ин ҷурми Ҷуллос ва пӯшонидани ҷинояти вай ҷиноят ба Аллоҳ ва Расулаш маҳсуб мегардад ва дасисаест, ки аз тарафи мунофиқон бар алайҳи Ислом тарҳрезӣ шудааст ва агар ин ҳарфро шойеъ созад, ҳаққи ин мардро зери по ниҳодааст, ки умре ба ӯ мисли фарзандаш хидмат карда ва аз лутф ва эҳсонаш ӯро баҳравар сохтааст. Ва агар чунин кунад, ба эҳсони вай ба бадӣ ҷавоб додааст, чун ӯро аз даврони туфулияташ дар ҳоли ятим буданаш нигаҳдорӣ намуда ва аз фақр вайро наҷот дод ва ба ҷои падараш ба вай хидмати падарона кардааст. Акнун ин ҷавон бояд яке аз ин ду амрро, ки ҳардуи он бар вай талх аст, баргузинад. Ӯ рӯ ба сӯи Ҷуллос намуда гуфт: Қасам ба Худо, эй Ҷуллос, дар рӯи замин ҳеҷ кас баъд аз Муҳаммад (с) ба андозаи ту дар наздам маҳбуб набуд ва ту маҳбубтарини мардумон назди ман будӣ ва бар ман неъмати зиёде лозим доштӣ ва акнун ҳарфе бар забон овардӣ, ки агар онро ифшо кунам, расво мешавӣ ва агар онро пӯшида дорам, ба Худо ва Расулаш хиёнат кардаам ва худро дар ҳалокат афкандаам. Ва ман тасмими он гирифтам, ки назди Расули Худо (с) биравам ва ӯро аз ҳарфе, ки ту бар забон овардӣ, хабар диҳам. Акнун мутаваҷҷеҳи пайомади ҳарфи худ бош. Умайр ибни Саъд ба масҷид рафт ва ҳазрати Расули Худо (с)-ро ба ҳарфе, ки аз Ҷуллос ибни Сувайд шунида буд, хабардор кард. Ҳазрати Расули Худо (с) ӯро назди худ нигаҳ дошт ва касе аз ёрони худро аз пайи Ҷуллос фиристод, то ӯро ҳозир созад.

Дере нагузашта, ки Ҷуллос ҳозир шуд ва ба ҳузури Расули Худо (с) салом дод ва дар пеши рӯи вай нишаст. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ҳарфе, ки Умайр аз ту шунидааст, аз чӣ қарор буд?

Ҷуллос гуфт: Эй Расули Худо (с), ӯ бар ман дурӯғ мегӯяд ва ифтиро намудааст. Ҳаргиз аз даҳонам чунин ҳарфе берун нашудааст.

Саҳоба ба Ҷуллос ва Умайр чашм дӯхтанд ва чунон буданд, ки гӯё мехостанд ҳақиқатеро, ки дар синаи ин ду нуҳуфта буд, дар чеҳраашон мутолаъа кунанд. Нозирини ин саҳна шурӯъ ба гӯшакӣ кардан намуданд. Касе, ки дар дили худ бемории нифоқ дошт, мегуфт: Ин писарбачаи оқшударо бубин, ки қадри хидмат намешиносад ва хубиро ба бадӣ посух медиҳад.

Ва баъзе мегуфт: Ин писарбача некниҳод аст, дар тоати Аллоҳ бузург шуда ва аз чеҳраи вай маълум аст, ки дурӯғ намегӯяд.

Ҳазрати Расули Худо (с) рӯ ба сӯи Умайр намуд. Дид, ки дар чеҳрааш хун баста ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ аст ва мегӯяд: Эй Парвардигор, ҳақиқати матлаберо, ки гуфтаам, барои Паёмбарат нозил фармо. Эй Парвардигор, ҳақиқати матлаберо, ки гуфтаам, барои Паёмбарат нозил фармо.

Ҷуллос бори дигар сар баланд кард ва гуфт: Эй ҳазрати Расули Худо (с), он чиро, ки ман бароят гуфтам, дурушт аст. Агар қабул надорӣ, дар пеши рӯи ҷанобат қасам мехӯрам ва ман дар назди ту қасам ёд мекунам, он чиро, ки Умайр ба ту расондааст, ба ҳеҷ ваҷҳ сиҳат надорад.

Ҳанӯз вай аз қасами худ халос нашуда буд ва ҳанӯз мардум аз чеҳраи Умайр чашм наканда буданд, ки оромиш ҳазрати Расули Худо (с)-ро фаро гирифт. Саҳоба дарёфтанд, ки ваҳй аст, ки нозил мешавад. Лизо ба ҷои худ ором гирифтанд ва хомӯширо ихтиёр намуданд ва ҳама ба ҳазрати Расули Худо (с) чашм дӯхтанд. Дар чунин ҳолат буд, ки хавф ва ҳарос Ҷуллосро фаро гирифт ва мардум ба сӯи Умайр мутаваҷҷеҳ шуданд ва то вақте ин ҳолат идома ёфт, ки нузули ваҳй ба ҳазрати Расули Худо (с) поён ёфт. Он гоҳ ҳазрати Расули Худо (с) ин оятро тиловат намуд: “Савганд мехӯранд ба Худо, ки калимаи куфрро нагуфтаанд, вале гуфтаанд сухани куфрро ва кофир шудаанд баъди Исломи хеш ва қасди коре кардаанд, он ки ба даст наёфтаанд фақат ба ин сабаб айбҷӯӣ мекунанд, ки Худо ва Расули ӯ онҳоро аз фазли худ бениёз карданд. Пас агар тавба кунанд, беҳтар бошад ишонро ва агар рӯӣ баргардонанд аз тавба Худо бо азоби дардноке дар дунё ва охират кайфарашон медиҳад ва нест ишонро ва дар рӯи замин бе дӯст ва ёвар хоҳанд буд» (Тавба: ояи 74).

Ҷуллос аз шунидани ин оят дар худ ларзид ва наздик буд, ки забонаш аз ҳарф задан бозмонад ва баъд ба сӯи ҳазрати Расули Худо (с) рӯй гардонд ва гуфт: Эй Расули Худо (с), ман аз коре, ки кардаам, тавба мекунам. Умайр дар иддиояш рост гуфтааст ва ман аз дурӯғгӯён будаам, аз Худованд мехоҳам, ки тавбаамро бипазирад, падар ва модарам фидоят эй Расули Худо (с).

Дар ин ҷо буд, ки Расули Худо (с) рӯй ба Умайр намуда, дид ки аз шиддати хурсандӣ ашк аз чашмонаш ҷорӣ аст ва нури имон дар чеҳрааш медурахшад. Ҳазрати Расули Худо (с) дасти муборакашро ба сӯи гӯши вай дароз намуд ва онро ба нармӣ бигрифт ва гуфт: Эй писарбача, гӯшат ба он чи ки шунида буд, вафо кард ва Худованд иддаъои туро тасдиқ намуд.

Ҷуллос бори дигар ба ҳалқаи Ислом даромад ва исломаш баъд аз он хуб шуд ва асҳоби киром ба салоҳомадани ӯро диданд, ки ба Умайр чӣ некиҳо намудааст. Ва ҳар вақте ки номи Умайр мегирифтанд, мегуфт: Худованд ба вай подоши нек насиб фармояд, чун вай маро аз куфр наҷот дод ва гарданамро аз оташи дӯзах халос кард.

Ин танҳо як рӯйдоди шигифтангез нест, ки дар зиндагии ин саҳобаи ҷалилулқадр, Умайр ибни Саъд сурат гирифта бошад, балки рӯйдодҳои дигар дар ҳаёти вай сурат гирифтааст, ки бештар мавриди шигифт ва тааҷҷуб аст ва мо онро дар баҳси дигаре аз зиндагии ин бузургмард дунбол мекунем.

***

Дар боло гӯшаи аз шахсияти Умайр ибни Саъдро дар даврони кӯдакиаш баён доштем. Акнун ба саҳифаҳои тобандаи даврони бузургиаш назар меафканем ва хонанда хоҳад дарёфт, ки сурати дуввуми вай дар бузургӣ ва ҳайратангезӣ камтар аз сурати аввалии он нахоҳад буд.

Аҳли Ҳимс, яке аз вилоёти Сурия ҳамеша аз зимомдорон ва волиёни худ лаб ба шикоят мекушуданд ва ҳеҷ волӣ барои ишон фиристода намешуд, магар он ки айбҳоеро дар вай бармешумурданд ва гуноҳонро бар вай ҳисоб менамуданд ва шикояташ ба халифа мерасониданд ва барканории вайро аз маснади зимомдорӣ талаб менамуданд ва ба ҷои ӯ волии беҳтар ва хубтар аз вайро тақозо мекарданд.

Аз ин рӯ, ҳазрати Умари Форуқ ин бор ба вилояти Ҳимс волиеро дар назар гирифт, ки аҳли он натавонанд бар ӯ таън зананд ва ё бар вай хурдагирӣ кунанд ва ё айбҳоеро дар вай бишуморанд. Лизо шахсиятҳои бузургеро, ки мешинохт, якояк аз саҳфаи зеҳни худ гузаронд, ки кадом якро ба адои ин масъулият бифиристад. Дарёфт, ки беҳтар аз Умайр ибни Саъд каси дигареро суроғ надорад, ки битавонад аз ӯҳдаи ин кор барояд. Умайр дар сарзамини Ҷазиратул араб, дар минтақаи Шом машғули ҷиҳод буд ва қиёдати лашкарро ба ӯҳда дошт ва шаҳрҳоро яке баъди дигар фатҳ мекард ва сангарҳои душманро саркӯб менамуд ва қабоилро ба дини Ислом даъват мекард ва масоҷидро дар сарзаминҳои фатҳшуда барпо месохт.

Бо вуҷуди ин ҳама машғулиятҳои ҷиҳодиаш ҳазрати Умари Форуқ ӯро ба наздаш даъват кард ва зимоми вилояти Ҳимсро ба вай супурд ва дастур дод, ки ба Ҳимс сафар кунад. Ҳазрати Умайр бо он ки аз ин вазифа хушҳол набуд, чун ҷиҳодро нисбат ба ҳар кори дигар беҳтар медонист, лизо ночор ба амри халифа сар ниҳод ва рӯ ба сӯи Ҳимс намуд.

Вақте ба он ҷо расид, мардумро ба намози ҷамоат хонд. Вақте намозро адо кард, аз ҷой бархост ва барои мардум суханронӣ кард. Дар ибтидо ҳамду санои Худо бигуфт ва бар ҳазрати Муҳаммад (с) дуруд фиристод ва гуфт: “Эй мардум, бидонед ки Ислом қалъаи мустаҳкам ва дарвозаи матин аст, қалъаи Ислом адл ва дарвозаи он ҳақ аст, вақте ин қалъа кӯбида шавад ва дарвозааш бардошта гардад, ин дин шикаста мешавад ва ҳар кас онро барои худ раво медонад ва Ислом, то вақте ки қуввати султон боқист, қалъаи он мустаҳкам хоҳад буд. Қуввати султон ин нест, ки мардумро ба ҳақу ноҳақ тозиёна занад ва ё он ки шамшераш ҳамеша бар сари мардум мусаллат бошад, валекин қуввати султон ин аст, ки ба адл ҳукм кунад ва ҳаққи мустазъафон биситонад”.

Баъд аз он ба корҳояш баргашт, то он чиро, ки дар ин суханронии кӯтоҳи худ гуфтааст, ба марҳилаи иҷро дароварад.

Умайр як соли комилро дар Ҳимс сипарӣ намуд, дар давоми ин муддат ба амирулмӯъминин ҳеҷ нома нанавишт ва аз пули закот ва хироҷ низ ба вай чизе нафиристод. Аз ин рӯ, шакку ва тардидҳо дар дили амирулмӯъминин роҳ ёфт. Аз ин рӯ, вай аз доштани аморат бар волиёнаш сахт бим дошт, чун ғайр аз ҳазрати Паёмбар (с) дигар ҳеҷ кас аз гуноҳ маъсум нест. Лизо ба котиби худ гуфт: Ба Умайр ибни Саъд нома бинавис ва дар он ба ӯ бигӯ, ки вақте ин номаи амирулмӯъминин ба ту расид, бедиранг Ҳимсро тарк кун ва ба назди ман ҳозир шав ва молиётеро, ки аз мусалмонон ҷамъ кардаӣ, бо худ гирифта биёр.

Вақте Умайр номаи амирулмӯъмининро дарёфт дошт, тӯшаи худро, ки шомили маводи хӯрокӣ ва зарфи таҳораткунӣ буд, гирифт ва дар халта андохт ва бар пушт ниҳод ва найзаи худро ба даст гирифта Ҳимс ва вилояти онро пушти сар ниҳод ва пиёда ба роҳ афтод ва бо душворӣ ва машаққати фаровон худро ба Мадина расонд. Вақте вай ба Мадина расид, аз шиддати машаққати роҳ рангаш тағйир ёфта ва мӯйҳояш дароз гардида ва осори машаққати сафар дар симояш ҳувайдо буд.

Умайр ба ҳузури амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб дохил шуд. Аз дидани зоҳири вай дар ҳайрат афтод ва ба ӯ гуфт: Эй Умайр, туро чӣ шудааст?

Гуфт: Эй амирулмӯъминин, маро чизе нашудааст ва ман алҳамдулиллоҳ комилан сиҳат ва офият дорам ва ҳама молу матоъи дунёро бо худ овардаам.

Ҳазрати Умар (ки хаёл мекард амволи зиёдеро барои байтулмол ҳамроҳи худ овардааст) гуфт: Чӣ овардаӣ ва дар куҷост? Гуфт:

Ин халтае аст, ки дар он тӯшаи роҳамро гирифтаам. Ин як коса, ки бар он нон мехӯрам ва либос мешӯям ва ин ҳам як офтоба, ки бо он вузӯ мекунам ва об менӯшам. Эй амирулмӯъминин, дигар ҳама матоъи дунё садақаи сари ин ду матоъ аст ва зиёдатӣ аст, ки дар ин дунё на ба дарди ман мехӯрад ва на ба дарди дигарон.

Ҳазрати Умар гуфт: Оё пиёда омадӣ?

Гуфт: Бале, амирулмӯъминин, пиёда омадам.

Гуфт: Оё аз тарафи доруламорат бароят маркабе надоданд, ки савор шуда меомадӣ?

Гуфт: Онҳо чунин накарданд ва ман ҳам аз ишон талаб нанамудам.

Гуфт: Амволе, ки барои байтулмол овардаӣ, дар куҷост?

Гуфт: Ман чизе наовардаам.

Гуфт: Чаро?

Гуфт: Ба хотири он ки вақте ба Ҳимс расидам, мардумони солеҳи он диёрро ҷамъ кардам ва онҳоро мукаллаф сохтам, ки молиёти онҳоро ҷамъ кунанд. Вақте ки онҳо молиётеро ҷамъ мекарданд, дар мавриди он бо онҳо машварат мекардам ва онро дар ҷиҳатҳои лозим ба сарф менамудам ва ба мустаҳиққрини ишон тақсим мекардам.

Ҳазрати Умар ба котиби худ гуфт: Вазифаи Умайрро ба вилояти Ҳимс таҷдид ва тамдид кун.

Умайр гуфт: Аммо баъид аст, ки Умайр ин вазифаро ба дӯш гирад. Ин чизест, ки дигар намехоҳам онро бар ӯҳда гирам, эй Умар. Баъд аз ин рӯз на барои ту ва на барои ғайри ту кор нахоҳам кард.

Баъд Умайр аз вай хост, то ба вай иҷоза диҳад, ки дар деҳа аз атрофи Мадина мамроҳ бо аҳли оилааш рафта, дар онҷо иқомат гузинад. Ҳамон буд, ки барояш иҷозаи иқомат дод.

Дере аз рафтани Умайр бар ин деҳа сипарӣ нашуда буд, ки ҳазрати Умар хост, ки ӯро имтиҳон кунад, то аз доштан ва надоштани вай итминон ёбад, то дар сурати лозим шудан ба вай кӯмак намояд, лизо шахсеро ба номи Ҳорис, ки яке аз мардони мӯътамадивай буд, ба ин кор муваззаф кард ва гуфт: Эй Ҳорис, назди Умайр ибни Саъд бирав ва худро ба ҳайси меҳмон назди вай нигаҳ дор. Агар осори неъмат дар вай мушоҳида намудӣ, бозгард, агар ҳолаташро бад ёфтӣ, ин киса, ки дар он сад динор аст, ба вай бидеҳ, то аз он дар рафъи ҳоҷаташ истифода кунад.

Ҳорис ба роҳ афтод, то он ки ба он деҳа расид ва аз Умайр суроғ кард, ӯро ба хонааш раҳнамоӣ карданд.

Вақте бо вай рӯ ба рӯ шуд, гуфт: Ассалому алайка ва раҳматуллоҳ.

Умайр ҷавоби салом дод ва гуфт: Ва аълайка-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Аз куҷо омадӣ?

Ҷавоб дод: Аз Мадина.

Гуфт: Мусалмонон чӣ ҳол доранд?

Ҳорис ҷавоб дод: Алҳамдулиллоҳ ба хайранд.

Гуфт: Амирулмӯъминин чӣ ҳол дорад?

Гуфт: Алҳамдулиллоҳ сиҳат дорад ва офият аст.

Гуфт: Оё ҳудудро барпо медорад?

Гуфт: Бале, вай фарзандашро, ки муртакиби кори фоҳишае шуда буд, дурра зад ва дар асари он ҷон дод.

Гуфт: Худованд Умарро ёрӣ диҳад, ӯ ба худат сахт иродат дорад ва сахт дӯстие дорад.

Ҳорис дар меҳмонии Умайр ибни Саъд се шабро сипарӣ намуд ва дар ҳар шаб як нони ҷавин ба вай тақдим медошт. Чун рӯзи саввум фаро расид, мардум аз он қавм ба Ҳорис гуфтанд: Ту Умайр ва аҳли ӯро аз по даровардӣ. Ишон аз ин як қурси нон, ки ба ту тақдим менамоянд, чизе беш надоранд ва он ҳам ҳаққи худро ба ту медиҳанд ва худ гурусна зиндагӣ мекунанд ва ҳоло гуруснагӣ онҳоро аз по даровардааст. Агар лозим донӣ, ӯро ба ҳоли худаш гузор ва меҳмони мо шав.

Дар ин ҳол буд, ки Ҳорис динорҳое, ки бо худ оварда буд, кашид ва дар пеши рӯи Умайр гузошт. Умайр гуфт: Ин чист ? Ҳорис гуфт: амирулмӯъминин ин маблағро барои ту фиристод, то дар рафъи ҳоҷати худ аз он истифода кунӣ. Умайр гуфт:

Ин маблағро ба худаш бозпас деҳ ва ба ӯ аз ман салом бигӯ ва бигӯ, ки Умайр ба ин маблағ зарурате надорад.

Дар ин ҳол буд, ки садои ҳамсараш, ки ба гуфтугӯи вай ба меҳмонаш гӯш ниҳода буд, баланд шуд ва гуфт: Эй Умайр, ин ҳадяи амирулмӯъмининро бигир. Агар зарурат ёфтӣ, онро дар ҷиҳати зарурати хеш сарф мекуни ва агар ҳоҷате ба он надошт, балки, онро ба мустаҳиққаш хоҳӣ дод ва мустаҳиққин зиёданд.

Вақте Ҳорис ҳарфи вайро шунид, динорҳоро дар пеши рӯи Умайр гузошту бархост ва роҳи худ дар пеш гирифт. Умайр ин маблағро бигрифт ва онро дар кисаҳои худ тақсим кард.

Шаб ба сар нарасида буд, ки онро дар миёни фуқаро ва ба хусус ятимони шуҳадо тақсим намуд. Ҳорис ба Мадина баргашт. Ҳазрати Умар ба ӯ гуфт: Чӣ кардӣ, эй Ҳорис?

Гуфт: Эй амирулмӯъминин, Умайр ҳолати хубе дошт. Гуфт: Оё динорҳоро ба вай додӣ? Гуфт: Бале, эй амирулмӯъминин, Гуфт: бо ин маблағ чӣ кард?

Гуфт: Намедонам, вале фикр намекунам, ки аз он як дирҳамро ҳам барои худ сарф кунад. Баъд ҳазрати Умар ба Умайр нома навишт ва гуфт: Вақте ин номаам бароят бирасад, онро ба замин нагузошта, назди ман ҳозир шав.

Умайр рӯй ба сӯи Мадина ниҳод ва ба ҳузури амирулмӯъминин дохил шуд. Ҳазрати Умар ӯро хушомадӣ гуфт ва ба худ наздик сохт ва баъд барояш гуфт: Динорҳоеро, ки бароят фиристода будам, чӣ кардӣ?

Гуфт: Эй амирулмӯъминин, баъд аз он ки онро бароям фиристодӣ, дигар ба он чӣ кор дорӣ?

Гуфт: Фақат мехоҳам бидонам, ки онро чӣ кардӣ.

Гуфт: Онро барои худ захира кардам, то дар рӯзе, ки мол ва фарзанд ба корам наёянд, аз он истифода кунам. Аз шунидани ин ҳарф чашми Умар пур аз ашк шуд ва гуфт: Ман гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ту аз ҷумлаи онҳое ҳастӣ, ки бо вуҷуди эҳтиёҷи шадид ҳоҷати дигаронро бар ҳоҷати худ тарҷеҳ медиҳанд ва баъд ба вай амр дод, ки то маркабе аз маводи хӯрокӣ ва ду либос ба вай диҳанд. Гуфт: Эй амирулмӯъминин, Маро ба маводи хӯрока ҳоҷат нест, чун дар хона ду паймона ҷав дорам ва то вақте ин ду паймона халос мешавад, Худованд роҳи ризқи дигареро бароям хоҳад кушод. Аммо ин ду либосро бо худ мегирам, чу умми фалон (яъне, ҳамсараш) либосҳояш ба андозае кӯҳна ва аз кор афтодааст, ки наздик аст, сатр накунад.

Дере аз ин мулоқот бо ҳазрати Умар нагузашта буд, ки Худованд Умайрро ба ҷивори раҳмати хеш хонд ва Умайр бо фироқ аз ин дунё ва пайвастан ба ҳазрати Расули Худо (с) ба орзуи деринааш расид. Умайр бо рӯҳи ором ва хотири шод роҳи охират дар пеш гирифт ва дар дунё чизе нагузошт, ки бар он дил бисӯзонад ва бар фироқаш ҳасрат барад. Ӯ матоъе аз тақво, парҳезгорӣ, дарвеш ва зуҳдро ҳамроҳ бурд.

Вақте хабари вафоти ӯ ба ҳазрати Умари Форуқ расид, ғаму андӯҳ дар вай намоён шуд ва гуфт: Ман дӯстдори он будам, ки мисли Умайр шахсиятҳоро ҳамроҳ медоштам, ки маро дар иҷрои корҳои мусалмонон ёрӣ медод. Худованд аз Умайр ибни Саъд розӣ бод, вай намунаи камёб аз абармардон буд, ки дунёро бо ҳама ҷилваву зебоии он пушти сар ниҳод ва шогирди мумтозе буд, ки дар мадрасаи нубувват дарс омӯхт.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.